Дидани моҳи нав ва ҳисобҳои астрономӣ
02.06.2022
Ҳамду сано ба Аллоҳ, дуруд ва салому салавот ба Пайғамбари Аллоҳ, ба аҳли оилаашон, ба асҳобашон ва ҳамаи онҳое, ки то рӯзи Қиёмат ба он Кас ﷺ ба некӣ пайравӣ мекунанд.
Ин посух ба он бародарону хоҳароне, ки ба саҳифаи интернетии мо дар бораи дидани моҳи нав ва ҳисобҳои астрономӣ саволҳо ирсол кардаанд. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.
Ман саволҳои шуморо мутааллиқ ба дидани моҳ ва ҳисобҳои астрономӣ хондам. Қаблан мо борҳо ба ин мавзӯъ посух дода будем, аммо ҳеҷ боке нест, ин ҷавоб ҳамчун тавзеҳот ва илова хидмат мекунад. Умедворам, ки бародарону хоҳарон ба ин посух ба таври бояду шояд эътибор медиҳанд.
- Мо ба ин мавзӯъ ҳисобҳои астрономиро дохил намекунем, зеро дар матнҳо танҳо дар бораи дидани моҳи нав сухан меравад. Ҳамин аст, ки мо бо дидани моҳи нав рӯза гирифтанро оғоз менамоем ва бо дидани моҳи нав рӯзадориро анҷом медиҳем. Агар моҳи навро дар шоми бисту нӯҳуми Рамазон набинем, бояд рӯзи сиюмро ба Рамазон илова намоем, ҳатто агар ҳисобҳои астрономӣ гӯяд, ки моҳи нав мавҷуд аст, вале дар зери абрҳо пинҳон мондааст ва ё бо иллати шароитҳои дигари обу ҳаво намоён нест. Бояд ба дидан такя карда шавад, на ба ҳисобҳои астрономӣ, зеро матнҳои шариат дар бораи дидан хабар медиҳанд. Ба ҳадиси Расули Аллоҳ ﷺ нигаред, ки Бухорӣ ривоят кардааст:
قَالَ سَمِعْتُ أَبَا هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ يَقُولُ قَالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أَوْ قَالَ قَالَ أَبُو الْقَاسِمِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ صُومُوا لِرُؤْيَتِهِ وَأَفْطِرُوا لِرُؤْيَتِهِ فَإِنْ غُبِّيَ عَلَيْكُمْ فَأَكْمِلُوا عِدَّةَ شَعْبَانَ ثَلَاثِينَ
«Аз Абӯ Ҳурайра (р) шунидам, ки чунин гуфт: «Пайғамбар ﷺ (ровӣ илова намуд) ё Абулқосим ﷺ фармуданд: «Ҳангоме ки он(моҳи нави Рамазон)-ро дидед, рӯза гиред ва ҳангоми дидани он (моҳи ҷавони Шаввол) рӯзадориро қатъ кунед. Агар он аз шумо пӯшида шуда монад, пас шумори [рӯзҳои] моҳи Шаъбонро ба сӣ расонед», — ва сипас ба ҳадисе, ки Аҳмад овардааст:
لَا تَصُومُوا حَتَّى تَرَوِا الْهِلَالَ وَلَا تُفْطِرُوا حَتَّى تَرَوِا الْهِلَالَ وَقَالَ صُومُوا لِرُؤْيَتِهِ وَأَفْطِرُوا لِرُؤْيَتِهِ فَإِنْ غَبِيَ عَلَيْكُمْ فَعُدُّوا ثَلَاثِينَ
«То он даме ки моҳи навро набинед рӯза нагиред ва то онро набинед рӯзаро қатъ накунед. Чун он (моҳи нави Рамазон)-ро дидед рӯзадориро оғоз кунед ва бо дидани он (моҳи ҷавони Шаввол) рӯза гирифтанро бас кунед. Агар моҳи нав бар шумо ниҳон шавад, пас шумори [рӯзҳоро] то ба сӣ расонед».
Масалан, агар абрҳо моҳро пинҳон карда бошанд ва мусалмонҳо онро дида натавонистанд, гарчанде ки тибқи ҳисобҳои астрономӣ он мавҷуд аст, вале зери абрҳо пинҳон мондааст, пас бо вуҷуди мавҷудияти моҳ аз рӯзадорӣ даст намекашем, зиёда аз ин, бояд дар рӯзи сиюм рӯза гирем, чунки мо худи моҳро намебинем. Боз такрор мекунам, ба ҳадис нигаред:
فَإِنْ غُبِّيَ عَلَيْكُمْ فَأَكْمِلُوا عِدَّةَ شَعْبَانَ ثَلَاثِينَ
«…ва агар он аз шумо ниҳон бошад, пас шумори [рӯзҳои] моҳи Шаъбонро то ба сӣ бирасонед»,
— ҳарчанд аз рӯи ҳисобҳои астрономӣ моҳи нав мавҷуд бошад ҳам.
- Мо мефаҳмем, ки ҳисобу китоби астрономӣ имкон медиҳад то ба сония донем, ки пайвастшавии астрономӣ кай ба вуҷуд меояд, моҳ кай ба дунё меояд, кай нопадид мешавад ва пас аз ғуруби офтоб моҳ чанд дақиқа ҳузур дорад ва ғ. Аммо матнҳои шаръӣ падидаҳои кайҳонии кунуниро ёдовар нашуда, дар бораи дидани моҳ ёдовар шудаанд. Ба мавзӯи «вақти намоз» таваҷҷӯҳ намоед ва мебинед, ки он ҷо матнҳои шаръӣ ҳам дидан ва ҳам падидаи кайҳониро зикр мекунанд:
أَقِمِ الصَّلاةَ لِدُلُوكِ الشَّمْسِ
«Намоз бихон чун офтоб фурӯ равад» (17:78),
إِذَا زَالَتِ الشَّمْسُ فَصَلُّوا
«Вақте ки офтоб аз қиём гузарад, намоз гузоред».
Барои ҳамин намоз гузоштан ин ҷо аллакай ба вақт вобаста аст. Аз ин рӯ, бо кадом роҳ(васила)-е набошад шумо вақти даромадани намозро санҷида метавонед ва баробари фаро расидани он намозро адо мекунед. Масалан, шумо метавонед ба офтоб нигоҳ кунед, то аз қиём гузаштанашро бубинед ё ба соя нигоҳ кунед, то бубинед, ки сояи ҳар як ашё ба дарозии он баробар аст ё ду маротиба аз дарозии ашё зиёд аст (чуноне ки дар ҳадисҳо оиди вақтҳои намоз оварда шудааст), — агар ин корро анҷом диҳед ва ба вақти фарорасии намоз итминон ҳосил кунед, он вақт ин намоз дуруст мешавад. Дар ин ҷо шумо барои муайян кардани вақти намоз усулҳои гуногунро айни муддао истифода бурдед. Аммо, суоле ба миён омаданаш мумкин аст: чаро ин тавр аст?
Сабаби ин дар он аст, ки Аллоҳ бо фарорасии вақт аз шумо намоз гузоштанро талаб кардааст, вале дар баробари ин ба худи шахс ҳуқуқи интихоби воситаи муайян кардани фарорасии ин вақтро додааст. Шумо метавонед ба офтоб нигоҳ карда бубинед, ки он аз қиём гузаштааст, яъне шумо метавонед намоз хонед, ё ин ки шумо метавонед гузаштани қиёмро бо соат муайян созед ва баъд намозро адо кунед. Яъне, шумо метавонед ё ба дидан ё ба ҳисобҳои астрономӣ такя намоед, зеро матнҳои шаръӣ ҳам дидан ва ҳам падидаҳои кайҳониро ёдрас менамоянд. Аммо ин равиш дар масъалаи оғоз ва анҷоми рӯза дар моҳи Рамазон кор намекунад, зеро ин равиш хилофи матнҳои шариат аст, ки танҳо дидани моҳро зикр мекунанд.
3.Дар мавриди нишондоди шоҳид бошад, дида баромадани саҳеҳ будани онҳо вазифаи қозӣ ё шахси ваколатдори эълони оғоз ва анҷоми моҳи Рамазон аст. Сабаби ин дар он аст, ки шоҳид шояд аз дидани моҳ хато кунад, шояд гумон кунад, ки онро дидааст, аммо дар асл як падидаи дигарро дида метавонист. Қозӣ ё шахси ваколатдор шоҳидон, шумораи онҳоро месанҷад, чунки ҳар қадар шумораи шоҳидон зиёд бошад, тасдиқи дурустии маълумот наздик мешавад. Санҷида мешавад, ки чашмони шоҳид то чӣ андоза хуб аст, моҳи нав ба кадом самт нигоҳ карда буд, моҳи нав пас аз ғуруби офтоб чанд вақт дар фалак ҳузур дошт, дар кадом ҷои фалак моҳ дида шуд. Инчунин муайян карда мешавад, ки оё шоҳид мусалмон мебошад, оё одил аст ё ин ки гунаҳкор ва ғайра.
أَخْبَرَنَا مُحَمَّدُ بْنُ عَبْدِ الْعَزِيزِ بْنِ أَبِي رِزْمَةَ قَالَ أَنْبَأَنَا الْفَضْلُ بْنُ مُوسَى عَنْ سُفْيَانَ عَنْ سِمَاكٍ عَنْ عِكْرِمَةَ عَنْ ابْنِ عَبَّاسٍ قَالَ جَاءَ أَعْرَابِيٌّ إِلَى النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَقَالَ رَأَيْتُ الْهِلَالَ فَقَالَ أَتَشْهَدُ أَنْ لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ وَأَنَّ مُحَمَّدًا عَبْدُهُ وَرَسُولُهُ قَالَ نَعَمْ فَنَادَى النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أَنْ صُومُوا
«Муҳаммад ибни Абдулазиз ибни Абӯ Ризма ба мо хабар дод: «Фазл ибни Мӯсо ба мо аз Сӯфён, ӯ аз Симак, ӯ аз Икрима ва ӯ аз Аббос хабар доданд: «Яке аз бодиянишин назди Паёмбар ﷺ омаду гуфт: «Ман моҳи навро дидам!». Паёмбар ﷺ аз ӯ пурсиданд: «Оё шаҳодат медиҳӣ, ки маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад банда ва расули ӯст?». Бодиянишин гуфт: «Бале!». Сипас Паёмбар ﷺ [ба мардум] хитоб карданд: «[Аз фардо] рӯза гиред!». (ан-Насоӣ).
Нишондодҳои шоҳидон дар бораи дидани моҳ айнан ҳамин хел тафтиш карда мешаванд, бе назардошти ҳисобҳои астрономӣ, чунки онҳо ба мавзӯи рӯза дахл надоранд. Дигар хел гӯем ба шоҳид намегӯянд, ки тибқи ҳисобҳои астрономӣ моҳи нав пайдо шудааст ё нашудааст, зеро ин ҳисобҳо бо он чи дар матни шариат омадааст зид мебошанд:
صُومُوا لِرُؤْيَتِهِ وَأَفْطِرُوا لِرُؤْيَتِهِ فَإِنْ غَبِيَ عَلَيْكُمْ فَعُدُّوا ثَلَاثِينَ
«Чун он(моҳи нав)-ро дидед рӯзаро оғоз намоед ва чун он(моҳи нав)-ро дидед аз рӯзадорӣ бозистед. Агар моҳи нав бар шумо пинҳон бошад, пас шумори [рӯзҳоро] то ба сӣ расонед».
Ин матн ниҳоят возеҳ буда, баён мекунад, ки шумори рӯзҳоро ба сӣ расондан зарур аст, гарчанде аз рӯи ҳисоби астрономӣ моҳи нав пайдо шудааст, аммо онро дида намешавад.
- Агар касе бигӯяд: Расули Аллоҳ ﷺ гуфтанд:
إِنَّا أُمَّةٌ أُمِّيَّةٌ لاَ نَكْتُبُ وَلاَ نَحْسُبُ الشَّهْرُ هَكَذَا وَهَكَذَا
«Мо — як ҷомеаи бесаводем, навиштану ҳисоб карданро намедонем. Аммо моҳ метавонад фалон, фалон бошад»
(Иќтибоси Бухорӣ; ровӣ илова намуд: ин маънои онро дорад, ки як моҳ гоҳе бисту нӯҳ рӯз ва гоҳе сӣ рӯз шуда метавонад).
Оё ин ба фаҳмиши баръакс ишора намекунад: мо ба дидани моҳ такя мекунем, чунки навишта ва ҳисоб карда наметавонем, аммо ҳамин ки ҳисоб карданро ёд гирифтем, мо бо ҳисобҳои астрономӣ машғул мешавем?
Чунин фаҳмиш хато аст ва инкор карда мешавад, чуноне ки дар бораи ин аз илми усул-ул-фиқҳ маълум аст. Сабаби ин дар он аст, ки чунин фаҳмиш нодуруст аст, зеро сифат (васф)-и «бесавод» аз манзараи умуман бартаридошта баромада меояд, зеро ба ҳамагон маълум аст, ки арабҳо дар он замон аксарият бесавод буданд. Ҳол он ки ҳоҷат ба гуфтан нест, ки ин фаҳмишот бо мантук (маънои мустақим)-и дигар матнҳои шаръӣ бекор карда мешавад, аз ҷумла:
فَإِنْ غُمَّ عَلَيْكُمْ فَأَكْمِلُوا الْعِدَّةَ ثَلَاثِينَ
«…Агар он (моҳи нав) бар шумо пӯшида бошад, рӯзи сиюмро ҳисоб кунед» (Бухорӣ).
Ҳамзамон дар ҳадис ягон шарте зикр нашудааст, аз ҷумла, агар дидани моҳ ба далели абрнокӣ ё борон номумкин бошад ва ё ба далели дигаре, ки ба дидани моҳ халал мерасонад. Баръакс, моҳро ба сӣ рӯз расондан талаб карда мешавад, ҳарчанд моҳи нав пайдо шудаасту аммо дар паси абрҳо пинҳон мебошад – ва ин ҳукми Шариат аст. Аз ин рӯ, дар навбати аввал мантуқи ҳадис гирифта мешавад, яъне фаҳмиши баръакс (мафҳум ал-мухалаф) эътибор надорад.
Яъне, фаҳмиши баръакси ҳадис дар ин маврид ба ду сабаб эътибор надорад: он аз манзараи умуман бартаридошта (умумият) бароварда шудааст ва мантуқи матни шаръии дигар хилофи чунин фаҳмиш аст.
Чунин аст шароит дар кор бо фаҳмидан(мафҳум)-и матн ва чунин — дар бисёр мавридҳост. Чунин фаҳмишоте, ки аз манзараи умуман бартаридошта (умумият) бароварда шудааст ва ё бо мантуқи матни шаръии дигар бекор карда мешавад, ба эътибор гирифта намешавад. Барои намуна:
وَلَا تَقْتُلُوا أَوْلَادَكُمْ خَشْيَةَ إِمْلَاقٍ
«Фарзандони худро аз тарси фақирӣ накушед…» (17:31).
«Аз тарси фақирӣ» — тавсифи тавзеҳотӣ (васфи муфҳим) аст, ки аз манзараи умумии вазъияти ҷомеаи тоисломӣ бармеояд, зеро дар он рӯзҳо арабҳо аз тарси фақр кӯдаконро мекуштанд. Зиёда аз он, чунин фаҳмишот бо матни дигар бекор карда шудааст:
وَمَنْ يَقْتُلْ مُؤْمِنًا مُتَعَمِّدًا فَجَزَاؤُهُ جَهَنَّمُ
«Ҳар касе ки мӯъминеро қасдан бикушад, ҷазои ӯ ҷаҳаннам аст» (4:93).
Ин ҷо дар асоси фаҳмиши баръакс гуфтан мумкин нест, ки аз тарси фақирӣ куштани кӯдакон ҳаром асту ҳангоми сарватманд будани одам куштан ҷоиз аст! Баръакс, дар ҳарду ҳолат ҳам куштани кӯдакон манъ аст. Ҳамчунин ояти:
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لا تَأْكُلُوا الرِّبَا أَضْعَافًا مُضَاعَفَةً
«Эй касоне, ки имон овардаед! Фоизи якчанд маротиба зиёдкардаро нахӯред» (3:130).
«Якчанд маротиба зиёдкардаро» — тавсифи тавзеҳот(васф муфҳим)-и оне, ки ҷомеаи араб дар умум дар кадом вазъият қарор дошт, манзараи бартаридоштаи ҷомеа, чунки он вақт арабҳо фоизро дар шакли якчанд маротиба зиёдкарда мехӯрданд. Зиёда аз ин, чунин фаҳмишот бо матни дигар бекор карда шудааст:
وَأَحَلَّ اللَّهُ الْبَيْعَ وَحَرَّمَ الرِّبَا
«Аммо Аллоҳ тиҷоратро ҳалол ва риборо ҳаром кард» (2:275).
Ва дар ин ҷо бар асоси фаҳмиши баръакс гуфтан қобили қабул нест, ки рибохӯрии чандинкарата манъ аст, вале камаш иҷозат аст. Баръакс, рибо, чӣ хеле набошад, ҳаром аст, зеро фаҳмишоти «дар шакли якчандмаротиба зиёдшуда» бекор карда шудааст, чуноне ки дар боло гуфта шуд.
Ҳамин тавр, фаҳмиши калимаи «бесавод» бекор шудааст. Ва агар дидани моҳи нав аз сабаби абрҳо ва ё борон номумкин буд, пас бояд рӯзи сиюмро илова кард, хоҳ ҳисоб карда тавонем хоҳ не, баробар аст.
- Дар мавриди таҷлили иди саиди Фитр (Иди Фитр) дар ин сол, агар мушоҳида карда бошед, мо ин дафъа бо эълони он дер кардем ва сабаб ин буд, ки зарурати тафтиши маълумот буд. Шоҳидиҳо дар бораи дидани моҳи нав гуногун буданд.
а) Афғонистон, Малӣ ва Ниҷер рӯзи шанбе, 30.04.2022, пас аз ғуруби офтоб дидани моҳро эълон карданд ва сипас изҳор карданд, ки Иди Фитр рӯзи якшанбе мешавад. Яъне онҳо эълон карданд, ки 1 шавволи соли 1443ҳиҷрӣ ба 01.05.2022с мувофиқат мекунад.
б) Аммо 21 кишвари арабӣ эълон карданд, ки дидани моҳ пас аз ғуруби офтоб дар рӯзи шанбеи 30.04.2022 тасдиқ нашудааст, бинобар ин онҳо эълон карданд, ки рӯзи якшанбе охири моҳи Рамазон аст ва Иди Фитр рӯзи душанбе, яъне 02.05.2022 баргузор мешавад.
в) 4 кишвар дар тақвими худ рӯзи шанберо бисту ҳаштум рӯзи Рамазон қайд намуданд, бинобар ин онҳо на шоми шанбе, балки рӯзи дигар, яъне рӯзи якшанбе ба мушоҳидаи моҳ шурӯъ карданд. Моҳи навро надида, онҳо эълон карданд, ки рӯзи душанбе охирин рӯзи Рамазон аст ва Иди Фитр ба рӯзи сешанбе рост меояд, яъне ба 03.05.2022сол. Ин кишварҳо Ҳиндустон, Бангладеш, Эрон ва Покистон буданд.
- Аз ин рӯ, ногузир шуд ба оне, ки дидааст пайравӣ намоем, зеро касе ки мебинад муқобили касе, ки намебинад далелҳои қавитар дорад. Дидани моҳ бояд ҳамон гуна бошад, ки дар матнҳои шариат пешбинӣ шудааст, яъне бидуни ҳисобҳои астрономӣ, зеро Расули Аллоҳ ﷺ дар ҳадиси шариф ба таври равшан фармудаанд:
فَإِنْ غَبِيَ عَلَيْكُمْ فَعُدُّوا ثَلَاثِينَ
«Агар моҳи нав бар шумо пинҳон бошад, пас шумори [рӯзҳоро] ба сӣ расонед».
Малӣ ва Ниҷер дар ғарби Афғонистон ҷойгир шудаанд ва агар дидани моҳ дар Афғонистон муқаррар шуда бошад, пас ҳама далелҳо вуҷуд доранд, ки моҳ дар Малӣ ва Ниҷер дида шавад. Бинобар ин мо ба омӯзиши масъалаи дидани мох дар Афгонистон шурӯъ намудем. Дар бораи дидани моҳ се давлат изҳор карданд:
а) Ниҷер эълон кард, ки дидани моҳи нави моҳи шаввол рӯзи шанбе пас аз ғуруби офтоб дар манотиқи Диффа, Таҳуа ва Мародӣ ва ҳамчунин дар шаҳри Зиндер тасдиқ шудааст.
б) Додгоҳи олии Афғонистон шоми шанбе эълон намуд, ки рӯзи якшанбе, яъне 01.05.2022 рӯзи аввали иди мубораки Иди Фитр аст. Дидани моҳ дар вилоятҳои Ғор, Ғазнӣ, Қандаҳор, Фароҳ ба амал омаданд. Умуман, бисту ҳафт шаҳодати дуруст мавҷуд буд, ки онҳоро комиҷроияхои минтақавӣ тасдиқ намуданд.
в) Малӣ инчунин эълон кард, ки моҳи нави моҳи шаввол шоми шанбе, яъне. 30.04.2022, дар ду ҷой аз ҷониби ҳашт шоҳид пай бурда шуд.
Ҳамин тавр, сию нӯҳ шоҳидон, ки дар ҷойҳои гуногун зиндагӣ мекарданд, дидани моҳи навро изҳор карданд. Мо тамоми саъю кӯшишро ба харҷ додем, то ин хабарро тафтиш намоем, бахусус дар Афғонистон, зеро Малӣ ва Ниҷер дар ғарб ҳастанд. Агар воқеан дидани моҳи нав дар Афғонистон вуҷуд дошта бошад, пас тамоми асосҳо вуҷуд доранд, ки он ҳам дар Малӣ ва ҳам дар Ниҷер намоён буд. Мо фақат бо маълумоте, ки аз васоити ахбори омма ва он чизе, ки аз мӯътамадони худ дар вилоятҳо гирифтаем, маҳдуд нашудем. Мо бо дафтари иттилоотии Ҳизби Таҳрир дар Афғонистон ва ҳамчунин бо бархе аз бародарони афғон дар Аврупо дар тамос шудем, ки онҳо бо хешовандони худ дар Афғонистон тамос бигиранд, то ин хабарро тафтиш кунанд. Мо ҷустуҷӯро то он даме, ки тасдиқи мо пайдо шуд, то он даме ки моро бовар кунонданд, ки дидани моҳ тасдиқ шудааст, давом додем. Маҳз барои ҳамин, мо дар ин бора тақрибан соати 00:00 бо вақти Мадина хабар додем.
- 7. Дар мавриди муаммои «Чаро мусалмонҳо дар ин масъала нуқтаи назари гуногун доранд?», посух оддӣ ва осон буда, он чунин аст:
а) Ихтилоф ба риоя накардани ҳукми шариат вобаста аст, гарчанде он равшан ва фаҳмост! Расули Аллоҳ ﷺ барои мо воҷиб будани пайравӣ ба дидани моҳро баён намуда, он кас ﷺ бо чунин суханҳо инро таъкид карданд:
فَإِنْ غَبِيَ عَلَيْكُمْ فَعُدُّوا ثَلَاثِينَ
«Агар моҳи нав бар шумо пинҳон шавад, шумораи [рӯзҳоро] то ба сӣ расонед».
Аз ин маълум мешавад, ки ҳисобу китобҳои астрономӣ ба назар гирифта намешаванд, зеро матн талаб мекунад, ки шумораи рӯзҳои моҳ ба 30 расонда шавад, агар моҳи нав бо сабаби абрҳо ва ё бо сабабҳои дигар намоён набошад. Ҳатто агар тибқи ҳисобҳои астрономӣ моҳ дар паси абрҳо бошад ҳам, рӯзи сиюм ҳисоб карда мешавад, чуноне ки дар ҳадис омадааст:
صُومُوا لِرُؤْيَتِهِ وَأَفْطِرُوا لِرُؤْيَتِهِ فَإِنْ غَبِيَ عَلَيْكُمْ فَعُدُّوا ثَلَاثِينَ
«Рӯзаро чун он(моҳи нав)-ро дидед оғоз кунед ва чун он(моҳи нав)-ро дидед аз рӯзадорӣ бозистед. Агар моҳи нав бар шумо пинҳон бошад, шумори [рӯзҳоро] ба сӣ расонед.
لاَ تُقَدِّمُوا الشَّهْرَ حَتَّى تَرَوُا الْهِلاَلَ أَوْ تُكْمِلُوا الْعِدَّةَ ثُمَّ صُومُوا حَتَّى تَرَوُا الْهِلاَلَ أَوْ تُكْمِلُوا الْعِدَّةَ
«Рӯзаро пешакӣ нагиред, то моҳи нав[моҳи Рамазон]-ро бубинед ё ҳисоби рӯз(моҳи Шаъбон)-ро то ба сӣ расонед ва сипас рӯза гиред. Ва ҳамин хел то моҳи нав[моҳи Шаввол]-ро бубинед ва ё шумори рӯзҳо[моҳи Рамазон]-ро то ба сӣ расонед» (Иқтибос аз Абӯдовуд).
إِذَا رَأَيْتُمُ الْهِلَالَ فَصُومُوا وَإِذَا رَأَيْتُمُوهُ فَأَفْطِرُوا فَإِنْ غُمَّ عَلَيْكُمْ فَصُومُوا ثَلَاثِينَ يَوْمًا
«То дидани моҳи нав рӯза нагиред ва то бори дигар онро набинед, ифтор макунед. Ва агар ҳаво абрнок бошад, сӣ рӯз рӯза бидоред» (Муслим).
Дар ин бора ҳадисҳои зиёде мавҷуданд ва ҳамаи онҳо ба он далолат мекунанд, ки дар масъалаи оғоз ва анҷоми рӯза дар моҳи Рамазон дидани моҳи нав ба эътибор гирифта мешавад, дар акси ҳол шумори моҳро то ба сӣ рӯз овардан лозим аст. Ҳадаф аз ин ҳадисҳо он нест, ки ҳар кас моҳро худаш бубинад, балки шаҳодати одилона оиди дидан бошад. Ва ин аз Ибни Умар (р) тасдиқ мешавад, ки ӯ гуфт:
تَرَاءَى النَّاسُ الْهِلَالَ فَأَخْبَرْتُ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أَنِّي رَأَيْتُهُ فَصَامَهُ وَأَمَرَ النَّاسَ بِصِيَامِهِ
«Мардум кӯшиш карданд, ки моҳи навро бубинанд ва ман ба Расули Аллоҳ ﷺ хабар додам, ки онро дидам. Онгоҳ он кас ﷺ тасмим гирифтанд, ки рӯза бигиранд ва мардумро низ ба он фармуданд» (Абӯ Довуд).
б) Дар мавриди сабаби дуввуми ихтилофи назар бошад, мусалмонҳо дар Хилофат муттаҳид нашудаанд, онҳо ҳокими ягона надоранд, ки бидуни ҷудоандозии Уммат ихтилофҳоро аз байн мебарад. Агар ҳадиси Расулуллоҳ ﷺ -ро бодиққат омӯхта шавад ин маълум мегардад. Оварда мешавад, ки Аҳмад дар «Муснад» инҳоро ёдрас кардааст: «Ҳушайм ба мо нақл кард: «Абӯ Бишр ба мо аз Абӯ Умайр ибни Анас хабар дод: «Ба ман амакҳои ман аз ҷониби падар аз зумраи ансор ва саҳҳобагони Расули Аллоҳ ﷺ нақл карданд:
غُمَّ عَلَيْنَا هِلَالُ شَوَّالٍ فَأَصْبَحْنَا صِيَامًا فَجَاءَ رَكْبٌ مِنْ آخِرِ النَّهَارِ فَشَهِدُوا عِنْدُ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أَنَّهُمْ رَأَوْا الْهِلَالَ بِالْأَمْسِ فَأَمَرَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أَنْ يُفْطِرُوا مِنْ يَوْمِهِمْ وَأَنْ يَخْرُجُوا لِعِيدِهِمْ مِنَ الْغَدِ
«Моҳи нави моҳи Шаввол барои мо пинҳон шуд ва мо ба рӯзадорӣ идома додем. Дар охири рӯз савораҳо омаданд ва дар назди Паёмбари Аллоҳ ﷺ шаҳодат доданд, ки дирӯз моҳи навро дидаанд. Пас аз он Расули Аллоҳ ﷺ ба мусалмонҳо фармуданд, ки ифтор кунанд ва фардо барои намози ид берун раванд».
Бо вуҷуди мушкили иртибот миёни деҳоту шаҳрҳо дар он замон, Расули Аллоҳ ﷺ ин муамморо бо воситаи амр ҳал карданд, то ки мусалмонҳо аз рӯзадорӣ даст кашанд, зеро дар биёбон моҳи нав намоён буд. Инчунин он кас ﷺ фармуданд, ки фардо намози Иди Фитр бихонанд, зеро ин ҳайат пас аз гузаштани вақти намози ид ба Мадина омада буданд. Ва ин дар ҳолест, ки интиқоли паёмҳо аз як маҳал ба маҳалли дигар вақти тӯлониро мегирифт. Пас, имрӯз, вақте ки паёмҳо дар як лаҳза фиристода мешаванд, вазъият чӣ гуна аст? Мусалмонҳо агар Халифа ва як давлат медоштанд, онҳо чун бародарон бандаҳои Аллоҳ мебуданд, бахусус, пазируфтани ҳар чизе, ки мусалмонҳоро муттаҳид месозад ва ваҳдати онҳоро мустаҳкам мекунад, аз ҷониби Ислом барои давлат, ҳизб ва шахсиятҳо амр шудааст. Қабули фикри шаръӣ, ки мусалмонҳоро муттаҳид месозад, дар Ислом аҳамияти бузург дорад.
Маҳз ҳамин ду унсур (Хилофат ва халифа) ихтилофҳоро аз байн мебаранд. Аз ин рӯ, вазифаи мусалмонҳо барои зуҳури онҳо тамоми кӯшишро ба харҷ додан аст ва он гоҳ Уммат боз беҳтарин уммате мешавад, ки ба нафъи башарият зуҳур кардааст. Аллоҳ мефармояд:
كُنْتُمْ خَيْرَ أُمَّةٍ أُخْرِجَتْ لِلنَّاسِ تَأْمُرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَتَنْهَوْنَ عَنْ الْمُنكَرِ وَتُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ
«Шумо беҳтарин уммате ҳастед, ки ба нафъи мардум пайдо шуда, ба корҳои нек амр мекунед, аз мункар бозмедоред ва ба Аллоҳ имон овардаед. Агар аҳли Китоб имон меоварданд, барояшон беҳтар мебуд. Дар миёни онҳо мӯъминон ҳастанд, вале бештаринашон — фосиқонанд» (3:110)
Ва дар охир мехоҳам, бо дуъо ба Аллоҳ муроҷиат кунам, ки мусалмонҳоро ба роҳи дурусттар ҳидоят намояд, то Ӯ онҳоро бо қудрати Ислом боиқтидор гардонад ва онҳо давлати худро пас аз муддати тӯлонии набудани он барпо намоянд. Ва он гоҳ мусалмонҳо дар итоати Парвардигорашон ихтилоф нахоҳанд кард, балки ҳамон хел мешаванд, ки Аллоҳ онҳоро тавсиф кардааст:
فَانقَلَبُوا بِنِعْمَةٍ مِّنَ اللَّهِ وَفَضْلٍ لَّمْ يَمْسَسْهُمْ سُوءٌ وَاتَّبَعُوا رِضْوَانَ اللَّهِ ۗ وَاللَّهُ ذُو فَضْلٍ عَظِيمٍ
«Онҳо бо раҳмати Аллоҳ ва неъматҳо баргаштанд. Бадӣ ба онҳо нарасид ва онҳо аз паси ризогии Аллоҳ пайравӣ карданд. Дарҳақиқат, Аллоҳ соҳиби раҳмати бузург аст» (3: 174).
Аллоҳ кулли ибодатҳоро холис қабул гардонад.
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!
10 шавволи 1443 ҳиҷрӣ
10 майи соли 2022
Силсилапосухҳои олим Ато ибни Халил АбӯРашта, амири Ҳизб-ут-таҳрир ба саволҳои дар саҳифаи Фейсбук додашуда дар мавзӯи “Фиқҳ”.