Фурӯхтани чизе, ки ба он соҳиб нестӣ ҷоиз нест.

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Фурӯхтани чизе, ки ба он соҳиб нестӣ ҷоиз нест.

 

Аз Абдуллоҳ Ҳаддод

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Аллоҳ Шуморо барои Ислом нафъовар гардонад!

Хоҳишмандам ба мавзӯи «Фурӯхтани чизе, ки ба он соҳиб нестӣ» равшанӣ андозед? Оё ин ба тамоми молҳо дахл дорад ё танҳо ба фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ мансуб аст? Масалан, аз тоҷире, ки масолеҳи сохтмонӣ (семент, қум ва ғайра) мефурӯшад, хоҳиш мекунанд оҳанеро, ки ӯ надорад, фурӯшад. Онгоҳ вай бо фурӯшандаи дигаре, ки дар дасташ оҳани нақд дорад ба алоқа мебарояд, то ӯ миқдори заруриро  ба вай фиристонад. Ҳукми чунин амал чист? Эзоҳ: байни фурӯшандаи аввал ва фурӯшандаи оҳан дар бораи нархи оҳан созишномаи пешакӣ мавҷуд аст

Мисоли дигар: шахсе, ки молро харидаасту аммо онро ба дасташ нагирифтааст, онро ба каси дигар мефурӯшад. Оё ин ба фурӯхтани чизе, ки ба он соҳиб нестӣ нисбат дорад?

 

Ҷавоб:

Ваалайкум ассалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!

Манъи фурӯхтани он чизе, ки савдогар дар даст надорад ҳам маҳсулоти хӯрокворӣ ва ҳам маҳсулоти ғайриозуқавиро дарбар мегирад, ки аз рӯи ченак (зарфҳо, бандҳо, метрҳо, зироъҳо ва ғайра), вазн ва донабай чен карда мешаванд. Мо ин мавзӯъро дар китоби “Шахсияи исломӣ”, ҷилди 2, дар боби «Фурӯхтани чизе, ки ба он соҳиб нестӣ ҷоиз нест» шарҳ додем. Дар он гуфта мешавад: «Маҳсулотро то он даме, ки он пурра ба моликияти шахсӣ нагузарад, фурӯхтан мумкин нест. Агар фурӯшанда молро то моликияти ӯ шуданаш фурӯшад, онгоҳ харидуфурӯш беэътибор дониста мешавад (ботил). Ин дар ду ҳолат рӯй медиҳад. Якум: вақте ки шахс молро пеш аз соҳиби он шуданаш мефурӯшад. Дуввум: молро баъд аз хариданаш мефурӯшад, аммо пеш аз он ки бо роҳи ба дасти худ гирифтан соҳиби мутлақи он шавад, зеро ин шарт мебошад.

Ин бо он алоқаманд аст, ки созишномаи савдо фақат нисбати он чиз эътибор дорад, ки моликият шудааст. Ва он чизе, ки инсон то ҳол ба он соҳиб нашудааст ва ё он чизе, ки харидааст, аммо ба моликияти ӯ гузаштани он ба анҷом нарасидааст аз рӯи Шариат мавзӯи муомилоти тиҷоратӣ шуда наметавонад. Паёмбар ﷺ аз фурӯхтани чизе, ки фурӯшанда ба он соҳиб нест, манъ кардаанд. Аз Ҳаким ибни Ҳизом ривоят карда мешавад:

قُلْتُ يَا رَسُولَ اللَّهِ يَأْتِينِي الرَّجُلُ يَسْأَلُنِي عَنِ الْبَيْعِ لَيْسَ عِنْدِي مَا أَبِيعُهُ ثُمَّ أَبِيعُهُ مِنَ السُّوقِ فَقَالَ لَا تَبِعْ مَا لَيْسَ عِنْدَكَ

«Боре гуфтам: «Эй Расули Аллоҳ! Марде ба наздам ​​меояд ва аз ман хоҳиш мекунад чизеро фурӯшам, ки онро надорам. Пас ман аз бозор ба ӯ мефурӯшам», — он кас ﷺ фармуданд: «Он чиро, ки нақд надорӣ, нафурӯш» (Аҳмад).

Аз Амр ибни Шуъайб, ӯ бошад — аз падараш, ӯ бошад — аз падараш ривоят мекунад: «Паёмбари Аллоҳ ﷺ фармудаанд:

لَا يَحِلُّ سَلَفٌ وَبَيْعٌ وَلَا شَرْطَانِ فِي بَيْعٍ وَلَا رِبْحُ مَا لَمْ تَضْمَنْ وَلَا بَيْعُ مَا لَيْسَ عِنْدَكَ

«Ба муомилоти тиҷорӣ пайвастани ӯҳдадории қарз ҷоиз нест, дар як муомилот гузоштани ду шарт ҷоиз нест, гирифтани фоида аз он чизе, ки барои он масъул нестӣ ҷоиз нест, фурӯхтани чизе, ки онро надорӣ ҷоиз нест» (Абӯ Довуд).

Ибораҳои Паёмбар ﷺ «чизе, ки онро надорӣ» умумӣ аст ва зери он чизе, ки моликияти ту нест мефарояд; чизе, ки онро гирифта дода наметавонӣ; чизе, ки ҳанӯз пурра ба моликияти ту нагузаштааст. Ин бо ҳадисҳои дар бораи ҷоиз набудани фурӯхтани он чизе, ки ҳанӯз ба даст гирифта нашудааст тасдиқ карда мешавад, чунки ин шарти комилан ба моликияти каси дигар гузаштани ашё аст. Ин ба чизи зерин далолат мекунад: ба шахсе, ки молеро харидаасту онро бояд ба дасташ диҳанд, то ин ки харид дар ҳаҷми пурра амалӣ шавад, бозфурӯхтани ин мол манъ аст, то онро ба дасташ нагирад. Ҳамин тавр, ҳукми чунин мол ҳукми фурӯхтани чизест, ки соҳиби он нестӣ. Ва ин мувофиқи суханҳои Паёмбар ﷺ аст:

— Бухорӣ овардааст:

مَنِ ابْتَاعَ طَعَامًا فَلَا يَبِعْهُ حَتَّى يَسْتَوْفِيَهُ

«Ҳар кӣ маводи хӯрока харида бошад, то ба дасташ нагирад, онҳоро нафурӯшад».

— Абӯ Довуд овардааст:

أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ نَهَى أَنْ تُبَاعَ السِّلَعُ حَيْثُ تُبْتَاعُ حَتَّى يَحُوزَهَا التُّجَّارُ إلَى رِحَالِهِمْ

«Пайғамбар фурӯхтани молро дар ҳамон ҷое, ки харида шудааст манъ карданд, то тоҷирон онро ба хонаашон набаранд».

— Ибни Моҷа овардааст:

أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ نَهَى عَنْ شِرَاءِ اَلصَّدَقَاتِ حَتَّى تُقْبَضَ

«Пайғамбар харидани моликияти садақашударо, ки ҳоло ба дасти оне, ки ба ӯ пешбинӣ шудааст нарасидааст, манъ карданд».

Байҳақӣ  ривоят мекунад, ки Расули Аллоҳ ﷺ ба Аттоб ибни Осид гуфтанд:

إِنِّي قَدْ بَعَثْتُكَ إِلَى أَهْلِ اللَّهِ وَأَهْلِ مَكَّةَ فَانْهَهُمْ عَنْ بَيْعِ مَا لَمْ يَقْبِضُوا

    «Ман туро назди аҳли Макка фиристодам. Онҳоро аз фурӯхтани он чизе, ки дар даст надоранд, манъ бикун».

Ҳамаи ин ҳадисҳо фурӯхтани чизеро, ки дар даст нест ба таври ошкор манъ мекунанд, зеро он ҳанӯз ба моликияти комили фурӯшанда табдил наёфтааст. Охир он чизҳое, ки барои ба моликият гузаштани онҳо ба даст гирифтани онҳо талаб карда мешавад, то аз масъулияти фурӯшанда берун набароянд моликияти харидор шуда наметавонанд.

Аз ин ҷо маълум мешавад, ки шарти дурустии муомилот ин аст, ки фурӯшанда маҳсулотро соҳиб шавад, то он моликияти вай гардад.

Агар фурӯшанда соҳиби маҳсулот набошад, ё ба моликияти фурӯшанда гузаштани маҳсулот ба охир нарасида бошад, он гоҳ фурӯши ин гуна маҳсулот комилан манъ аст. Ин шартхо ба маҳсулотҳое дахл доранд, ки аз рӯи ченак (зарфҳо, бандҳо, метрҳо, зироъҳо ва ғайра), вазн ва донабай чен карда мешаванд. Аммо дар ҷое, ки ба даст гирифтани маҳсулот барои  ба пуррагӣ ба он соҳиб шудан шарт карда нашудааст, масалан, ҳайвон, хона, замин ва ғайра, фурӯшанда  ин маҳсулотро  фурӯхта метавонад, ҳатто агар онро ба даст нагирад ҳам. Ин бо он алоқаманд аст, ки мавҷудияти фақат созишнома тавассути пешниҳод ва қабул, новобаста аз он ки фурӯшанда молро ба дасти худ гирифтааст ё на, аз анҷоми муомилот шаҳодат медиҳад, зеро дар ин ҳолат фурӯшанда он чизеро, ки соҳиб шуда буд, фурӯхтааст. . Масъалаи нодурустии муомилот бо гирифтани маҳсулот ба даст вобаста набуда, балки бо соҳиб будан ба ҳуқуқи  моликият ба маҳсулот ва бо қатъ гардидани ҳуқуқи моликият ба он дахл дорад. Дар мавриди ҷоиз будани фурӯхтани чизе, ки ҳанӯз ба даст дода нашудааст, ба истиснои молҳое, ки бо ченак (зарфҳо, бандҳо, метрҳо, зироъҳо ва ғайра), вазн ва донабай чен карда мешаванд, ин бошад бо ҳадиси саҳеҳ тасдиқ карда мешавад.

Бухорӣ аз Ибни Умар овардааст:

أَنَّهُ كَانَ عَلَى بَكْرٍ لِعُمَر صَعْبٍ فَقَالَ لَهُ النَّبِيُّ بِعْنِيهِ فَقَالَ عُمَرُ هُوَ لَكَ فَاشْتَرَاهُ ثُمَّ قَالَ هُوَ لَكَ يَا عَبْدَ اللَّهِ فَاصْنَعْ بِهِ مَا شِئْتَ

«[Рӯзе, ҳангоме ки] ӯ (Ибни Умар) болои шутури нофармони Умар нишаста буд, Паёмбар ﷺ ба ӯ гуфтанд: «Онро ба ман бифурӯш!». Умар (р) посух дод: «Он аз они туст, эй Расули Аллоҳ». Ва Расули Аллоҳ ﷺ онро хариданд ва баъд аз он гуфтанд: «Ин аз они туст, эй Абдуллоҳ ибни Умар, бо он ҳар чи хоҳӣ бикун».

Ин ҳадяи шутур пеш аз ба даст гирифтани он аз пурра гузаштани мол ба моликият далолат мекунад. Инчунин ба раво будани фурӯхтани он далолат мекунад, зеро он моликияти фурӯшанда шудааст.

Аз ин рӯ, ҳама чизе, ки моликияти фурӯшанда шудааст, ба ӯ ҳуқуқ медиҳад, ки ин маҳсулотро фурӯшад. Аз ин рӯ, коре ки тоҷирони майда мекунанд, вақте ки бо харидор нисбати маҳсулот савдо намуда, бо ӯ оиди нарху наво созиш менамоянд ва онро мефурӯшанд, сипас ба назди фурӯшандаи дигар мераванд то он чиро, ки аллакай ба харидор фурӯхтаанд аз ӯ бихаранд ва сипас маҳсулотро оварда ба харидор медиҳанд — ин ҷоиз нест. Сабаби ин дар он аст, ки он фурӯхтани чизе ҳисобида мешавад, ки соҳиби он нестӣ. Зеро вақте аз тоҷир дар бораи маҳсулот пурсиданд, ӯ маҳсулоти нақд надошт, яъне ӯ соҳиби маҳсулот набуд. Аммо ӯ медонист, ки фурӯшандаи дигар дар бозор ин маҳсулотро дорад, аз ин рӯ, бо роҳи  фиреб меравад ва ба харидор мегӯяд. ки чунин маҳсулот мавҷуд мебошад ва ӯ ба вай онро мефурӯшад. Баъд меравад ва мол мехарад, аммо ин пас аз он аст, ки фурӯшанда ин маҳсулотро ба мизоҷи худ фурӯхтааст. Ин ҳаром аст, зеро фурӯшанда маҳсулотеро фурӯхт, ки он айни замон дар дасташ набуд. Ин ҳолат низ ба ҳамоне, ки фурӯшандагони дӯконҳои кабудӣ ва ғалладона мекунанд, монанд аст. Кабудиву гандумро пеш аз он ки моликияташон шавад, мефурӯшанд. Баъзе тоҷирон аз деҳқон кабудӣ ё гандум мехаранд ва пеш аз он ки молро ба даст оранд, аллакай онро мефурӯшанд. Ин манъ аст, зеро ин молҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ мансуб буда, танҳо пас аз ба даст гирифтани онҳо моликият мешаванд. Воридкунандагони мол аз дигар кишварҳо тиҷорати худро ҳамин тавр пеш мебаранд. Онҳо молеро, ки то ҳол ба кишвар ворид нашудааст, мефурӯшанд ва ин ҳам ҳаром мебошад, зеро фурӯхтани чизест, ки ҳанӯз моликият нагардидааст” (охири иқтибос).

Дар хотима мехоҳам қайд намоям, ки фурӯхтани он чизе, ки шумо надоред, яъне, он чизе, ки шумо соҳиби он нестед, ё раванди интиқол ба моликият ба анҷом нарасидааст қобили қабул нест. Аммо фурӯхтани чизе, ки шумо надоред, аз ҷумла тамоми чизҳоеро дар бар мегирад, ки бо ченак (зарфҳо, бандҳо, метрҳо, зироъҳо ва ғайра), вазн ва дона-дона чен карда мешаванд, новобаста аз он ки онҳо ба ғизо дахл доранд ё не. Аммо агар фурӯш дар ашёе, ки ба андоза (зарфҳо, бандҳо, метрҳо, зироъҳо ва ғ.), вазн ва донабай чен карда намешавад, аз қабили ҳайвонот, хонаҳо, замин ва ғайра сурат гирад, ҷоиз аст. Онҳоро дар асоси шартномаи шартӣ мефурӯшанд, ки дар он ҷо танҳо пешниҳод ва қабул кардан мавҷуд аст. Зеро дар ин маврид ҳуқуқи моликият ба ашёи фурӯхташаванда танҳо дар асоси шартнома амалӣ мегардад ва   ба даст гирифтан барои ба моликият гузаштани ашё дар ин ҳолат шарт нест. Дар матни китоби «Шахсияи исломӣ», ҷилди 2, ки пештар   оварда будем, маҳз ҳамин шарҳ дод мешавад.

Бар асоси ин, тоҷири оҳану семент ҳақ надорад чизеро, ки надорад фурӯшад. Аввал бояд молро бихарад, баъд мол бояд ба моликияти вай гузарад, яъне мол бояд ба мағозааш оварда шавад ва танҳо дар он сурат вай метавонад моли худро ба фурӯш гузорад.  Чунон ки гуфтем, ҳамаи ин ба чизҳое дахл дорад, ки бо ченак (зарфҳо, бандҳо, метрҳо, зироъҳо ва ғайра), вазн ва донабай чен карда мешаванд. Дар хусуси дигар чизҳо бошад, ба моликият гузаштани онҳо бо роҳи ба даст гирифтан эҳтиёҷ надорад.

Ман умедворам, ки ин ҷавоб муфассал мебошад, аммо Аллоҳ беҳтар медонад!

 

1 Ҷумодиюл-уло 1443 ҳиҷрӣ

05.12.2021 с.

Силсилаи ҷавобҳои олим Ато ибн Халил Абӯ Рушта, амири Ҳизб ут-Таҳрир, ба саволҳое, ки дар саҳифааш дар «Фейсбук» дар мавзӯи «Фиқҳ» дода шудааст.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads