بِسْمِ اللهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ
Ба паймони НАТО дохил шудани Финляндия ва Шветсия
Савол:
Финляндия ва Шветсия санаи 18 майи соли 2022 дар қароргоҳи паймон дар Брюссел, бо сабаби таҷовузи Русия ба Украина, расман барои пайвастан ба НАТО муроҷиат карданд, аммо ин дархост ба зудӣ бо эътирози Туркия ба далели мавқеъи ҳарду кишвар дар мавриди муборизаи Туркия бо гурӯҳҳои мусаллаҳи курдӣ, бахусус Ҳизби коргари Курдистон, ки дар Туркия ва минтақа фаъолият мекунад, дучор шуд. Маълум аст, ки шарти ҳатмии узвият дар ин паймон ризоияти ҳамаи сӣ узв, аз ҷумла Туркия, барои ворид шудани ин ду кишвар ба ин иттиҳод аст… Дар паси ин ҳама чӣ аст ва ангезаҳои он чист?
Ҷавоб:
Барои возеҳ шудани ҷавоб, чизҳои зеринро баррасӣ мекунем:
Якум: бо баробари ба НАТО ворид шудани Финляндия, ки аввалин шуда, қабл аз Шветсия, тасмими воридшавӣ ба паймонро кард, дарозии марзи муштараки Русия бо кишварҳои узви ин паймон, ки феълан ҳамчун “иттифоқи душманона” маҳсуб мешавад, то 2600 километр дучанд мегардад. Бояд қайд кард, ки дарозии сарҳади Русия ва Финляндия 1300 километрро ташкил медиҳад. Барои муқоиса, дарозии марзи Русия бо Украина, ки эҳтимоли вурудаш ба НАТО яке аз пурсарусадотарин сарлавҳаҳои ҷанги кунунӣ буд, аз 400 километр зиёд нест. Ва агар Шветсия дертар ба ин паймон шомил шавад, гарчанде ки мустақиман бо Русия ҳаммарз нест, барои НАТО ба фаъолиятҳои васеътар ва хатарноктар рӯй овардан дар баҳри Балтика осонтар мешавад. Дар ин сурат тамоми кишварҳое, ки ба баҳри Балтика дастрасӣ доранд, ба истиснои Русия, узви ин паймон мешаванд, ки ин маънои заиф шудани ҳузури стратегии Русия дар ин ҳавзаро дорад, ки дар натиҷаи тақрибан ба як кӯли таҳти контроли Паймони Атлантикаи Шимолӣ табдил ёфтани он ба вуқӯъ меояд. Ба НАТО дохил шудани Шветсия маънои ба зери назорати ин паймон дода шудани қаламрави ҷазираи Готланди Шветсияро дорад. Аз ин рӯ, барои Русия амалиёти фаъол дар ин минтақа, гузаронидани машқҳо ва манёврҳо ва ҳатто имкони ҳузури доимӣ дар минтақа мушкилтар хоҳад шуд. Дар ин ҷо набояд нодида гирифт, ки Шветсия, масалан, дорои панҷ киштии зериобии замонавӣ мебошад, ки ба иловаи сифатӣ ба флотҳои Полша ва Олмон табдил ёфта, муҳосираи ҳама гуна ҳаракатҳои низомии Русияро дар минтақа шадидтар мекунанд.
Дуввум: аз нуқтаи назари низомӣ ба ин паймон шомил шудани Финляндия ва Шветсия дар назди Кремл интихоби хеле мушкил ва душворро мегузорад ва ин танҳо бо ҷанбаи ҳарбӣ-стратегии рушди хатарноктарин вазъ аз замони ҷанги сард маҳдуд нест. Зеро дар сатҳи сиёсӣ баҳонаи асосии ҷанги Кремл бо Украина рафъи хатари тавсеаи НАТО ба шарқ буд, то ин паймонро аз таҳкими нуфузи худ дар Украина дар наздикии марзҳои Русия пешгирӣ намояд ва акнун, пас аз ба паймон дохил шудани Финляндия ва Шветсия, ин кор чӣ гуна ба назар хоҳад расид? Ин яке аз оқибатҳои хавфноктарини сиёсии ин ҷанг хоҳад шуд, зеро ин паймон амалан ҳамагӣ 200 километр дуртар аз ҳудуди шаҳри Санкт-Петербург ҷойгир хоҳад гашт. Ин як зарбаи ҷиддии сиёсӣ ба ҳадафҳои президент Владимир Путин аст ва саволҳои дохилиро дар бораи мувофиқ будани ҷанг бо Украина, бидуни назардошти оқибатҳои хатарноки ин навъ, ба миён меорад!
Сеюм: ба НАТО дохил шудани Финляндия ва Шветсия ба низоъи байни Ғарб ва Хитой таъсир мерасонад. Интизор меравад, ки вазифаи ҷилавгирӣ аз нуфузи Хитой дар стратегияи паймон дар нишасти ин паймон дар Мадрид дар охири моҳи июни соли 2022 бори нахуст дар таърихи он тасдиқ карда шавад. НАТО орзуҳои худ оид ба тавсеаи фарогири ин паймон ба манотиқи берун аз олами ғарбиро пинҳон намедорад ва ба вазирони корҳои хориҷии Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия ва Зеландияи Нав даъватнома фиристод, то дар ин чорабинӣ иштирок кунанд… Аз ин нуқтаи назар, дархости расмии Финляндия ва Шветсия ба шомилшавӣ ба НАТО ғалабаи сиёсии президент Ҷо Байден, шикасти президент Путин ва хатар ба раисҷумҳури Чин Си Ҷинпинро ифода мекунад.
Чаҳорум: НАТО билофосила пас аз анҷоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ таъсис ёфта, иттиҳоди 30 кишвари ҷаҳон аст ва Туркия дуввумин қудрати низомӣ дар он пас аз Иёлоти Муттаҳида мебошад. Вақте ки ягон кишвар барои шомил шудан ба ин паймон муроҷиат мекунад, тасдиқи ин муроҷиат бояд аз ҷониби ҳамаи кишварҳои узви ин паймон якдилона қабул карда шавад. Ин аҳамияти қайду шартҳои Туркия дар робита ба пайвастани ин ду кишвари аврупоиро шарҳ медиҳад… Туркия аз густариши ин паймон аз замони вурудаш ба он 70 соли пеш расман пуштибонӣ мекард. Ҳоло Эрдуғон бо чаҳор сабаб ба вуруди Шветсия ва Финляндия ба НАТО мухолиф аст:
1- Кӯшиши Эрдуғон барои боқӣ мондан дар қудрат дар шароити таназзули иқтисодӣ. Сатҳи таваррум дар Туркия дар баробари поин рафтани қурби лира ба нишондиҳандаи серақама рафта расид ва иқтисоди бе ин ҳам дар ҳоли таҳаввулро ба бӯҳрони амиқтар бурд. Ин барои раисҷумҳур дар пешорӯи интихоботи соли 2023 мушкилот эҷод мекунад ва мавқеи Эрдуғонро, ки тақрибан 20 соли пеш ба қудрат омада буд, аз ҳар замоне заифтар мекунад. Маҳбубияти ӯ дар назарсанҷиҳои ахири афкори умум дар ҳоли коҳишёбӣ аст ва ба ин далел вай ба паймон фишор овард, то мухолифаташро ба пайвастани Финляндия ва Шветсияро нишон диҳад ва умедвор буд, ки аз кишварҳои паймон кӯмаки иқтисодӣ ва низомӣ гирифта, мавқеъашро дар миёни мардум беҳбуд бахшад. ..
- Эрдуғон умедвор аст, ки масъалаи узвияти Шветсия ва Финляндия дар НАТО-ро ба унвони як фурсат барои расидан ба ҳадафи деринаи худ, яъне эҷоди як минтақаи буферии озод аз ҷангҷӯёни курд дар марзи Туркия бо Сурия истифода кунад. Туркия бо тавсеаи қаламравҳои озодшуда метавонад гурезаҳои суриягиро, ки ба гуфтаи мухолифон, барои Туркия мушкил эҷод мекунанд, дар он ҷо ҷойгир кунад. Нақшаҳои амалиёти низомӣ ҳамчунин изҳори итминони ӯ ба он аст, ки Ғарб дар замоне, ки ба дастгирии Анкара барои пайвастан ба ин паймон эҳтиёҷ дорад, ба чунин амалиёт муқобилат намекунад. Эълони Эрдуғон ҳамчунин барои ба даст овардани тарафдории миллатгароён равона шудааст, чун ӯ ба интихоботи мушкил дар соли оянда омодагӣ мебинад. Амалиёти низомии фаромарзӣ дар гузашта сатҳи тарафдории ӯро боло мебурд. Ин иқдоми ӯ дар ҳолест, ки назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, ки пуштибонӣ аз Эрдуғон ва Ҳизби ҳокими Адолат ва Рушд (AKP) дар пасманзари мушкилоти иқтисодӣ коҳиш меёбад.
- Хоҳиши Эрдуғон барои мулоқот бо президенти Амрико. Моҳи апрели соли гузашта Эрдуғон ба хабарнигорон шикоят карда буд, ки вай бо Байден чунон муносибатеро, ки ӯ бо президентҳои собиқ Доналд Трамп ва Барак Обама дошт, надорад. “Эрдуғон гуфт: “Албатта, баъзан мулоқотҳо ҳастанд, аммо онҳо бояд пешрафтатар мешуданд”. Вай афзуд: “Умедворам, ки мо метавонем дар раванди оянда ба ин ноил шавем” (24/05/2022 https://arabic.cnn.com). Ин ба он маъност, ки эътирози Туркия ба узвияти Шветсия ва Финляндия ба худи ин кишварҳо рабт надорад, балки як лаҳзаи муносибест, ки Эрдуғон аз он умедвор аст, ки дидораш бо Байденро, ки раҳбари Туркияро аз худ дур нигоҳ медорад, суръат бахшад.
4- Қатъи дастгирии Ғарб аз курдҳо ва истирдоди аъзои ҷунбиши “Хизмат”, зеро Эрдуғон ба таъқиби афроди мутааллиқ ба ин ҷунбиш идома медиҳад. “Рӯзномаи туркии «Заман» хабар дод, ки мақомот барои боздошти 40 нафар, бо шумули хизматчиёни давлатӣ ва низомиён, ки бо иттиҳоми узвият ба ҷунбиши «Хизмат»-и Фатҳуллоҳ Гюлен барканор шудаанд, амр додааст. Рӯзнома қайд кардааст, ки амалиёти вижа дар чанд шаҳр, асосан дар Истамбул ва Анқара барои боздошти афроди таҳти пайгард сурат гирифтааст…” (Манбаъ: Заман, 1/6/2022). Дар мавриди пуштибонии Ғарб аз курдҳо бояд гуфт, ки бо вуҷуди он, ки Иттиҳоди Аврупо ҲКК-ро созмони террористӣ эътироф кардааст, бисёре аз кишварҳои аврупоӣ Дастаҳои халқии худҳимояро, ки ҷиноҳи низомии Ҳизби иттиҳоди демократӣ, ки Анқара онро идомаи ҲКК дар хоки Сурия ҳисобида, аз эътирофи он рӯй мегардонад, мебошад, бо аслиҳа таъмин кардаанд. Анқара ҳамчунин ба он зид аст, ки бархе аз кишварҳои аврупоӣ дафтарҳои созмонҳои курдиро дар қаламрави худ ҷой дода, аъзоёни онҳоро ба ҳузур пазиранд ва ба баргузории чорабиниҳои сиёсӣ иҷоза диҳанд. Аксари кишварҳои аврупоӣ ба дархостҳои Анқара дар бораи истирдоди фаъолони курдӣ посух надодаанд. Эрдуғон зимни суханронӣ дар бораи эътирози кишвараш ба пайвастани Финляндия ва Шветсия ба НАТО, ин масъаларо матраҳ карда, кӯшиш мекунад, ки аз ин истифода барад, то ба қатъёбӣ ё коҳиши ҳимояти Ғарб аз курдҳо ва ҳамчунин истирдоди афроди мутааллиқ ба ҷунбиши “Хизмат” таъсир расонад.
Панҷум: музокироти шадид миёни Туркия аз як тараф ва кишварҳои Шветсия, Финляндия, ИМА ва НАТО аз сӯи дигар барои қонеъ кардани бархе аз тақозоҳои Анқара дар ивази ризоияти вай ба пайвастани Стокҳолм ва Ҳелсинки ба ин паймон идома дорад. “18 майи соли 2022 сухангӯи раисҷумҳури Туркия Иброҳим Калин бо мақомоти баландпояи Олмон, Шветсия, Финляндия, Британияи Кабир ва ИМА оид ба узвияти Шветсия ва Финляндия дар НАТО сӯҳбатҳои телефонӣ анҷом дод…” (27.05.2022 https ://futureuae .com). “Худи ҳамон рӯз вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Чавушоғлу ва ҳамтои амрикоии ӯ Энтони Блинкен дар Ню Йорк нахустин нишасти “Механизми стратегияи Туркия ва Амрико”- ро баргузор карданд, ки дар он масъалаи шомил шудани Шветсия ва Финляндия ба НАТО баррасӣ шуд…” (18/05/2022 https: //mubasher.aljazeera.net).
Шашум: Ба ин тартиб, интизор меравад, ки Туркия бо қудратҳои аврупоӣ ва Иёлоти Муттаҳида дар мавриди вуруди Шветсия ва Финляндия ба НАТО созиш ҳосил кунад ва тибқи маълумоти феълӣ, аз эҳтимол дур аст, ки Анқара эътирози худро то ба пурра монеъ шудан ба воридшавии ду кишвар ба паймон пофишорӣ кунад. Баръакс, интизор меравад, ки дар ниҳоят, агарчанд пас аз муддате бошад ҳам, пас аз қаноатмандӣ ҳосил намудан дар чаҳор масъалаи дар банди чорум, ки дар боло зикраш гузашт, вай ба узвияти онҳо розӣ хоҳад шуд. Чизи ба ин монанд қаблан рӯй додааст. Ба ҳамин монанд, дар соли 2009 Туркия алайҳи таъини сарвазири собиқи Дания Андерс Фог Расмуссен ба мақоми раиси НАТО эътироз кард, аммо пас аз музокироте, ки муддате тӯл кашид, Туркия дар ивази гирифтани мансабҳо дар таркиби сиёсӣ ва низомии паймон ба таъйини Расмуссен розӣ шуд.
02-уми Зулқаъда, 1443-уми ҳиҷрӣ