Афкори ҷамъиятӣ, ки аз шуури ҷамъиятӣ бармеояд.

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Афкори ҷамъиятӣ, ки аз шуури ҷамъиятӣ бармеояд.

 26 ОКТЯБРИ СОЛИ 2021

Аз ҷониби Mohamed Ali Bouazizi

Савол:

Ассалому алайкум.

Ба номи Худои Бахшояндаи Меҳрубон.

Чанде пеш мақолаи яке аз ҷавонони маъруфро ки ӯро яке аз шахсиятҳои асосии Ҳизб мешуморам хондам, ки дар он менависад: «…Дар он лаҳзае, ки мо метавонем афкори ҷамъиятиро ба шакли кофӣ нисбати лоиҳаи сиёсии исломӣ, дар симои Давлати Исломӣ ва низоми беназири сиёсии он ташаккул диҳем. Он гоҳ ҳадди ақал дар яке аз кишварҳо, дар баробари ҳифз ва кўмаки кофии онҳое, ки қодиранд ҳокимиятро аз дасти ғасбкорон ва агентҳо кашида гиранд, танҳо он гоҳ Давлати Исломӣ ба по хеста, рафти таърихро тағйир медихад…».

Вақте аз ӯ дар бораи ин мақола пурсон шудам, ӯ ба ман чунин посух дод: «Афкори ҷомеа ҳанӯз ҷонибдори мо нест, ки ба мо роҳбарӣ диҳад, ҳарчанд дар баъзе кишварҳо моро эҳтиром мекунанд ва бовар доранд.  Илова бар ин, онҳое, ки ба мо кӯмак мекунанд, дар аксар маврид одамоне ҳастанд, ки дар ҷомеа чандон маъруф нестанд ва раҳбарони он нестанд. ”

Ман ва баъзе ҷавонҳо пас аз андешаи ин бародар ноумед шудем, зеро мо фикре доштем, ки афкори ҷамъиятӣ ба тарафдории Ислом аллакай вуҷуд дорад.

Охир аз рўи андешаи он муҳите, ки ман дар он зиндагӣ мекунам, ақидаи он шахсоне, ки бо онҳо иртибот дорам ва гирду атрофи ман аз байни ҳуқуқшиносон, бо итминон гуфта метавонам, ки дар уммат дар мавриди ногузирии тағӣиротҳо афкори ҷамъияти вуҷуд дорад ва онҳо бояд дар асоси Ислом ба амал оянд.

Мо — ҳамчун Ҳизб — мехоҳем, ки афкори ҷамъиятӣ бо шуури ҷамъиятӣ бар асоси он Исломе, ки мо мехоҳем, ҳамоҳанг бошад.  Мо инчунин мехоҳем, ки дар якҷоягӣ бо Уммат, агар имкон бошад, ба ҳадафҳои баланд бирасем.

Аммо, ба назари ман, ин шарт барои оғози раванди кӯмак аз соҳибони қувва ва муҳофизат нест, зеро уммат ҳамеша бо эҳсосот Исломро интихоб карда ва дар интихобот ба нафъи ҳизби “Ан-Нур”, ҳизби Тунис “Ан-Наҳда”, ба “Ихвон-ул-муслимин” ё Эрдуғон раъй додааст; Уммат Исломеро, ки ин ҳизбҳо ва шахсони алоҳида пешниҳод кардаанд, муҳокима накардааст.   Агар Уммат моро дар арсаи сиёсие кашф мекард, ки дар низоми байналхалқӣ иштирок дорем, моро пештар аз онҳо интихоб мекард, зеро ба мо бовар дорад ва ҳатто даъват мекунад, ки дар интихобот ширкат варзем, то ба тарафдории мо овоз диҳад.

