Давлат–ин сохтори иҷроияест, ки маҷмӯи пиндорҳо, миқёсҳо ва эътиқодҳоро амалӣ менамояд

Давлат–ин сохтори иҷроияест, ки маҷмӯи пиндорҳо, миқёсҳо ва эътиқодҳоро амалӣ менамояд

Посух ба суол аз Abdul Rahman Darweesh

Суол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу шайхи мӯҳтарам! Пеш аз ҳама, аз Аллоҳ мепурсем, ки ба Шумо некӣ, умри дароз ва имконияти зиёд кардани захираи амалҳои солеҳ ато фармояд.

Суоли ман ба сатрҳои зерин  аз китоби «Лоиҳаи дустур»: «Давлат–ин сохтори иҷроияест, ки маҷмӯи пиндорҳо, миқёсҳо ва эътиқодҳоро амалӣ менамояд» дахл дорад. Аз шумо хоҳиш дорем батафсил ва бо мисолҳо маънои лафзҳои «пиндорҳо, миқёсҳо ва эътиқодҳоро» равшан карда диҳед.

Посух:

Ва алейкум ассалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.

Аллоҳ барои дуоҳоятон ба Шумо мукофоти нек ва баракот ато фармояд!

Суоли Шумо ба сатрҳо аз ҷилди якуми китоби «Лоиҳаи дустур» дахл дорад ва ин сатрҳо дар шарҳи моддаи якум вомехӯранд: «Дар ин асос термини «давлат» таърифи зеринро дорад. Давлат сохтори иҷроияест, ки маҷмӯи пиндорҳо, миқёсҳо ва эътиқодҳоро, ки гурӯҳи муайяни одамон қабул кардааст, амалӣ менамояд». Чунин таъриф дар дигар китобҳо низ вомехӯрад, масалан, дар ҷилди дуюми китоби «Шахсияи исломӣ», ки дар он омадааст: «Чунки Уммат–ин маҷмӯи одамҳо, пиндорҳо, миқёсҳо ва эътиқодҳо мебошад. Давлат бошад–ин маҷмӯи одамон, ки ваколати идора карданро доранд, дар баробари маҷмӯи миқёсҳо, пиндорҳо ва эътиқодҳо». Аммо ин таъриф бештар дар китоби «Ба ҷомеа ворид шудан»(«Вхождение в общество») вомехӯрад.

Агар бодиққат баррасӣ намоем равшан  мешавад, ки ҳар яке аз ин се истилоҳ — миқёсҳо, пиндорҳо ва эътиқодҳо — ҳам маънои умумӣ ва ҳам маънои алоҳида дорад:

1.Фикрҳо– ин маънои лафзҳо, пиндорҳо бошад–ин маънои фикрҳо мебошад. Агар одам фикрро дуруст гуфта донад, онгоҳ он ба пиндор мубаддал мешавад, ки он ба тарзи зиндагӣ таъсир мерасонад. Дар ҷилди якуми китоби «Шахсияи Исломӣ» омадааст:

«Пиндорҳо – ин маънои фикрҳо мебошанд, на маънои калимаҳо. Калимаҳо — ин нутқе мебошад, ки ба маънои муайян ишора мекунад, ки метавонанд дар воқеият вуҷуд дошта бошанд ва ё вуҷуд надошта бошанд. Шоир мегӯяд:

Чунин мардон дар миёни халқ ҳастанд,

Вақте  мехоҳӣ иродаи онҳоро бишканӣ,

Дар пеши ту чун кӯҳи дастнорас меистанд,

То халқи худро аз ҷинояткорон нигаҳ доранд.

Вақте ки бо ҳақиқат дар назди онҳо ҳозир шаванд —

Онҳо  ҳамон дам шамшери худ фурӯ мекашанд, чунки ба халқ некӣ мехоҳанд.

Маънои ин сатрҳо дар ҳаёт вуҷуд дорад ва ҳар як одам он чиро, ки гуфта мешавад, ҳис карда метавонад, гарчанде  дар фаҳмиши он каме ғайрат лозим бошад ҳам. Аммо, вақте ки шоир мегӯяд:

Мардум пурсиданд: «Оё ӯ дар рӯзи ҷанг бо як зарбаи найза саворонро сӯрох карда метавонад, бе он ки барои ӯ душвор бошад?».

Ман ба онҳо ҷавоб додам: «Агар найзаи ӯ ба андозаи як мил дароз мебуд, ӯ метавонист саворонро аз ин масофа сӯрох кунад»,— ин маъно умуман дар воқеият вуҷуд дошта наметавонад. Дар воқеъ ҷанговари ситоишшуда мутлақо бо як зарба савораҳоро  сӯрох накард ва касе чунин савол надодааст. Ӯ қуввати бо як зарбаи найза сӯрох кардани сафи аспсаворонро дар дарозии як мил надорад.

Маънои калимаҳое, ки дар ин шеър мавҷуданд ба шарҳ додан эҳтиёҷ доранд. Дар мавриди маънои фикр бошад, он чунин аст: агар маънои дар калима мавҷудбуда воқеияти тавассути узвҳои ҳис даркшаванда дошта бошад, ё ин ки он дар зеҳни инсон ҳамчун ашёи ҳисшаванда тасаввур карда шавад ва шахс онро тасдиқ намояд, пас ин маъно барои касе, ки онро ҳис мекунад ё тасаввур ва тасдиқ менамояд, пиндор мешавад. Он (яъне ин маъно) барои касе, ки онро эҳсос  ва тасаввур намекунад пиндор намешавад, ҳатто агар шахс маъноеро аз  ҷумлаи шунидааш ё хондааш фаҳмида бошад ҳам.  Аз ин бармеояд, ки инсон албатта бояд нутқро, новобаста аз он ки хондааст ё шунидааст, ҳатман ба тарзи фикрӣ азхуд намояд.  Ба ибораи дигар, зарур аст, ки шахс маънои ҷумлаҳоро чи хеле ки ҳаст ҳамон хел бифаҳмад, на ончуноне, ки онро шахси ҷумларо баёнкунанда ё худи ин шахс мехоҳад. Дар айни замон ӯ бояд  воқеи ин маъноҳоро бо чунин дарк идрок намояд, ки он ин воқеъро барояш чунон равшан карда  медиҳад, ки ин маъноҳо пиндор шуда тавонанд. Пиндорҳо – ин маънои фикрҳоест, ки воқеи онҳо тавассути ақл идрок шудааст, хоҳ он воқее бошад, ки бо узвҳои ҳис дарк мешавад ва хоҳ воқее, ки мавҷудияти он дар асоси ҳисси ҳақиқати ҳол эътироф шудааст. Ҳамаи дигар маъноҳои калимаю ҷумлаҳо пиндор номида намешаванд, онҳо фақат  маълумот шуда мемонанд».

Аз ин рӯ, ҳар фикре, ки дар воқеият тасдиқи худро меёбад пиндор номида мешавад, новобаста аз он ки ин пиндор маънои танг дорад ё васеъ.

  1. Дар байни пиндорҳо чунине ҳастанд, ки танҳо бо як саволи ҳосилшуда алоқаманд мебошанд. Масалан, пиндор дар бораи он, ки истифодаи маводи масткунанда манъ аст. Ин пиндор танҳо як маъноро дарбар мегирад – Шариат истеъмоли маводи масткунандаро манъ кардааст. Яъне пиндор танҳо як қонуни ҳосилшударо дарбар мегирад. Аммо баъзе пиндорҳо як қатор маъноҳоро дар бар мегиранд, зеро бо онҳо метавон як қатор фикрҳои ҳосилшударо муқоиса намуд ва онҳо танҳо бо як масъала маҳдуд нестанд. Масалан, пиндори ҳалолу ҳаром ба тамоми амалҳои инсон дахл дорад. Яъне он миқёси амалҳои ӯст. Он танҳо бо як масъала алоқаманд нест, балки пиндорест, ки дар ин маврид ҳамчун миқёсе баромад мекунад, ки бо он фикрҳо ва пиндорҳоро муқоиса кардан мумкин аст. Ба сифати мисол пиндори асли ҳама чизҳо мубоҳ астро мегирем. Ин ҳам миқёсест, ки масъалаҳои зиёдеро бо он муқоиса кардан мумкин аст, яъне он танҳо бо як масъала маҳдуд намешавад. Мисоли дигар: пиндор оиди он, ки ҳадаф василаҳоро сафед намекунад. Ин ҳам дар масъалаҳои сиёсӣ ва бисёр чизҳои ғайрисиёсӣ миқёс аст. Яъне он миқёсест, ки бисёр масъала ва фикрҳои сиёсиро метавон бо он муқоиса кард. Ҳамин тавр, миқёс, агар аз нуқтаи назари фарохӣ назар карда шавад, аз пиндор фарохтар аст. Дар баробари ин, миқёс назар ба пиндор маънои дақиқтаре дорад, зеро ҳам фикри ҷудогона ва ҳам миқёсро метавон пиндор номид. Аз ин рӯ, ҳар як миқёс – фикр аст, дар сурати тасдиқи фикр бошад – пиндор мешавад. Аммо на ҳар пиндор  миқёс мебошад, зеро ҳам фикри ҳосилшуда ва ҳам миқёс пиндор шуда метавонад. Дар мавриди миқёс бошад, он чизест, ки масъалаҳои ҳосилшударо бар болои он бунёд намудан ё бо он муқоиса кардан мумкин аст. Яъне фикри ҳосилшуда ҳамчун миқёс буда наметавонад.
  2. Эътиқодҳо – ин пиндорҳо ва миқёсҳое мебошанд, ки дар зеҳни фарди алоҳида ва миллат амиқ реша давондаанд ва ончунон дар фардҳои алоҳида ва ҷомеа мутамарказ шудаанд, ки хориҷ кардани онҳо душвор аст. Агар пиндор ё миқёсе дар одамони алоҳида ва ҷомеа реша давонда бошад, онҳо дар дараҷа боло мераванд ва ба эътиқод мубаддал мешаванд, ки дар натиҷа  бартараф кардани он аз фарди алоҳида ва ҷомеа осон нест. Баъзе пиндорҳо ва миқёсҳое мавҷуданд, ки бояд ба дараҷаи эътиқод дар  фарди алоҳида ва ҷомеа бирасанд, то ин фард ва миллатро дар умум боқӣ нигоҳ дорад. Масалан, инҳо чунин миқёс ё пиндорҳоянд: дар асоси тамоми амалҳо – садоқат ба риояи қонуни шариат, итоат, ҷиҳод, таваккул ба Аллоҳ ва ғайра мебошанд.

Аз чунин нуқтаи назар тамоми эътиқодҳо пиндорҳо ё миқёсҳо мебошанд, аммо на ҳама пиндорҳо ва миқёсҳо эътиқоданд. Пиндорҳо ва миқёсҳое, ки дар фардҳои алоҳида ё ҷомеа реша надавондаанд, ба дараҷаи эътиқод намерасанд, ҳатто агар дар воқеият тасдиқи худро ёбанд ҳам. Яъне ба он дараҷаи қатъият, мутамарказнокӣ ва устуворӣ намерасанд, ки онҳоро эътиқод номидан мумкин бошад. Ин, албатта,  маънои онро надорад, ки мардум ба онҳо ба маънои забонии лафзи «эътиқод» эътиқод  надоранд, чунки онҳо дар воқеият тасдиқи ин маъноҳоро пайдо кардаанд. Балки  гарчанде онҳо пиндорҳо ва миқёсҳо шудаанд, дар маънои истилоҳии ин калима ба дараҷаи эътиқод намерасанд.

Дар китоби «Низоми иҷтимоӣ» чунин меояд: «Сабаби ин изтироби фикрӣ ва хато дар фаҳмиш ҳуҷуми харобкоронаи ҳазорати Ғарб бар зидди мо мебошад Ин ҳазорат бар фикрронӣ ва завқи мо батамом ҳукмрон гашта, пиндорҳои моро дар бораи ҳаёт, миқёсҳои моро дар бораи ашё, эътиқодҳои моро, монанди ғайрат ба Ислом ва эҳтирому бузургдошти муқаддасот, ки дар умқи қалби мо ҷо гирифта буд, тағйир дод».

Хулоса: агар фикр, ҳатто ҳосилшуда бошад ҳам, тасдиқи худро ёфта бошад, пас он пиндор аст. Агар бар болои фикре, ки тасдиқи худро ёфтааст дигар фикрҳои ҳосилшударо сохтан мумкин бошад, онгоҳ он миқёс мебошад. Агар пиндор  ё миқёсе дар одамони алоҳида, дар ҷомеа ва дар миллат реша давонда бошад, онгоҳ онро метавон эътиқод номид. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки ин се истилоҳ барои чӣ кор фармуда мешавад ва ҳангоме ки инсон ба роҳи тағйир додани ҷомеа ва бунёди давлат қадам ниҳодааст, онҳоро чи гуна бояд фарқ намояд. Ҳизб болои тағйирот дар Уммат кор бурда, бояд  он фикрҳои ҳосилшудаи Умматро идрок намояд, ки мехоҳад ба пиндорҳо табдил диҳад,  бояд миқёсҳоеро идрок намояд, ки мехоҳад дар Уммат ташаккул диҳад,  бояд он пиндорҳо ва миқёсҳоро идрок намояд. ки мехоҳад дар одамон ва ҷамъият чунон реша гиронад, ки  бартараф кардани онҳо душвор бошад. Ҳизб авлавиятҳоро дар фаъолияти худ пеш ва пас  аз барпои давлат ҳамин хел ҷо ба ҷо карда метавонад, яъне бо нигаронидани эътибор ба он пиндорҳо ва миқёсҳое, ки барои нигоҳ доштани давлат ва Уммат бештар муҳим мебошанд ва бо ба эътиқодҳо табдил додани ин пиндорҳо ва миқёсҳо, ки  онҳоро аз одам ва ҷомеа канда партофтан хеле душвор мешавад.

 

17 Муҳаррами соли 1444 ҳиҷрӣ

Силсилапосухҳои олим Ато ибни Халил Абӯ Рашта, амири Хизб ут-Таҳрир, ба саволҳое, ки дар саҳифаи «Фейсбукашон» дар мавзӯи «Фиқҳ» дода шудааст.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads