Оё Қуръон махлуқ аст ё на?
Посух ба суоли Inayat Ur Rahman Noori
Савол: Ассалому алайкум!
Суоли ман ин аст, ки оё Куръон аз офаридаҳои Аллоҳ аст? Агар чунин бошад, чаро? Имом Абӯҳанифа фармудааст: «Ҷуз Қуръон тамоми чиз махлуқ аст, зеро Қуръон ин каломи Аллоҳ мебошад». Аз шумо хоҳиш мекунам ба ин равшани медаровардед.
Ҷавоб: Ваалайкум ассалом ва раҳматуллоҳи ва барокатуҳу.
Қуръон каломи Аллоҳ аст ва инсон намефаҳмад чи тавр каломи мазкур аз Аллоҳ меояд. Аз ин рӯ, ақли инсон наметавонад каломи Аллоҳро аз нигоҳи махлуқ ва ё набудани он тафтиш кунад. Ба ҷои ин, инсон танҳо ба Қуръон ҳамон тавре ки нозил шудааст, имон биёрад. Мо имон дорем, ки Қуръон каломи Аллоҳ аст ва бо ин маҳдуд мешавем.
Дар ин мавзуъ ҷараёнҳои собиқи исломӣ, аз қабили Мӯътазилия ва дигарон пажӯҳишҳо анҷом дода, кӯшиш карданд, ки чизҳоеро, ки ба эҳсос дастнорас аст, равшани дароранд. Омӯзиши онҳо нодуруст буд ва ба натиҷаҳои мухолиф оварда мерасонд, зеро он ба омӯзиши чизҳои дастнорас асос ёфтааст. Мо дар ин бора аллакай дар китобҳои худ навишта будем:
1 — Китоби «Шахсияи исломӣ», қисми 1 мавзӯи «Хатогии манҳаҷи мутакаллимон».
Масалан, аз ҷиҳати мантиқӣ мегӯянд: «Қуръон каломи Аллоҳ буда, аз ҳарфҳои муназзам ва пайдарпай, ки дар воқеъ мавҷуд ҳастанд, таркиб ёфтааст. Ҳар як каломе, ки аз ҳарфҳои муназзами пайдарпай ва дар воқеъ мавҷуд таркиб ёфтааст, пайдошуда мебошад. Пас Қуръон пайдошуда, яъне махлуқ аст». Чунин тарзи бунёди масъалаҳо ба натиҷае мебарад, ки берун аз доираи ҳис буда, ақл наметавонад дар ин бора баҳс намояд ё ҳукм барорад. Бинобар ин, вай ҳукми фаразист, на ҳукми воқеӣ, илова бар ин, аз корҳоест, ки ақл аз баҳси он боздошта шудааст. Зеро баҳс дар бораи сифати Аллоҳ баҳс дар бораи зоти Ӯст, ки ин ба ҳеҷ ваҷҳ ҷоиз нест. Илова бар ин, метавон бо воситаи ҳамин мантиқ ба натиҷае расид, ки натиҷаи мазкур хилоф аст. Масалан, мегӯянд: «Қуръон каломи Аллоҳ ва сифати Ӯст. Он чӣ сифати Аллоҳ аст, қадимист. Пас Қуръон қадимӣ ва ғайримахлуқ аст». Инак, дар як масъала аз ҷиҳати мантиқ зиддият намоён шуд. Ҳамин тавр, дар масъалаҳои басо зиёд, ки дар онҳо маъқулот бар маъқулот бунёд мегардад, мантиқшинос ба натиҷаҳои басо зиддиятнок ва шигифтовар мерасад. Аммо бунёд кардани маҳсусот бар маҳсусот чунин аст, ки он, агар ҳам дар масъалаҳо ва ҳам дар натиҷа бо ҳис анҷом ёбад, натиҷа дуруст мешавад.
2 — Китоби «Шахсияи исломӣ», қисми 1 мавзӯи «Сифатҳои Аллоҳ».
Бинобар ин, баҳси ҳамаи мутакаллимон дар хусуси сифатҳои Аллоҳ баҳси ноҷо ва хатои маҳз буд. Зеро сифатҳои Аллоҳ тавқифӣ мебошанд. Пас он сифатҳоеро, ки дар нусуси қатъӣ омадаанд, бо ҳамон андозае зикр мекунем, ки насс нишон додааст, на бо тарзи дигар. ҷоиз нест, ки мо сифатеро, ки дар насс ворид нашудааст, зиёда кунем ва ё дар бораи ягон сифат бо насси қатъӣ чизе ворид нашуда бошад, вале онро аз назди худ шарҳ диҳем.
3 — Хулоса: Қуръон каломи Аллоҳ аст ва аз нуқтаи назари он ки Қуръон махлуқ аст ё на баҳс кардан ҷоиз нест. Баҳс дар бораи сифатҳои Аллоҳ маънои баҳс дар бораи зоти Аллоҳро дорад. Ин ғайри қобили қабул аст, зеро зоти Ӯ ба эҳсосоти мо дастнорас аст, яъне ақл дар ин кор нотавон мебошад. Мо ба сифатҳои Аллоҳ Таоло чи тавре ки дар насси қатъӣ омадааст, бидуни изофа ва кам кардани чизе имон овардаем. Масалан, Аллоҳи Мутаол мефармояд:
هُوَ ٱللَّهُ ٱلَّذِي لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَۖ عَٰلِمُ ٱلۡغَيۡبِ وَٱلشَّهَٰدَةِۖ هُوَ ٱلرَّحۡمَٰنُ ٱلرَّحِيمُ ٢٢ هُوَ ٱللَّهُ ٱلَّذِي لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ٱلۡمَلِكُ ٱلۡقُدُّوسُ ٱلسَّلَٰمُ ٱلۡمُؤۡمِنُ ٱلۡمُهَيۡمِنُ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡجَبَّارُ ٱلۡمُتَكَبِّرُۚ سُبۡحَٰنَ ٱللَّهِ عَمَّا يُشۡرِكُونَ ٢٣ هُوَ ٱللَّهُ ٱلۡخَٰلِقُ ٱلۡبَارِئُ ٱلۡمُصَوِّرُۖ لَهُ ٱلۡأَسۡمَآءُ ٱلۡحُسۡنَىٰۚ يُسَبِّحُ لَهُۥ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ
«Ӯст Худои ягона, ки ҳеҷ Худое барҳақ ҷуз ӯ нест. Донои ниҳону ошкор ва бахшояндаву меҳрубон аст! Ӯст Худои ягона, ки ҳеҷ Худое дигаре барҳақ ҷуз ӯ нест, фармонравост, пок аст, саломат аст (аз ҳар айбу нуқс), эминибахш аст, нигаҳбон аст, пирӯзманд аст, ғолибу худихтиёру бузургвор аст. Ва аз ҳар чӣ барои ӯ шарик қарор медиҳанд, пок аст! Ӯст Худое, ки офаридгор аст, эҷодкунанда ва суратбахш аст, номҳои некӯ ӯрост. Ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин аст, тасбеҳгӯйи ӯ ҳастанд ва ӯ пирӯзманду ҳаким аст!». [59:22-24]
Дар айни замон, мо имон дорем, ки Қуръон каломи Аллоҳ аст, чунон ки дар матнҳои қатъӣ омадааст:
وَإِنۡ أَحَدٞ مِّنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ ٱسۡتَجَارَكَ فَأَجِرۡهُ حَتَّىٰ يَسۡمَعَ كَلَٰمَ ٱللَّهِ ثُمَّ أَبۡلِغۡهُ مَأۡمَنَهُۥۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ قَوۡمٞ لَّا يَعۡلَمُونَ
«Ва ҳар гоҳ яке аз мушрикон ба ту паноҳ овард, паноҳаш деҳ, то каломи Худоро (Қуръонро) бишнавад, сипас ба макони амнаш бирасон, зеро инҳо мардуме нодонанд». [9:6]
أَمۡ يَقُولُونَ ٱفۡتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبٗاۖ فَإِن يَشَإِ ٱللَّهُ يَخۡتِمۡ عَلَىٰ قَلۡبِكَۗ وَيَمۡحُ ٱللَّهُ ٱلۡبَٰطِلَ وَيُحِقُّ ٱلۡحَقَّ بِكَلِمَٰتِهِۦٓۚ إِنَّهُۥ عَلِيمُۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ
«Ё мегӯянд, ки бар Худо дурӯғ мебандад. Агар Худо бихоҳад, бар дили ту мӯҳр мениҳад. Ва Худо ба калимоти худ ботилро маҳв мекунад ва ҳақро собит мегардонад. Ҳароина, Ӯ бар ҳар чӣ дар дилҳо мегузарад, доност!». [42:24]
لَا تُحَرِّكۡ بِهِۦ لِسَانَكَ لِتَعۡجَلَ بِهِۦٓ ١٦ إِنَّ عَلَيۡنَا جَمۡعَهُۥ وَقُرۡءَانَهُۥ ١٧ فَإِذَا قَرَأۡنَٰهُ فَٱتَّبِعۡ قُرۡءَانَهُۥ ١٨ ثُمَّ إِنَّ عَلَيۡنَا بَيَانَهُۥ
«Ба шитоб забон ба хондани Қуръон маҷунбон, ки ҳароина, ҷамъ овардану хонданаш бар ӯҳдаи Мост, чун хондемаш, ту он хонданро пайравӣ кун, сипас баёни он бар ӯҳдаи Мост». [75:16-19]
وَٱتۡلُ مَآ أُوحِيَ إِلَيۡكَ مِن كِتَابِ رَبِّكَۖ لَا مُبَدِّلَ لِكَلِمَٰتِهِۦ وَلَن تَجِدَ مِن دُونِهِۦ مُلۡتَحَدٗا
«Аз китоби Парвардигорат ҳар чӣ бар ту ваҳй шудааст, тиловат кун. Сухани ӯро тағйирдиҳандае нест. Ва ту ҷуз ӯ, ҳаргиз, паноҳгоҳе намеёбӣ». [18:27]
Умедворам ба саволи шумо ҷавоб додам ва Аллоҳ беҳтар медонад.
Ато ибни Халил Абӯ Рошта
15 Ҷумадул охири соли 1444 ҳ.
Силсилапосухҳои олим Ато ибни Халил Абӯ Рошта, амири Ҳизби Таҳрир, ба саволҳои дар саҳифаи Фейсбукиашон дар мавзӯи “Фиқҳ”