Ҳадисҳое, ки дар бораи ба таъсири ҷодугарӣ гирифтор шудани Паёмбар ﷺ нақл мекунанд, аз рӯи мазмуни худ (дироятан) рад карда мешавад, зеро онҳо ба мафҳуми маъсум будани Паёмбар ﷺ мухолифанд.
Аз Рабӣ ар-Рабӣ
Суол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.
Бародари азизам! Саволи ман ба ҳадис дар бораи Лабид ибни Асам ва амалҳои ҷодугарӣ нисбати Паёмбар ﷺ тааллуқ дорад: оё ҳадис ба маъсумии Паёмбар ﷺ таъсир мерасонад? Гарчанде Аллоҳ мефармояд:
وَمَا يَنطِقُ عَنِ الْهَوَى ٣ إِنْ هُوَ إِلَّا وَحْيٌ يُوحَى
«Вай бо хоҳиши худ гап намезанад. Ин — ҷуз ваҳйест, ки бар ӯ нозил шудааст» (53:3,4).
يَا أَيُّهَا الرَّسُولُ بَلِّغْ مَا أُنزِلَ إِلَيْكَ مِن رَّبِّكَ ۖ وَإِن لَّمْ تَفْعَلْ فَمَا بَلَّغْتَ رِسَالَتَهُ ۚ وَاللَّهُ يَعْصِمُكَ مِنَ النَّاسِ ۗ إِنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الْكَافِرِينَ
«Эй Пайғамбар! Он чиро, ки аз ҷониби Парвардигорат бар ту нозил шудааст, баён кун. Агар ту ин корро накунӣ, паёми Ӯро нарасондаӣ. Аллоҳ туро аз одамон ҳифз менамояд. Дар ҳақиқат, Аллоҳ кофиронро ба роҳи рост ҳидоят намекунад» (5:67).
إِذْ يَقُولُ الظَّالِمُونَ إِن تَتَّبِعُونَ إِلَّا رَجُلًا مَّسْحُورً
«онгоҳ ситамкорон мегӯянд: «Шумоён фақат аз паси марди ҷодушудае меравед» (17:47).
Аз ин ҷо боз саволе ба миён меояд: Оё ҳадиси Оиша оиди он, ки Лабид ибни Асам зидди Паёмбар ﷺ амалҳои ҷодугарӣ анҷом додааст, аз рӯи мазмуни худ (дироятан) рад мешавад, чунки он ба мафҳуми маъсумии Паёмбар ﷺ мухолифат мекунад?
Аллоҳ Шуморо ба хайр ва барпо намудани Хилофат ҳидоят намояд ва дар рӯзи Қиёмат Шуморо бо паёмбарон, сиддиқон, солеҳон ва шаҳидон ҷамъ намояд. Аллоҳ Шуморо муҳофизат кунад, шайхи азизи мо.
Посух:
Ваалейкум ассалам ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.
1)Бале, ҳадис бо мазмунаш (дироятан) рад шудааст. Аз рӯи мазмуни худ рад шудан (дироятан) маънои зеринро дорад:
Дар китоби «Шахсияи исломӣ», чилди 1, дар мавзӯи «Суннат мисли Қуръон далели шаръӣ мебошад» омадааст: «Балки масъала дар ин бобат чунин аст, ки агар ҳадис ба чизе, ки дар Қуръон бо маънои қатъӣ ворид шудааст зид ояд, ин ҳадис дироятан, яъне аз ҷиҳати матн рад карда мешавад. Чунки маънои он ба Қуръон зид мебошад» (охири иқтибос). Дар китоби «Шахсияи исломӣ», ҷилди 3, дар мавзӯи «Шартҳои қабули ҳадиси гурӯҳи оҳод» омадааст: «Ҳадиси гурӯҳи оҳод дар сурате пазируфта мешавад, ки ба шартҳои қабули ривоёт (ривоятан) ва мазмуни маъноӣ (дироятан) мувофиқ ояд.
Дар мавриди шартҳои қабули ҳадиси гурӯҳи оҳод аз ҷиҳати мазмуни маъноӣ (дироятан), ин шартҳо зеринанд: ҳадис набояд хилофи оне бошад, ки аз он қавитар аст. Масалан, ҳадис набояд ба оят ё ҳадиси мутавотир ва ё ҳадиси гурӯҳи машҳур мухолиф бошад» (охири иқтибос).
2)Барои боз ҳам равшантар кардани ин масъала нуктаҳои зеринро ёдрас менамоям:
а) Расулуллоҳ ﷺ аз ҳамагуна ҳаром ва макрӯҳ муҳофизат карда шудаанд. Далелҳое, ки ба ин ишора мекунанд, раднопазиранд, зеро ҳар коре, ки Паёмбар ﷺ мекунанд, аз навъи Ваҳй аст, хоҳ фарз бошад, хоҳ мандуб ва хоҳ мубоҳ. Аллоҳ Таъоло мефармояд:
إِنْ أَتَّبِعُ إِلَّا مَا يُوحَىٰ إِلَيَّ
«Ман фақат ба он пайравӣ мекунам, ки бар ман Ваҳй мешавад» (9:26)
إِنَّمَآ أَتَّبِعُ مَا يُوحَىٰٓ إِلَيَّ مِن رَّبِّي
«Ман танҳо ба он чӣ аз ҷониби Парвардигорам ба ман Ваҳй мешавад, пайравӣ мекунам» (7: 203).
وَمَا آتَاكُمُ الرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَاكُمْ عَنْهُ فَانْتَهُوا
«Он чи паёмбар ба шумо додааст, бигиред ва аз он чӣ шуморо манъ кардааст, бипарҳезед» (59:7).
إِنْ كُنْتُمْ تُحِبُّونَ اللَّهَ فَاتَّبِعُونِي يُحْبِبْكُمُ اللَّهُ
«Агар шумо Аллоҳро дӯст доред, пас аз ман пайравӣ кунед, онгоҳ Аллоҳ шуморо дӯст медорад» (3:31).
Ҳамчунин, он чизе ки Пайғамбар ﷺ мегӯянд, хоҳ амр бошаду хоҳ наҳӣ, Ваҳй аз ҷониби Аллоҳ мебошад.
б) Шумо ҳақед, вақте гуфтед, ки кофирон Расулуллоҳ ﷺ-ро зери таъсири ҷодугарӣ мондан муттаҳам карданд, аммо Қуръон инро рад карда, изҳор менамояд, ки он Ҳазрат ﷺ ба чунин таъсир гирифтор нашудаанд. Аллоҳ Таъоло мегӯяд:
نَّحْنُ أَعْلَمُ بِمَا يَسْتَمِعُونَ بِهِ إِذْ يَسْتَمِعُونَ إِلَيْكَ وَإِذْ هُمْ نَجْوَىٰ إِذْ يَقُولُ الظَّالِمُونَ إِن تَتَّبِعُونَ إِلَّا رَجُلًا مَّسْحُورًا
«Мо беҳтар медонем, ки онҳо ҳангоми гӯш кардани ту чӣ гӯш мекунанд. Ва чун машварати пинҳонӣ кунанд, ситамкорон мегӯянд: «Шумо фақат ба марди ҷодушуда пайравӣ мекунед» (17:47).
Қуртубӣ дар шарҳи ин оят навиштааст: «Онҳо гӯш мекарданд, ки чи хел Пайғамбар ﷺ Қуръон мехонданд, сипас пароканда мешуданд ва мегуфтанд: «Ӯ — ҷодугар аст ва зери таъсири ҷоду қарор дорад!» Аллоҳ инро ба Расулуллоҳ ﷺ хабар дод, — дар бораи ин Қатода ва дигарон ёдовар шуданд.
وَإِذْ هُمْ نَجْوَىٰ
«Ва ҳангоме ки онҳо дар ниҳон машварат мекунанд»,
— яъне кори туро дар танҳоӣ муҳокима мекунанд. Қатода гуфт: «Дар танҳоӣ онҳо муҳокима мекарданд, ки ӯ девона аст,
ӯ-ҷодугар, ӯ-ровии ривоятҳои халқҳои қадим аст ва ғ. ва ҳоказо». Бархе гуфтанд, ки ин оят замоне нозил шуд, ки Утба қурайшиҳои воломақомро ба зиёфате, ки барои онҳо ороста шуда буд, даъват намуд ва дар ин лаҳза Паёмбар ﷺ ба назди онҳо ворид шуданд ва барои онҳо Қуръон тиловат намуда, онҳоро ба сӯи Аллоҳ даъват карданд. Онҳо танҳо монда, ба якдигар мегуфтанд, ки ӯ ҷодугар ва девона аст. Дигарон гуфтанд, ки Паёмбар ﷺ ба Алӣ фармуданд, ки таом омода кунад ва қурайшиҳои воломақомро аз шумори мушрикон даъват намояд. Алӣ инро ба ҷо овард; вақте ки онҳо сари зиёфат омаданд, Паёмбар ﷺ ба наздашон даромаданд ва барояшон Қуръон тиловат намуда, сипас ба яккахудоӣ (тавҳид) даъват карданд. Расулуллоҳ ﷺ ба онҳо бо суханҳои зерин муроҷиат намуданд :
قُولُوا لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ لِتُطِيعَكُمُ الْعَرَبُ وَتَدِينَ لَكُمُ الْعَجَمُ
«Бигӯед: «Ба ҷуз Аллоҳ, дигар худое нест, ки сазовори ибодат бошад»,
— ва онгоҳ арабҳо ба шумо итоат мекунанд ва ғайриарабҳо мутеъ мешаванд». Аммо қурайшиҳо аз ин пешниҳод рӯй гардониданд. Пас аз шунидани тиловати Қуръон, танҳо монда, ба ҳамдигар гуфтанд: «Ӯ — ҷодугар аст, ӯ ба таъсири ҷоду афтодааст». Ва он гоҳ ояти мазкур нозил шуд. Зуҷҷоҷ гуфт: «Калимаи «نَجْوَىٰ» (маҷлиси махфӣ) масдар (исми шифоҳӣ) мебошад».
إِذْ يَقُولُ الظَّالِمُونَ
«пас ситамкорон мегӯянд»,
-яъне Абӯҷаҳл, Валид ибни Муғира ва амсоли онҳо.
إِن تَتَّبِعُونَ إِلَّا رَجُلًا مَّسْحُورًا
«Шумо танҳо аз паи одами ҷодушуда меравед»,
яъне ба касе, ки сеҳру ҷоду таъсир кардааст пайравӣ мекунед, ки дар натиҷа ӯ ба оқилона мулоҳиза ва амал кардан нотавон шудааст. Онҳо чунин суханонро мегуфтанд, то мардумро аз Паёмбар ﷺ дур кунанд» (охири иқтибос).
Худи ибора (мантук)-и ояти шариф посух ба гуфтаҳои мушрикон дар бораи Паёмбар ﷺ аст. Аз он фаҳмида мешавад, ки он Ҳазрат ﷺ ҷодугар набуданд ва зери таъсири ҷодугарӣ наафтидаанд. Инчунин дар сураи 25 аз 7 то 9 оят омадааст:
وَقَالُوا مَالِ هَٰذَا الرَّسُولِ يَأْكُلُ الطَّعَامَ وَيَمْشِي فِي الْأَسْوَاقِ ۙ لَوْلَا أُنزِلَ إِلَيْهِ مَلَكٌ فَيَكُونَ مَعَهُ نَذِيرًا ٧ أَوْ يُلْقَىٰ إِلَيْهِ كَنزٌ أَوْ تَكُونُ لَهُ جَنَّةٌ يَأْكُلُ مِنْهَا ۚ وَقَالَ الظَّالِمُونَ إِن تَتَّبِعُونَ إِلَّا رَجُلًا مَّسْحُورًا ٨ انظُرْ كَيْفَ ضَرَبُوا لَكَ الْأَمْثَالَ فَضَلُّوا فَلَا يَسْتَطِيعُونَ سَبِيلًا
«Онҳо гуфтанд: «Ин чӣ паёмбар аст? Ӯ хӯрок мехӯрад ва дар бозорҳо мегардад. Чаро фариштае бар ӯ нозил нашудааст, то ҳамроҳи ӯ бим диҳад? Чаро ба ӯ ганҷ дода нашудааст? Чаро ӯ боғе надорад, то аз он бихӯрад? Ситамкорон гуфтанд: «Дарҳақиқат, шумо ба марди ҷодушуда пайравӣ мекунед». Бингар, ки чӣ гуна онҳо ба ту масал меоваранд! Онҳо гумроҳ шудаанд ва роҳ намеёбанд».
Мазмун (мантук)-и ин оят низ посух аст ба ончи дар бораи Паёмбар ﷺ гуфта шудааст, яъне гӯё ӯ ҷоду шудааст. Ин оят ба таври равшан ва фаҳмо баён мекунад, ки Паёмбар ﷺ ҷоду нашудаанд ва ба таъсири ҷоду гирифтор нашудаанд.
в) Ислом барои ҷодугар дар намуди ҳукми қатл ҷазо муайян кардааст. Далелҳо барои ин хеле зиёданд ва ба олимон хуб маълуманд. Ин ҷо баъзе аз онҳоро меорем:
—Ҳоким дар «Мустадрак» (гуфтааст, ки ҳадис исноди саҳеҳ дорад) аз Ҷундуб ал-Хайр овардааст, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд:
حَدُّ السَّاحِرِ ضَرْبَةٌ بِالسَّيْفِ
«Ҷазои шариат барои ҷодугар — бо шамшер буридани [сар] аст».
—Шофеъӣ дар Муснад овардааст: «Сӯфён ба мо аз Амр ибни Динор хабар дод, ӯ бошад аз Баҷала шунидааст, ки мегуфт:
كَتَبَ عُمَرُ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ أَنِ اقْتُلُوا كُلَّ سَاحِرٍ وَسَاحِرَةٍ قَالَ فَقَتَلْنَا ثَلَاثَ سَوَاحِرَ قَالَ وَأُخْبِرْنَا أَنَّ حَفْصَةَ زَوْجَ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَتَلَتْ جَارِيَةً لَهَا سَحَرَتْهَا
«Умар ибни Хаттоб (р) фармон баровард: «Ҳар ҷодугар ва ҷодугарзанро бикушед!». Ва мо се ҷодугарро куштем. Инчунин ба мо хабар доданд, ки Ҳафса, ҳамсари Паёмбар ﷺ, канизашро кушт, чунки вай ӯро ҷоду карда буд».
Аз ин рӯ, ҷазои ҷодугар — марг аст ва ин ҳолати маъруф дар дин аст.
3) Акнун мо ба суоли Шумо дар бораи ҳадисе, ки дар он Лабид ибни Асам Расули Аллоҳ ﷺ -ро ҷоду кардааст гуфта мешавад, посух хоҳем дод. Ин ҳадис чунин садо медиҳад: Муслим аз Оиша ривоят кардааст:
سَحَرَ رَسُولَ اللهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَهُودِيٌّ مِنْ يَهُودِ بَنِي زُرَيْقٍ يُقَالُ لَهُ لَبِيدُ بْنُ الْأَعْصَمِ قَالَتْ حَتَّى كَانَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يُخَيَّلُ إِلَيْهِ أَنَّهُ يَفْعَلُ الشَّيْءَ وَمَا يَفْعَلُهُ حَتَّى إِذَا كَانَ ذَاتَ يَوْمٍ أَوْ ذَاتَ لَيْلَةٍ دَعَا رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ ثُمَّ دَعَا ثُمَّ دَعَا ثُمَّ قَالَ يَا عَائِشَةُ أَشَعَرْتِ أَنَّ اللهَ أَفْتَانِي فِيمَا اسْتَفْتَيْتُهُ فِيهِ جَاءَنِي رَجُلَانِ فَقَعَدَ أَحَدُهُمَا عِنْدَ رَأْسِي وَالْآخَرُ عِنْدَ رِجْلَيَّ فَقَالَ الَّذِي عِنْدَ رَأْسِي لِلَّذِي عِنْدَ رِجْلَيَّ أَوِ الَّذِي عِنْدَ رِجْلَيَّ لِلَّذِي عِنْدَ رَأْسِي مَا وَجَعُ الرَّجُلِ قَالَ مَطْبُوبٌ قَالَ مَنْ طَبَّهُ قَالَ لَبِيدُ بْنُ الْأَعْصَمِ قَالَ فِي أَيِّ شَيْءٍ قَالَ فِي مُشْطٍ وَمُشَاطَةٍ قَالَ وَجُفِّ طَلْعَةِ ذَكَرٍ قَالَ فَأَيْنَ هُوَ قَالَ فِي بِئْرِ ذِي أَرْوَانَ قَالَتْ فَأَتَاهَا رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فِي أُنَاسٍ مِنْ أَصْحَابِهِ ثُمَّ قَالَ يَا عَائِشَةُ وَاللهِ لَكَأَنَّ مَاءَهَا نُقَاعَةُ الْحِنَّاءِ وَلَكَأَنَّ نَخْلَهَا رُءُوسُ الشَّيَاطِين قَالَتْ فَقُلْتُ يَا رَسُولَ اللهِ أَفَلَا أَحْرَقْتَهُ قَالَ لَا أَمَّا أَنَا فَقَدْ عَافَانِي اللهُ وَكَرِهْتُ أَنْ أُثِيرَ عَلَى النَّاسِ شَرّاً فَأَمَرْتُ بِهَا فَدُفِنَتْ
«[Боре] Паёмбари Аллоҳ ﷺ аз тарафи яҳудие аз Бани Зурайк, ки Лабид ибни Асам ном дошт, ҷоду карда шуд. Дар натиҷа, ба назари Расули Аллоҳ ﷺ чунин менамуд, ки ӯ кореро кардааст, ки [дар асл] онро накардааст. Яке аз рӯзҳо ё шабҳо ӯ вақти тӯлонӣ дуъо карда, пасон гуфт: «Эй Оиша! Оё эҳсос намудӣ, ки Аллоҳ маро дар бораи он чизе, ки аз Ӯ пурсидам, насиҳат намуд? Ду мард ба наздам омаданд, яке аз онҳо дар сари ман ва дигаре — дар назди пойҳоям нишастанд. Оне ки болои сарам менишаст, ба касе, ки назди пойҳоям менишаст, гуфт: «Чаро ин одам азоб мекашад?», — ки дигари гуфт: «Ӯ ҷоду шудааст». [Якумӣ] пурсид: «Кӣ ӯро ҷоду кардааст?» (Дуюмӣ) ҷавоб дод: «Лабид ибни Асам». [Якумӣ] пурсид: «Ҷоду дар куҷо ҷойгир аст? [Дуюмӣ] посух дод: Дар шонаи мӯйдор ва гули хушки хурмои нарина». [Якумӣ] пурсид: «Ин ҳама куҷост?». [Дуюмӣ] ҷавоб дод: «Дар чоҳи Зу Арвон». Сипас Расули Аллоҳ ﷺ бо чанде аз саҳобагонаш ба он ҷо рафтанд. Пас аз бозгашташон ба ман гуфандт: «Эй Оиша! Қасам ба Аллоҳ, оби чоҳ мисли ҳинаи маҳлулкарда аст, болои дарахтони хурмои паҳлӯяш бошад ба сари шайтонҳо монанд аст». Пурсидам: «Чаро онро аз он ҷо нагирифтӣ?» Дар ҷавоб гуфт: «Аллоҳ маро шифо дод ва ман [ ин чизҳоро] [набаровардам, зеро] намехостам ба мардум бадӣ расонам. Пас фармудам, ки чоҳро бо қум пур кунанд ва он пур карда шуд».
Назаре ба ин ҳадис равшан мекунад, ки он ба чизҳои зерин хилоф аст:
1.Ҳадис ба мафҳуми маъсумии Паёмбар ﷺ хилоф аст, зеро дар он гуфта мешавад, ки ба Паёмбар ﷺ чунин менамуд, ки ӯ гӯё коре мекунад, ки дар асл онро намекунад. Масалан, ба назараш метавонист чунин намояд, ки ӯ намози зуҳрро хондааст, аммо дар асл бошад ӯ ин корро накардааст. Чунин мешавад, ки Расули Аллоҳ ﷺ амалҳое мекунанд, ки Ваҳй нестанд. Ҳамаи ин бошад хилофи он аст, ки Паёмбар ﷺ дар амалҳо ва гуфторҳои худ ба шарофати Ваҳй маъсуманд.
- Оиди он ки Паёмбар ﷺ Лабид ибни Асамро накуштанд ҷои сухан ҳам нест. Бухорӣ овардааст, ки Лабид мунофиқ буд, яъне худро мусалмон вонамуд мекард, ин чунин маъно дорад, ки ҳукмҳои Шариат нисбати ӯ татбиқ карда мешаванд. Оре, фуқаҳо дар мавриди ҳукми эъдом барои зиммии ҷодугар ихтилофи назар доранд, аммо дар мавриди ҷодугар-мусалмон фикри ягона доранд, ки ӯ бояд бо будани шартҳои муайян кушта шавад. Лабид зоҳиран нишон медод, ки ӯ — мусалмон аст, яъне ҳукмҳои Шариат нисбати ӯ татбиқшавандаанд, вале тибқи ривоятҳои ҳадисҳо дар бораи Лабид ӯ кушта нашудааст.
- Ҳадис хилофи фаҳмиши оятҳои Қуръон аст:
أَعْلَمُ بِمَا يَسْتَمِعُونَ بِهِ إِذْ يَسْتَمِعُونَ إِلَيْكَ وَإِذْ هُمْ نَجْوَىٰ إِذْ يَقُولُ الظَّالِمُونَ إِن نَّحْنُ تَتَّبِعُونَ إِلَّا رَجُلًا مَّسْحُورًا
«Мо беҳтар медонем, ки онҳо ҳангоми гӯш кардани ту чӣ гӯш мекунанд. Ва чун ситамкорон дар ниҳон машварат кунанд, мегӯянд: «Шумо аз паи марди ҷодушуда меравед» (17:47).
وَقَالُومَالِ هَٰذَا الرَّسُولِ يَأْكُلُ الطَّعَامَ وَيَمْشِي فِي الْأَسْوَاقِ ۙ لَوْلَا أُنزِلَ إِلَيْهِ مَلَكٌ فَيَكُونَ مَعَهُ نَذِيرًا ٧ أَوْ يُلْقَىٰ إِلَيْهِ كَنزٌ أَوْ تَكُونُ لَهُ جَنَّةٌ يَأْكُلُ مِنْهَا ۚ وَقَالَ الظَّالِمُونَ إِن تَتَّبِعُونَ إِلَّا رَجُلًا مَّسْحُورًا ٨ انظُرْ كَيْفَ ضَرَبُوا لَكَ الْأَمْثَالَ فَضَلُّوا فَلَا يَسْتَطِيعُونَ سَبِيلًا
Онҳо гуфтанд: «Ин чӣ паёмбар аст? Хӯрок мехӯрад ва дар бозорҳо мегардад. Чаро фариштае бар ӯ нозил нашудааст, то ҳамроҳи ӯ бим диҳад? Чаро ба ӯ ганҷ дода нашуд? Чаро ӯ боғе надорад, ки аз он бихӯрад? Ситамкорон гуфтанд: «Дарҳақиқат, шумо ба марди ҷодушуда пайравӣ мекунед». Бингар, ки чӣ гуна онҳо ба ту масал меоваранд! Онҳо ба гумроҳӣ афтодаанд ва роҳро ёфта наметавонанд» (25:7–9).
Инчунин ба абзатси зери ҳарфи «б», зери рақами 2 муроҷиат намоед.
Ҳамин тавр, ин ҳадис ва дигар ҳадисҳои ба он монанд (бо вуҷуди исноди саҳеҳи худ), ки дар онҳо гуфта мешавад, ки ба Расули Аллоҳ ﷺ ҷодугарӣ таъсир кардааст, аз ҷиҳати матни худ (дироятан) рад карда мешаванд, зеро Расулуллоҳ ﷺ ба ҷодугарӣ гирифтор нашудаанд. Сабаби ин дар он аст, ки агар ҳадиси дорои исноди саҳеҳ ба ояти Қуръон, ки далолаташ қатъӣ аст, мухолифат дошта бошад, ин гуна ҳадис бо матни худ (дироятан) рад мешавад.
Умедворам, ки ин ҷавоб мукаммал шуд, аммо Аллоҳ беҳтар медонад!
16 Зулқаъда 1443 ҳиҷрӣ
15.06.2022 сол