بسم الله الرحمن الرحيم
Ҷавоби савол
Оё инсон баъд аз мусалмон шудан барои корҳои нек, ки Ӯ дар ҳолати кофир будан анҷом додааст, соҳиби аҷр мегардад?
Савол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.
Шайхи мо, Аллоҳ шуморо раҳмат кунад! Ман суоле дорам. Мо медонем, ки тамоми гуноҳҳои шахси кофир ҳангоми мусалмон шудан маҳв мешавад. Аммо дар бораи некие, ки ӯ дар ҳолати кофир будан анҷом додааст, бо эътибори шарҳи ҳадиси зерини Паёмбар ﷺ чӣ метавон гуфт? Аз Ҳаким ибни Ҳизом ривоят шудааст, ки ӯ гуфт: «Ай Паёмбари Аллоҳ! Ҳукми корҳо, аз қабили садақа, озод кардани ғулом ва силаи раҳм, ки дар замони ҷоҳилият бо воситаи он ибодат мекардем, чист? Оё дар муқобили он аҷре ҳаст? Он гоҳ Паёмбар ﷺ фармуданд: «Ту бо сабаби корҳои нек, ки дар гузашта анҷом додаӣ, мусалмон шудӣ». Мафҳуми дурусти ин ҳадис чист? Аллоҳ ба шумо подоши нек ато фармояд!
Ҷавоб:
Ваалайкум ассалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.
Ту дар бораи ҳадиси шариф, ки Бухорӣ ва Муслим дар «Саҳеҳ» ва дигарон аз Ҳаким ибни Ҳизом (رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمْ) ривоят кардаанд, мепурсӣ. Дар ҳадис омадааст:
قُلْتُ: يَا رَسُولَ اللَّهِ أَرَأَيْتَ أَشْيَاءَ كُنْتُ أَتَحَنَّثُ بِهَا فِي الْجَاهِلِيَّةِ مِنْ صَدَقَةٍ أَوْ عَتَاقَةٍ وَصِلَةِ رَحِمٍ فَهَلْ فِيهَا مِنْ أَجْرٍ فَقَالَ النَّبِيُّ ﷺ: «أَسْلَمْتَ عَلَى مَا سَلَفَ مِنْ خَيْرٍ»
«Гуфтам: «Ай Паёмбари Аллоҳ! Ҳукми корҳо, аз қабили садақа, озод кардани ғулом ва силаи раҳм, ки дар замони ҷоҳилият бо воситаи он ибодат мекардем, чист? Оё дар муқобили он аҷре ҳаст? Пас Паёмбар ﷺ фармуданд: «Ту бо сабаби корҳои нек, ки дар гузашта анҷом додаӣ, мусалмон шудӣ».
Суоле, ки мехоҳӣ бипурсӣ ва аз сухани ту фаҳмида мешавад, ҳарчанд онро сароҳатан баён накардӣ, чунин аст:
Агар шахс мусулмон шаваду исломи ӯ зебо бошад ва дар ҳоли мусалмон будан бимирад, оё дар муқобили корҳои нек, ки ӯ дар ҳоли кофир будан анҷом додааст, аҷре хоҳад гирифт?
Ҷавоб ин аст:
Якум: Дар ин масъала дар миёни уламо ихтилофи назар вуҷуд дорад ва ман баъзеро аз он чӣ, ки Нававӣ дар шарҳи «Саҳеҳ»-и Муслим дар эзоҳи ин ҳадис зикр кардааст, барои ту меорам, чунки он кас (رَحِمَهَا ٱللَّٰهُ) масъалаи мазкурро ба тарзи зебо шарҳ додааст:
… Аммо дар бораи маънои сухани Паёмбар ﷺ: «Ту бо сабаби корҳои нек, ки дар гузашта анҷом додаӣ, мусулмон шудӣ», ихтилоф вуҷуд дорад:
- Имом Абӯ Абдуллоҳи Мозирӣ (رَحِمَهَا ٱللَّٰهُ) гуфтааст: «Зоҳири он хилофи талаботи усул аст, зеро қурбате, ки кофир анҷом медиҳад, саҳеҳ нест. Пас, ӯ барои тоати худ подош намегирад. Зеро ин як кори воқеӣ аст, ки кофир бо тоат кардан қурбат ҳосил намекунад. Масалан, кофире, ки барои имон овардан назар меандозад. Дар ин ҳолат ӯ дар масъалаи имон овардан итоаткор аст. Зеро кори ӯ мувофиқи амр аст ва тоат дар назди мо мувофиқат намудан ба амр аст. Аммо ӯ қурбат ҳосил намекунад. Шарти қурбат ин аст, ки шахси қурбатҷӯ бояд Аллоҳро, ки ба сӯяш қурбат меҷӯяд, шиносад. Ҳол он ки ӯ ҳангоми назар андохтан (ба махлуқот) ҳанӯз ба илм дар бораи Аллоҳ нарасидааст. Вақте ки мо инро мефаҳмем, маълум мегардад, ки ҳадис дорои таъвил аст ва метавонад якчанд маъно дошта бошад. Маънои якум ин аст: «Ту хулқи некӯро ба даст овардӣ ва он туро дар Ислом низ нафъ хоҳад оварад. Пас, он дар анҷоми кори нек барои ту як заминае ва кӯмаке хоҳад буд». Маънои дуюм чунин аст: «Ту бо ин кор мадҳу ситоишеро ба даст овардӣ, ки дар Ислом низ ҳамроҳат боқӣ хоҳад монд». Маънои сеюмро метавон чунин шарҳ дод: «Аз эҳтимол дур нест, ки ӯ ҳангоми мусалмон будан корҳои нек анҷом диҳад ва ин некиҳо бо сабаби корҳои собиқи зебояш бияфзояду ӯ подоши бештарро ба даст орад. Зеро арабҳо дар хусуси кофире, ки корҳои нек анҷом медиҳад, мегуфтанд, ки ӯро бо сабаби ин корҳо сабукӣ дода шудааст ва шояд бо он подошаш биафзояд». Сухани Мозирӣ (رَحِمَهَا ٱللَّٰهُ) ин ҷо ба охир расид …
- Қозӣ Иёз (رَحِمَهَا ٱللَّٰهُ) гуфтааст: «Мегӯянд, ки маънои ҳадис чунин аст: «Бо сабаби баракоти некие, ки ту анҷом додӣ, Аллоҳ Таоло туро ба Ислом ҳидоят кард. Агар шахс дар аввали умри худ некӣ анҷом диҳад, ин чиз ба саодати охири умраш ва оқибати неки ӯ далолат мекунад». Ин сухани Қозӣ аст …
- Ибни Баттол ва муҳаққиқони дигар мепиндоранд, ки ин ҳадис ба маънои зоҳирии худ ворид шудааст. Агар кофир ба Ислом дарояд ва дар ҳоли мусалмон будан бимирад, дар муқобили некие, ки ӯ дар ҳоли кофир будан анҷом додааст, аҷр хоҳад гирифт. Онҳо ҳадиси Абӯсаиди Худрӣ (رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمْ)-ро ҳамчун далел меоранд, ки ӯ гуфтааст: Расулуллоҳ ﷺ фармуданд:
«إِذَا أَسْلَمَ الْكَافِرُ فَحَسُنَ إِسْلَامُهُ كَتَبَ اللَّهُ تَعَالَى لَهُ كُلَّ حَسَنَةٍ زَلَفَهَا وَمَحَا عَنْهُ كُلَّ سَيِّئَةٍ زَلَفَهَا وَكَانَ عَمَلُهُ بَعْدُ الْحَسَنَةُ بِعَشْرِ أَمْثَالِهَا إِلَى سَبْعِمِائَةِ ضِعْفٍ وَالسَّيِّئَةُ بِمِثْلِهَا إِلَّا أَنْ يَتَجَاوَزَ اللَّهُ سُبْحَانَهُ وَتَعَالَى»
«Агар кофир мусулмон шавад ва исломи ӯ зебо бошад, Аллоҳ ҳар як некиро, ки ӯ анҷом додааст, нависад ва ҳар як бадиро, ки ӯ анҷом додааст, маҳв созад. Минбаъд подоши кори некаш ҳамчун подоши некие хоҳад буд, ки аз даҳ то ҳафтсад баробари амалаш аст ва подоши амали зишташ ҳамчун подоши зиштие хоҳад буд, ки баробари амалаш аст, магар дар ҳоле ки Аллоҳ c онро бахшад».
Ин ҳадисро Дорақутнӣ аз ҳадисҳои ғариби Молик шумурдааст … Ибни Баттол (رَحِمَهَا ٱللَّٰهُ) баъд аз зикр кардани ҳадис гуфтааст: «Аллоҳ метавонад бандагонашро, ҳар тарзе ки хоҳад, марҳамат намояд ва ҳеҷ кас ба ин эътироз карда наметавонад». Ӯ дар идомаи сухан гуфтааст: «Ин ба сухани Паёмбар ﷺ, ки ба Ҳаким ибни Ҳизом гуфтааст: «Ту бо сабаби корҳои нек, ки дар гузашта анҷом додаӣ, мусалмон шудӣ» монандӣ дорад. Боз Аллоҳ беҳтар медонад». Ин ҷо нақл аз шарҳи Нававӣ ба «Саҳеҳи Муслим» ба поён расид.
Дуюм: Дар мавриди ҳадисе, ки Ибни Баттол ҳамчун далел овардааст, бояд гуфт, ки дар он изофае зикр гардидааст. Ин изофа дар ҳадисе, ки дар «Саҳеҳ»-и Бухорӣ омадааст, вуҷуд надорад. Ҳадисе, ки дар «Саҳеҳ»-и Бухорӣ омадааст, чунин аст:
41 — قَالَ مَالِكٌ أخْبَرَنِى زَيْدُ بنُ أَسْلَمَ أنّ أَبَا سَعِيدٍ الخُدْرِيَّ أخبَرَهُ أَنه سَمِعَ رسولَ اللَّهِ ﷺ يَقُولُ إِذا أَسْلَمَ العَبْدُ فَحَسُنَ إسْلاَمُهُ يُكَفِّرُ اللَّهُ عنهُ كلَّ سَيِّئَةٍ كَانَ زَلَفها وَكَانَ بَعْدَ ذلكَ القِصاصُ الحَسَنَةُ بِعَشْرِ أَمْثالِها إِلَى سَبْعِمِائَةِ ضِعْفٍ والسَّيِئَةُ بِمثْلِها إلاَّ أَن يَتَجَاوَزَ اللَّهُ عَنْهَا
41 – Молик гуфтааст: «Зайд ибни Аслам маро гуфт, ки Абӯсаиди Худрӣ ба ӯ хабар додааст, ки ӯ чунин гуфтани Расулуллоҳ ﷺ-ро шунидааст: «Агар кофир мусулмон шавад ва исломи ӯ зебо бошад, Аллоҳ ҳар як зиштие, ки ӯ анҷом додааст, мебахшад ва минбаъд танҳо қисос мавҷуд асту бас (яъне подошҳо, хоҳ нек бошад, хоҳ зишт, навишта хоҳад шуд): (подоши) некии ӯ ҳамчун (подоши) некие хоҳад буд, ки аз даҳ то ҳафтсад баробари амалаш аст ва (подоши) бадии ӯ ҳамчун (подоши) бадие хоҳад буд, ки баробари амалаш аст, магар дар ҳоле ки Аллоҳ онро бахшад».
Дар «Умдат-ул-қорӣ» (шарҳи «Саҳеҳ»-и Бухорӣ) дар зери сарлавҳаи «Баёни ҳукми ҳадис» омадааст: «Бухорӣ онро муаллақ зикр кардааст ва дар ягон ҷои китоб онро васл нанамудааст. Ҳол он ки Бухорӣ замони Моликро дарёфт накардааст. Пас, ин муаллақист. Вале ҳадис бо лафзи ҷозим ривоят шудааст. Аз ин рӯ, он саҳеҳ аст ва маломате дар он вуҷуд надорад. Ибни Ҳазм гуфтааст: «Дар саҳеҳ будани ҳадис маломат вуҷуд дорад, чун он ҳадиси мунқатеъ аст». Дар асл, ин сухани Ибни Ҳазм воқеӣ нест, чун ҳадис аз ҷиҳатҳои дигари саҳеҳ мавсул (васлшуда) аст. Маломат задан ба ҳар як мунқатеъ дуруст нест, зеро агарчанд ин ҳадис тибқи истилоҳ «мунқатеъ» номида шавад ҳам, он дар масъалаи саҳеҳ будан он дар ҳукми муттасил аст. Воқеан Абӯзарри Ҳаравӣ дар баъзе нусхаҳояш онро васл намудааст. Инчунин Насоӣ онро аз тариқи Аҳмад ибни Муалло ибни Язид, ӯ аз Сафвон ибни Солиҳ, ӯ аз Валид ибни Муслим, ӯ аз Молик, ӯ аз Зайд ибни Аслам васл намудааст. Аммо Суфён ибни Уяйна онро аз тариқи Зайд ибни Аслам ва ӯ аз Ато дар шакли мурсал ривоят кардааст. Аммо Молик васл кардани ҳадисро хуб дар ёд дошт, зеро аҳодиси аҳли Мадинаро беҳтар аз дигарон медонист. Баззор гуфтааст, ки танҳо Молик ин ҳадисро дар ҳолати васл кардан ривоят намудааст. Ибни Баттол гуфтааст, ки Бухорӣ ҳадиси Абӯсаидро бо фурӯгузор кардани баъзе қисмҳои он ривоят намудааст. Ҳол он ки ҳадиси мазкур ҳадиси машҳурест, ки Молик ривоят кардааст, ҳарчанд ӯ онро дар «Муватто» наовардааст. Насси ҳадис чунин аст:
«إِذا أسلم الْكَافِر فَحسن إِسْلَامه كتب الله لَهُ كل حَسَنَة كَانَ زلفها ومحى عَنهُ كل سَيِّئَة كَانَ زلفها»
«Агар кофир мусалмон шавад ва исломи ӯ зебо бошад, Аллоҳ ҳар як некиеро, ки ӯ анҷом додааст, нависад ва ҳар як бадиеро, ки ӯ анҷом додааст, маҳв созад».
Ибни Баттол боқимондаи ҳадисро низ зикр кардааст …
Сеюм: Тавре ки мебинӣ, изофае, ки дар ҳадиси боло ворид шудааст, дар ҳадиси Бухорӣ мавҷуд нест ва ба матнҳои қатъӣ, ки дар оятҳои бисёр аҷру савоби корҳои некро ба имон вобаста кардааст, хилоф аст. Аз ҷумла дар оятҳои зерин:
﴿وَأَمَّا مَنۡ ءَامَنَ وَعَمِلَ صَٰلِحٗا فَلَهُۥ جَزَآءً ٱلۡحُسۡنَىٰۖ وَسَنَقُولُ لَهُۥ مِنۡ أَمۡرِنَا يُسۡرٗا٨٨﴾
«Аммо ҳар кас имон овард ва кори шоиста анҷом дод, пас, ӯро (дар охират) подоши накӯст ва Мо ба ӯ осониро аз фармони худ хоҳем гуфт» [Сураи Каҳф, 88].
﴿وَقَالَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡعِلۡمَ وَيۡلَكُمۡ ثَوَابُ ٱللَّهِ خَيۡرٞ لِّمَنۡ ءَامَنَ وَعَمِلَ صَٰلِحٗاۚ وَلَا يُلَقَّىٰهَآ إِلَّا ٱلصَّٰبِرُونَ٨٠﴾
«Касоне, ки илм дода шудааст, гуфтанд: «Вой бар ҳоли шумост. Савоби Аллоҳ барои касе, ки имон овард ва кори шоиста анҷом дод, беҳтар аст. Ҷуз сабркунандагон ба он нарасанд« [Сураи Қасас, 80].
﴿وَبَشِّرِ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ أَنَّ لَهُمۡ جَنَّٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُۖ ﴾
«Ба онон, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, мужда деҳ, ки барояшон биҳиштҳоест, ки дар зери он наҳрҳо ҷорист» [Сураи Бақара, 25].
﴿وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ أُوْلَٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلۡجَنَّةِۖ هُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ٨٢﴾
«Ва онон, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, аҳли биҳиштанд ва онҳо дар он ҷовидонанд» [Сураи Бақара, 82].
﴿إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ وَأَقَامُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتَوُاْ ٱلزَّكَوٰةَ لَهُمۡ أَجۡرُهُمۡ عِندَ رَبِّهِمۡ ﴾
«Ҳароина онон, ки имон оварданд, корҳои шоиста анҷом доданд, намозро барпо намуданд ва закотро пардохтанд, аҷрашон дар назди Парвардигорашон аст» [Сураи Бақара, 277].
﴿وَأَمَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ فَيُوَفِّيهِمۡ أُجُورَهُمۡۗ وَٱللَّهُ لَا يُحِبُّ ٱلظَّٰلِمِينَ٥٧﴾
«Аммо онон, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, Аллоҳ муздашонро ба пуррагӣ хоҳад дод ва Аллоҳ золимонро дӯст надорад» [Сураи Оли Имрон, 57].
Аз ин оятҳо маълум мешавад, ки подоши корҳои нек баъд аз имон аст, на пеш аз он.
Чаҳорум: Ман дар асоси ин далел рад намудани изофаи ҳадисро: «Аллоҳ ҳар як некиеро, ки ӯ анҷом додааст, нависад», тарҷеҳ менамоям ва ба ҳадиси Бухорӣ, ки дар боло зикр шуд, эътимод мекунам: «Молик гуфт: Зайд ибни Аслам маро гуфт, ки Абӯсаиди Худрӣ ба ӯ хабар додааст, ки ӯ чунин гуфтани Расулуллоҳ ﷺ-ро шунидааст:
«إِذا أَسْلَمَ العَبْدُ فَحَسُنَ إسْلاَمُهُ يُكَفِّرُ اللهُ عنهُ كلَّ سَيِّئَةٍ كَانَ زَلَفها وَكَانَ يَعْدَ ذلكَ القِصاصُ الحَسَنَةُ بِعَشْرِ أَمْثالِها إِلَى سَبْعِمِائَةِ ضِعْفٍ والسَّيِئَةُ بِمثْلِها إلاَّ أَن يَتَجَاوَزَ اللهُ عَنْهَا»
«Агар кофир мусулмон шавад ва исломи ӯ зебо бошад, Аллоҳ ҳар як бадиеро, ки ӯ анҷом додааст, мебахшад ва минбаъд танҳо қисос мавҷуд асту бас (яъне подошҳо, хоҳ нек бошад, хоҳ бад, навишта хоҳад шуд): (подоши) некии ӯ ҳамчун (подоши) некие хоҳад буд, ки аз даҳ то ҳафтсад баробари амалаш аст ва (подоши) бадии ӯ ҳамчун (подоши) бадие хоҳад буд, ки баробари амалаш аст, магар дар ҳоле ки Аллоҳ онро бахшад».
Масъалае, ки мавриди баҳс қарор мегирад, ин муҷозот нашудани инсон барои амалҳое мебошад, ки қабл аз Ислом анҷом додааст. Ба ибораи дигар, масъала татбиқи ҳадиси Паёмбар ﷺ аст:
«إِنَّ الإِسْلامَ يَجُبُّ مَا كَانَ قَبْلَهُ»
«Ҳароина Ислом ҳар чиро, ки пеш аз он буд, бекор месозад».
Ин ҳадисро Аҳмад ва Табаронӣ аз Амр ибни Ос ривоят кардаанд ва он ба ҳадиси Бухорӣ, ки дар боло зикр гардид, мувофиқ аст: «Агар кофир мусалмон шавад ва исломи ӯ зебо бошад, Аллоҳ ҳар як бадиеро, ки ӯ анҷом додааст, мебахшад». Зеро далелҳое омадааст, ки ин маъноро, яъне каффорат шудани корҳои зиштро, ки инсон дар замони ҷоҳилият анҷом додааст, баъд аз мусалмон шудан ба ҳолатҳое ҷуз се ҳолат хос мегардонад. Зеро шахс дар се ҳолати мазкур ҳатто баъд аз мусалмон шудан низ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Мо ин масъаларо дар китоби «Ҷиҳозҳои Давлати Хилофат» дар боби «Ақдҳо ва муомалот» (саҳифаҳои 123-127) рӯшан сохтаем ва баён кардаем, ки се ҳолат аз маънои ҳадиси шариф истисно аст:
- Агар қазия, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтаасту иҷроиши он ба охир расидааст, таъсири бардавом дошта бошад, ки хилофи Ислом аст;
- Агар қазия ба нафаре тааллуқ дошта бошад, ки ба Ислому мусалмонон озор расонидааст;
- Агар қазия ба моли ғасбшуда тааллуқ дошта бошад, ки он ҳанӯз дар дасти ғосиб бошад.
– Дар масъалаи мавриди баррасӣ қарор додани қазияҳое, ки таъсири бардавом ва хилофи Ислом дорад, бояд гуфт, ки Паёмбари Аллоҳ ﷺ баъд аз қарор гирифтани мардум дар давлати исломӣ боқимондаи рибоеро, ки онҳо доштанд, бекор намуд ва онҳоро танҳо ба асли сармоя ҳақдор гардонид. Бо ибораи дигар, баъд аз табдил ёфтани макон ба Дор-ул-Ислом, рибои мардум, ки дар зиммаи дигарон доштанд, бекор шуд, ки дигар ситонида намешавад. Ҳамин тавр, онҳое, ки аз рӯи қонунҳои ҷоҳилият бо беш аз чаҳор зан издивоҷ карда буданд, баъд аз табдил ёфтани заминҳои онҳо ба Дор-ул-Ислом ба нигоҳ доштани фақат ҷаҳор нафари занони худ водошта шуданд. Тирмизӣ аз тариқи Абдуллоҳ ибни Умар овардааст, ки Ғайлон ибни Саламаи Сақафӣ мусалмон шуд. Ӯ дар ҷоҳилият даҳ зан дошт, ки ҳамроҳ бо ӯ мусалмон шуданд. Он гоҳ Набӣ ﷺ ба ӯ фармуданд, ки чаҳор нафарро аз байни онҳо ихтиёр намояд. Бинобар ин, таъсири ақдҳое, ки таъсири бардавом ва хилофи Ислом доранд, ҳангоми барпо шудани Хилофат бекор карда мешавад ва ин кор ҳатмист. Масалан, агар мусалмонзан пеш аз мусалмон шудан бо марди насронӣ издивоҷ карда буд, баъд аз Хилофат ин ақд тибқи аҳкоми шариат бекор карда мешавад …
– Дар масъалаи мавриди баррасӣ қарор гирифтани қазияҳои нафароне, ки ба Ислом ва мусалмонон озор расонидаанд, бояд қайд намуд, ки Паёмбари Аллоҳ ﷺ ҳангоми фатҳи Макка рехтани хуни якчанд нафарро, ки дар замони ҷоҳилият ба Ислом ва мусалмонон зиён расонида буданд, иҷозат дод ва рехтани хуни онҳоро, ҳатто агар онҳо ба пардаҳои Каъба овезон шаванд, ҳалол гардонид. Ҳол он ки Расулуллоҳ ﷺ фармудаанд:
«إِنَّ الإِسْلامَ يَجُبُّ مَا كَانَ قَبْلَهُ»
«Ҳароина Ислом ҳар чиро, ки пеш аз он буд, бекор месозад».
Ин ҳадисро Аҳмад ва Табаронӣ аз Амр ибни Ос ривоят кардаанд. Аз ин бармеояд, ки нафароне, ки ба Ислом ва мусалмонон зиён расонидаанд, аз ин ҳадис мустасност. Расулуллоҳ ﷺ баъдан баъзе аз онҳоро афв намуданд. Масалан, Икрима ибни Абӯҷаҳлро бахшиданд. Аз ин рӯ, халифа низ метавонад бар зидди ин гуна шахсон парванда кушояд ва метавонад онҳоро афв намояд. Ин ба нафароне низ дахл дорад, ки мусалмононро барои гуфтани ҳақ азоб додаанд ё таъна ба Ислом задаанд. Пас, ҳадиси «Ҳароина Ислом ҳар чиро, ки пеш аз он буд, бекор месозад» нисбат ба онҳо татбиқ намегардад, балки онҳо аз он мустасност ва бар зидди онҳо парванда кушода мешавад ёки онҳо тибқи раъйи халифа мавриди афв қарор мегиранд.
– Аммо далели баррасии қазияҳое, ки ба моли ғасбшуда тааллуқ дорад ва он ҳанӯз дар дасти ғосиб аст, ҳадисест, ки Муслим онро аз Воил ибни Ҳаҷар ривоят кардааст, ки ӯ гуфтааст:
«كُنْتُ عِنْدَ رَسُولُ اللهِ ﷺ فَأَتَاهُ رَجُلاَنِ يَخْتَصِمَانِ فِي أَرْضٍ فَقَالَ أَحَدُهُمَا إِنَّ هَذَا انْتَزَى عَلَى أَرْضِي يَا رَسُولَ اللهِ فِي الْجَاهِلِيَّةِ وَهُوَ امْرُؤُ الْقَيْسِ بْنُ عَابِسٍ الْكِنْدِيُّ وَخَصْمُهُ رَبِيعَةُ بْنُ عِبْدَانَ قَالَ: بَيِّنَتُكَ قَالَ: لَيْسَ لِي بَيِّنَةٌ قَالَ: يَمِينُهُ قَالَ إِذَنْ يَذْهَبُ بِهَا قَالَ: لَيْسَ لَكَ إِلاَّ ذَاكَ قَالَ: فَلَمَّا قَامَ لِيَحْلِفَ قَالَ رَسُولُ اللهِ ﷺ مَنِ اقْتَطَعَ أَرْضاً ظَالِماً لَقِيَ اللهَ وَهُوَ عَلَيْهِ غَضْبَانُ»
«Ман назди Расулуллоҳ ﷺ будам. Он гоҳ ба назди он кас ﷺ ду мард омаданд, ки дар хусуси замине муноқиша доштанд. Яке аз онҳо гуфт: «Ин кас замини маро дар замони ҷоҳилият бо зӯрӣ кашида гирифта буд». Ин мард Имру-ул-қайс ибни Обиси Киндӣ ва рақибаш Робиъа ибни Ибдон буд. Паёмбар ﷺ фармуд: «Далелатро пеш ор». Гуфт: «Ман далеле надорам». Паёмбар ﷺ фармуд: «Дар ин ҳол ӯ қасам бихӯрад». Гуфт: «Дар ин ҳол ӯ заминро азхуд мекунад». Паёмбар ﷺ фармуд: «Ту ҷуз ин ҳал чораи дигаре надорӣ». Ҳангоме ки рақиби ӯ хест, то қасам бихӯрад, Расулуллоҳ ﷺ фармуданд: «Ҳар касе, ки заминро бо зулм азхуд мекунад, бо Аллоҳ дар ҳоле рӯбарӯ мешавад, ки Аллоҳ ба ӯ хашмгин аст»«. Пас Паёмбар ﷺ даъвои мардро бар зидди марде, ки заминашро ғасб карда буд, пазируфтанд. Ҳол он ки кори мазкур дар замони ҷоҳилият рух дода буд … Дар асоси далели мазкур даъво бар зидди ҳар шахсе, ки заминеро азхуд кардааст ё чорво ё моли шахсони алоҳидаро ғасб намудааст ё аз моликияти умумӣ ё моликияти давлатӣ молеро рабудааст, қабул карда мешавад, чун ҳамаи ин ҳолатҳо ғасб ба ҳисоб меравад.
Сеюм: Хулоса ин аст, ки агар инсон мусалмон шавад ва исломи ӯ зебо бошад, бадиҳое, ки пеш аз Ислом анҷом додааст, бахшида мешавад, ҷуз дар се ҳолати мазкур, ки мо баён намудем.
Ин он чӣ аст, ки ман онро тарҷеҳ медиҳам ва Аллоҳ донотар аст.
Бародари шумо Ато ибни Халил Абӯ Рушта
30 зулҳиҷҷаи соли 1444 ҳиҷрӣ
18 июли 2023 милодӣ