Оиди саҳеҳияти ҳадиси «Ман коре надорам ба он касе, ки дар миёни кофирон чиҳил рӯз зиндагӣ намудааст».

Оиди саҳеҳияти ҳадиси «Ман коре надорам ба он касе, ки дар миёни кофирон чиҳил рӯз зиндагӣ намудааст».

    Саволи Раҷа ал-Ашҳоб

 

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Ҳадиси зерин то чӣ андоза саҳеҳ мебошад: «Ман коре надорам ба он касе, ки дар миёни кофирон чиҳил рӯз зиндагӣ намудааст»? Инчунин тавзеҳ диҳед, ки ҳукми шариат дар бораи касоне, ки ба сабаби кор дар кишварҳои куфр зиндагӣ мекунанд, чист, чун дар кишварашон на кор ва на имкони пулёбӣ ҳаст? Ҳукми шариат дар бораи касоне, ки дар кишварҳои куфр ба хотири таҳсил умр ба сар мебаранд, чӣ гуна аст? Аллоҳ ба шумо подоши нек диҳад!

Ҷавоб:

Ваалейкум ассалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Абӯ Довуд дар “Сунан” овард: «Ҳаннод ибни Сарӣ ба мо аз Абӯ Муовия, ӯ аз Исмоил ва Исмоил аз Қайс ва ӯ аз Ҷарир ибни Абдуллоҳ ривоят кардааст, ки Расулуллоҳ боре барои ҳамла ба қабилаи Хасъам як гурӯҳи низомӣ фиристоданд. Бархеҳо (мӯъминон) аз миёни хасъамиҳо бо саҷда ба замин паноҳҷӯӣ карданд (то ки муҷоҳидин фаҳманд, ки онҳо низ мусалмонанд), вале онҳо ба сабаби суръати ҳамла (якҷоя бо мушрикон) кушта шуданд. Ин хабар ба Паёмбар расид ва эшон фармуданд, ки (ба хонаводаи кушташудагон) нисфи хунпулӣ дода шавад. Дар айни ҳол эшон гуфтанд: «Ман коре надорам ба ҳар мусалмоне, ки дар миёни мушрикон зиндагӣ мекунад». Аз эшон пурсиданд: «Эй Расули Аллоҳ, чаро?» Гуфтанд: «Оташҳои онҳо (мусалмонон ва кофирон) бояд ба якдигар намоён нашаванд».

Барои фаҳмидани маънои ҳадис чизҳои зеринро бояд зикр кард:

 

  1. Дар моддаи 189-уми китоби «Лоиҳаи дустур. Далелҳои шаръӣ», ҷилди 2-ум, дар ин бора омадааст: «Дар дорулкуфр ҳукмҳое амал мекунанд, ки аз аҳкоми дорулислом ба куллӣ фарқ мекунанд. Яъне дорулкуфр аҳкоме дорад, ки танҳо ба он дахл доранд. Аз ин рӯ, агар мусалмоне, ки дар дорулкуфр зиндагӣ мекунад, озодона ва ошкоро ба дини худ пайравӣ карда натавонад, ӯ ҳатман бояд ба дигар дорулкуфре (кишвари дигар), ки дар он ҷо метавонад ба дини худ амал кунад, ҳиҷрат намояд. Далели ин сухани Аллоҳи Мутаъол аст:

 «Ба касоне, ки фариштагон ҷонашонро ҳамчун ситамкор меситонанд, гӯянд: «Дар чӣ ҳол будед?» Гӯянд: «Мо дар рӯи замин мардуме будем бечора». Фариштагон гӯянд: «Оё замини Аллоҳ паҳновар набуд, ки дар он ҳиҷрат кунед?» Макони инҳо Ҷаҳаннам аст ва он чӣ бад саранҷомест!» (4:97)

Ин дар он ҳолест, ки дорулислом вуҷуд надошта бошад, чунончи ҳол имрӯз ҳамин аст. Дар ҳоли мавҷудияти дорулислом, аҳкоми ҳиҷрат аз дорулкуфр ба дорулислом чизҳои зеринро пешбинӣ мекунанд:

  1. Ҳар кӣ дар кишваре зиндагӣ кунад, ки дар он имкони ошкоро риоя намудани дин ва иҷрои аҳкоми ба ӯ дахлдорро надошта бошад, ба дорулислом ҳиҷрат намудани ӯ воҷиб аст. Дар дорулкуфр зиндагӣ кардани ин шахс барояш ҳаром аст. Далели ин ояти қаблӣ аст:

 «Ба касоне, ки фариштагон ҷонашонро ҳамчун ситамкор меситонанд, гӯянд: «Дар чӣ ҳол будед?» Гӯянд: «Мо дар рӯи замин мардуме будем бечора». Фариштагон гӯянд: «Оё замини Аллоҳ паҳновар набуд, ки дар он ҳиҷрат кунед?» Макони инҳо Ҷаҳаннам аст ва он чӣ бад саранҷомест!» (4:97)

Инчунин ба ин суханони зерини Расулуллоҳ ﷺ, ки Тирмизӣ аз Ҷарир ривоят намудааст, далолат мекунанд:

«Ман коре надорам ба ҳар мусалмоне, ки дар миёни мушрикон зиндагӣ мекунад». Аз эшон пурсиданд: «Эй Расули Аллоҳ, чаро?» Гуфтанд: «Оташҳои онҳо (мусалмонон ва кофирон) бояд ба якдигар намоён нашаванд».

Дар ривояти Абӯ Довуд омадааст:

Аз эшон пурсиданд: «Эй Расули Аллоҳ, чаро?» Гуфтанд: «Оташҳои онҳо (мусалмонон ва кофирон) бояд ба якдигар намоён нашаванд».

Ин ҳадисро Насоӣ низ ривоят кардааст. Дар мавриди маънои вожаҳои  «Оташҳои онҳо (мусалмонон ва кофирон) бояд ба якдигар намоён нашаванд» бояд гӯем, ки сухан дар бораи вазъияте меравад, ки мусулмонон ва кофирон набояд дар як ҷое зиндагӣ кунанд, ки масофаи байни онҳо чунон наздик аст, ки чароғҳои онҳо ба якдигар намоён мешаванд. Ин далели ғайри қобили қабул будани зиндагӣ дар кишвари онҳост, яъне дар сарзамини кофирон <…>

  1. Ҳар кӣ имкони ҳиҷрат намуданро дошта бошад, вале дар баробари ин имкон дорад, ки озодона ва ошкоро ба динаш дар кишвари худ пайравӣ намояд ва аҳкоми ба ӯ дахлдорро иҷро кунад, дар ин ҳол ҳиҷрат барояш мандуб аст, на фарз. Далели ин он аст, ки Расулуллоҳ ﷺ ба ҳиҷрат аз Макка пеш аз фатҳи он, ки ҳанӯз дорулкуфр буд, танҳо ташвиқ мекарданду халос. Оятҳои Куръон ба ин равшан гувоҳӣ медиҳанд, масалан, чунин гуфтаҳои Аллоҳи Мутаъол:

«Ҳароина касоне, ки имон оварданд ва касоне, ки ҳиҷрат намуда, дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод карданд, ба раҳмати Аллоҳ умед мебанданд ва Аллоҳ Омӯрзанда ва Меҳрубон аст» (Бақара: 218).

«Касоне, ки имон оварданд, ҳиҷрат карданд ва дар роҳи Аллоҳ бо молу ҷони худ ҷиҳод карданд, дар назди Аллоҳ дараҷаи бузургтареро соҳибанд ва онон пирӯзманданд» (9:20).

Ҳамаи ин ба талаби ҳиҷрат равшан далолат мекунад. Аммо гуфтаҳои боло оиди фарз набудани ҳиҷрат бо тақрире собит мешавад, ки Расулуллоҳ ﷺ оиди дар Макка боқӣ мондани мусалмонон кардаанд. Ривоят мешавад, ки вақте Нуайм ан-Наҳҳом хост ҳиҷрат кунад, мардум аз қабилаи Бани Адӣ ба наздаш омада, бо ин суханон ба ӯ рӯй оварданд: “Бо мо бимон ва риояи дини худро идома деҳ. Мо туро аз ҳар касе, ки мехоҳад ба ту зарар расонад, ҳифз хоҳем кард. Ва иҷрои он чиро, ки нисбати мо анҷом медодӣ, давом деҳ”. Ва ӯ сарпарастии ятимону бевазанони қабилаи Бани Адиро идома дод. Ҳамин тавр, ӯ муддате аз ҳиҷрат бозмонд. Дертар, ҳангоме ки ӯ ҳиҷрат намуд, Расулуллоҳ ﷺ  ба ӯ гуфтанд:

«Муомилаи қавмат, ки ба ту кард, аз муомилаи қавмам, ки ба ман кард, беҳтар буд. Қавми ман маро берун кард ва мехост маро бикушад, дар ҳоле ки қавми ту туро нигаҳбонӣ ва ҳифз намуд” (Ибни Ҳаҷр дар китоби “Ал-Исоба” овардааст).

  1. Ҳар кӣ тавони ҳиҷратро надошта бошад, Аллоҳи Мутаъол ӯро омӯрзидааст. Ба сабаби ба ҳиҷрат нотавон будани ӯ, хоҳ иллат беморӣ бошад, хоҳ эҷоди монеа ба ҳиҷрат ва хоҳ заифӣ, ба монанди заифии занону кӯдакон ва амсоли онҳо, ҳиҷрат ба чунин шахс воҷиб намешавад. Далели ин сухани Аллоҳи Мутаъол аст:

«Ғайри мардону занон ва кӯдакони нотавоне, ки ҳеҷ чорае намеёбанд ва ба ҳеҷ  ҷо роҳ набаранд» (4:98)

  1. Ҳар кӣ метавонад озодона ва ошкоро ба динаш дар кишвари худ пайравӣ намояд ва аҳкоми ба ӯ дахлдорро иҷро кунад, вале дар баробари ин имкон ва тавоноӣ дорад, ки дорулкуфреро, ки дар он зиндагӣ дорад, ба дорулислом табдил диҳад, аз дорулкуфр ба дорулислом ҳиҷрат намудани ӯ барояш ҳаром аст. Муҳим нест, ки оё ӯ ин имконро бо такя ба нерӯи худаш ба даст меорад ё бо гурӯҳбандишавӣ ҳамроҳи дигар мусалмонони кишвараш, ё бо дастгирии мусалмонон аз хориҷи кишвар, ё бо ҳамкорӣ бо Давлати Исломӣ ва ё бо истифода аз дилхоҳ услубҳои мубоҳ. Маҳз дар ҳамин ҳолат барояш фарз аст, ки барои табдили дорулкуфр ба дорулислом фаолият барад ва аз ин кишвар ҳиҷрат кардан барояш ҳаром мешавад. Далел ин аст, ки фаолият баҳри ба дорулислом пайвастани кишваре, ки ӯ дар он зиндагӣ мекунад, аз ҷумлаи фарзҳои бузург мебошад. Агар ӯ ин фарзро, ки тавони адои онро дошта бошад, ба ҷо наоварда, аз фаолият баҳри пайвастан даст кашад, илова бар ин, ба дорулислом ҳиҷрат намояд, ба сабаби адо накардани фарз гунаҳкор мешавад, чуноне ки дар тарки дилхоҳ фарзи дигар гунаҳкор мешавад.

Аз ин рӯ, агар дорулислом мавҷуд бошад, дар дорулкуфр зиндагӣ кардани касе, ки барояш ҳиҷрат воҷиб аст, ҳаром мешавад” (охири иқтибос).

Хулоса карда мегӯем, ки ҳадиси дар савол омада ба ҳолате ишора мекунад, ки дорулислом вуҷуд дорад ва тибқи шартҳои дар боло зикршуда ҳиҷрат аз дорулкуфр ба дорулислом воҷиб мебошад. Агар дорулислом мавҷуд набошад, чунон ки ҳол имрӯз ҳамин аст, вале дар баробари ин шахс метавонад озодона ба дини худ пайравӣ кунад, намоз бихонад, рӯза бигирад ва ғайра, ҳиҷрат ба кишвари дигар барояш воҷиб нест. Агар озодона ба дини худ амал карда натавонад, пас барои ӯ воҷиб аст, ки аз як дорулкуфр ба дорулкуфри дигаре ҳиҷрат намуда, дар он ҷо озодона ин корро анҷом диҳад.

 

 27-уми Сафари соли 1444 ҳиҷрӣ,

мувофиқ ба 23.09.2022м

Силсилаи саволу ҷавобҳо ба саволҳои фиқҳӣ дар саҳифаи фейсбукии шайх Ато ибни Халил Абӯ Рушта, амири Ҳизб-ут-Таҳрир

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст

Ҳамроҳ бо ҳадиси шариф Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст Бародарони мӯҳтарам, мо шуморо ба дидори навбатӣ дар барномаи “Ҳамроҳ...
Бештар
ads