Амрико ҷосусҳои худро дар Покистон иваз менамояд
25 МАИ 2022
Суол:
Биловал Бҳутто Зардорӣ, писари марҳум Беназир Бҳутто, ки солҳои 1993-1996 мақоми сарвазири Покистонро ишғол карда буд, рӯзи чаҳоршанбеи 27.04.2022 дар ҳукумати нахуствазир Шаҳбоз Шариф, ки пас аз раъйи нобоварӣ ба Имрон Хон ташкил шуда буд, ба вазифаи вазири умури хориҷӣ савганд ёд намуд. Бҳутто Зардории 33-сола раҳбарии «Ҳизби мардумии Покистон»-ро бар ӯҳда дорад
(«Al Jazeera», 27.04.2022).
Ҳукумати Шаҳбоз Шариф, ки бародараш Навоз Шарифро дар мақоми раиси «Лигаи мусалмонии Покистон» иваз намуд, 19 апрели соли 2022, як ҳафта пас аз раъйи нобоварӣ ба Имрон Хон ба савганд оварда шуд.
Сабаби ин гуна дигаргуниҳо дар чист? Замоне порлумон ва артиш аз номзадии Имрон Хон дастгирӣ мекарданд, аммо акнун артиш аз «Ҳизби мардумии Покистон» ва «Лигаи мусалмонии Покистон» хашмгин аст. Чӣ тағйир ёфт? Оё Амрико бо вуҷуди он ки солҳои тӯлонӣ ҳокимони Покистонро пуштибонӣ мекунад, дар ин қазия даст дорад?
Посух:
Посухи худро ба якчанд қисм тақсим менамоем:
I
Имрон Хон чӣ гуна ба ҳокимият расид:
1 — Артиш буд, ки Имронро сари ҳокимият овард. Ӯ мамлакатро ба генералҳо итоат намуда идора мекард. Пас аз пирӯзӣ дар интихоботи соли 2018 ӯро барои наздикии аз ҳад зиёд бо артиш танқид мекарданд. Он вақт ӯ бунёди «Покистони нави бидуни фасод ва хешутаборбозӣ»-ро ваъда намуд. То ба наздикӣ Имрон Хонро дар байни тамоми раисони ҳукуматҳои Покистон наздиктарин ба ҳарбиён ном мебурданд ва ҳатто ба тобеияти мустақим ба ҳарбиён муттаҳам мекарданд. Агар артиш намебуд, Имрон Хон ба сари ҳокимият намеомад. Соли 1996 Имрон аз таъсиси ҳизби сиёсии худ – «Ҳаракат барои адолат» эълон намуд. Соли 1997 бошад дар интихоботи умумӣ ба Маҷлиси Миллӣ ин ҳизб ягон курсиро ба даст оварда натавонист. Танҳо соли 2013 ба ҳизби ӯ муяссар шуд, ки ба сиёсати Покистон таъсир расонад.
Ба туфайли дастгирии артиш ҳизб дар Мачлиси миллӣ 30 ҷой гирифт. Ҳамин тариқ, «Ҳаракат барои адолат» пас аз «Лигаи мусалмонии Покистон» ва «Ҳизби мардумии Покистон» сеюмин ҳизби бузурги мухолифин гардид. Ҳарбиён тасмим гирифтанд, ки ба Имрон шонси пирӯзӣ дар интихоботи соли 2018 диҳанд. Аммо ин пас аз он буд, ки вай ба талаби Қамар Баҷва, раиси ситоди артиши Покистон дар бораи баргузор намудани интихоботи умумӣ розӣ шуд.
2 — Артиш ва разведкаи байниидоравии Покистон бо роҳбарии генерал-лейтенант Файз Ҳомид барои беҳтар намудани дурнамои сиёсии Имрон Хон пайваста кор мебурданд. Разведка дар ташкили вохӯриҳо дар саросари кишвар кӯмак кард ва Имронро номзад ба ғолибият намуд. Артиш бисёре аз сиёсатмадоронро мутақоид намуд, ки ҳизбҳои худро тарк карда, ҳамроҳ бо интихобкунандагонашон ба ҳизби Имрон бипайванданд. Вақте ки «Ҳаракат барои адолат» ба «Лигаи мусалмонӣ» ҳуҷум мекард, артиш матбуотро метарсонд, то «Ҳаракат»-ро аз тарафи мусбӣ инъикос намояд. Хадамоти махсус аъзоёни ҳизби «Лигаи мусалмонии Покистон»-ро ба ҳабс мегирифтанд, дастгир ва таъқиб мекарданд. Дар паси парда артиш болои он кор мебурд, то аз пешбарии номзадҳои «Лигаи мусалмонӣ» ҷилавгирӣ намояд.
3 — Ҳизби Имрон 149 курсӣ ба ҷои 172 курсии барои ташкили ҳукумати аксарият зарурӣ дар Маҷлиси миллиро ба даст овард. Бо вуҷуди ин, артиш ба ӯ кӯмак намуд то ҳукумати эътилофӣ ташкил намояд. Бо таъсис додани ҳукумати эътилофӣ артиши Покистон дар сурати тағйири тасмим карда, бар зидди он рӯ овардани Имрон Хон имконияти ақибнишинӣ намуданро таъмин намуд. Ба разведка инчунин муяссар шуд, ки аъзоёни «Ҳизби халкии Покистон»-ро ба ҳукумати Имрон ҷалб намоянд. Ҳамин тавр, зери таъсири Разведкаи байниидоравӣ 17 нафар аз тими Имрон ба вазифаҳои ҳукуматӣ таъин шуданд ва танхо се нафар аъзоёни девони вазирон чунин аъзоёни «Ҳаракат барои адолат» мебошанд, ки то ҳол ба ягон ҳизби дигар напайвастаанд.
II
Баъди сарвазир шуданаш Имрон Хон барои Амрико хидматҳои зиёд кард:
1 — Шабакаи телевизионии «GEO TV»-и Покистон аз Имрон Хон иқтибос меорад: «Субҳи имрӯз (03.12.2018) ман аз Трамп номае гирифтам, ки дар он аз Покистон хоҳиш кардааст, ки дар музокироти сулҳи Афғонистон нақши худро бозад ва Толибонро сари мизи музокира шинонад». («Sputniknews», 03.12.2018). Пас аз ду рӯз Имрон дар Исломобод бо фиристодаи махсуси Амрико оиди масъалаҳои оштишавӣ дар Афғонистон Халилзод мулоқот намуда, майли Покистонро ба самти амрикоӣ дар Афғонистон тасдиқ менамояд.
2 — Вазири собиқи дифои Покистон Ҳавоҷа Осиф 11.19.2018 дар саҳифаи Twitter-и худ хиёнати ҳокимони Покистон ба Умматро тасдиқ кард: “«Покистон то ҳозир барои Амрико хун мерезад, зеро мо вориди ҷангҳое шудем, ки аз они мо нестанд. Мо арзишҳои дини худро поймол намудем, то он ба манфиатҳои Амрико мувофиқат кунад ва рӯҳияи таҳаммулпазирии худро нобуд карда, онро бо таассуб ва таҳаммулнопазирӣ иваз намудем». Суханҳои зерин — аз ҳама паёми ошкоро ва самимонаи ӯ мебошанд: «Мо ба ҷангҳое ворид шудем, ки азони мо нестанд». Ба ибораи дигар, хуни мусалмонҳо ба нафъи Амрико рехта мешавад, арзишҳои динӣ бошад ба манфиати Амрико поймол мешаванд.
3 — Дар низоъ бо Ҳиндустон низ ҳамин ҳолат мушоҳида мешавад, зеро ҳукумати Покистон ба нокомии пурра дучор шуд ва ҳангоми ғасби Кашмир ба ҷуз овоз баланд карданҳо дигар ягон чорае наандешид.
Дар посух ба суол аз 18.08.2019 мо навишта будем: «Вақте Ҳиндустон дар бораи тасмими худ оиди маҳрум сохтани мақоми махсуси Кашмир эълон намуд, мавқеи Покистон заиф буд ва аз доираи маҳкум намудан берун намерафт, то масъулияти худро дар назди мардуми худ аз гардан соқит намояд. «Покистон изҳороти ҳукумати Хиндустонро дар бораи штати Ҷамму ва Кашмир қатъиян маҳкум месозад. Тавре аз қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ бармеояд, ҳеҷ як амали Деҳлӣ наметавонад мақоми ин минтақаи баҳсбарангезро тағйир диҳад. Исломобод барои ҷилавгирӣ аз ин амалҳои ғайриқонунӣ тамоми чораҳои имконпазирро меандешад» изҳор доштанд дар ВКХ Покистон («France-Presse», 05.08.2019). Айнан ҳамин тавр, ҳукумати Аббос ва кишварҳои арабие, ки Фаластинро иҳота кардаанд, зидди ҷиноятҳои вуҷуди яҳуд дар сарзаминҳои муборак маҳкум ва эътироз мекунанд, аммо артиши худро барои ҳалли муаммо истифода намебаранд».
4 — Имрон Хон бо ФБА(Фонди байналхалқии асъор), ки комилан зери назорати Амрикост ва сиёсати Амрикоро пеш мебарад, ҳамкорӣ намуд, ҳарчанд ӯ дар маъракаи пешазинтихоботиаш зидди ин гуна ҳамкорӣ баромад мекард. Дар оғоз ӯ мегуфт: «Ман беҳтараш худамро мекушам, аммо аз ФБА қарз намегирам», — аммо сонитар паймони худро шикаста, бо Фонди мазкур ҳамкорӣ оғоз намуд. 3 июли соли 2019 ФБА розӣ шуд, ки дар чаҳорчӯбаи Барномаи қарздиҳии маблағгузории васеъи 39-моҳа ба Покистон 6 миллиард доллар қарз диҳад.
5 — Бо ёдоварӣ аз хидматҳои худ дар назди Амрико, Имрон Хон дар мусоҳиба бо Fox News рӯзи 22.07.2019 гуфт: «Разведкаи Покистон ИМР(ЦРУ)-ро бо маълумоте таъмин намуд, ки он имкон дод асосгузори «Ал-Қоида»Усома ибни Лоданро пайдо намуда ба қатл расонад». Чи хеле ки шабакаи телевизионии Амрико хабар дод, пас аз як соли интихоб шуданаш ба мақоми нахуствазири Покистон, ин нахустин боздиди қаҳрамони собиқи крикет ба Кохи Сафед мебошад. Рӯзи якшанбе ӯ бо президенти ИМА Доналд Трамп мулоқот намуд («Al-Quds Al-Arabi», 23.07.2019).
III
Муносибатҳои шадиди Имрон бо раҳбарияти артиш ва аз ин рӯ — бо Амрико тақрибан дар се соли ҳукмронии худ Имрон Хон ба фармондеҳии артиш ва аз паси он — ба Амрико итоат намуда омад. Дар охири соли сеюми сарвазириаш муносибатҳои байни ӯ ва сарфармондеҳи артиш Баҷва тезу тунд, аз ин рӯ, муносибатҳояш бо Амрико низ тезутунд шуданд. Имрон номзадии генерал-лейтенант Анҷум Надимро аз артиш ба вазифаи сардори разведкаи ҳарбӣ тасдиқ накард ва чунин тасмимро барои муддати тӯлонӣ ба таъхир гузошт. Ин бошад, дар артиш хавотирӣ ба вуҷуд овард.
«Анҷум рӯзи 20-уми ноябр ба вазифаи нави худ шурӯъ мекунад. Санаи 6-уми октябр, Баҷва фармондеҳи корпуси артиш дар шаҳри бандарии ҷанубии Қарочӣ Анҷумро ба вазифаи раиси Разведкаи байниидоравӣ ба ҷои генерал-лейтенант Файз Ҳамид таъин кард ва охиронро Баҷва фармондеҳи корпус дар шаҳри Пешовар таъин намуд» («Al Manar», 27.10.2021).
Имрон Хон борҳо изҳор доштааст, ки мехоҳад Файз Ҳамидро ба ҳайси раиси хадамоти амнияти дохилӣ бинад. Ҳамин тавр, баъди таъйин шудани Анҷум ба ҷои Файз Ҳамид равобити ҳукумати Имрон ва артиш муташанниҷ шуд. Илова бар ин, вақтҳои охир аксар вақт муҳокима мешавад, ки Имрон Хон ба ҷои Қамар Ҷовид Баҷва, ки давраи дуввуми ваколатҳояш соли 2022 ба поён мерасад, номзадии Ҳомидро пешбарӣ мекунад. Албатта, Амрико дар паси фармондеҳи артиш қарор дорад ва аз ин рӯ тасмим гирифта шуд, ки заминаи ба Имрон Хон раъйи нобоварӣ изҳор намудан тайёр карда, ӯ бо каси дигар иваз карда шавад.
Имрон Хон инро идрок намуд ва кӯшиш ба харҷ дод, то масъаларо бо фармондеҳии артиш ҳал намояд ва розӣ шуд, ки ба ҷои дӯсташ Файз Ҳамид Анҷумро таъин кунад. Аммо раҳбарияти артиш, ки аз дастгирии Амрико бархурдор аст, исрор намуд, ки Имронро аз мақоми нахуствазирӣ барканор намуда, ба ҷои ӯ дигар кас таъин карда шавад. Артиши Покистон ва Амрико хавф доштанд, ки ин норозигии Имрон бо тасмими артиш оғози озодии комил аз сарпарастии артиш ва аз ин рӯ — аз Амрико мешавад. Барои ҳамин қарор карда шуд, ки ӯ аз мақоми нахуствазир барканор карда шавад.
IV
Имрон Хон аз воқеъаҳои рухдодаистода ба ҳаяҷон омада буд, зеро ӯ барои Амрико хидматҳои бузург мекард ва инчунин ба роҳбарияти артиш итоат менамуд. Аз сӯи дигар, ӯ гӯё истисно кард, ки артиш ва Амрико, баъди он ки ӯ ба онҳо инқадар хидматҳо кардааст, мехоҳанд ӯро барканор созанд. Ӯ онро ба эътибор нагирифт, ки мамлакатхои куфр ба ҷосусони худ иҷозат намедиҳанд, ки аз чаҳорчӯбаи сиёсати онҳо берун раванд. Ба ҳар ҳол ӯ аз ин нороҳат шуд ва сӯи Амрико изҳоротҳо намуд, аммо аллакай дер шуда буд. Чанд мисол меорем:
1 — «Кӯшиши барканор сохтани ман як дахолати дағалонаи Иёлоти Муттаҳида ба сиёсати дохилӣ мебошад»,- изҳор дошт сарвазири Покистон Имрон Хон рӯзи шанбеи 02.04.2022 ба як гурӯҳ хабарнигорони хориҷӣ «(Euronews Arabic», 02.04.2022). ВАО-и маҳаллӣ хабар доданд, ки Имрон аз сафири Исломобод дар Вашингтон паёме дарёфт кардааст, ки ходими баландмақоми амрикоӣ Доналд Ло, чуноне ки тасдиқ шудааст ёвари котиби давлатии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ мебошад, гуфтааст, ки «муносибатҳо бо Иёлоти Муттаҳида метавонад беҳтар шавад, агар Имрон Хон биравад» («Arabi Post», 03.04.2022).
2 — Дар масъалаи Русия ва ҳамла ба Украина Имрон Хон мавқеъи Вашингтонро ишғол накард. Вай маҳкум кардани ҳамларо рад намуд, ҳатто аз Маскав дидан кард ва 24.02.2022, яъне дар рӯзи аввали ҷанги Русия алайҳи Украина дар хабарҳо дар паҳлӯи президенти Русия Путин намоён шуд. Ҳамзамон фармондеҳи артиши Покистон Баҷва ҳамларо маҳкум намуда, мавқеъҳои Амрикоро ба таври возеҳ дастгирӣ кард ва бо ин изҳоротҳои ахири Имрон Хонро рад намуд.
«Фармондеҳи артиши Покистон ҷанги Русия алайҳи Украинаро интиқод намуда, даъват ба он кард, ки фавран ба он чизе, ки ба гуфтаи ӯ «фоҷиаи бузург»-ест, ки ба кишвари хурдтар таъсир мерасонад, хотима дода шавад. Қобили зикр аст, ки интиқоди генерал Қамар Ҷовид Баҷва аз Маскав бо гуфтаҳои сарвазир Имрон Хон, ки аз зарурати бетарафии Исломобод нисбат ба ҳодисаҳои Украина ҳимоят мекард ва интиқоди амалкарди президенти Русия Владимир Путинро тан намегирифт, мухолиф аст». («Alhurra», 02.04.2022).
3 — Имрон Хон изҳор дошт: «Сафирони Иттиҳоди Аврупо нома навишта, хостаанд, ки амалиёти низомии Русия дар Украина маҳкум карда шавад. Мехоҳам пурсам, ки оё онҳо ҳамин гуна паёмро ба Ҳиндустон фиристодаанд?!» Сипас афзуд: «Шумо моро ғуломи худ меҳисобед, то ҳар чӣ хоҳед, бикунем?!». Вай дар идома гуфт: «Вақте Ҳиндустон дар Кашмири ишғолшуда қонунҳои байналхалқиро нақз кард, касе аз шумо алоқаро бо Ҳиндустон канда кард ё тиҷорат бо ин кишварро қатъ намуд?!».
V
Имрон Хон интизор надошт, ки тамоми хидматҳояш дар назди артиш ва Амрико барабас мераванд. Ӯ идрок накард, ки касе бо пуштибонии мустамликадорони кофир ба сари қудрат меояд, барои онҳо порчаи шоҳмот мешавад, ки онро чихел хоҳанд, ҳамон хел ба ҳаракат меоранд. Зиёда аз он, вақте ҷосусҳояшон вазифаҳоро дигар иҷро карда наметавонанд ва нолозим мешаванд, хоҷаҳояшон аз онҳо халос мешаванд. Маҳз ҳамин чиз бо Имрон Хон рӯй дод. Додгоҳи олии Покистон рӯзи 07.04.2022 қарори муовини раиси порлумонро, ки талаби мухолифинро дар бораи овоздиҳӣ нисбати раъйи нобоварӣ ба ҳукумати Имрон Хонро рад карда буд, лағв намуд.
Вай инчунин қарори раисҷумҳурро дар бораи пароканда кардани порлумон аз 03.04.2022 ва гузаштан ба интихоботи пеш аз мӯҳлатро, ки бо тавсияи сарвазир Имрон Хон буд, лағв намуд. Додгоҳ ин қарорро ғайриконститутсионӣ ва беэътибор донистааст. Додгоҳ аз раиси порлумон талаб кард, ки рӯзи 10.04.2022 иҷлосия баргузор кунад, ки дар он аз 342 вакил 174 нафар ба тарафдории нобоварӣ ба Имрон Хон раъй доданд. Равшан аст, ки ин ҳодисаҳоро артиш аз паси парда идора мекард, зеро ҳеҷ як судяи олӣ бидуни дастгирии ҳамаҷонибаи фармондеҳи олӣ чунин қарор қабул намекард.
VI
Рӯзи дигар, 11.04.2022, порлумон Шаҳбоз Шарифро то интихоботи умумӣ, ки моҳи августи соли 2023 баргузор мегардад, сарвазир интихоб кард. Шаҳбоз бародари хурдии Навоз Шариф, сарвазири пешини Покистон аст. Ӯ аз соли 2018 раҳбари мухолифин дар Маҷлиси миллии Покистон мебошад. Шаҳбоз «Лигаи мусалмонии Покистон»-ро баъд аз бародараш Навоз, ки ҳизбро таъсис дода буд, сарварӣ намуд. Шаҳбоз ваъда дод, ки бидуни шубҳа фармонҳои артиш ва Амрикоро иҷро мекунад, аз ин рӯ дар интихобот ба ҷои Имрон Хон аз ӯ пуштибонӣ карданд. Вазифаи сарвазирро ишғол намуда, ӯ тадбирхои зеринро пеш гирифт:
1 — Сиёсати Шаҳбоз ба он чӣ Амрико мехоҳад, мувофиқ аст. Ӯ бо Ҳиндустон бо оҳанги оштипазир гуфтугӯро оғоз намуда, нишон дод, ки Покистон ба муколама тайёр аст, на ба муқовимат. Шаҳбоз Шариф дар нахустин суханронии худ ба ҳайси сарвазир гуфт: «Покистон мехоҳад равобит бо Ҳиндустонро беҳтар кунад. Аммо бе ҳалли масъалаи мақоми Кашмир сулҳи пойдор вуҷуд нахоҳад дошт. Сарвазири Ҳиндустон бояд ба мо иҷозат диҳад, ки масъалаи Кашмирро ҳал кунем, то тавонем нерӯи худро ба шукуфоии ду кишварамон равона созем»(«Sky News»,14.04.2022).
Сарвазири Ҳиндустон Модӣ дар саҳифаи Твиттери худ ба ӯ посух дода, чунин навишт: «Шаҳбоз Шарифро ба муносибати интихоб шуданаш ба мақоми сарвазири Покистон табрик мегӯям. Ҳиндустон тарафдори сулҳу субот ва минтақаи аз терроризм озод мебошад, то мо тавонем таваҷҷӯҳи худро ба рушди худ нигаронида, некӯаҳволӣ ва шукуфоии мардуми худро таъмин намоем». Айни замон Шаҳбоз хуб медонад, ки сарвазири Ҳинд ба Ислом ва мусалмонҳо нафрат дорад, пайравони ҳиндуҳояшро алайҳи мусалмонҳои Ҳиндустон таҳрик медиҳад, ҳуқуқи мусалмонҳоро бо эътироф накардани ҳаққи иқомат дар Ҳиндустон маҳдуд месозад ва ба духтарони мусалмон пӯшидани либоси шаръиро дар мактабҳо манъ мекунад.
2 — Дар хабарҳо ёдрас мешуд, ки Шаҳбоз Шариф дар сурати интихоб шуданаш хидматҳои худро ба генералҳо пешниҳод кард ва изҳор дошт, ки кишвар бояд пеш равад ва ихтилофҳо бо артиш рафъ шаванд. Қаблан ӯ артишро барои табаддулоти зидди бародари калониаш, нахуствазири собиқ Навоз Шариф дар соли 1999 интиқод карда буд. Қаблан Шаҳбоз Шариф дар интихобот ширкат намуда, аз Имрон Хон шикаст хӯрда буд. Моҳи декабри соли 2019 Бюрои миллии ҳисобҳо 23 амволи ғайриманқулаи ба ду бародарон тааллуқдоштаро мунҷамид кард ва онҳоро дар шустушӯи пул муттаҳам намуд. Моҳи сентябри соли 2020 Шаҳбоз бо иттиҳоми даст доштан дар шустушӯи пулҳо боздошт шуд, аммо моҳи апрели соли 2021 бо гаравпулӣ раҳо шуд. Оштишавии ӯ бо артиш яке аз омилҳои асосие буд, ки ӯро сари қудрат оварданд.
3 — Амрико шитоб намуд, ки Шаҳбоз Шарифро бо забони вазири хориҷаи Амрико Блинкен табрик кунад: «Иёлоти Муттаҳида Шаҳбоз Шариф, нахуствазири тозаинтихоби Покистонро табрик мекунад. Мо бесаброна интизори идомаи ҳамкориҳои деринаи худ бо ҳукумати Покистон ҳастем»(«Sky News», 14.04.2022). Ин тасдиқ мекунад, ки Амрико оштии ӯро бо артиш ва ваъдаи дар чаҳорчӯбаи сиёсати Амрико будани ӯро пазируфт. Он замон Амрико бо пирӯзии ӯ розӣ шуд, ҳарчанд қаблан дар паси таъқиби ин бародарон меистод.
4 — Ҳукумати нави Покистон рӯзи 12.04.2022 эълон намуд, ки он «бо Иёлоти Муттаҳида барои ноил шудан ба ҳадафҳои муштараки сулҳ, амният ва рушд дар минтақа ба таври созанда ва мусбат ҳамкорӣ хоҳад кард». Дафтари Шаҳбоз Шариф иртиботи ӯро бо Амрико таъйид кард. Дар изҳороти дафтар гуфта мешавад: «Мо аз таъйиди равобити дарозмуддат аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида бо Покистонро истиқбол мекунем. Мо умедворем, ки ин муносибатҳои муҳим ба принсипҳои баробарӣ, манфиатҳои умумӣ ва нафъи хамдигарӣ асос ёфтаанд, амиқтар мешаванд».
Псакӣ, котиби матбуотии Кохи Сафед, гуфт: «Маъмурияти Байден аз риояи осоиштаи принсипҳои демократии конститутсионӣ пуштибонӣ мекунад ва аз ягон ҳизби сиёсӣ дар Покистон алайҳи дигараш пуштибонӣ намекунад». Мо ҳамкориҳои дарозмуддати худро бо Покистон қадр мекунем ва ҳамеша Покистони шукуфон ва демократиро барои манфиатҳои ИМА ҳаётан муҳим мешуморем. Муносибатҳои тӯлонӣ, қавӣ ва устувор таҳти раҳбарии нав дар Исломобод идома хоҳанд ёфт» («Садои Амрико», 12.04.2022).
Ҳамаи ин тасдиқ мекунад, ки Амрико дар паси барканории ҷосуси худ Имрон Хон ва таъини Шаҳбоз Шариф, ки ошкоро изҳор менамояд, ки тайёр аст назар ба Имрон Хон бо нерӯи дучанд бо Амрико ҳамкорӣ намояд, қарор дорад.
VII
Ҳокимони мусалмонҳо ҳеҷ дарси ибрат нагирифтанд. Вақте ки Амрико яке аз онҳоро сарнагун месозад, дигарон барои нишон додани садоқати худ мешитобанд ва барои ба даст овардани қудрат омодагии худро барои хидмат расондан ба ӯ нишон медиҳанд. Онҳо аз Амрико рӯй намегардонанд, балки баръакс, худро пеши пойҳояш мепартоянд, то вай онҳоро ба сари қудрат баргардонад. Бо вуҷуди ин, Амрико мефаҳмад, ки ин ҷосусҳо — на пешвоёни мабдавӣ, сиёсӣ, балки танҳо одамони ташнаи ҳокимият мебошанд. Шаҳбоз Шариф аз он ҳеҷ дарси ибрат нагирифт, ки Амрико бародарашро сарнагун сохт ва сипас ҳардуро бо бадарға намудан ҷазо дод.
Уммат ба сиёсатмадорони мабдавие ниёз дорад, ки фақат ва фақат ба принсипҳои Уммати Исломӣ, яъне танҳо Исломро риоя мекунанд. Фақат дини Аллоҳ метавонад муаммоҳои Умматро дуруст ҳал намояд. Чунин сиёсатмадорон Умматро наҷот медиҳанд, ӯро аз зону мехезонанд ва давлати ӯро бузург хоҳанд кард, на мутеъи Амрико.
Покистон комилан метавонад такягоҳи ин давлати бузург — Хилофати Дуввуми Рошида бар минҳоҷи пайғамбарӣ гардад.
إِنَّ فِي هَذَا لَبَلَاغاً لِقَوْمٍ عَابِدِينَ
«Албатта, ин паёмест барои ибодаткунандагон» (21:106).
5 шавволи 1443 ҳиҷрӣ
05.05.2022