بسم الله الرحمن الرحيم
Ҷавоб ба савол оиди такя ба золим ва қоидаи сабуктарини ду зарар
Савол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Пеш аз ҳама мехоҳам барои талошҳои муборакатон ба шумоён аҳсан хонда, миннатдории хешро изҳор намоям. Аз Аллоҳи Мутаъол ва Қодир таманно дорам, ки шуморо бо нусраташ мадад кунад ва барои ин даъват ансоре мисли Саъд ибни Муоз омода созад. Аз Ӯ мепурсам, ки бо ин ғамҳои умматро аз байн бурда, онро ба даврони пештарааш баргардонад.
Ман ду саволи муҳим дорам ва умедворам, ки посух то ҳадди имкон муфассал хоҳад буд. Бо вуҷуди донистани он, ки посухҳое, ки нашр мешаванд, ҳамеша муфассаланд, аммо мехоҳам далелҳои шаръии зиёдеро бо тавзеҳоти муфассал ба даст орам, то фаҳмиши ин масъалаҳо фарогир бошад. Саволҳои ман зеринанд:
Якум: Чаро ба золим (ё ҳар касе, ки қудрат ва нуфуз дошта, соҳиби имкониятҳои муфид аст, хоҳ ӯ мунофиқ бошад, хоҳ фосиқ ва ҳатто кофир) такя намуда, аз ӯ мол ё кӯмак ҷустан ҷоиз нест, хусусан агар ба эътибор гирифта шавад, ки ин кӯмак ба мусалмон барои ҷиҳод алайҳи истилогар ва ҳатто барои нусрати дин имкон фароҳам меорад?
Дуюм: Агар шумо дар давлатчае ҳаёт ба сар бурда истода бошед, ки бештари мардуми он мусалмон буда, дар он ҷо интихоботи президентӣ дар ҷараён бошад, дар ҳоле ки ягон нафари номзадҳо бо нозилкардаҳои Аллоҳ ҳукм ронданро намехоҳад, магар ин ки танҳо як нафари онҳо мехоҳад бо баъзе нозилкардаҳои Аллоҳ ҳукм ронад ва агар шумо донед, ки ин номзад баъзе падидаҳои исломиро нигоҳ хоҳад дошт, дар ҳоле ки номзадҳои дигар шояд як қисми сокинони ин давлатчаро аз маконҳояшон ронда, теъдоде аз падидаҳои исломиро аз байн хоҳанд бурд ва фасоду арзишҳои пастро мунташир хоҳанд кард, оё аз рӯи шариат ҷоиз аст, ки ман аз миёни онҳо касеро интихоб намоям, ки бадиаш камтар аз дигарон аст, яъне ба гуфтаи омма, балои камтареро интихоб кунам? Дар ин масъала бояд ба назар гирифт, ки мусалмонон қудрати боздоштани ин хориро надоранд. Ин чунон воқеъе аст, ки агар ман бигузорам, ки номзади бад ҳоким шавад, ӯ бародарони мусалмони маро ронда ва забҳ хоҳад кард ва агар овозамро ба номзаде бидиҳам, ки бадиаш камтарин аст, ҳокимияти касеро қабул кардагӣ мешавам, ки намехоҳад бо нозилкардаҳои Аллоҳ ҳукм ронад.
Ҷавоб:
Ваалайкум ассалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.
Якум: Дар мавриди саволи якуми ту бояд гӯям, ки посух ба он дар худи он ниҳон аст…
1 – Ту мепурсӣ, ки чаро ба золим (ё ҳар касе, ки қудрат ва нуфуз дошта, соҳиби имкониятҳои муфид аст, хоҳ ӯ мунофиқ бошад, хоҳ фосиқ ва ҳатто кофир) такя намуда, аз ӯ мол ё кӯмак ҷустан ҷоиз нест, хусусан агар ба эътибор гирифта шавад, ки ин кӯмак ба мусалмон барои ҷиҳод алайҳи истилогар ва ҳатто барои нусрати дин имкон фароҳам меорад? Гӯё ту бо ин сухани худ (такя ба золим) фармудаи Аллоҳи Мутаъолро дар назар дорӣ:
وَلَا تَرْكَنُوٓا۟ إِلَى ٱلَّذِينَ ظَلَمُوا۟ فَتَمَسَّكُمُ ٱلنَّارُ وَمَا لَكُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ مِنْ أَوْلِيَآءَ ثُمَّ لَا تُنصَرُونَ
“Ва ба ситамкорон майл макунед, ки азоби оташ шуморо бирасад. Шуморо ҷуз Аллоҳ ҳеҷ дӯсте нест ва касе ёриатон накунад” (Сураи Ҳуд, 113).
Аз ояте, ки ту ба он ишора мекунӣ, ҳаром будани такя ба золимон баръало баромада меояд. Пас ту чӣ тавр оиди ҷоизии ин кор мепурсӣ?!
[… Дар он чаҳор масъала вуҷуд дорад:2- Дар тафсири Қуртубӣ ин оят чунин тафсир шудааст:
Якум – сухани Ӯ Таъоло لَا تَرْكَنُوٓا۟ (майл макунед). Маънои ҳақиқии калимаи ركون “истинод”, “эътимод”, “такя намудан ба касе” ва “розӣ будан бо касе” мебошад. Қатода гуфт: Маънои он “бо онҳо дӯстӣ накунед ва ба онҳо итоат накунед” аст. Ибни Ҷурайҷ гуфт: Маънояш “ба онҳо майл накунед” мебошад. Абул-олия онро чунин шарҳ додааст: “Аз аъмоли эшон розӣ нашавед”. Тамоми ин маъноҳо ба ҳам наздиканд…
Сеюм – сухани Ӯ Таъоло إِلَى ٱلَّذِينَ ظَلَمُوا (ба ситамкорон). Гуфта шуд: онҳо мушрикон ҳастанд. Ва гуфта шуд: ин лафз ом буда, ҳам мушрикон ва ҳам исёнкоронро дарбар мегирад, ба мисли сухани зерини Ӯ Таъоло “Ва чун бубинӣ, ки дар оёти Мо аз рӯи масхара гуфтугӯ мекунанд”, ки тафсираш қаблан гузаштааст. Маҳз ҳамин маънои оят, ки ба дур шудан аз кофирон ва саркашони бидъаткор далолат мекунад, маънои дуруст аст, чун ҳамнишаст будан бо онҳо куфр ё маъсият мебошад, зеро ҳамнишастӣ танҳо аз меҳру муҳаббат баромада меояд…
Чаҳорум – сухани Ӯ Таъоло فَتَمَسَّكُمُ ٱلنَّار (ки азоби оташ шуморо бирасад), яъне ба сабаби омезиш бо онҳо, ҳамнишастӣ бо онҳо, кӯмак ба онҳо дар эътирозашон ва ҳамраъйи дар корҳояшон, шуморо оташ бисӯзонад…]. Охири иқтибос.
Аз тафсири ин оят маълум мешавад, ки ҳукми рӯйоварӣ ба золим қатъан ҳаром аст, новобаста аз он ки ӯ кофир аст ё мусалмони нофармон. Пас рӯй овардан ба золим аз рӯи меҳру тоъат, моил шудан ба ӯ, эътимод ба ӯ, ситоиши ӯ ва хомӯш мондан бар зулми ӯ ва ғайра, тамоми ин корҳо зери мафҳуми ركون дохил буда, бо насси ояти карима ҳаром гардонида шудаанд.
