Он чизе, ки истифода бурдани одамон манъ аст, фурӯхтанаш низ ҳаром мебошад

hizb-tojikiston.info

Он чизе, ки истифода бурдани одамон манъ аст, фурӯхтанаш низ ҳаром мебошад

              Аз Abo Alwaled Alghutani

Савол:

Ассаламу алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.

Аллоҳ шуморо ҳифз намояд шайхи мӯҳтарам, Аллоҳ ба воситаи Шумо ва илматон ба Уммат фоида бахшад!

Ба ман пешниҳод карданд, ки ба ҳайси намояндаи фурӯш дар як ширкати фурӯши маҳсулоти косметика ва атриёт кор кунам ва айни замон дар баъзе маҳсулоти ин ширкат фоизҳои мухталифи спирт мавҷуд аст. Масалан, одеколон миқдори зиёди спирти этилиро дорад, маҳсулоти дигар бошад спиртҳои этил, метил ва изопропил доранд.

Саволҳо пайдо мешаванд: оё ман намояндаи тиҷории ин ширкат шуда метавонам? Оё ба ман иҷозат дода мешавад, ки дар ин ширкат дар вазифаи маъмурӣ кор кунам, на дар соҳаи фурӯш?

Аллоҳ бароятон мукофоти нек ато фармояд!

Ҷавоб:

Ва алайкум ассалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!

Тавре ки ман мефаҳмам, Шумо дар бораи кор кардан дар ширкатҳое мепурсед, ки тибқи Шариат дар асоси дуруст ташкил карда шудаанд, аммо на дар бораи онҳое, ки ботил ҳисобида мешаванд. Ҷавоб ба саволи шумо ин аст:

  1. Ҳукми чун намояндаи тиҷорӣ кор кардан дар ширкате, ки моли дорои ашёи ҳаром (муҳаррам)-ро мефурӯшад, аз қабили атр, одеколон, косметика, ки дар таркибаш спирти этилӣ мавҷуд аст, чунин мешавад:

Мо ин ҷиҳатро омӯхтем ва дар маводҳои худ равшан баён намудем, ки чунин кор ҳаром аст. Дар китоби «Шахсияи исломӣ», ҷилди 2, дар мавзӯи «Ҳар он чизе, ки  истифода бурдани одамон ҷоиз нест, фурӯхтанаш ҳам ҷоиз нест» навиштаем: «Чизҳое ҳастанд, ки Аллоҳ  хӯрдани онҳоро манъ кардааст, масалан, мурда; чизҳое ҳастанд, ки Аллоҳ нӯшиданашро манъ кардааст, масалан, нӯшокиҳои спиртнок; чизҳое ҳастанд, ки Аллоҳ истифодаи онҳоро манъ кардааст, масалан, бутҳо; чизҳое ҳастанд, ки Аллоҳ ба даст овардани онҳоро манъ кардааст, масалан, ҳайкалҳо; чизҳое ҳастанд, ки Аллоҳ сохтани онҳоро манъ кардааст, масалан, тасвири мавҷудоти зинда. Дар мавриди мамнӯъияти ин чизҳо матнҳои шаръӣ дар шакли ояту ҳадисҳо оварда мешаванд. Ҳамин тавр, ҳамаи чизҳое, ки Аллоҳ истифода бурдан, нӯшидан ва ғайраро манъ кардааст, фурӯхтанашон низ ҷоиз нест, чунки фоида аз онҳо ҳаром аст. Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ ривоят аст, ки ӯ чунин гуфтани Расули Аллоҳ ﷺ -ро шунидааст:

إِنَّ اللَّهَ وَرَسُولَهُ حَرَّمَ بَيْعَ الْخَمْرِ وَالْمَيْتَةِ وَالْخِنْزِيرِ وَالْأَصْنَامِ فَقِيلَ يَا رَسُو أَرَأَيْتَ شُحُومَ الْمَيْتَةِ فَإِنَّهَا يُطْلَى بِهَا السُّفُنُ وَيُدْهَنُ بِهَا لَ اللَّهِ الْجُلُودُ وَيَسْتَصْبِحُ بِهَا النَّاسُ فَقَالَ لَا هُوَ حَرَامٌ ثُمَّ قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ عِنْدَ ذَلِكَ قَاتَلَ اللَّهُ الْيَهُودَ إِنَّ اللَّهَ لَمَّا حَرَّمَ شُحُومَهَا جَمَلُوهُ ثُمَّ بَاعُوهُ فَأَكَلُوا ثَمَنَهُ

«Аллоҳ ва Расули Ӯ  фурӯхтани хамр(шароб), мурда, гӯшти хук ва бутҳоро ҳаром карданд!». Аз ӯ пурсиданд: «Эй Расули Аллоҳ, дар бораи равған(чарбу)-и ҳайвонҳои мурда, ки бо он (паҳлу ва поёни) киштиҳоро мепӯшонанд ва ба пӯст молида барои равшанӣ кардан истифода мешавад, чӣ мегӯед?», — ӯ   гуфтанд: «Не, ин ҳаром аст!» ва сипас илова намуданд: «Аллоҳ яҳудиҳоро ҳалок гардонад! Дарҳақиқат, вақте Аллоҳ ба онҳо истифодаи равғани ҳайвонро манъ кард, онҳо онро азнав об карда мефурӯхтанд ва пулашро мехӯрданд»   (Бухорӣ).

Аз Ибни Аббос (р) ривоят мешавад, ки Паёмбар ﷺфармуданд:

قَاتَلَ اللَّهُ الْيَهُودَ ثَلَاثًا إِنَّ اللَّهَ حَرَّمَ عَلَيْهِمُ الشُّحُومَ فَبَاعُوهَا وَأَكَلُوا أَثْمَانَهَا وَإِنَّ اللَّهَ إِذَا حَرَّمَ عَلَى قَوْمٍ أَكْلَ شَيْءٍ حَرَّمَ عَلَيْهِمْ ثَمَنَهُ

«Аллоҳ яҳудиҳоро лаънат кунад(ва инро се бор такрор карданд)! Дарҳақиқат Аллоҳ ба онҳо истифода бурдани равғани ҳайвонҳоро манъ кард,  онҳо бошанд онро фурӯхта, пулашро мехӯрданд, ҳол он ки агар Аллоҳ  ба одамон хӯрдани ягон чизро манъ кунад, ин маънои онро дорад, ки Ӯ ба онҳо фурӯхтанашро низ манъ кардааст» (Бухорӣ)» (охири иқтибос).

Ҳамин тавр, кор дар соҳаи фурӯш дар ин ширкат ва амсоли он манъ аст (ҳаром).

  1. Дар мавриди кор кардан дар вазифаи маъмурӣ дар ширкате, ки фаъолияти он фурӯши як қатор чизҳои ҳаром (муҳаррам)-ро дарбар мегирад, ҷиҳатҳои зерин бояд ба назар гирифта шавад:

— Агар вазифаи маъмурӣ бевосита бо фурӯши ашёи манъшуда, аз қабили коркарди фармоишҳои вобаста бо чунин фурӯши манъшуда ва ғ. алоқаманд бошад, пас чунин вазифаи маъмурӣ манъ аст, зеро он бевосита бо кори манъшуда дар шакли фурӯши манъшуда алоқаманд мебошад.

— Агар вазифаи маъмурӣ бо фурӯши ашёи манъшуда алоқаманд набошад, масалан, шумо чунин фармоишҳо, яъне чизҳои манъшударо коркард намекунед ва ғайра, он гоҳ чунин вазифа манъ карда намешавад, ҳатто агар маълум шавад, ки баъзе молҳои ширкат бо фурӯши ашёи мамнӯъ алоқаманд мебошанд. Сабаби ин дар он аст, ки дар ин ҳолат Шумо амали мамнӯъро содир намекунед.

Аммо бояд қайд намуд, ки ғамхории инсон ба дини худ на танҳо дар парҳез намудан аз ҳаром аст, балки ҳатто худдорӣ кардан аз баъзе мубоҳҳо аст, аз тарси он ки дар паҳлӯи онҳо ягон чизе аз ҳаром қарор дорад.  Асҳоби Расули Аллоҳ ﷺ аз баъзе мубоҳҳо худро дур мегирифтанд, аз тарси он ки  онҳоро ба ҳаром наздик накунанд. Аз Расули Аллоҳ ﷺ ривоят мешавад:

لَا يَبْلُغُ العَبْدُ أَنْ يَكُونَ مِنَ المُتَّقِينَ حَتَّى يَدَعَ مَا لَا بَأْسَ بِهِ حَذَرًا لِمَا بِهِ البَأْسُ

«Банда ба қатори муттақиён ҳамон вақт дохил мешавад, ки аз чизҳои зарарнок парҳез намуда, аз чизҳои безарар худдорӣ намояд» (Тирмизӣ гуфт: «Ҳадиси ҳасан»).

Тирмизӣ инчунин ҳадиси ҳасани саҳеҳро аз Ҳасан ибни Алӣ овардааст:

دَعْ مَا يَرِيبُكَ إِلَى مَا لَا يَرِيبُكَ

«Он чиро, ки дар ту шубҳа пайдо мекунад, тарк кун ва он чиро, ки шубҳа намеорад, бигир».

Аз ин рӯ, барои саволдиҳанда ва динаш беҳтар мешавад аз кор кардан дар ин гуна ширкатҳо дурӣ ҷӯяд ва коре ҷустуҷӯ намояд, ки дар он ризқу рӯзии пок пайдо карда метавонад. Ва ноумед шудан лозим нест, зеро Аллоҳ барои парҳезгорон албатта роҳе медиҳад:

وَمَن يَتَّقِ اللَّهَ يَجْعَل لَّهُ مَخْرَجًا ٢‏ وَيَرْزُقْهُ مِنْ حَيْثُ لَا يَحْتَسِبُ ۚ وَمَن يَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ فَهُوَ حَسْبُهُ ۚ إِنَّ اللَّهَ بَالِغُ أَمْرِهِ ۚ قَدْ جَعَلَ اللَّهُ لِكُلِّ شَيْءٍ قَدْرًا

«Ба ҳар касе, ки аз Аллоҳ битарсад, Ӯ роҳи халосиро меофарад ва ба ӯ аз ҷое, ки тасаввур ҳам намекунад, ризқу рӯзӣ медиҳад. Ҳар кӣ ба Аллоҳ таваккул кунад, Ӯ басанда аст. Аллоҳ кори Худро то ба охир мерасонад. Аллоҳ барои ҳар чиз андозае муқаррар кардааст» (65:2,3).

Умедворам, ки ин ҷавоби мукаммал буд, аммо Аллоҳ беҳтар медонад!

 

 

23 шавволи 1443 ҳиҷрӣ

23.05.2022

Силсилаи посухҳои олим Ато ибни Халил АбуРашта, амири Ҳизб-ут-таҳрир ба саволҳои дар саҳифаи “Фейсбук” додашуда дар мавзӯи “Фиқҳ”

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads