Мулоқоти Путин ва Эрдуғон дар Сочи.

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Мулоқоти Путин ва Эрдуғон дар Сочи.

Савол:

Рӯзи чоршанбеи 29 сентябри соли 2021 дар шаҳри Сочи мулоқоти руасои ҷумҳуриҳои Туркия ва Русия баргузор шуд.

Дар ин сафар раисиҷумҳур Эрдуғонро раиси Ташкилоти ҷосусии миллӣ (MİT) Ҳокан Фидан, раиси Дафтари иртибототи дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ Фахреттин Алтун ва сухангӯи раисиҷумҳур Иброҳим Калин ҳамроҳӣ карданд.  Ҳеҷ кадоме аз вазирон вориди ҳайати роҳбари Туркия нашуд.  «Ҷолиби диққат аст, ки мулоқот, ки 2 соату 45 дақиқа давом кард, бар хилофи протоколҳое, ки Кремл ҳангоми боздидҳои шабеҳ риоят карда буд, бидуни ҳеҷ як нишасти матбуотии муштарак пас аз мулоқот барои матбуот пӯшида сурат гирифт.  Ҳамчунин, президентҳои ду кишвар изҳороти ниҳоӣ надоданд».(ниг. Asharq Al-Awsat, 30.09.2021).  Сабаб ва ҳадафҳои ин сафар чист?

 Ҷавоб:

Барои возеҳи пурраи ҷавоб ба саволҳои дар боло овардашуда, нуктаҳои зеринро баррасӣ мекунем:

1 — Манфиатҳои ҳозираи Қасри Сафедро мушохида карда, фахмидан мумкин аст, ки Америка ҷидду ҷахди худро ба муқобили Чин мутамарказ карда, аз минтакаи Шарқи Наздик берун рафтани худро дорад, то ки худро комилан ба мукобили Пекин бахшад.  Дар ин робита Амрико ҳуҷҷатҳои (файлҳои) дахлдорро ба агентҳои худ дар минтақа вогузор мекунад.  Ин сиёсат чанде пеш аз омадани маъмурияти Трамп, вақте ки тағйироти шадид дар сиёсати Амрико рух дод, қабул карда шуд.  Иёлоти Муттаҳида қувваҳои сиёсӣ ва низомии худро дар атрофи Чин сафарбар карда, ба истифодаи бештари кишварҳои ба худ нигаронидашуда, ба монанди Туркия муроҷиат кард.

Маҳз дар натиҷаи ин сиёсат маъмурияти Трамп ба Туркия дар Сурия, Либия, баҳри Миёназамини Шарқӣ ва дигар минтақаҳо нақш додааст.  Бо ин нақши нави Туркия Амрико амалан аз баҳси бӯҳрони Сурия даст кашид ва роҳи ҳалро ба Туркия ва Русия вогузор кард.  Ҳамин тариқ, музокироти Туркияву Русия дар Остона ва Женева дар сатҳи геополитикӣ пайдо шуд ва артиши Туркия ба манотиқи шимолии Сурия ворид шуд.

     2 – Бо пайдоиши маъмурияти Байден, ин нақш аз сабаби мулоҳизаҳои сиёсии демократҳои Амрико заиф шуд.  Аввалин гуфтугӯи телефонии президенти ИМА Байден ва президенти Туркия Эрдуғон дар охири 23 апрели соли 2021 баргузор шуд, яъне се моҳ пас аз ба кор даромадани Байден ба ҳайси президент дар Вашингтон.  Дар ин сӯҳбат президентҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар ҳошияи нишасти НАТО дар Брюссел 14 июни соли 2021 мулоқот кунанд.  Бо ишора ба ихтилофоти миёни онҳо, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи дигар пас аз сӯҳбати дар боло зикршуда изҳор дошт, ки ба истилоҳ «қатли омми арманиҳо дар Туркия», ба назари ӯ, наслкушӣ аст.  Байден қайд кард, ки ӯ дар ин бора ба Эрдуғон дар охирин гуфтугӯи телефонии худ гуфтааст.

Туркия ин суханонро бо хашму ғазаб қабул кард.  Бо вуҷуди ин, ҳамаи ин садо дар фазои ВАО боқӣ монд.  Бо вуҷуди ин, рӯзи 14 июни соли 2021, раисони ҷумҳури Амрико ва Туркия Ҷо Байден ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ҳошияи нишасти НАТО дар Брюссел рӯ ба рӯ шуда, дар мавриди ҳамкорӣ дар Афғонистон ба мувофиқа расиданд.  Эрдуғон миссияеро, ки ба кишвараш таъин шудааст, дастгирӣ кард ва гуфт: “Мо наметавонем толибонро дар Афғонистон сарфи назар кунем.  Мо омодаем бо онҳо ҳамкорӣ кунем, агар ИМА ва дигар кишварҳои НАТО моро дастгирӣ кунанд ”(ниг. “CNN Arabic”, 06.14.2021).  Бо вуҷуди ин, зоҳиран, масъалаи асосӣ хурӯҷи нерӯҳо аз Сурия, дурусттараш, нақши Туркия дар музокирот бо Русия дар бораи хуруҷи нерӯҳо буд.

3 – Мушкилтарин роҳи раҳоӣ барои Амрико дар ҳоли ҳозир тарки Сурия аст, зеро мушкилот танҳо ба он марбут нест. Зеро Эрон, ҳизби ҷонибдори Эрон “Ҳизбуллоҳ”, Туркия ва муҳимтар аз ҳама, Русия, ки пас аз мулоқоти Обама бо Путин дар 29 сентябри соли 2015 бо ташаббуси Амрико ба Сурия кашида шуда буд, дар ин мушкил иштирок доранд.  Шубҳае нест, ки ҳамаи ин чораҳои муайянро талаб мекунад, то кафолати хурӯҷи комили бозигарони дигар аз минтақа, алалхусус Русия, пеш аз он ки  Амрико қӯшунҳои худро барорад, хусусан пас аз он ки Амрико ба курдҳо бовар кунонд, ки Вашингтон онҳоро дастгирӣ мекунад ва  ба холи худ намегузорад, чи тавре ки дар Афгонистон бо пайравони Амрико руй дод.

Фармондеҳи Нерӯҳои Демократии Сурия (SDF) Мазлум Абдӣ гуфт, ки президенти ИМА Ҷо Байден ваъдаи худро дод, ки Иёлоти Муттаҳида пас аз хуруҷи контингенти низомии Амрико аз Афғонистон шарикони курдашро дар Сурияро тарк нахоҳад кард.  «Биёед, ростқавлона гӯем, пас аз тарк кардани амрикоиҳо аз Афғонистон, мардум тарсиданд» гуфт Абдӣ ба “The Times”, — «Онҳо [ИМА] моро итминон доданд, ки ин [Сурия] Афғонистон нест.  Онҳо гуфтанд, ки сиёсат комилан дигар хоҳад буд ”(ниг. “RT Arabic”, 09/28/2021).

4 – Амрико намехоҳад Сурияро пеш аз тарки Русия тарк кунад, бахусус дар пасманзари норозигии намоёни Русия аз сиёсати Амрико.  Амрико дарк мекунад, ки муқовимат ба Чин душвор хоҳад буд, дар ҳоле ки Русия аз бисёр ҷиҳат ба Чин наздик мешавад.  Ва ба эҳтимоли зиёд, Амрико дар мулоқоти президентҳо Байден ва Путин дар Женева 16 июни соли 2021 ба Русия фишор овард, то охиринро аз Чин дур кунад ва ба мавқеъи Амрико наздик шавад.  Аён аст, ки Амрико қасд дорад аз Сурия хориҷ шавад ва ба лӯхтакҳои худ барои идора кардани корҳо аз номи худ ваколат диҳад.

Амрико бисёр мехоҳад, ки Русия аз Сурия берун шавад, пеш аз он ки Амрико нерӯҳояшро аз Сурия комилан берун кунад ва лӯхтакҳои худро барои пур кардани холигоҳ дар он ҷо таъин кунад, то ба муқовимат бо  Чин комилан шурӯъ кунад.  Бо вуҷуди ин, бо ҳамаи ин, Амрико намехоҳад, ки Русияро бо худ дар як сатҳ қарор диҳад ва ба вай иҷоза намедиҳад, ки масъалаи хурӯҷи контингенти низомиро аз Сурия мустақиман баррасӣ кунад.

Баръакс, Амрико ба Эрдуғон дастур дод, ки ин масъаларо бо Русия баррасӣ кунад ва ишора кард, ки Русия дар сатҳе нест, ки мустақиман бо Амрико тарҳи хурӯҷи нерӯҳо аз Сурияро баррасӣ кунад.  Ба вижа пас аз он ки Амрико пас аз музокира дар мавриди интиқоли гази Миср аз тариқи Урдун, Сурия ва Лубнон дар равобити агенташ Башор бо Ховари Миёна беҳбуд ёфт ва мутмаин шуд, ки то замони пайдо кардани алтернативаи муносиб ба ӯ такя кунад.  Ҳамин тариқ, Амрико ба Эрдуғон дастур дод, ки бо Путин масъалаи хурӯҷи Русия аз Сурияро баррасӣ кунад.

“Эрдуғон санаи 29 сентябр мулоқоташ бо Путинро барои баррасии равобити дуҷониба ва рӯйдодҳои ахир дар вилояти Идлиби Сурия эълон кард.  «Ман ва ҷаноби Путин танҳо як мулоқоти як ба як баргузор хоҳем кард ва дар он, албатта, мо на танҳо Идлибро баррасӣ хоҳем кард.  Мо равобити Туркия ва Русия, вазъ дар Сурияро баррасӣ хоҳем кард, мо дар Сурия ба чӣ расидем ва дар оянда ба чӣ ноил хоҳем шуд”, гуфт Эрдуғон ба хабарнигорон дар ҳавопаймое, ки аз ИМА ба Туркия бармегашт.

Ба гуфтаи вай, Туркия ва Русия дар минтақа нақши муҳим доранд.  Эрдуғон қайд кард, ки Путин як арбоби воқеии давлатист, ки дар ҳалли муноқишаи Озарбойҷону Арманистон ҷасорати худро нишон додааст” (ниг. «Al Jazeera», 28.09.2021).  Раисиҷумҳури Туркия — Эрдуғон бо ҳамроҳии раиси Созмони иктишофии Миллӣ (MİT) Ҳокон Фидан қабл аз мулоқот бо президент Путин дар шаҳри Сочии Русия гуфт: “Иқдомҳои муштараке, ки мо дар робита ба Сурия андешидаем, аҳамияти бузург доранд.  Сулҳ дар минтақа низ аз равобити Туркия ва Русия вобаста аст” (ниг. «Anadolu», 29.09.2021).

5 – Русия ин иқдомро дарк кард ва баҳси хурӯҷи контингенти низомӣ аз Сурия ба ҷои Амрико бо Туркияро таҳқир арзёбӣ кард.  Аз афташ (зоҳиран) Русия интизор буд, ки Амрико ин масъаларо мустақиман бо Путин баррасӣ кунад.  Путин дар ҳайрат аст, ки чаро Амрико мустақиман аз ӯ хостааст, ки ба Сурия нерӯ фиристад, имрӯз намехоҳад, ки масъалаи хурӯҷи ин нерӯҳоро бо ӯ мустақиман баррасӣ кунад, аммо ин корро ба Эрдуғон вогузор мекунад?!

Аз ин лиҳоз, Русия чунин амалҳоро таҳқир ба Путин, ки гардани худро дароз карда, ба унвони абарқудрати бонуфузи ҷаҳон – Амрико муаррифӣ мекунад, арзёбӣ кард!  Дар посух, Русия нисбат ба Эрдуғон мавқеи мувофиқро ишғол кард, то ба Туркия дарс диҳад ва ба Амрико паём фиристад, то ин ки охирин ба ақл  ояд ва розӣ шавад, ки ин масъаларо мустақиман бо Путин муҳокима кунад.  Инро дар амалҳои зерин дидан мумкин аст:

а) Президент Владимир Путин рӯзи чаҳоршанбе ба Русия омадани ҳамтои туркиаш Раҷаб Тайиб Эрдуғонро сарфи назар кард.  Аз ин рӯ, Эрдуғонро дар фурудгоҳ на худи Путин, балки муовини губернатори Краснодар Александр Руппел, шаҳрдори Сочи Алексей Копайгородский, директори департаменти протоколи давлатии Вазорати корҳои хориҷии Русия Игор Богдашев, сафири Туркия дар Маскав Меҳмет Самсар ва консули генералии Туркия дар Новороссийск Фират Баяр пешвоз гирифтанд. (ниг. turkeyalaan.net 29/09/2021).

б) Илова бар ин, Путин ба рӯзномаи «Правда» дастур дод, ки Эрдуғонро ранҷонад ва ӯро камбағал номид!  Маълум аст, ки рӯзномаи русии «Правда» дар замони Шӯравӣ яке аз бузургтарин ва машҳуртарин рӯзномаҳои ҷаҳон буд ва ҳоло яке аз нашрияҳои пешбари расмӣ ба шумор меравад.

«Рӯзномаи русии «Правда», ки ба Кремл наздик аст, рӯзи сешанбе ба раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дахл карда, дар мақолае ӯро камбағал номид, ки бар иловаи ин ифода, интиқоди шадиди раҳбари Туркияро дар бар мегирад ва ин дар арафаи сафари Эрдуғон ба Сочи.  Дар мақолаи нашршуда,  рӯзноманигори рус Александр Стром  гуфтааст: «Камбағал имконияти дубора интихоб шуданро надорад».  (ниг. turkeyalaan.net 29/09/2021).

6 – Мулоқоти Путин ва Эрдуғон аз аввал (ҳатто пеш аз оғози он) то охир ноком буд,!  Чунин ба назар мерасад, ки Эрдуғон инро интизор буд ва аз ин рӯ дар бораи кам кардани шумораи ҳозирони вохӯрӣ ғамхори кард, яъне мехост, ки он тет-а-тет дар байни ӯ ва Путин гузарад.  Бо ин вай мехост доираи онҳоеро, ки дар бораи нокомӣ бохабар мешаванд танг кунад, ки воқеан ҳам рӯй дод.  Ҳамин тавр, ин мулоқоти президентҳо натиҷаи мусбат надод.  Эрдуғон рӯҳафтода ба Туркия баргашт.  Ҳатто нишасти матбуотие, ки тибқи протокол пас аз ҳар вохӯрӣ баргузор мешавад, ҳеҷ гоҳ баргузор нашуд.

Агентии иттилоотӣ «The New Arab» чунин менависад:

«Мулоқот миёни президенти Русия Владимир Путин ва ҳамтои туркиаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар шаҳри Сочии Русия имрӯз, чаҳоршанбе бидуни конфронси матбуот ба поён расид.  Пас аз мулоқоти сесоата ҳар ду ҷониб натиҷаи созишномаҳои худро, ба истиснои изҳороти дипломатии алоҳида, ки бидуни ҳеҷ маълумот дар бораи мазмуни ин мулоқот эълон накарданд.   Дарвеш Халифа, шореҳи сиёсӣ, дар мусоҳибаи рӯзнома «Al-Araby Al-Jadeed» дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, набудани изҳорот дар бораи ҳамагуна натоиҷи ин нишаст далели нобуди тавофуқи тарафҳо ба далели бархе ихтилофот аст. Ин набудани конфронси матбуотро мефаҳмонад.  Дарвеш Халифа афзуд, ки мавзӯи асосии мулоқот масъалаи Сурия аст, на вазъ дар атрофи Украина ё Либия, тавре ки баъзеҳо мегӯянд.  «The New Arab», 30.09.2021

7 – Дар робита ба мулоқоти ба нақша гирифташудаи Эрдуғон бо Байден, агентии «Anadolu»  хабар дод, ки «президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар мулоқоти раҳбарони G-20, ки охири моҳи октябр ба нақша гирифта шудааст, бо ҳамтои амрикоии худ Ҷо Байден мулоқоти дуҷониба мегузаронад.  Ба иттилои манбаъ, Эрдуғон дар ҳошияи нишаст бо ҳамтои амрикоиаш Байден мулоқот хоҳад кард ”(ниг.  «Anadolu Agency» 28.09.2021).  Зоҳиран, дар мулоқот ҷонибҳо гомҳои минбаъдаи баъди мулоқоти нокоми Эрдуғон бо Путинро баррасӣ хоҳанд кард!

Пешбинӣ шудааст, ки агар Амрико тавонад Русияро ба тарафи худ кашад ва ба Чин мухолифат кунад, он гоҳ Амрико таваҷҷӯҳро ба Эрдуғон қатъ мекунад ва ӯро бо нокомиҳояш танҳо мегузорад.  Агар Амрико кафолат бигирад, ки Русия худро аз Чин дур мекунад, пас мо мебинем, ки Амрико чӣ гуна ба созишномаҳои худ бо Русия бармегардад.  Ин давлатҳои абарқудрати мустамликавӣ ба эҳтироми агентҳои худ ё онҳое, ки дар мадори геополитикии онҳо давр мезананд, парво надоранд, агар манфиатҳои онҳо инро талаб кунанд!

8 – Вазъияти кунуниро метавон бо ибораҳои зерин ҷамъбаст кард:

а) Амрико омодагӣ мегирад, ки аз Ховари Миёна берун шавад ва корҳоро ба агентҳои худ ва онҳое, ки дар мадори геополитикии он давр мезананд, вогузорад, то худро ба муқобила бо Чин сарф кунад, ҳатто агар ин мухолифат бештар ба ҷанги сард монанд бошад, на як даргирии гарм.  Ҳамин тавр, чанде пеш сафорати Чин дар Иёлоти Муттаҳида аз Амрико, Бритониё ва Австралия даъват кард, ки аз тафаккури ҷанги сард ва ғаразҳои идеологӣ даст кашанд.  Ин изҳорот пас аз эълони Вашингтон дар бораи таъсиси иттиҳоди дифоии AUKUS садо дод.  Дар ин бора агентии «Reuters»  хабар дод.  Намояндаи сафорат Лю Пенюй ба нашрия гуфт: «Онҳо бояд аз менталитети худ аз вақтҳои “Ҷанги сарди” ва таассуби идеологии худ раҳо шаванд» (ниг. Al Jazeera Net, 09.16.2021).

б) Бо суқути хилофати усмонӣ, ки метавонист Русияро ром кунад, душманон дар Ғарбу Шарқ нафаси сабук кашиданд.  Имрӯз Русия дарк мекунад, ки ҳокимони Туркия барои ҳисоб кардан бо онҳо хеле заъифанд ва аз ин рӯ, на дар ҳалли мушкилоти байналмилалӣ ва на ҳангоми сафари раиси Туркия ба Русия ба онҳо аҳамият намедиҳад!

в) Дар ҳар чизе, ки рӯй дод, ҷанбаи мусбат вуҷуд дорад, яъне хоҳиш ва нияти баромадани давлатҳои мустамлика аз кишварҳои мусалмонӣ.  Ин фурсатест барои аҳли даъват ва ҳар касе, ки мехоҳад ба ҳақ пайравӣ кунад.  Аз наздикии баландшавии Ислом ва пайравони он ва суқути куфр ва пайравони он шодӣ мебахшад.  Аллоҳи мутаъол мефармояд:

إِنَّ فِي ذَلِكَ لَذِكْرَى لِمَن كَانَ لَهُ قَلْبٌ أَوْ أَلْقَى السَّمْعِ وَ،ُهو

 «Албатта, ин пандест барои касоне, ки дил доранд ва мешунаванд ва ҳозиранд» (50:37).

 

 29 Сафар 1443 ҳиҷрӣ

 06.10.2021.

 Туркия Русия ИМА

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст

Ҳамроҳ бо ҳадиси шариф Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст Бародарони мӯҳтарам, мо шуморо ба дидори навбатӣ дар барномаи “Ҳамроҳ...
Бештар
ads