Ҳақиқати пасипардагӣ ва ангезаҳои табаддулот дар Нигер

بسم الله الرحمن الرحيم

Ҷавоби савол

Ҳақиқати пасипардагӣ ва ангезаҳои табаддулот дар Нигер

Савол:

Шоми якшанбе, 13-уми августи соли 2023 милодӣ, раҳбарони табаддулот дар Нигер эълон карданд, ки қасд доранд раисҷумҳури барканоршуда Муҳаммад Бозумро бо иттиҳоми «хиёнат ба давлат» ва «халалдор сохтани амнияти кишвар» ба ҷавобгарӣ кашанд. Раҳбарони табаддулот дар изҳороти худ таҳримҳоро, ки Иттиҳоди иқтисодии давлатҳои Африқои Ғарбӣ (ECOWAS) гузошта буд, дигарбора маҳкум карданд (Al-Jazeera, 8/14/2023). Генерал Абдурраҳмон Чианӣ, фармондеҳи горди президентӣ дар Нигер, тариқи телевизиони расмӣ рӯзи 28-уми июли соли 2023 худро раҳбари ҳукумати интиқолии кишвар эълон намуд. Ин кор баъд аз ду рӯз пас аз он рӯй дод, ки сарбозонаш дар горди президентӣ, ки худро “Шӯрои ватанӣ барои ҳифзи ватан” номиданд, аз барканор шудани раисҷумҳури кишвар Муҳаммад Бозум ва дар манзилаш нигаҳдорӣ шудани ӯ хабар доданд. Оё ин табаддулот як масъалаи дохилӣ аст, ки ба мубориза дар байни нерӯҳои бонуфузи кишвар марбут мебошад ё дар паси он нерӯҳои хориҷӣ истода, он як ҷузъи муборизаҳои байналмилалӣ аст? Масъалаи дигар ин аст, ки ҳарчанд ӯро муттаҳам ба хиёнат карданд, ӯ боздошт нашуд ва ҳатто бо мансабдорони хориҷӣ тамос мегирад. Инро чӣ гуна бояд маънидод кард?

Ҷавоб:

Барои равшан шудани масъала, мо чизҳои зеринро баррасӣ хоҳем кард:

 

Якум: Воқеи пасипардагии табаддулот ва афроде, ки онро анҷом доданд:

1- Полковник  майор Амаду Абдурраҳмон дар иҳотаи 9 нафар низомиён, ки дар тан либоси низомӣ доштанд, изҳор дошт: “Мо, Қувваҳои дифоъ ва амният, ки дар Шӯрои ватанӣ барои ҳифзи ватан ҷамъ омадаем, тасмим гирифтем, ки ба режиме, ки шумо мешиносед, хотима бахшем. Сабаби ин тасмим идомаи бадшавии вазъи амниятӣ ва идораи нодурусти бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад”. Ӯ аз “ҳамаи шарикони хориҷӣ талаб кард, ки ба ин вазъ дахолат накунанд” ва эълон кард, ки “аз соати даҳи бегоҳ то панҷи саҳар дар тамоми қаламрав то огоҳии минбаъда соати комендантӣ ворид карда мешавад” (Франс Пресс, 26/7/2023).

2- Рӯзи дигар артиш пуштибонӣ аз табаддулотро эълон кард, дар ҳоле ки як рӯз пеш, аз эълони мавқеи худ сустӣ мекард. Рӯзномаи расмии Фаронса “France 24” рӯзи 27-уми июли соли 2023 хабар дод, ки “артиши Нигер бо мақсади роҳ надодан ба хунрезӣ дар байни сафҳои қувваҳои мусаллаҳ  Қувваҳои дифоъ ва амниятро, ки раисҷумҳур Мухаммад Бозумро барканор кард, дастгирӣ менамояд”. Рӯзнома илова кард, ки “изҳороте, ки онро сардори штаби генералӣ Абдуҳ Сиддиқ Исо имзо намуд, аз он хабар медиҳад, ки ҳарбиён хотима бахшидан ба режими Бозумро пуштибонӣ мекунанд ва ба назар мерасад, ки раҳбарияти артиш баъди як рӯзи сустӣ, дарк намуд, ки вай пеши роҳи омилони табаддулотро гирифта наметавонад, аз ин рӯ онро дастгирӣ кард”.

3- Агентии Ал-Ҳурра рӯзи 29-уми июли соли 2023 милодӣ хабар дод, ки «Чианӣ ба раисҷумҳури собиқ Муҳаммад Юсуфу, ки ӯро дар ду давраи президентӣ дар солҳои 2011-2021 фармондеҳи Горди президентӣ таъин кард, содиқ буд». Маҷаллаи фаронсавии Ҷон Фрик, ки ба умури Африқо тахассус дорад, хабар дод, ки «раисҷумҳур Муҳаммад Юсуфу ба горди президентӣ таваҷҷӯҳи зиёд дошт ва ба он тамоми салоҳиятҳо ва имкониятҳоро барои пешгирӣ аз табаддулотҳо дода буд”. Инчунин, маҷалла илова кард: «гуфта мешавад, ки генерал Чианӣ як шахси золим аст ва артиш аз ӯ метарсад”. Аз ин бармеояд, ки раисҷумҳури пешин аз артиш метарсид, зеро раҳбарияти артиш аз тарафдорони Фаронса, ки баъд аз додани истиқлолияти расмӣ ба Нигер артишро таъсис дода буд, иборат мебошад. Аз эҳтимол дур нест, ки кӯшиши нокоми табаддулот алайҳи Юсуфу дар соли 2015 аз ҷониби пайравони Фаронса дар артиш ба роҳ монда шуда буд. Аз ҳамин сабаб Юсуфу Абдурраҳмон Чианиро ба мақомҳои боло таъин карда, қувваи ӯро афзуд, то ӯ вайро аз табаддулотҳое, ки гумоштаҳои Фаронса бар зиддаш бо сабабҳои гуногун ташкил медиҳанд, ҳимоя намояд.

4- Пас аз эълони истиқлоли расмӣ аз Фаронса дар соли 1960 дар Нигер чаҳор табаддулоти муваффақ ва чандин кӯшишҳои табаддулоти ноком сурат гирифт. Охирин табаддулоти муваффақ дар соли 2010 аз ҷониби сарбозон алайҳи раисҷумҳур Муҳаммад Танга, гумоштаи Фаронса сурат гирифта буд. Он вақт табаддулотгарон дар бораи ташкил шудани Шӯрои олӣ барои баргардонидани демократия эълон карда, Салли Ҷебо, фармондеҳи қисми пуштибон дар пойтахт шаҳри Ниамейро раиси он эълон намуданд. 20-уми феврали соли 2010 милодӣ мо ба як савол, ки ба ин табаддулот вобаста буд, посух дода будем. Дар он аз ҷумла чунин омада буд: «Изҳороти Амрико доир ба ҳодисаи тамдид ба он ишора мекунад, ки вай мехоҳад ҷавобгариро бар дӯши раисҷумҳури барканоршуда Танга гузорад ва табаддулотро сафед кунад. Мо мебинем, ки сухангӯи Департаменти давлатии ИМА ба баргардонидани президент, гуфтушунид байни табаддулотгарон ва раисҷумҳури барканоршуда ва ҳатто ба ташкили интихобот ва ҳукумати нав даъват накард. Ҳамаи ин тасдиқ мекунад, ки дар паси табаддулот Амрико меистод… Аммо нуфузи Фаронса бо тамоми шаклҳояш дар он боқӣ монд ва вай барои таъмини манфиатҳои ядровии Фаронса қариб 1500 нафар фаронсавиҳоро то ҳол дар он нигаҳ медорад, зеро Нигер дар миёни давлатҳое, ки уран истеҳсол мекунанд, ҷои сеюмро ишғол менамояд. Аз ин рӯ, амрикоиҳо мехоҳанд бар ин кишвар ҳукмрониро ба даст оварда, нуфузи Фаронсаро аз он ва кишварҳои африқоии боқимонда баркананд. Бештари ин кишварҳо кишварҳои исломӣ буда, аз маводи табиии сершумор бой мебошанд. Дар онҳо сарчашмаҳои навъҳои гуногуни маводи хом ва манбаъҳои энергетикӣ мавҷуд ҳастанд. Барои ҳамин, онҳо  ба мавзеи мубориза дар миёни тамаъкорони ғарбии истеъморгар, яъне аврупоиёну амрикоиён табдил ёфтанд.

5- Воқеан, пас аз якчанд моҳ баъд аз ин табаддулот, тибқи талаботи Амрико, дар соли 2011 интихобот баргузор шуд, ки дар он раиси Ҳизби демократия ва сотсиализми Нигер Муҳаммад Юсуфу ғолиб омад ва 7 апрели соли 2011 милодӣ расман раисҷумҳури кишвар эълон шуд. Баъд аз ин, ӯ аз курсии раёсати ин ҳизб истеъфо дод ва онро Муҳаммад Бозум, ки дар соли 1990 ҳамроҳ бо Юсуфу ва як дӯсти наздики худ ин ҳизбро таъсис дода буд, бар ӯҳда гирифт. Юсуфу ӯро вазири корҳои хориҷӣ таъин намуд. Сипас соли 2015 ӯ ба вазифаи вазири давлатӣ дар назди раисҷумҳур таъин шуд. Ҳангоме ки Юсуфу барои давраи дуюм раисҷумҳур интихоб гардид, Бозумро вазири корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятӣ таъин кард. Юсуфу ва Муҳаммад Бозум мухолифони раисҷумҳур Муҳаммад Танга буданд ва вақте Муҳаммад Танга бар асари табаддулоти низомӣ дар 18 августи соли 2010 милодӣ сарнагун шуд, Юсуфу ва Бозум аз табаддулоти давлатӣ пуштибонӣ карданд. Аз ин ҳама маълум мешавад, ки Юсуфу ва Бозум ба Амрико содиқ мебошанд.

6- Вақте Муҳаммад Юсуфу дар ду давра, аз соли 2011 то соли 2021 ба курсии раёсати ҷумҳурӣ расид, ӯ наздикии худро бо Амрико нишон дод. Ӯ ба Амрико имкон дод, ки дар Нигер ду пойгоҳи муҳими низомӣ, яке дар соли 2014 ва дигаре дар соли 2018, бунёд намуда, дар он беш аз ҳазор сарбози амрикоӣ ва ҳавопаймоҳои сершумори бесарнишинро ҷойгир кунад. Рӯзи 13 сентябри соли 2018 вебсайти Noon Post мақолаи тарҷумашуда дар бораи пойгоҳҳои Амрико дар Нигерро нашр кард, ки дар он изҳороти раисҷумҳури собиқ Муҳаммад Юсуфу дар мусоҳиба бо рӯзномаи The Guardian оварда шудааст. Дар он ӯ чунин гуфта буд: “Ба ман истифодаи истилоҳи “қувваҳои аҷнабӣ” маъқул нест, зеро қувваҳои мусаллаҳи Амрико қувваҳои ба мо дӯст мебошанд, ки дар ҷавоб ба дархости мо ба мамлакат оварда шуданд ва баъд аз ба охир расидани вазифаи худ аз Нигер хориҷ мешаванд”. Бо вуҷуди ин, Юсуфу равобит ва иттифоқҳои кишварро бо Фаронса нигоҳ дошт ва нерӯҳои фаронсавиро хориҷ накард, балки иштироки худро дар Эътилофи кишварҳои Соҳил, ки бо баҳонаи мубориза бо терроризм дар соли 2014 аз ҷониби Фаронса таъсис дода шудааст, идома дод. Ба назар мерасад, ки вай нуфузи Фаронсаро аз Нигер ба осонӣ решакан карда наметавонист, бинобар ин то он даме, ки нуфузи Амрико, ки вай бо баҳонаи мубориза бо терроризм ба кишвар даровард, мустаҳкам нашавад, нуфузи Фаронсаро таҳаммул менамуд.

7- Вақте ки Муҳаммад Бозум бо пуштибонии Муҳаммад Юсуфу 21-уми феврали соли 2021 дар интихобот ғолиб гардид ва 1-уми апрели ҳамон сол расман ба курсии раисҷумҳур нишаст, вай ба Юсуфу ваъда дод, ки сиёсати ӯро идома хоҳад дод. Ду рӯз пеш аз савганд ёд кардани ӯ, аз кӯшиши табаддулот зидди ӯ ҷилавгирӣ карда шуд ва фармондеҳи горди президентӣ Абдурраҳмон Чионӣ, ки ба Муҳаммад Юсуфу вафодор аст, дар ҷилавгирӣ аз он нақши муҳим бозид.. Бозум ҳамчунон аз ҳузури Амрико ҷонибдорӣ кард ва барои мустаҳкам намудани муносибатҳо бо Амрико талош намуд. Рӯзномаи Arabi21 бо истинод ба вебсайти амрикоии The Intercept рӯзи 27-уми июли соли 2023 гузоришро дар бораи дар Нигер ҳузур доштани Амрико чоп намуд. Дар он сухани зерини Муҳаммад Бозум ба котиби давлатии ИМА Блинкен оварда шудааст: «Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон гузинаи афзалиятнок боқӣ мемонад ва мо бояд собит созем, ки мо метавонем натиҷаҳои воқеӣ ба даст орем». Пас сиёсати Муҳаммад Бозум мисли сиёсати дӯсташ ва собиқ раисҷумҳур Муҳаммад Юсуфу ба назар мерасад, яъне дӯстӣ бо Амрико ва душманӣ накардан ба Фаронса ва ба мавҷудияти он таҳаммул кардан мебошад. Инчунин ба назар мерасад, ки дар маҷмӯъ доираҳои сиёсӣ ва низомии Нигер ба Фаронса бештар майл доранд, яъне ба давлате майл доранд, ки пештар ба муддати 60 сол кишварҳоро бевосита истеъмор карда, дар ҳоли ҳозир ба муддати қариб 60 сол бо ин кор билвосита машғул аст.

Дуюм: Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки Муҳаммад Юсуфу ва Бозум ба Амрико содиқ буда, фармондеҳи горди президентӣ Абдурраҳмон дӯсти наздики Юсуфу буд, ки охирон ба ӯ салоҳиятҳои васеъ ато кардааст. Инчунин маълум шуд, ки ӯ дар ҷилавгирӣ аз кӯшиши табаддулоти зидди Бозум, ки ду рӯз пеш аз ба қудрат расидани ӯ сурат гирифт, нақши муҳим бозидааст.. Ин маънои онро дорад, ки ҳар се нафар дар як тараф ҳастанд. Пас чаро ин табаддулот лозим буд? Тадқиқи воқеаҳои рӯйдода ва ҳақиқати пасипардагии онҳо ба мо чизҳои зеринро нишон медиҳад:

1- Чунонки гуфтем, фармондеҳи горди президентӣ шахси боваринок ва наздики Юсуфу буд ва ӯро аз табаддулотҳои гумоштаҳои Фаронса, ки дар сафҳои артиш мавҷуд ҳастанд, ҳимоя менамуд. 28-уми июли соли 2023 расонаҳо, аз ҷумла Шарқи Авсат, дар бораи раҳбари табаддулот Абдурраҳмон Чианӣ хабар паҳн карда изҳор доштанд, ки вай ба сафи артиш дохил шуда, пеш аз иҷро намудани вазифаҳое, ки барои роҳбарии баъзе қисмҳои ҳарбӣ лозиманд, рутбаи афсариро ба даст овард. Пас аз он, ки дар соли 2011 собиқ раисҷумҳур Муҳаммад Юсуфу ба сари қудрат расид ва ӯро шахси бовариноки худ сохт, мақоми ӯ якбора боло рафт ва дар муддати ҳукмронии Юсуфу ӯ аз болоравии зуд дар рутбаҳои низомӣ баҳра бурд. Ин чиз сабаби он гашт, ки ӯ бидуни роҳи маъмулӣ ба рутбаи генералӣ расид… Дар соли 2011 Юсуфу ӯро фармондеҳи горди президентӣ таъин кард. Горди мазкур қисми махсусе мебошад, ки бо ҳимояи раисҷумҳур машғул аст, бахусус баъди кӯшиши табаддулот зидди Юсуфу ин вазифаи хеле муҳим гашт.

2- Дар соли 2021, ду рӯз пеш аз ба қудрат расидани Муҳаммад Бозум ва қабл аз он, ки ӯ расман бо воситаи савгандёдкунӣ ба адои вазифаи раисҷумҳур шурӯъ намуд, Чианӣ пеши роҳи табаддулотро гирифт. Ин боиси он гашт, ки Бозум дар сафи горди президентӣ тағъиротҳои васеъ гузаронд, вале генерал Чианиро дар асоси тавсияи Юсуфу, ки хокимиятро ба вай супорида буд, ҳамчун фармондеҳи горд боқӣ гузошт. Зеро ҳарчанд Юсуфу аз вазифа рафтааст, вай бо Бозум алоқаи зич дорад ва дар дохили ҳизби ҳоким бонуфузтарин шахс маҳсуб меёбад. Инчунин вай писарашро ба ҳайси вазири энержӣ ва маъдан дохили ҳукумат кардааст.

3- Сарчашмаҳо мегӯянд, ки афроди наздик ба Бозум ӯро аз Чианӣ ҳушдор медоданд ва ба ӯ маслиҳат медоданд, ки ӯро аз раҳбарии горди президентӣ барканор карда, ҳокимияташро мустаҳкам созад. Аммо ӯ бо тавсияи дӯсташ, раисҷумҳури пешин, Чианиро дар мақомаш нигоҳ дошт. Вале дар вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби фаъолони сиёсӣ хабарҳо дар бораи он паҳн гаштанд, ки Бозум ният дорад Чианиро аз мақомаш барканор карда, дар сафи мақомоти ҳарбӣ ва горди президентӣ тағъиротҳои васеъ гузаронад. Гуфта мешавад, ки ӯ қасд дошт писари раисҷумҳури пешинро аз вазорати энержӣ ва маъдан барканор кунад ва ин ҳама боиси сард шудани равобит миёни ӯ ва раисҷумҳури пешин шуд. Илова бар ин, боиси ба ташвиш афтодани Юсуфу ва Чианӣ гашт, ки ин дар навбати худ ба коҳиш ёфтани дастгирии ӯ аз ҷониби аҳолӣ оварда расонд. Якчанд нафар аз роҳбарияти ҳизби ҳоким аз болоравии ӯ изҳори нигаронӣ карданд, чун ӯ на танҳо ба қабилаи ҳауса, ки раъйи нисфи мамлакатро ифода мекунад, тааллуқ надорад, балки аслан араб аст… Ба коҳишёбии шӯҳрати вай далел он аст, ки дар пойтахт ӯ овози ками интихобкунандагонро ба даст овард.  Кӯшиши табаддулот зидди ӯ ду рӯз пеш аз савгандёдкунии ӯ далели дигари он мебошад, ки ӯро, ғайр аз баъзе ҳарбиён дар штаби генералӣ, нафарони дигар қабул надоранд.

4- Ҳамин тариқ, генерал Абдурраҳмон Чианӣ дар замони ҳукмронии раисҷумҳури собиқ Муҳаммад Юсуфу фармондеҳи горди президентӣ буд. Вале раисҷумҳури феълӣ дар сар фикри иваз кардани ӯро  мепарварид. 28-уми июли соли 2023 Al-Jazeera бо истинод ба Mediapart гузоришеро дар сайти худ паҳн намуд. Дар он аз ҷумла чунин омада буд: “Генерал Абдурраҳмон Чианӣ дар замони ҳукмронии раисҷумҳури собиқ Муҳаммад Юсуфу фармондеҳи горди президентӣ буд. Вале раисҷумҳури феълӣ дар сар фикри иваз кардани ӯро  мепарварид, зеро дар байни коршиносони артиши Нигер садоқати бузурги ӯ ба раиси собиқаш маълум буд. Таҳлилгари сиёсӣ Мӯсо Аксар ба сайт гуфт, ҳама чиз ба он далолат мекунад, ки Муҳаммад Юсуфу мехоҳад ба қудрат баргардад. Вай мехост нафтро зери назорати худ гирад, аз ин рӯ, қисми зиёди саҳмияҳоро дар якчанд ширкатҳо ба даст овард. Тибқи як гузориши тафтишотӣ, ин ба он ишора мекунад, ки дар замони раисҷумҳури собиқ дар вазорати мудофиа дуздии амволи давлатӣ ҷой дошт”. Ин суханон тасдиқ мекунанд, ки табаддулот ангезаҳои дохилӣ дошт ва ба назар мерасад, ки ангезаи асосии ин табаддулот дохилӣ буд. Барои ҳамин, вақте ки табаддулот сурат гирифт, онро Амрико, Фаронса, Иттиҳоди Аврупо, Бритониё, Русия ва нерӯҳои минтақавӣ маҳкум карданд, гӯё он ҳамаро ба ҳайрат овард!!

5- Ҳамин тариқ, Амрико ва Созмони Милали Муттаҳид табаддулотро маҳкум карданд… Фаронса ва Иттиҳоди Аврупо табаддулотро маҳкум карданд… Ҷомеаи иқтисодии Африқои Ғарбӣ «ECOWAS»… ва ҳатто Бритониё, ки дар Нигер ҳеҷ таъсире надорад, табаддулотро маҳкум карданд! Гузашта аз ин, Русия низ, ки дар Нигер на худаш ҳузур дорад ва на Вагнер, онро маҳкум намуд ва дарк накард, ки баланд бардоштани парчамаш дар табаддулотҳо танҳо барои гумроҳкунӣ асту халос! Сухангӯи Кохи Сафед Карен Жан-Пьер гуфт: «Иёлоти Муттаҳида ҳеҷ нишонаи мӯътамадро дар бораи ширкати Русия ё гурӯҳи низомии хусусии русӣ Вагнер дар табаддулоти Нигер намебинад» (Reuters, 27/7/2023).

Сеюм: Хулоса

1- Эҳтимоли калон дорад, ки ин табаддулот ангезаҳои дохилӣ дошт, зеро он мубориза ё задухӯрд дар миёни гумоштаҳои Амрико мебошад: Юсуфу ва Абдурраҳмон аз як сӯ ва Бозум аз сӯи дигар.  Пас ҳангоме ки ҳарду фаҳмиданд, ки Бозум писари Юсуфу ва фармондеҳи горди президентиро барканор кардан мехоҳад, онҳо ин табаддулотро ба нақша гирифтанд. Аммо онҳо барои гуфтушунид ҷой гузоштанд, чун ҳамаи онҳо гумоштаҳои Амрико ҳастанд. Ба ҳамин далел онҳо боздошти Бозум ва ба зиндон андохтани ӯро ба таъхир афканданд. Сипас, баъд аз чанд рӯз пас аз табаддулот ӯро ба хиёнат муттаҳам карданд. Бо вуҷуди ин, ӯ ҳанӯз дар манзили худ иқомат дорад ва ҳарчанд баъзан ба ӯ фишор меоранд, баъзан табибон, дармону хӯрокаҳоро барояш иҷозат медиҳанд. Дар ҳамин ҳол, Амрико ва сафорати он дар Ниамей роҳи ҳалли ин муамморо ҷустуҷӯ дорад. Бо вуҷуди ин, ин табаддулот дар миёни гумоштаҳои Амрико боқӣ мемонад.

2- Аз ин табаддулот бештар Фаронса зарар мебинад, зеро табаддулотгарони ба Амрико содиқ барои ба табаддулоти худ ранги қонунӣ бахшидан аз мавқеи ошуфта ва ларзони Фаронса ва эҳсосоти мардум истифода намуданд. Маълум аст, ки мардуми Нигер ин мустамликадори кӯҳан ва истисмори вайро бад мебинанд ва аз кишвари онҳоро истифода кардани он ва аз дуздида шудани сарвати кишварашон нафрат мекунанд. Аз ин рӯ, рӯзи 30-уми сентябри соли 2023 ҳазорон нафар алайҳи Фаронса дар назди сафорати Фаронса тазоҳурот карда, шиорҳои зидди Фаронсаро баланд бардоштанд.

3- Амрико барои идора кардани бӯҳрон дар он ҷо кор бурда, онро бар зидди нуфузи Фаронса истифода хоҳад кард ва нуфузи худро бо яке аз ду роҳ тақвият хоҳад бахшид:

а) Амрико барои баргардонидани Бозум, агар ин кор имконпазир бошад, талош хоҳад кард. Ҳарчанд ин кор осон нест, аммо бозгашти ӯ ба манфиати Амрикост, зеро ӯ яке аз гумоштаҳои вай аст, агарчи Фаронсаро таҳаммул менамояд. Чунки афкори ҷомеа зидди табаддулот буда, ба баргардонидани раисҷумҳур фаро мехонад, чун ӯ ба таври қонунӣ интихоб шуда буд.

б) Вагарна, Амрико ба табаддулотгарон фишор хоҳад овард, то онҳо ба давраи гузариш хотима бахшида, интихоботи нав баргузор кунанд. Дар ин ҳол, аз эҳтимол дур нест, ки раисҷумҳури пешин Юсуфу номзадии худро пешбарӣ карда, дигарбора ба курсии раисҷумҳур баргардад, чун табаддулотгарон одамони ӯ ва аз қабилаи ӯ ҳастанд. Бо ин вай метавонад нуфуз ва нуфузи оилаи худро нигоҳ дорад ва дуздию ғоратгариҳои  онҳоро рӯйпӯш кунад. Вале аз ҳама асосӣ он аст, ки ӯ гумоштаи амрикоӣ буда, дар ҳизб ва қабилааш, ки нисфи кишварро ташкил медиҳад, нуфузи васеъ дорад.

4- Ҳамин тавр, ин кишвари исломӣ, ки аз сарватмандтарин кишварҳо маҳсуб мешавад, ба фақиртарин кишвар табдил ёфт. Сабаби ин гумоштаҳои истеъморгарон мебошанд, ки барои расидан ба курсӣ ва ба даст овардани амволи умумӣ ба ин ё он истеъморгар хизмат мекунанд. Ин гумоштаҳо дар бораи манфиати кишвари худ ва чӣ гуна озод ва эҳё кардани он фикр намекунанд, чун онҳо ҳарчанд фарзандони ин уммат мебошанд, ба фикр эҳтиёҷ доранд. Мардум низ ба далели ақибмонии фикрӣ ва қавмпарастӣ бидуни идрок ба ин золимон пайравӣ мекунанд, ки ин  боиси сулҳу амният намегардад. Бар хилофи ин, ҳукмронӣ бо Ислом ва Хилофати Рошида сабаби иззати Ислом ва мусалмонон гашта, роҳи ягона барои тавоно ва бедор шудани онҳо мебошад, бахусус бо эътибори он, ки Нигер кишвари исломӣ ва мардуми он мусалмон ҳастанд.. Ҳақиқат ҳамин аст.

﴿ فَمَاذَا بَعْدَ الْحَقِّ إِلَّا الضَّلَالُ فَأَنَّى تُصْرَفُونَ﴾

“Пас баъд аз ҳақиқат ҷуз гумроҳӣ чӣ боқӣ мемонад? Пас чӣ гуна рӯйгардон мешавед?”

 

28-уми муҳаррами соли 1445 ҳиҷрӣ,

 

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст

Ҳамроҳ бо ҳадиси шариф Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст Бародарони мӯҳтарам, мо шуморо ба дидори навбатӣ дар барномаи “Ҳамроҳ...
Бештар
ads