Ҷавоб ба саволи занҳо оиди талоқ, қисман оиди се талоқ.

Ҷавоб ба саволи занҳо оиди талоқ, қисман оиди се талоқ.

24.06.2019

 

1)   Он чӣ ки табаннӣ шудааст, дар китоби ”Низоми иҷтимоӣ” зикр гаштааст. Боқимонда шохаҳо ба монанди “дар кадом ҳолат се талоқ мефарояд”, табаннӣ нестанд, дар ин мавзӯъ фикри дигар муҷтаҳидони маъруфро гирифтан мумкин аст.

Дар масъалаи се талоқ ба фикри ман афзал он аст, ки бо як сухан “се талоқ” гуфтан, се талоқ ҳисобида мешавад. Бо ин суханон ман чунин маъноҳоро ифода карданиам:

а) Агар марди фикри солимдошта гӯяд, ки “ту бо се талоқ аз ман ҷудо шудӣ” ва гуфтори худро идрок намояд, ҳукми се талоқ ҷорӣ мегардад. Бо сухани дигар ӯ аҷамӣ (хориҷӣ) набошад, яъне, ӯ маънои ин суханро мефаҳмад. Ин гуна талоқ (ту бо се талоқ аз ман ҷудо шудӣ) ҳамчун се талоқи алоҳида гуфташуда ҳисобида мешавад. Ин ҷо ӯ бо ин сухан як талоқ ё се талоқро дар назар дошт, ба ҳисоб гирифта намешавад. Сабаб ин аст, ки ибораи (ту бо се талоқ аз ман ҷудо шудӣ) маънои равшан дорад, ки ба шарҳи ягон мақсад ё назардошти гӯянда эҳтиёҷе надорад. Далели ин гуфторро ман дар китоби худ  «Ат-Тайсир фи усуль ат-тафсир», дар шарҳи сураи 2 ояти 230-юм қайд карда будам. Дар поён ман аз китоби худ иқтибос меорам:

“Дар ин оят Аллоҳ шахсеро мефаҳмонад, ки зани худро се талоқ кардааст, яъне аз ду талоқ боло рафтааст, “талоқ ду маротиба иҷозат аст” (2:229) талоқи интиҳоиро додааст (байнуна кубра). Бинобар ин, ӯ наметавонад, ҳангоми идда занашро бозгашта гирад ва ё аз нав маҳр дода бо ӯ издивоҷ намояд. Ӯ танҳо дар сурате бо ӯ издивоҷ карда метавонад, ки агар зан ба шавҳар барояд ва он мард ӯро талоқ кунад. Фақат баъди чунин раванд мард метавонад, ӯро хостгорӣ намояд. Ин зан барои ӯ ҳамчун занҳои дигар бегона гашт.

Ин ҷо суоле ба миён меояд: оё байнуна кубра (қатъи интиҳоии никоҳ) бо се бор гуфтани талоқ дар се вақт амалӣ мегардад ва ё бо як лафз се талоқ гуфтан?

Фақиҳон дар ин масъала ҷиддан ихтилоф варзидаанд. Мо мегӯем, ки байни талоқи дар се вақтҳои гуногун гуфташуда ва бо як лафз се талоқ гуфташуда фарқе вуҷуд надорад. Ҳукми байнуна кубра ҳангоми гуфта шудани се талоқ бо як лафз ва ё гуфтан дар вақтҳои гуногун қувваи қонунӣ мегирад. Ба ин далелҳои зер мавҷуд ҳастанд:

1 Бо суханҳо Аллоҳ оғоз мекунем:

 

الطَّلَاقُ مَرَّتَانِ ۖ فَإِمْسَاكٌ بِمَعْرُوفٍ أَوْ تَسْرِيحٌ بِإِحْسَانٍ

“талоқ ду маротиба иҷозат аст, баъди ин ё занро дар шароитҳои оқилона нигоҳ медорӣ ва ё ӯро бо хушӣ сар медиҳӣ” –  ва то суханони:

فَإِن طَلَّقَهَا فَلَا تَحِلُّ لَهُ مِن بَعْدُ حَتَّىٰ تَنكِحَ زَوْجًا غَيْرَهُ

“агар ӯ бо вай (маротибаи сеюм) ҷудо шуда бошад, бо ӯ издивоҷ кардани ӯ иҷозат нест, то он даме, ки он зан ба дигаре ба шавҳар барояд.”

Аллоҳи Таъоло мегӯяд, ки “талоқ то ду бор иҷозат аст” ҳамзамон дар алоҳидагӣ ва ё бо як лафз гуфта шудани талоқро қайд намекунад. Дар давоми оят “агар ӯ ба зан талоқ диҳад (бори сеюм)” ин амал қатъиян муайян гардид, дар ҳолати аниқ (мутлақ), на дар ҳолати муқайяд, муҳим нест, ки ин амал дар ҳолати талоқи сеюм (дар як маҷлис) бо ҳамроҳии ду талоқи дар гузашта ба амал омада, ва ё ҳар яки он дар вақтҳои гуногун, дар замони худ.

Дар ин оят сухан дар бораи байнуна кубра (талоқи интиҳоӣ) меравад, ки баъди амалӣ гаштани се талоқи бо як лафз гуфта шуда ва ё ҳар як талоқ дар алоҳидагӣ дар вақтҳои гуногун гуфта шудааст.

Нодуруст аст, агар гуфта шавад, ки се талоқ бояд дар алоҳидагӣ гуфта шавад, он гоҳ талоқи интиҳоӣ (байнуна кубра) мефарояд, гӯё ки се талоқи бо як лафз гуфташуда байнуна кубра ҳисобида нашуда, балки танҳо як талоқ ҳисобида мешавад. Инро дар якчанд Ҳадисҳои Пайғамбарамон Муҳаммад (с.а.с.) вохӯрдан мумкин аст.

Ин тавр гуфтан нодуруст мешавад, зеро ҳамаи ин ҳадисҳо заиф мебошанд, дар байни онҳо ғайр аз ду ҳадиси Ибни Аббос (р.а) ривояткарда, дигар ҳадисҳои саҳеҳ ва ҳасан вуҷуд надоранд. Аммо, ин ҳадисҳо низ барои тақйид ношоям ҳастанд ва онҳоро нисбати ин масъала ба сифати далел оварда намешавад. Биёед ҳадисҳои Ибни Аббос (р.а)-ро дида мебароем:

Ҳадиси аввал: аз Муҳаммад ибни Исҳоқ ривоят шудааст:

Ба ман Довуд ибни Ҳусайн аз Икрима, ӯ аз Ибни Аббос хабар дод, ки Абӯ Руқана зани худро бо як лафз се талоқ кардааст, баъд пушаймон гаштааст. Расули Акрам (с.а.с.) ба ӯ гуфтаанд:

فَإِنَّهَا وَاحِدَةٌ

“Ин як талоқ ҳисобида мешавад.”

 (Аҳмад дар “Муснад”-худ овардааст).

Ҳадиси дуюм аз Товус ривоят шудааст, ки Абӯ Саҳба ба Ибни Аббос гуфт:

أَتَعْلَمُ إِنَّمَا كَانَتِ الثَّلاَثُ تُجْعَلُ وَاحِدَةً عَلَى عَهْدِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ وَأَبِي بَكْرٍ وَثَلاَثاً مِنْ إِمَارَةِ عُمَرَ قَالَ ابْنُ عَبَّاسٍ نَعَمْ

“Оё ту медонӣ, ки дар давраи Раулуллоҳ (с.а.с), Абӯбакр (р.а) ва се соли аввали давраи ҳукмронии Умар(р.а) “се талоқ”- и бо як лафз додашуда як талоқ ҳисоб карда мешуд? Ибни Аббос ҷавобдод: “Оре.”        (Муслим.)

Ягон ҳадиси саҳеҳ ва ё ҳасан дар масъалаи дар як лафз гуфтани се талоқ, як талоқ фаромаданашро ба ғайр аз Ибни Аббос касе ривоят накардааст. Ҳадиси ривояткардаи ибни Аббос ба он ишора мекунад, ки бо як лафз гуфтани се талоқ як талоқ мефарояд. Аммо, ин фикр марҷуҳ аст, яъне он дорои афзалият нест. Зеро, ҳатто фатвоҳои худи Ибни Аббос бо роҳи саҳеҳ ривоятшуда мавҷуданд, ки баъди бо як лафз гуфтани се талоқ “байнуна кубра” ҳукми қонунӣ мегирад.  Дар поён мо баъзе фатвоҳои саҳеҳи худи Ибни Аббосро (р.а) меорем:

1.   Аз Абдуллоҳ ибни Касир ривоят мешавад, ки Муҷтаҳид гуфтааст: “Ман дар назди Ибни Аббос (р.а) будам. Шахсе омад ва гуфт, ки ман бо занам бо гуфтани се талоқ ҷудо шудам. Ибни Аббос ба фикр фурӯ рафт. Ба ман чунин намуд, ки Ибни Аббос фикри баргардонидани зани ӯро дорад. Аммо, Ибни Аббос (р.а) чунин гуфт: “Шахсе аз шумоён нодонӣ мекунад, сипас “Ибни Аббос! Ибни Аббос!”-гуфта фарёд мезанад.”

Аллоҳи Таъоло фармудааст:

وَمَن يَتَّقِ ٱللَّهَ يَجۡعَل لَّهُۥ مَخۡرَجٗا

«Ва ҳар кӣ аз Худо битарсад, Аллоҳ барои ӯ, барои берун шудан (аз ҳар мушкиле) роҳе қарор хоҳад дод.» (65:2).

Ту ки аз Аллоҳ натарсидӣ, ман барои ту ягон роҳи ҳалли мушкилиатро намебинам. Ту бар зидди Худои хеш рафтӣ, дар натиҷа занат аз ту ҷудо гашт. Аллоҳи таъоло фармудааст:

يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّبِيُّ إِذَا طَلَّقۡتُمُ ٱلنِّسَآءَ فَطَلِّقُوهُنَّ لِعِدَّتِهِنَّ

«Эй паёмбар агар занонро талоқ медиҳед, ба вақти идда талоқашон диҳед.»     (65:1).

Ҳамин тавр, Ибни Аббос (р.а) ҳисобид, ки бо як лафз гуфтани се талоқро байнуна кубра ҷорӣ мегардад.

2.   Ҳамин гуна ривоят аз Ҳумайд ал-Аъроҷ ва дигарон аз Муҷтаҳид, ӯ – аз  Ибни Аббос ривоят кардааст.

3.   Инчунин  Шӯъба — аз Амр ибн Мурра, Аюб ва Ибн Ҷурайҷа, ин ҳама — аз Икрима ибн Холид, ӯ бошад — аз Саид ибн Ҷубайра, Ӯ — аз Ибн Аббас ривоят кардаанд.

4.   Ибни Ҷурайҷа аз Абдулҳамид ибни Рофеъ, ӯ – аз Ато, ӯ бошад, — аз Ибни Аббос ривоят кардааст.

5.   Ал-Аъмаш аз Малик ибни Ҳорис, ӯ – аз Ибни Аббос ривоят кардааст.

6.   Ибни Ҷурайҷ аз Амр ибни Динор, ӯ – аз Ибни Аббос ривоят кардааст.

Дар ҳар яки ҳадисҳо Ибни Аббос гуфтааст, ки се талоқи бо як лафз гуфташуда се талоқ ҳисобида мешавад, чуноне, ки дар ривояти Ибни Довуд, Ибни Аббос “Занат аз ту ҷудо шуд”  гуфтааст.

Ин фатвоҳо, ки аз Ибни Аббос (р.а) саҳеҳан ривоят шудааст ва он кас се талоқи бо як лафз гуфташударо байнуна кубра ҳисобидаанд, дар байни ҳама машҳур ҳастанд. Аз ин сабаб ҳадисе, ки Пайғамбарамон (с.а.с) се талоқи бо як лафз гуфтаро як талоқ гуфтаанд ва он аз Ибни Аббос (р.а) ривоят шудааст, марҷуҳ ҳисобида мешавад (ба он афзалият дода намешавад). Роҷиҳ (фикри афзал) дар ин масъала нишондодаи оят мебошад, ки се талоқи дар алоҳидагӣ гуфташуда ва ё бо як лафз гуфташуда байнунакубра ҳисобида мешавад. Ин фикрро бисёрии фақиҳон ва олимон дастгирӣ кардаанд.

Бухорӣ дар китоби “Саҳеҳ”-и худ яке аз бобҳоро “бо як талоқ се талоқ шудан мумкин” аст номида, бо суханҳои Аллоҳ “Талоқ ду бор ҷоиз аст.” – инчунин он кас ҳадиси (лиан)- лаънаткаширо овардаанд: “Аз Саҳл ибни Саъд ас-Саидӣ… Саҳл гуфтааст: “онҳо ҳамдигарро  лаънаткашӣ карданд… Баъди ин ӯ занашро се талоқ дод, пеш аз он ки Расули Худо (с.а.с) ба ӯ инро амр намуданд.” Ибни Шиҳоб гуфтаанд : “Ин раъйро насли аввали мусалмонон дастгирӣ кардаанд.”

Ал-Байҳақӣ дар шарҳи ҳадиси Товус, ки аз Ибни Аббос (р.а) ривоят кардааст ва онро Бухорӣ набаровардаанду Муслим баровардаанд чунин гуфтаанд: “Ман фикр мекунам , ки Бухорӣ ин ҳадисро аз сабаби бо дигар ривоятҳои  Ибни Аббос (р.а) ихтилоф доштанаш вогузоштаанд.”- дигар ривоятҳое, ки  Ал-Байҳақӣ овардаанд мо онҳоро мулоҳиза намудем.

Пас, се талоқи бо як лафз гуфташуда, се талоқ ҳисобида мешавад ва ҳукми байнуна кубро ҷорӣ мегардад.

Ҳамаи фарқ дар ин ҷост, ки бо як лафз се талоқ додан мамнӯъ (ҳаром) аст, аммо бо як лафз се талоқ додан гарчанде ҳаром бошад ҳам, се талоқ ҳисобида мешавад. Касе, ки чунин амалро иҷро кунад, ӯ гуноҳро анҷом додааст. Ба ин суханҳои Расули Акрам (с.а.с)-ро, ки Маҳмуд ибни Лабид ривоят кардаанд, иқтибос меорем:

أُخْبِرَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ عَنْ رَجُلٍ طَلَّقَ امْرَأَتَهُ ثَلَاثَ تَطْلِيقَاتٍ جَمِيعًا, فَقَامَ غَضْبَانَ ثُمَّ قَالَ: أَيُلْعَبُ بِكِتَابِ اللَّهِ وَأَنَا بَيْنَ أَظْهُرِكُمْ؟! حَتَّى قَامَ رَجُلٌ فَقَالَ: يَا رَسُولَ اللَّهِ أَلَا أَقْتُلُهُ

«Боре ба Расулуллоҳ (с.а.с)хабар расониданд, ки як марде бо як лафз занашро се талоқ кардааст. Ин вақт Расули Акрам (с.а.с) бо қаҳр аз ҷой бархостанд ва гуфтанд: “Наход шумо дар ҳоле, ки ман байнатон ҳастам, бо китоби Аллоҳ бозӣ мекунед?!” Инро шунида яке аз саҳобагон бархост ва гуфт: “Эй Расули Аллоҳ ӯро барои ин кораш қатл кунам?».   (ан-Насоӣ.)

Бинобар ин, ман дар ин масъала чунин мешуморам, ки се талоқи бо як лафз гуфташуда се талоқ ҳисобида мешавад. Аммо, Аллоҳ донотар аст.”    (Охири иқтибос.)

б) Агар шахсе занашро се талоқ кунад, ҳамзамон чунин ҳукмҳои Шаръӣ қувваи қонунӣ мегиранд:

1. Байни зан ва шавҳар байнуна кубро мефарояд, яъне барои мард бори дигар никоҳ кардани он зан ҳаром мегардад, то он даме, ки он зан ба дигар шахс ба шавҳар баромада, аз ӯ низ талоқ нашавад. Танҳо баъди адои  идда он зан метавонад бо шавҳари аввалаи худ издивоҷ кунад. Аммо байни онҳо аз нав ақди никоҳ кардан ҳатмӣ мебошад. Аллоҳи Таъоло мефармояд:

 

فَإِن طَلَّقَهَا فَلَا تَحِلُّ لَهُۥ مِنۢ بَعۡدُ حَتَّىٰ تَنكِحَ زَوۡجًا غَيۡرَهُۥ

«Агар ӯ се талоқ карда бошад, барои ӯ ҷоиз нест, ки ин зан издивоҷ кунад, то он даме, ки он зан ба дигаре шавҳар кунад”                                  (2:230).

2. Зан то ба охир расидани муддати иддаш наметавонад шавҳар кунад. Муддати идда аз воқеияти зан вобаста аст: агар зан ҳомила бошад, муддати иддаи ӯ то вақти таваллуди тифл мебошад, аммо агар ҳомила набошад, он гоҳ мӯҳлати идда то гузаштани се даври ҳайз, яъне се моҳ мешавад.

Аллоҳи Таъоло фармудааст:

 

وَأُوْلَٰتُ ٱلۡأَحۡمَالِ أَجَلُهُنَّ أَن يَضَعۡنَ حَمۡل

“…ва иддаи занони ҳомила ҳамон вазъи ҳамл (таваллуд) аст.”  (65:4)

 

وَٱلۡمُطَلَّقَٰتُ يَتَرَبَّصۡنَ بِأَنفُسِهِنَّ ثَلَٰثَةَ قُرُوٓءٖ

«Занҳои ҷудошуда бояд се моҳ мунтазир шаванд.» (2:228).

 

3.   Занҳо ҳангоми идда бе зарурат наметавонанд, аз хона берун оянд. Онҳо фақат рӯзона метавонанд, аз хона берун шаванд, ҳангоми шаб онҳо бояд дар хона бимонанд.

Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ чунин ривоят аст: “Холаи ман се талоқ шуд. Баъди ин, ӯ барои ғунучини ҳосили меваи нахл аз хона беру номад. Дар роҳ марде бо ӯ дучор шуда гуфт, ки ӯ набояд аз хона берун барояд. Он гоҳ ӯ ба назди Пайғамбар (с.а.с) омада ин воқеаро нақл намуд. Пайғамбар (с.а.с) ба ӯ гуфтанд:

 

اُخْرُجِي فَجُدِّي نَخْلَكِ لَعَلَّكِ أَنْ تَصَدَّقِي مِنْهُ أَوْ تَفْعَلِي خَيْراً

“Баро ва ҳосили нахлатро ҷамъоварӣ кун. Шояд аз он эҳсоне кунӣ ва ё савоби дигареро ба анҷом диҳӣ.”          (Муслим).

4.   Масъалаи баъди се талоқ идда доштан ҳатмӣ нест, зеро идда бо талоқи раҷъӣ (талоқе, ки аз нав издивоҷ ҷоиз аст), яъне мард метавонад занашро баргардонад чунин аст. Инро чунин фаҳмидан лозим аст, ки марди ду маротиба талоқкарда метавонад зани худро баргардонад – ин як ҳикмати идда мебошад. Идда инчунин барои он дошта мешавад, то ки ҳомиладор будан ва ё набудани зан маълум гардад. Бинобар ин, ҳар як зани талоқшуда идда медорад, то ки ҳомила будан ва ё набудани ӯ муайян гардад.

 

18.06.2004.

 

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads