Оё ба зан иҷоза дода шудааст, ки бидуни маҳрам ё шавҳар дар мошини сабукрав бо омӯзгори ронанда нишинад?

Оё ба зан иҷоза дода шудааст, ки бидуни маҳрам ё шавҳар дар мошини сабукрав бо омӯзгори ронанда нишинад?

Савол:

Оё ба зан  бидуни маҳрам ё шавҳар дар мошин бо омӯзгори ронанда барои омӯхтани рондани автомобил дар асоси он, ки мошинҳои таълимӣ нақлиёти ҷамъиятӣ, на шахсӣ ҳастанд, (ки аслан дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ  махрам, лозим нест) иҷоза дода мешавад?

Агар муаллими ронанда  занро танҳо бе ҳузури маҳрам ё шавҳараш таълим диҳад гунаҳкор мешавад?

Ҷавоб:

Дуруст аст, ки  автомашинаҳое, ки барои таълимдиҳӣ пешбинӣ шудаанд, ҷамъиятӣ мебошанд. Аммо, ҳузури шавҳар ё махрам бо зан воҷиб аст. Дар акси ҳол, дар сурати набудани яке аз онҳо, ба зан гуноҳ сабт карда мешавад. Инчунин, омӯзгори ронанда низ, ба ӯ бидуни ҳузури маҳрам дарс диҳад,  гуноҳ содир мекунад.

Ин фаҳмиш ба паҳлӯҳои зерин асос меёбад:

А) Аллоҳ Таоло ба зан иҷозат додааст, ки корҳои иҷтимоиро анҷом диҳад, ки ба категорияҳо мансубанд: воҷиб, мандуб, мубоҳ. Аз ин рӯ, зан ҳуқуқ дорад, ки онро ба таври мувофиқ ба ҳаёти ҷамъиятӣ татбиқ намояд.

Ҳамзамон, ин корҳо ба ду категория тақсим мешаванд:

  • Иҷрои ин категорияи ҳолатҳо зарурати ҷамъшавии мардон бо занон ё омехташавиии зану мард (ихтилот) -ро талаб намекунад. Ихтилот — аз наздик бо якдигар ҳам муошират кардан аст. Масалан, сайругашти якҷоя дар кӯчаю хиёбонҳо, дар ҳавои тоза, дар боғҳои ҷамъиятӣ, зиёрати ҳамроҳ ба масҷидҳо ва ғайра. Дар чунин ҳолатҳо якҷояшавии зану мард, яъне ихтилот манъ аст.

Ҳамзамон, чунин корҳо ба ду категория тақсим мешаванд:

  • Иҷрои категорияи ҳолатҳои  зарурати якҷояшавии мардон бо занон ё дарёфт намудани омехташавии ҳарду ҷинс (ихтилот) -ро талаб намекунад. Ихтилот- ба якдигар наздик шуда, гуфтугӯ кардани зану мард  аст. Масалан, рафтуомади муштарак дар кӯча, дар ҳавои тоза, дар боғи ҷамъиятӣ, сафари муштарак ба масҷидҳо ва ғайра. Дар чунин ҳолатҳо, ба зан  бо мардон будан манъ аст, яъне, ихтилот манъ карда шудааст. Сабаби ин дар он аст, ки ин ҷо ҷудоии ҷинсҳо асос карда шудааст — марбут ба муоширати зану мард қонунҳои Шариат вуҷуд доранд.

Агар иҷрои амале, ки шариат иҷозат додааст, омехташавии ҷинсҳо ва якҷоя истодани муштаракро талаб намекунад, пас он дар асоси доираи худ  (ҷудоии ҷинсҳо) сурат мегирад (ҷудо кардани ҷинсҳо). Ба ибораи дигар, зан бояд бидуни омезиш бо мардони бегона дар кӯча, дар масҷид, ба зиёрати хешовандон ё боғ ва ғайра равад, яъне бидуни ширкат ва иртибот бо мардони бегона. Ва ин муҳим нест, ки оё ин пиёда ва ё бо нақлиёт анҷом дода шавад. Агар зан ба автобус савор шавад, он ҷо набояд  бо мардони бегона сӯҳбат кунад.

Агар зан ба боғи истироҳатӣ даромада бошад, пас дар он ҷо набояд дар байни мардон ва ё ҳамроҳи марди бегона қадам занад. Дар  ҳолатҳои зикршуда, ҳузури маҳрам ҳатмӣ нест. Он инчунин сохтани пайроҳаҳои алоҳидаро барои мардон ва барои занон барои алоҳидагӣ ва ё сохтани роҳҳои алоҳидаро барои мардон ва занон талаб намекунад. Пайроҳа ва роҳҳо ҷамъиятанд, аммо дар айни замон, дар ҷомеа вазъият дар мавриди ихтилот манъ аст.

Ин ҳолатест, ки барои занон иҷозат дода шудааст ва амалӣ намудани он барои  якҷояшавии мардон ва занон ниёз надорад.

  • Иҷрои категорияи дуввуми феълҳо якҷоя истодани мардону занонро талаб мекунад. Масалан, хариду фурӯш, иҷора, кироя, табобат, баъзе намудҳои омӯзиш ва таҳсил, лексияҳои илмии оммавӣ, корҳои кишоварзӣ ва саноатӣ вобаста ба афзоиши молу мулк ва ғайра. Барои ҳамаи ин ҳолатҳо қонунҳои Шаръӣ вуҷуд доранд, ки тартиби якҷояшавии зану мардро  танзим мекунанд.

Масалан:

— Иҷрои намози ҷамоӣ дар масҷид  якҷояшавии мардон ва занонро пешбинӣ мекунад. Аз ин рӯ, қонуни муайяне фиристода шуд, ки ҷудокунии сафҳоро тақозо мекунад. Ин қонун талаб мекунад, ки сафи мардҳо дар сафи пеш қарор гирад ва сафи занҳо дар паси онҳо бошад. Дар чунин ҳолат ҳузур доштани маҳрам барои занон дар байни намозгузорон лозим нест.

— Ҳаҷ ҳузури муштараки мардону занонро бидуни ҷудокунии сафҳо пешбинӣ мекунад. Аз ин рӯ, қонунҳои ҳаҷ ба ҳамаи мардону занон хуб маълум аст.

— Табобат — ҳузури якҷояи занону мардонро дар ҳолатҳои муайян дар бар мегирад. Аз ин рӯ, вобаста ба ин, қонуне мавҷуд аст, ки ба духтур имкон медиҳад, ки ҷои дардманди беморро муоина кунад, ҳатто агар ин ҷой аврат бошад ҳам.

Б) Омӯзонидани ронандагӣ якҷоя, дар як автомобил нишастани зану мардро тақозо мекунад. Агар барои занон пайдо кардани омӯзгори зан ё барои мардон ёфтани омӯзгори мард имкон нагардад, пас қонунҳои махсус эътибор пайдо мекунанд.

Дар мавриди омӯзиши ронандагӣ; пас аз омӯзиши ин воқеият, чизҳои зерин равшан мешаванд:

— Дастури ронандагӣ мустақиман дар воситаҳои нақлиёт танҳо барои омӯзгор ва зани таълимгиранда маҳдуд аст. Ҳадафи ин таълим додани фард аст, на омма. Дар ин ҳолат, ҳадафи якҷоягии мардон ва занон — хусусӣ аст, аз ин рӯ бо омӯзгор ва донишҷӯ маҳдуд аст. Ин мавқеъ аз вазъ дар масҷид ё лексияи оммавӣ фарқ мекунад, зеро  ҳадафи ҷамъомад ҷамъшавии шахсони зиёдеро фаро мегирад. Дар ҳақиқат, дар чунин ҳолатҳо, шароити хилват (танҳоӣ) вуҷуд надорад, аммо лозимии  тақсимоти сафҳо байни мардон ва занон вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, далелҳои шариат вуҷуд доранд, ки сафҳоро дар масҷид ҷудо кунанд ва онҳо масъалаи хилват ё ҳузури махрамро баррасӣ накунанд.

Дар мавриди омӯзиши рондани мошинҳои сабукрав, ин ҳадаф якҷоя омадани танҳо зан ва мард, яъне танҳо  ду нафарро тақозо мекунад: омӯзгори ронанда ва донишҷӯ. Аз ин рӯ, бо назардошти вазъияте, ки барои омӯзонидани ронандагӣ аз роҳҳои гуногун ронда гузаштан зарур аст, имкон (занн) вуҷуд  дорад, ки хилват рух медиҳад. Илова бар ин, дар вақти омӯзиш ихтилат, (аз наздик муошират кардани зану мард) рух медиҳад. Аз ин рӯ, масъалаи хилват (як ба як)- ро ҳал карда, инчунин ихтилотро дар доираи таълими ронандагӣ маҳдуд кардан лозим аст — ин ҳузури маҳрамро талаб мекунад.

 

Расули Акрам (с.а.с) фармуданд:.

لاَ يَخْلُوَنَّ رَجُلٌ بِامْرَأَةٍ إِلَّا وَمَعَهَا ذُو مَحْرَمٍ

“Зан ва мард дар танҳоӣ (хилват) во нахӯранд, магарам бо иштироки маҳрам.” (Бухорӣ.)

Аз ин рӯ, вақте ки зан ба автомобил  барои омӯхтани ронандагӣ савор мешавад, дар паҳлӯи вай шавҳар ё яке аз маҳрамонаш бояд ҳузур дошта бошанд. Ин ҳама дар ҳолати набудани омӯзгори зан талаб карда мешавад.

Хулоса: Зан метавонад дар ҳолати ҳузури шавҳараш ва ё маҳрамаш ба автомили омӯзиши ронандагӣ бо омӯзгор савор шавад. Дар ҳолати набудани яке аз маҳрамон зан ва омӯзгор гунаҳкор мешаванд.

Эзоҳ: дар ҳама гуна ҳолатҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, зан бояд бо либосҳои Шаръӣ -ҷилбоб ва рӯймол, мувофиқи амри Ислом аврати худро пӯшонад.

18 Рамазон, соли 1427.
10.10.2006.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads