Намудҳои арзишҳо (қимматҳо)

Намудҳои арзишҳо (қимматҳо)

(Ба Ҳамиди Шоҳин равона шудааст)

Суол: Ассалому алайкум шайхи гиромӣ қадр!  Аз Аллоҳ бароятон некиҳо ва саломатӣ мехоҳам.

Суоли ман ба арзишҳо вобастагӣ дорад, алалхусус ба арзише, ки Ҳизб дар фаолияти азнавсаркунии ҳаёти исломӣ амалӣ мегардонад. Гуфтан мумкин аст, ки азнавсаркунии ҳаёти исломӣ ба арзиши инсонӣ алоқаманд аст, зеро он маънои наҷот додани башариятро дорад. Инчунин гуфтан мумкин аст, ки он ба арзиши рӯҳӣ низ алоқа дорад, зеро он на дар асоси ғариза, балки бар асоси ҳукми шаръӣ амалӣ мегардад, ки он ба халифа байъат намудан аст. Дар ин ҷо суоле пайдо мешавад: оё арзиши рӯҳӣ танҳо ба ибодатҳо алоқаманд аст ё ин ки ба дигар корҳо низ вобастагӣ дорад?

Ҷавоб: Ваалайкум ассалом ва раҳматуллоҳи ва барокатуҳу.

I

Қабл аз ба ҷавоб шурӯъ кардан ду чизро бояд ба инобат гирифт.

Якум, арзиш ин мақсади ҳаракат аст, на натиҷаи кор. Арзиш метавонад рӯҳӣ бошад, вале натиҷаи он метавонад ҳисшаванда ва ҳиснашаванда бошад. Масалан, Шумо арзиши рӯҳиро қасд карда ҷиҳод мекунед, аммо натиҷаи кори шумо ҳисшаванда мешавад, ба монанди ба дастории ғаниматҳо ва ё фатҳшавии ягон макон. Ё ин ки бо мақсади амалӣ намудани арзиши рӯҳӣ дуо мекунед, вале натиҷаи он ҳиснашаванда мешавад, зеро дуо кардан дар ин ҳолат ба тариқат дохил намешавад. Натиҷаи дуо бошад ин ба мукофоти Аллоҳ ноил шудан аст. Дар китоби «Пиндорҳои Ҳизби Таҳрир» оварда шудааст:

Масалан, ба Аллоҳ дуо кардан ва ҷиҳод ин ҳар ду амали моддӣ аст, ки қиммати рӯҳӣ аз он қасд карда шудааст. Гарчанде, ки мақсад аз дуо кардан арзиши рӯҳиро ҳосил кардан аст, вале натиҷаи дуо ҳиснашаванда буда, он ба мукофоти Аллоҳ ноил шудан мебошад. Ҷиҳод аз дуо кардан бо он фарқ мекунад, ки ҷиҳод бо душманон набард кардан буда, ҳамчун амали моддӣ натиҷаи ҳисшаванда ҳосил мешавад. Гарчанде, ки мақсади муҷоҳид дар ин кор арзиши рӯҳиро ҳосил кардан аст. Масалан, фатҳкунии қалъа, шаҳр ва ё куштани душман ва ғайра.

Дар мавриди дуое, ки дар ҳолатҳои дигар карда мешавад ва тариқати шаръӣ надорад, метавон ба натиҷаи ҳисшаванда расид. Дар савол ва ҷавоби аз 25.10.2014 мо нависта будем: «Дар китоби «Пиндорҳои Ҳизби Таҳрир» дар мавзӯи дуо ғайр аз мавзеъи дар боло зикршуда чизи дигар оварда нашудааст. Дар ин бора Аҳмад дар «Муснад»-и худ аз Абӯ Мутаваккил, ӯ аз Абусаид ҳадис ривоят кардааст, ки Паёмбар (с) фармуданд:

«Агар мусулмоне ба Аллоҳи Азза ва Ҷалла дуо кунад, дар дуояш гуноҳ ва буридани хешутаборӣ набошад, Аллоҳ ба ивази ин дуо ба ў яке аз се чизро медиҳад: Ё чизи пурсидаашро дарҳол медиҳад, ё ин дуоро ба охират мемонад, ё ба миқдори ҳамин дуо бадиро аз ў дафъ мекунад. Саҳобагон гуфтанд: «Дар ин ҳол бештар дуо мекунем». Пайғамбар (c) гуфтанд: «Аллоҳ зиёда кунад».

Аз ин бармеояд, ки Аллоҳи Таоло дуоро бо яке аз се роҳ иҷобат мекунад, ки аз миёни онҳо «ё чизи пурсидаашро (аллакай дар дунё) дарҳол медиҳад» ва ин натиҷаи ҳисшаванда мебошад.

Дуюм, масъалаи арзишҳо ба ҳар як шахс вобаста аст.

1) Дар китоби «Пиндорҳои Ҳизби Таҳрир», арзишҳо ба ҳадафи шахсе, ки кореро анҷом медиҳад вобаста карда шудааст. Масалан, «Ҳар як иҷрокунанда аз анҷоми ҳар кор ҳатман мақсаде дорад. Ин мақсад арзиши кор аст. Бинобар ин, арзиш доштани ҳар як кор, ки инсон ҳангоми анҷоми кор ба даст даровардани онро қасд мекунад, ҳатмист. Дар акси ҳол он кори беҳуда мебошад.

«…»

Бинобар ин, мусулмон бояд ҳангоми анҷоми ҳар як кор барои ҳусули арзише, ки аз кори мазкур қасд карда шудааст, тамоми қувваи худро сарф намояд, то дар фаровониву пешрафти ҷомеа саҳми худро гузорад ва фаровониву хотирҷамъии худро таъмин намояд.

Бинобар ин, ба ихтиёри инсон гузоштани таъини арзишҳои мазкур хатост. Балки ин арзишҳо бояд аз тарафи офаридгори инсон, яъне аз тарафи Аллоҳ Таоло таъин карда шавад.

Бинобар ин, воҷиб аст, ки шариат ба инсон ин арзишҳо ва вақти ҳусули онҳоро таъин кунад ва инсон аз рўи нишондоди шариат ин арзишҳоро ба даст дарорад.

Ҳамин тавр, дар ҷомеа, ба миқдоре ки ҳамчун ҷомеаи муайян лозим аст, арзишҳо ҳосил мешаванд ва ин ҷомеа аз рўи ҳамин арзишҳо баҳо дода мешавад. Аз рўи нуқтаи назари Ислом дар бораи ҳаёт, бояд дар ҳамин асос барои ҳусули арзишҳо саъю кўшиш карда шавад, то ки ҷомеаи исломӣ ба вуҷуд ояд.

2) Тавре маълум шуд, арзиш ҳадафест, ки барои он амал анҷом дода мешавад. Бо ибораи дигар, арзиш ҳадафи амалест, ки инсон барои худ, ҳамчун фард, мисли Муҳаммад, Зайнаб, Фотима ё Холид гузоштааст.  Вақте ки касе амалеро иҷро мекунад, ӯ амалӣ шудани арзиши муайянро ҳадаф мегузорад. Вақте Муҳаммад тиҷорат мекунад, мақсадаш фоида ба даст овардан аст, ки бо он арзиши моддӣ ҳосил мешавад. Зайнаб вақте намоз мегузорад, мақсадаш амалӣ намудани арзиши рӯҳӣ мебошад.  Вақте Фотима садақа медиҳад, мақсадаш амалӣ намудани арзиши ахлоқӣ аст. Вақте Холид инсони ғарқшударо наҷот медиҳад, мақсади ӯ амалӣ намудани арзиши инсонист. Ҳамин тариқ, арзиш ҳадафи шахс ҳангоми иҷрои амал мебошад.  Яъне фард бо иҷрои амал ҳадафи расидан ба яке аз арзишҳоро қасд мекунад.

3) Аз ин рӯ, Ҳизб вазифадор аст, ки ин арзишҳоро дар миёни аъзоёни худ, чӣ арзиши рӯҳӣ бошад, чӣ ахлоқӣ, чӣ моддӣ ва чӣ инсонӣ зери назорат бигирад, то ҳамаи онҳо тибқи қонуни шариат амалӣ шаванд. Ҳизб барои назорат аз услубҳои зарурӣ, аз қабили насиҳат ва тавзеҳот тибқи муқаррароти шариат истифода мекунад.  Агар бо насиҳат ва тавзеҳот назорат кардани арзишҳои аъзоёни ҳизб имконнопазир гардад, пас бояд ҷазои маъмурӣ татбиқ кунад. Ҳамаи ин корҳо ба хотири он карда мешавад, ки аъзоёни ҳизб арзишҳоро аз рўи фармон ва боздоштҳои Аллоҳ амалӣ кунанд.

Ҳамин тариқ, вазифаи давлат низ назорат кардани арзишҳо тибқи қонунҳои шариат мебошад, то ҳар як фарди мусалмон арзишҳоро чӣ рӯҳӣ бошад, чӣ ахлоқӣ, чӣ инсонӣ ва чӣ моддӣ тибқи фармону боздоштҳои Аллоҳ амалӣ созад.

Давлат барои иҷрои вазифаи худ ба услубҳои зарурӣ, аз қабили насиҳат ё тавзеҳот тибқи қонунҳои шариат истифода мекунад. Агар насиҳату тавзеҳот натиҷаи даркорӣ надиҳанд ва ҳолати вайронкунии аҳкомҳои шариат оиди арзишҳо ислоҳ нашаванд, пас бояд муҷозот дода шавад, то ҳар як фард ба иҷрои арзишҳо мувофиқи фармону боздоштҳои Аллоҳ баргардад.

II

Акнун ба саволи дода шуда посух медиҳем:

Барандаи даъват, ки барои азнавсаркунии ҳаёти исломӣ бо бунёди Хилофати дуюми Рошида кор мекунад, ҳадафи расидан ба арзиши рӯҳиро қасд мекунад, яъне он ба ризогии Аллоҳ ва Расулаш (с) расидан аст, вале натиҷаи ин фаъолият ҳисшаванда хоҳад буд, ба мисли бузургӣ, нусрат, имконияти риояи дин, ғалаба ва нузули баракат дар давлат. Аллоҳи мутаол мефармояд:

وَأُخۡرَىٰ تُحِبُّونَهَاۖ نَصۡرٞ مِّنَ ٱللَّهِ وَفَتۡحٞ قَرِيبٞۗ وَبَشِّرِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ

«Ва неъмате дигар, ки дӯсташ медоред: нусратест  аз ҷониби  Худованд ва ба пирӯзии наздик мӯъминонро хабари хуш деҳ». [61:13]

2) Гузоштани ҳадаф ин кори ҳар як фард аст, яъне он бо нияти фарди ҷудогона вобаста аст. Баъзе инсонҳо барои амалӣ шудани арзиши рӯҳӣ кӯшиш мекунанд, баъзеи дигар барои амалӣ шудани арзиши моддӣ ва ғайра кӯшиш мекунанд. Дар мавриди Ҳизб бошад, вазифаи он аз он иборат аст, ки тамоми аъзоёни худро назорат мекунад, то онҳо бо анҷоми корҳои беҳуда машғул набошанду арзишҳоро тибқи қонунҳои шариат амалӣ намоянд. Ҳамчунин, давлат низ бояд назорат кунад, ки шаҳрвандонаш дар ҷомеа  тибқи қонунҳои шариат барои амалӣ шудани арзишҳо талош кунанд.

Ато ибни Халил Абӯ Рошта

6 Рабиуссонии соли 1444 ҳ.

Аз силсила ҷавобҳои олим Ато ибни Халил Абӯ Рошта, амири Ҳизби Таҳрир дар Фейсбук оид ба саволҳои мавзӯи “Фиқҳ”.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads