Ҳукми Шаръӣ дар бораи актёрҳое, ки нақшҳои паёмбарону саҳобаҳоро мебозанд
Савол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳу шайхи мӯҳтарам!
Ислом дар бораи тамошои филмҳо ва силсилафилмҳое, ки дар онҳо нақшбозон нақшҳои паёмбарону саҳобаҳоро мебозанд, чӣ мегӯяд?
Ҷавоб:
Ваалайкум ассалом ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳу.
Филмҳо ва силсилафилмҳоро дар воқеияти ҳозираашон Шариат иҷозат намедиҳад, зеро дар онҳо дурӯғ мавҷуд аст, баъзан омехташавии манъшудаи занҳову мардон (ихтилот) ба вуқӯъ меояд, занон дар назди мардоне, ки нақши шавҳарҳояшонро ё хешовандони наздикашон (маҳрам) – ро мебозанд, ҷойҳои ҳаром кардашуда (аврат) — ро бараҳна мекунанд. Дар филмҳо вайронкунандаҳои Шариъат бисёр вуҷуд доранд, аз ин рӯ Ислом онҳоро манъ намудааст. Ҷиддитарин вайронкунии қонуни Шариат ин аст, ки актёрон нақши саҳобагон (р.а.)-ро иҷро менамоянд. Ва бадтаринаш ин аст, ки одамони оддӣ бе шарму ҳаё ва тарс нақши анбиё ва расулонро (а.с.) мебозанд.
Қаблан, 23.09.2009, мо ба саволе дар ин мавзӯъ посух нашр карда будем ва онро боз такроран меоварем:
Нақшҳои актёрӣ дар бисёр ҳолат қонунҳои Шаръиро вайрон мекунанд.
1) Дурӯғ. Актёр худро ҳамчун дигар шахс вонамуд менамояд. Баъзан актёр ҳангоми нақшҳои гуногун бозидан қасам мехӯрад, талоқ медиҳад ва бисёр суханҳои дигар мегӯяд. Маълум аст, ки дар Ислом инсон барои ҳар сухани гуфтааш, ҳатто дар шӯхӣ бошад ҳам, ҷавобгар аст.
2) Омехташавии занҳову мардон (ихтилот), ки берун аз чорчӯбаи Ислом ба вуқӯъ меояд.
3) Аз ҷониби занон бараҳна кардани узвҳои ҳаромгардонидашудаи бадан (аврат). Мардони бегона, нақши шавҳарон ё хешовандони наздики (маҳрам) ин занонро бозида, узвҳои бадани онҳоро мебинанд, ки барояшон ҳаром аст. Зиёда аз ин дар баъзе саҳнаҳо мардону занон нақшҳои тамоман бегонагонро мебозанд.
Бадтарин чиз дар филмҳо ва силсилафилмҳо ин аст, ки актёрон нақшҳои паёмбаронро (а.с.) мебозанд, ки Аллоҳ онҳоро барои расонидани рисолат интихоб намудааст. Нубуват хусусияти онҳост, ки ба дигар одамон мансуб нест. Нақши паёмбар ё набиеро, ки ваҳӣ бар ӯ нозил мешавад, бозидани як фарди оддӣ муқобилат намудани ошкоро ба рисолати Аллоҳ мебошад. Инчунин ин маънои онро дорад, ки актёр умуман ба нубуват беаҳамиятӣ намуда, гуноҳи кабираро ба дӯш мегирад. Махсусан дар саҳнаҳое, ки мардону занони комилан бегона иштирок менамоянд, бисёр дигар ихтилофҳои зидди Шариатро метавонем мисол оварем.
Бар асоси гуфтаҳои боло, Ислом силсилафилмҳо ва нақшҳои актёронро манъ мекунад.
Дар Хилофат филмҳо ва силсилафилмҳое, ки ба Шариат зид ҳастанд, манъ карда мешаванд.
Поёни ҷавоб аз 23.09.2009.
Аммо оиди тамошои ин гуна филмҳо бошад, чавоби мо ба ин масъала дахл надорад. Мо танҳо бо посух додан ба суол дар бораи нақшҳои актёрон маҳдуд шудем, махсусан вақте сухан дар бораи Паёмбарону Набиён (а.с.) меравад, гуфтем, ки ин гуна синамо дар Хилофат манъ карда мешавад. Аз ин рӯ, бародарони азизи динии ман худашон метавонанд бо такя ба донишашон ҳаракат намуда, ба ин савол ҷавоб биёбанд, яъне иҷтиҳод кунанд, ё метавонанд раъйи онҳоеро, ки аллакай ба ин савол посух додаанд, бипазиранд. Мо ин саволро дар шакли кушода вогузоштем. Аз Аллоҳ мепурсем, то дар ин кор ба Шумо кӯмак расонад.
Ато ибни Халил Абу ар-Рашта
28 Рабиъул-охири 1441 ҳиҷрӣ