3- Ғайр аз ин, мувофиқи суоли ту золим гоҳо ҳокими кофир мебошад ва гоҳо ҳокими нофармон ё мунофиқе мебошад, ки бо ғайри Ислом ҳукм меронад, чунон ки аҳволи ҳокимони мусалмон имрӯз ҳамин аст…
а) Агар ҳоким кофир бошад, дар ин ҳол аз ӯ ёрӣ талаб кардан шаръан ҷоиз нест, ҳатто агар ин кор гирифтани мол аз ӯ барои анҷоми ҷиҳод бошад ҳам. Зеро гирифтани мол аз ӯ бешак боиси ҳукмрон гаштани ӯ бар он ҷиҳате мегардад, ки аз ӯ молро ба даст овардааст. Ин як воқеи маҳсусе аст, ки имрӯз ба мушоҳида мерасад, бахусус вақте сухан дар бораи гурӯҳҳо ва дастаҳои мусаллаҳ меравад, зеро онҳо гаравгони давлатҳое гаштаанд, ки онҳоро маблағгузорӣ мекунанд. Аз ин ҷост, ки онҳо қарори мустақилона бароварда наметавонанд. Далели ин гуфтаҳо ин аст, ки ҳар касе, ки дар бораи ҳақиқати ҳол камтарин огоҳиро дорост, дарк мекунад, ки давлатҳо садақа намедиҳанд, балки ҳар як молеро, ки дилхоҳ давлати ҷаҳон ба ҷиҳате равона месозад, ки аз доираи шаҳрвандонаш берун аст, онро барои рӯёби ҳадафҳои муайяни худ медиҳад ва ба манфиати он ҷиҳате, ки кӯмак расонида шуд, парвое надорад… Аз ин рӯ, барои барпои ҷиҳод ва ҷанг бо истилогарон аз давлатҳои аҷнабӣ гирифтани молҳо аз ҷониби шахсҳо, ҷамоатҳо ва гурӯҳҳо бешубҳа ҳамбастагӣ бо аҷнабиён ва худкушии сиёсӣ аст, ки ба кофирон бар мусалмонон қудрат мебахшад ва ҳол он ки Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло фармудааст: “Аллоҳ ҳаргиз ба кофирон бар болои мусалмонон роҳе намекушояд”.
б) Аммо агар ҳоким нофармон бошад, мисли воқеияти ҳокимони кунунии кишварҳои мусалмонӣ, пас ӯ низ ба ҳеҷ ҷиҳати беруна мол намедиҳад, магар барои расидан ба ҳадафҳое, ки ғолибан дар доираи нақшаҳои кашидаи кишварҳои кофир муайян карда мешаванд, чун ҳокимони мусалмон гумоштаҳои давлатҳои мустамликадори кофир ҳастанд… Бинобар ин, ҷиҳате, ки ба ягон ҳоким дар кишварҳои мусалмонӣ вобаста шуда, аз ӯ ёрӣ ва пуштибонӣ мегирад, дар дасти он ҳоким абзоре мегардад, ки онро ба тарафи хостааш равона месозад. Ҳаводисе, ки мо дар кишвари Шом мушоҳида мекунем, ба ин мисол ҳастанд, зеро теъдоди зиёди гурӯҳҳо ва ташкилотҳо гаравгони моли чиркини сиёсие гаштанд, ки давлатҳои минтақа ба онҳо тақдим мекунанд. Оиди ҳокимони золимро ситоиш кардани ҷиҳатҳои гирандаи кӯмак, ин ҳокимонро ба дӯстӣ гирифтани онҳо, онҳоро зебо тасвир кунонидан ва сукут бар ҷиноятҳои онҳо бошад, дар ин бора ҳоҷат ба сухан нест. Ин ҳама низ бешак ҳаром аст, зеро боиси беэътиноӣ аз ҳуқуқ ва аҳдофи мусалмонон гашта, гирандаи молро ба хидматгори золим ва хоини уммату дин табдил медиҳад.
4- Илова бар ин, ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ ва нусрат ба дин бо роҳи кӯмакпурсӣ аз ҳокимони кофир ё золим анҷом дода намешавад, чунки ҳокимони кофир душманони мусалмонон буда, уммат бояд маҳз бо онҳо биҷангад. Чӣ гуна тасаввур кардан мумкин аст, ки ҷиҳод алайҳи онҳо бо гирифтани кӯмак ва мол аз онҳо сурат мегирад? Охир равшан аст, ки ин ду мафҳум ба ҳам зид меоянд. Баръакс, ҷиҳод ва нусрати дин бояд бо такя ба уммат сурат гирад ва бояд уммат сарчашмаи қудрат ва кӯмак гардонида шавад.
Гузашта аз ин, ҳокимони золим дар кишварҳои мусалмонӣ абзори дасти кофирон ҳастанд. Пас модоме ки онҳо дар дасти кофирон – душманони уммат абзори беқадр буда, умматро азоб медиҳанд ва алайҳи муҷоҳидони содиқ ва барандагони холиси даъват мубориза мебаранд, чӣ гуна метавон тасаввур кард, ки мусалмон барои мубориза бо кофирон ва пуштибонии дин аз онҳо кӯмак ва мол мегирад?!
Дуюм: Дар мавриди саволи дуюми ту:
Мо қаблан дар таърихи 29.08.2010 дар бораи қоидаи “камтарини ду бадӣ ва сабуктарини ду зарар” (ё тавре ки ту дар саволи худ “балои камтар” мегӯӣ) посухи муфассал додаем ва ин аст матни он:
[Қоидаи “камтарини ду бадӣ ва сабуктарини ду зарар”.Ин дар назди як қатор фақеҳон қоидаи шаръӣ мебошад. Маънои он назди уламое, ки онро кор мефармоянд, ягона буда, ҷоизии рӯй овардан ба яке аз ду кори ҳаром, ки ҳаромиаш аз дигаре дида камтар аст, ифода менамояд, ба шарте ки барои мукаллаф, ҷуз барпои якеи ин ду ҳаром, ихтиёри дигаре намондааст ва ҳамзамон имкони тарки ҳарду барояш вуҷуд надорад, чун ин имконнопазир, яъне аз ҳар ҷиҳат берун аз тоқат мебошад.
Ӯ Таъоло гуфтааст: “Аллоҳ ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тоқаташ амр намекунад”. Ӯ Субҳонаҳу боз фармудааст: “Пас то метавонед, аз Аллоҳ битарсед”.
Яъне олимоне, ки ин қоидаро эътироф менамоянд, онро танҳо замоне мавриди татбиқ қарор медиҳанд, ки агар худдорӣ аз ҳарду ҳаром ба ҳароми боз ҳам бузургтар боис гардад. Пас танҳо дар ҳамин ҳол сабуктарини ду зарар гирифта мешавад. Илова бар ин, ин олимон сабуктарини ду зарарро на аз рӯи ҳавои нафс, балки тибқи аҳкоми шаръӣ таъин мекунанд. Пас масалан, ҳифзи ду ҷон аз ҳифзи як ҷон, ҳифзи се ҷон аз ҳифзи ду ҷон ва ҳоказо авлотар аст. Ҳифзи ҷон аз ҳифзи мол дида муқаддам мебошад. Ҳифзи Дорул-Ислом ба мафҳуми ҳифзи дин дохил аст ва он аз ҳифзи ҷону мол авлотар аст. Монанди ҳамин, ҷиҳод ва хилофат ба ҳифзи дин дохил буда, аввалин ва авлотарини заруратҳост. Олим Шотибӣ дар “Ал-Мувафақот” гуфтааст: “Ҷонҳо мӯҳтарам ва маҳфуз ҳастанд, ки бояд зинда нигаҳ дошта шаванд. Аз ин ҷост, ки агар байни зинда нигаҳ доштани ҷон дар баробари сарфи мол барои ҳифзи он ва байни ба ҳалокат расонидани ҷон ва ҳифзи мол интихоб сурат гирад, зинда нигаҳ доштани ҷон авлотар аст…”
Мисолҳое, ки ин олимон дар татбиқи қоида зикр кардаанд:
1 — Таваллудкунии модар чунон душвор гардад, ки наҷоти ҳамзамони модару ҷанин имконнопазир бошад ва зуд бояд тасмим гирифт, ки оё модарро бояд наҷот дод ё ҷанинро. Ин ҳолест, ки агар ба хотири наҷоти яке аз онҳо чорае барои марги дигаре андешида нашавад, шояд ҳардуи онҳо фавтанд. Дар чунин ҳол ба қоидаи “сабуктарини ду бадӣ” ё “камтарини ду ҳаром” ё “сабуктарини ду зарар” амал карда шуда, ба коре даст зада мешавад, ки модарро наҷот медиҳад, ҳарчанд ин кор куштани ҷанин маҳсуб ёбад ҳам.
2 — Шахсеро як шахси дигар ғарқ ё қатл карда истодааст ё ба баданаш ва аъзоҳояш зарбаҳои ҳалокатбор зада истодааст ва ё ба номуси зане дастдарозӣ шуда истодааст ва ҳамаи ин дар ҳузури мукаллафе аст, ки ба манъи ин мункарҳо қодир мебошад, аммо ӯ дар ҳоле қарор дорад, ки агар намози фарзиро адо накунад, вақти он хоҳад гузашт, пас ӯ бояд ё ин ҳаромро манъ намуда, намозро қазо кунад ва ё намозро дар вақташ адо намояд, ки дар ин сурат он ҳаром воқеъ хоҳад гашт, чун вақт барои иҷрои ҳарду кор басанда нест. Ана ин ҷо татбиқи қоида меояд ва танзим низ аз ҷониби шариат мешавад, ки барҳам додани он ҳаромҳои зикршударо аз адои намози фарзӣ муҳимтар сохтааст ва агар имкони иҷрои ҳамзамони ин ду воҷиб мумкин мебуд, иҷрои ҳарду воҷиб мешуд.
3 — Боз мисолҳои дигаре ҳастанд, ки ду имом Ғаззолӣ ва Иззуддин ибни Абдуссалом (раҳимаҳумаллоҳ) зикр кардаанд. Дар ин мисолҳо кайфияти қоидаи “сабуктарини ду бадӣ”-ро кор фармудани онҳо намоён мегардад. Инчунин дар онҳо танзим байни аҳком низ ба назар мерасад. Изз дар китоби худ “Қавоидул-аҳкам фи масалиҳил-анъам” гуфтааст: «Агар бадиҳо ба ҳам оянд, нигоҳ карда мешавад: агар имкони пешгирӣ кардани ҳамаи онҳо мавҷуд бошад, мо ҳамаи онҳоро бозмедорем. Аммо агар боздоштани ҳамаи онҳо номумкин бошад, мо дар навбати аввал бадтарин ва расвотарини онҳоро манъ мекунем…”. Сипас ӯ мисолҳоро оварда мегӯяд: “Агар шахсеро, зери таҳдиди қатл, ба куштани мусалмоне маҷбур кунанд, ӯ бояд сабрро пеша гирад ва ҳарчанд кушта шавад ҳам, бояд бадии кушторро аз худ дур кунад, зеро бадии ба кушташавии худ сабр кардани ӯ аз иқдом ба куштор дида камтар аст…”. Пас ин мисоли равшан барои ихтиёри сабуктарини ду бадӣ ё ду ҳаром мебошад, чунки ӯ ба ҷуз иҷрои якеи онҳо илоҷи дигаре надорад. Вагарна манъи ҳардуи бадӣ барояш воҷиб хоҳад гашт.
Дар мисоли дигар ӯ мегӯяд: “Монанди ҳамин, агар шахсеро, зери таҳдиди қатл, ба шаҳодати бардурӯғ ё ба тавассути ботил баровардани ҳукм маҷбур кунанд ва агар ин шаҳодат ё ҳукм ба қатл ё буридани узв ва ё ҳалол гардонидани зане барои марде, ки ин зан барояш ҳаром аст, боис шавад, дар ин ҳол чунин шаҳодат ва ҳукм ҷоиз нест. Зеро таслимшавӣ ба қатл беҳтар аз он аст, ки шахс сабаби қатли мусалмони бегуноҳ ё буридани узв бидуни ҷиноят ва ё алоқаи ҷинсӣ бо зани ноҳалол гардад…”. Яъне агар ҳолат ихтиёр намудан байни кушташавӣ ва байни зидди касе додани шаҳодати бардурӯғ ё ҳукми бардурӯғеро тақозо намояд, ки ба кушташавии ин кас ё буридашавии аъзои ӯ ва ё таҷовуз ба номуси ӯ оварда мерасонад, дар ин ҳол ба шахс ҷоиз нест, ки шаҳодат диҳад, балки ӯ бояд ба кушташавии худ сабр намояд. Зеро таслимшавӣ ба қатл беҳтар аз қатли мусалмони дигар мебошад.
Яъне вазъияте, ки дар он ба иҷрои сабуктарини ду ҳаром ё ду бадӣ рӯй оварда мешавад, вазъиятест, ки дар он шахс ба дуршавӣ аз ҳарду ҳаром ё манъи ҳарду нотавон мебошад.
Ин мисолҳо, тибқи гуфтаҳои олимоне, ки қоидаи “сабуктарини ду зарар”-ро эътироф менамоянд, намунаи татбиқи он ҳастанд. Аммо чизҳое, ки шайхҳои дарборӣ ё касони мусалмононро бо фиребу найранг аз аҳкоми шаръӣ дурсозанда ҳамчун мисол меоранд, аз ҷумлаи мисолҳои он маҳсуб намеёбанд.
Онҳое, ки қоидаро барои бартарӣ додани иҷрои як ҳаром бар иҷрои дигараш истифода мебаранд, ин корашонро бо он сафед мекунанд, ки онҳо аз зиндоншавӣ ё аз рондашавӣ аз вазифа метарсанд, дар ҳоле ки ин чиз ба қоида дахле надорад.
Монанди ҳамин, онҳо мегӯянд, ки дар ҳокимияти куфр бо вуҷуди ҳаром будани ин кор ширкат меварзанд, то ҳамаи мансабҳои ҳокимият ба фосиқон вогузошта нашавад, зеро вогузоштани ҳокимият ба онҳо ҳароми бузургтар аст… Дар асл ин даъво аз ҷумлаи ҳолатҳое нест, ки бар он қоида татбиқ шавад, балки мисли сухани касест, ки мегӯяд “аз он, ки кофир майхона кушода, аз он фоида ба даст орад, беҳтараш ин корро мо анҷом диҳем…”.
Кайфияти татбиқи қоида ин нест, ки вақте ки ба инсон ду чизи ҳаром дучор ояд, ӯ бояд сабуктарини онҳоро иҷро намояд, дар ҳоле ки метавонад аз ҳарду худдорӣ кунад. Масалан нафаре мегӯяд: “Фалониро, агарчи ӯ илмонии кофир ё фосиқ бошад ҳам, интихоб кунед” ё “Фалониро дастгирӣ кунед ва фалониро дастгирӣ накунед, зеро якумӣ моро дастгирӣ ва дуюмӣ моро тарк хоҳад кард” ва ҳоказо. Дар асл бояд чунин гуфта шавад: “Ҳарду ин коре, ки ба мо дучор омад, ҳароманд. Аз ин рӯ, интихоб намудани шахси илмонӣ ва ӯро барои ифодаи райъи шахси мусалмон вакил ва намоянда сохтан ҷоиз нест, чун ӯ Исломро риоя намекунад ва корҳои ҳаромеро барпо мекунад, ки барпои он ба ваколатдиҳанда ҷоиз нест, мисли қонунгузорӣ ва тасвиби лоиҳаҳои ҳаром, мисли пешниҳоди корҳои ҳаром, қабули онҳо ва риояи онҳо. Ба таври умум гӯем, ӯ аз маъруф боздошта, ба мункар мефармояд. Аз ин рӯ, интихоби ҳар кадоме аз ин ду номзад ҷоиз нест; Зеро интихоби ин ё он ҳаром буда, инсон метавонад интихоби ин ё интихоби онро канор гузорад”.
Кайфияти татбиқи қоидаи “сабуктарини ду зарар” ин нест, ки вақте ки ба инсон ду чизи ҳаром дучор меояд, ӯ бо даъвои он, ки худдорӣ аз ҳарду душвор аст, бояд сабуктарини онҳоро мувофиқи ҳавои нафсаш ихтиёр намояд, дар ҳоле ки метавонад аз ҳарду худдорӣ кунад. Балки воҷиб мебошад, ки ӯ тибқи аҳкоми шаръӣ аз тамоми ҳаромҳо худдорӣ кунад, модоме ки ба ин тавоно аст.
Ин аст баёни мухтасари “сабуктарини ду зарар” ё “сабуктарини ду бадӣ”]. Иқтибос аз посух ба саволи қаблӣ ба поён расид.
Умедворам, ки ин басанда аст ва Аллоҳ донотар аст!
Бародаратон Ато ибни Халил Абӯ Рашта
23-уми Зулҳиҷҷа, соли 1444ҳ. мувофиқ ба 11.07.2023м