Охир, Ислом чун бегона омад ва чӣ тавре омад, ҳамон тавр бармегардад.  Аммо бигӯем, пеш аз аз он ки уммат Исломи пешниҳодкардаи моро бифаҳмад, мо ба қарор оем, Уммат аз мо рӯй тофта мегӯяд: «Ин Исломе нест, ки ман мехостам.» Ин тасдиқ аз эҳтимол дур аст ва чунин намешавад.  Охир, уммат дар охири замони Давлати Усмонӣ андешаҳоеро пазируфт, ки аз Ислом набуд ва танҳо ба далели он, ки “олимон” ё Шайхул-Ислом гуфтаанд, яъне онҳо аз Ислом ҳастанд онҳоро қабул кард.  Сипас Уммат дар бораи дурустии суханони онҳо баҳс накард ва то ҳол он чиро, ки шайхҳои машҳуршуда аз экранҳои телевизион мегӯянд, қабул мекунанд.  Ҳангоме ки Расули Худо (с.а.с.) ба Мадина кӯчиданд ва қудратро ба дасти худ гирифтанд , афкори ҷамъиятӣ моили Ислом буд, ҳарчанд қонунгузорӣ ҳанӯз ҷорӣ набуд.

Имрӯз, вақте ки толибон ба қудрат расиданд, дар шабакаи “Ал-Воқия” чанд мавзӯъ дар бораи толибон матраҳ шуд, масалан, “оё аз онҳо талаб кунем, ки Хилофат эълон кунанд?”, “ба онҳо тавсия медиҳем, ки ба Ислом муроҷиат кунанд, дар низоми байналхалқи ширкат накунанд” ва ғайра, вале ҳамон ҷавоне, ки фикри ӯро дар масъалаи афкори ҷамъияти иқтибос овардам, гуфт: “Толибон бояд ба Ислом муроҷиат кунанд ва Уммат такягоҳи он бошад ва чизи дар атрофи худашон руй дода истодаро бояд амиқ дарк кунанд, бинобар ин сарҳадҳои байни мамлакатҳои мусулмонон набояд ба назар гирифта шавад.»  Ин изҳорот дуруст ва хуб аст, аммо  дар ин ҷо ӯ  афкори чамъиятиро аз ҳамон гӯшае, ки назар мекунад, ба эътибор нагирифтааст.

Аз ин ҷост, ки суоле ба миён меояд, ки оё дар ҳоле ки Ҳизб қудратро ба дасти худ мегирад, ҳузури афкори муайяни ҷамъиятӣ лозим аст ё агар Хилофат аз ҷониби каси дигар эълон шавад, шарт нест?

Лутфан ба мо тавзеҳот диҳед, Аллоҳ Шуморо раҳмату мағфират кунад.

Ҷавоб:

Ваалейкум ассалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.

Худованд барои дуъоятон дар ҳаққи мо баракат диҳад ва мо низ аз Аллоҳ бароятон хайр мехоҳем.

Дар бораи ҷавоби саволи шумо бошад, афкори ҷамъиятӣ, ки аз шуури ҷамъиятӣ бармеояд, шарти талаб ун-нусра (ёрй пурсидан) аст.  Аз ин рӯ, дар ҳар кишваре, ки ин шарт иҷро мешавад, талаб ун-нусра карда мешавад, агар ин кишвар ҷузъҳои зарурии давлат мавҷуд бошад.  Инак, агар дар ягон мамлакати маҷол афкори ҷамъиятӣ ба даст оварда шавад, талаб ун-нусра дар он ва дар ҳар мамлакате, ки қисмҳои зарурии давлат мавҷуд бошад, ташкил карда мешавад.  Бо ибораи дигар, агар дар яке аз кишварҳои маҷол, чуноне ки зикр гардид, афкори ҷамъиятӣ пайдо шавад, пас талаб ун-нусра дар ҳар кишваре, ки ҷузъҳои зарурии давлатро дошта бошад воҷиб мешавад, новобаста аз он ки ин кишвар ба такьягоҳ (нуктату иртиказ) табдил меёбад ё ба кишвари дигар пайваст мешавад.

Дар миёнаҳои солҳои 60-уми асри гузашта афкори зарурии ҷамъиятӣ ба вуҷуд омад ва аз ҳамон вақт Ҳизб мувофиқи шароити ин кишварҳо ва тибқи он чизе, ки роҳбарияти Ҳизб мебинад, дар саросари маҷол талаб ун-нусраро анҷом дода буд.  Дар ин бобат чанд нуктаро зикр мекунам:

1)Дар посух ба саволи  аз 5 Рабиус-сони 1389 ҳиҷрӣ  (20.06.1969 с.) навишта будем: «Дар ибтидои соли 1964 вокуниши Уммат ба Ҳизб дар Урдун буд, яъне  дар яке аз вилоятҳои он ва ҳамроҳ шудани кишвари ҳамсоя тасдиқ гардид, яъне афкори ҷамъиятӣ ба вуҷуд омад, ки аз шуури ҷамъиятӣ бармеояд ва ҷузъҳои зарурии давлат низ вуҷуд доштанд.  Ҳамин тариқ, дар маҷмӯъ ба Ҳизб вокуниши мусбӣ зоҳир шуд, гӯё дар тамоми вилоятҳое, ки дар он ҷо фаъолият мекард, ба он вокуниш нишон дода шуда бошад.  Аз ин рӯ, талаб ун-нусра ба яке аз ду масъала (дастгирӣ дар интиқоли даъват ва мусоидат дар расидан ба қудрат) – ба гирифтани қудрат таваҷҷуҳ кардааст.  Аз он вақт инҷониб Ҳизб барои ба даст овардани қудрат талаб ун-нусраро истифода мебарад.

Талаб ун-нусра барои ба даст овардани қудрат тариқат аст, на услуб, яъне ҳукми шаръист, ки бояд иҷро шавад, на фаъолияте, ки воқеият тақозо мекунад.  Бинобар ин, талаб ун-нусра вазифаи ҳизб аст.  Бо вуҷуди ин, амалҳои марбут ба талаб ун-нусра калонҳаҷм ва хатарноканд, яъне на ҳар ҷавон тавони анҷом додани онро дорад.  Ҳизб ин гуна корҳоро ба ҳар ҷавон вогузор карданаш нодуруст аст;  аз ин сабаб ин қазияро ба ҳар як ҷавон супоридан имконнопазир ба назар мерасад.

Расул (с.а.с) ба раҳбарони қабилаҳо, сарони давлатҳо, ҳайатҳое, ки ба Макка меомаданд, ба шахсиятҳои тавоное, ки Каъбаро зиёрат мекарданд бо талаб ун-нусра муроҷиат мекарданд , яъне.  Ӯ (с.а.с.) аз гурӯҳҳое, ки қувва  ва тавоноӣ доштанд, кӯмак хостаанд.  Мусъаб ибни Умайр ба сарони Мадина ва афроди тавоно бо талаб ун-нусра хитоб кард ва сипас онҳоро гирд овард ва ҳамчун як гурӯҳ ба назди Паёмбар (с.с.а.) бурд, то ки онҳо дар амал даъвати  Ӯ (с.а.с.) датстгирӣ кунанд ва ҳокимияти Мадинаро ба дасти Ӯ (с.а.с.) супурданд, даъватро дифоъ карда ва агар лозим бошад, ба хотири ҳифзи он ҷони худро фидо намоянд.

Ин воқеият  ҳамон воқеиятест, ки Ҳизб ҳангоми иҷрои талаби нусрат, талаби нусрати аз ҷониби Паёмбари Худо (с.а.с.) амалишударо пайравӣ мекунад.  Ҳизб бо талаб ун-нусра ҳамон гуна муроҷиат мекунад, ки Расули Худо (с.а.с.) ва Мусъаб ибни Умайр рафтор кардаанд.  Ва дар ин ҷо муҳим нест, ки талаб ун-нусра дар пайравӣ аз Паёмбар (с.а.с.) анҷом мешавад, яъне ба  ягон гурӯҳ муроҷиат карда мешавад ва ё дар пайравӣ аз Мусъаб, бо талаб ун-нусра ба шахсони тавонои алоҳида муроҷиат мекунад ва сипас онҳоро ба як гуруҳ чамъ менамояд, то онхо дар навбати худ ба дини Аллоҳ амалан кӯмак кунанд.  Тариқати Мусъабро Расули Худо (с.а.с.) ба тариқи ризоияти хомӯшӣ (иқрор) тасдиқ кардааст” (охири иқтибос).

2)Дар посух ба саволи аз 12 муҳаррами 1390 ҳиҷрӣ  (20.03.1970) навишта будем: «Такьягоҳ (нуктату иртиказ) — маконест, ки давлат барпо мешавад, яъне маконе аст, ки Ҳизб қудратро ба даст меорад.  Аммо агар ин қаламрав тамоми ҷузъҳои зарурии (компонент) давлатро надошта бошад, он гоҳ ҳамчун  такягоҳ мувофиқ нест, магар ин ки ҷои дигаре (барои бунёд   ) мавҷуд набошад, ки ҷузъҳои зарурии давлатро дошта бошад ва ба ҳамроҳ шудан бо аввалин, вакте ки дар он давлат барпо карда мешавад.  Ё шояд, ки ҳарду – ё танҳо яке аз онҳо – ҷузъҳои зарурии давлатро дошта бошанд.

Пас, замоне Урдун бе ягон талоши Ҳизб вокуниш нишон дод, пас Ҳизб маҷбур шуд дар он кор кунад, то дар Урдун қудрат пайдо кунад.  Ҳизб барои дарёфти нерӯи моддии кофӣ барои ба даст овардани қудрат, бахусус пас аз гирифтани посухи мусбӣ аз ташкилоти дигар, дар Урдун ва берун аз он аз талаб ун-нусра истифода бурд.  Хамин тавр, Урдун ба  такьягоҳ табдил ёфт ва дар он ҳокимиятро ба дасти худ гирифтан мумкин шуд, зеро шароити такьягоҳ ба амал омад.

Мадина барои такьягоҳ мувофиқ буд, зеро дар он  барои нимҷазираи араб ҷузъҳои зарурии давлат мавҷуд буд.  Гузашта аз ин, ҳатто Тоиф барои такягоҳ мувофиқ буд, зеро дар он ҳам  ҷузъҳои зарурии давлат барои нимҷазираи Араб мавҷуд буд. Талаб ун-нусра кори хеле душвор ва ниҳоят хатарнок аст, зеро он  ҷасорати бесобиқа, шуҷоат, суботкорӣ ва равишҳои ғайриоддӣ, инчунин сабру тоқат ва ақли солимро талаб мекунад” (охири иқтибос).

3)Дар мавриди роҳбарияти воқеӣ бошад, дар шароити кунунӣ, то таъсиси давлат, ба ин ноил шудан душвор аст.  Сабаб ин аст, ки агарчи афкори ҷамъиятӣ ба пешвоии ақидавӣ мебарад, аммо роҳбарияти воқеӣ онро ҳамроҳӣ намекунад, магар ин ки Уммат  худ идора кунад, чунон ки дар замони Паёмбари Худо (с.а.с.) буд.  Имрӯз кишварҳои мусалмонӣ мустақим ё бавосита аз ҷониби мустамликадор идора карда мешаванд, на аз ҷониби Уммат.

Бинобар ин, агар афкори ҷамъиятӣ, ки аз шуури ҷамъиятӣ бармеояд, яъне роҳбарияти ақидавӣ дар ягон қисми маҷол ба даст оварда мешавад ва чузъҳои зарурии давлат дар он ҷо мавҷуд бошанд, пас талаб ун-нусра он ҷо воҷиб мешавад.  Дар хусуси роҳбарияти воқеӣ бошад, вай он вакт ба даст меояд, ки давлат бо назардошти шароите, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, барпо карда мешавад.

4)Мо дар посух ба саволи аз 20.09.2011, ки ба саволи Шумо монанд аст, дар бораи ин ҷанбаҳо тавзеҳот додем.  Дар ҷавоб чунин гуфта шудааст: «Дар мавриди маънои «шуури чамъиятӣ».  Калимаи «اَلْوَعْيُ» (шуур) дар луғати тафсирии арабӣ «Лисон-ул-араб» чунин омадааст: «اَلْوَعْيُ» ба маънои «омӯхтани чизе».  Масалан, одам ягон чиз ва суханро хуб мефаҳмад.  Ин маънои онро дорад, ки вай онро аз ёд кард, фаҳмид ва қабул кард, ки вобаста ба он шахси бошуур гардид.  Масалан, гуфта мешавад, ки «яке аз дигаре бошууртар аст», яъне вай бештар дар хотир доштан ва фахмидан дорад.  Дар яке аз ҳадисҳо омадааст:

نَضَّرَ اللَّهُ امْرَأً سَمِعَ مِنَّا شَيْئًا فَبَلَّغَهُ كَمَا سَمِعَهُ فَرُبَّ مُبَلَّغٍ أَوْعَى مِنْ سَامِعٍ

 «Худованд хурсанд кунад он касеро, ки аз мо чизе мешунавад ва ҳамон гуна, ки шунидааст, ба дигаре мерасонад.  Охир, мумкин аст, ки ба касе, (чизе) дода шавад, онро беҳтар аз шунавандаи он биомӯзад»

(Абу Довуд, Тирмизӣ, Ибни Моҷа, Ибни Ҳиббон).

 

Худи калимаи «ҷамъиятӣ» маънои онро дорад, ки фаҳмиш бояд ҳаматарафа бошад, проблемаи асосии масъаларо равшан нишон дихад.  Дар мавриди он, ки шуури ҷамъиятӣ ба манфиати Хилофат чӣ гуна ташаккул меёбад, ин на танҳо ба донистани калимаи «Хилофат» вобаста аст.  Ба шуури ҷамъиятӣ низ донистани як қатор қонунҳои марбут ба хилофат дахл доранд, аз ҷумла – воҷибии мавҷудияти  хилофат, зарурати мавҷудияти танҳо як халифа дар ҳокимият, воҷиб будани байъат ба халифа дар асоси ҳуқуқи интихобот ва ризоят, донистани вазифаҳои халифа, бахусус масъулияти ғамхорӣ дар умури берунӣ ва дохилии мусулмонон. Мо «чанд қонун» гуфтем, зеро зарурати донистани тамоми ҷузъиёт нест, барои ташаккули шуури ҷамъиятӣ дар робита ба хилофат танҳо як дониши кӯтоҳ кофӣ аст.  Ин раванд ба дигар масъалаҳои шариат низ дахл дорад.

— Воқеан дар баъзе қитъахои маҷол шуури ҷамъиятӣ ба даст оварда шуда буд ва чунон ки маълум аст, агар он дар яке аз қаламравҳо маҷол ба амал ояд, марҳилаҳои фаъолият дар баробари дигар қаламравҳо бо мақсади муттаҳид намудани ин қаламрав бо онҳое, ки дар он шуури ҷамъиятӣ ба даст оварда шуд давом дода мешавад.  Ва ин то он даме, ки бо изни Аллоҳ, шуури ҷамъиятии Уммат дар ҳама ҷанбаҳо ба даст ояд, идома хоҳад ёфт.

— Ба даст овардани шуури ҷамъиятӣ шарти ҳатмии оғози муроҷиат бо талаб ун-нусра мебошад.  Аммо ин шарт нест, ки шуури ҷамъиятӣ дар тамоми қаламрави маҷол ба даст оварда шавад. Дар  ибтидои соли 1960 зиёда як мамлакат қаламрави маҷол шуури ҷамъиятӣ ба даст оварда шуд, бинобар ин Ҳизб дар ҳар мамлакате, ки дар он ҷо барои ёрипурсӣ қарор қабул шуда буд,  бо талаб ун-нусра муроҷиат кард. Ҳизб фаъолияти худро барои ташаккули афкори ҷамъиятӣ, ки аз шуури ҷамъият бармеояд, вусъат медиҳад, то ҳамзамон ба даст овардани шуури ҷамъиятӣ ва имконияти иҷрои талаб ун-нусра ноил гардад.

— Дар  ҷое расидан ба шуури ҷамъиятӣ маънои онро надорад, ки он устувор аст ва аз ҷониби неруҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ халалдор шуда наметавонад ва инчунин маънои онро надорад, ки нерӯҳо маълумоти нодуруст ва бардурӯғро паҳн карда наметавонанд.

— Мо борхо зикр карда будем, ки «афкори ҷамъиятӣ аз шуури ҷамъиятӣ бармеояд», вале чунин мешавад, ки мо факат «афкори ҷамъиятӣ», баъзан —  «шуури ҷамъиятӣ»-ро зикр мекунем ва ин дуруст аст, агар дар ин маврид афкори ҷамъиятии талаб кардашуда ҳамеша аз шуури ҷамъиятӣ барояд, зеро инҳо пайвандҳои як занҷир мебошанд.  Бинобар ин, зикри як пайванд бе зикри дигараш дуруст аст.

— Ҳизб бештар аз дар як ҷо роҳбарии фикрии Умматро ба дасти худ гирифтааст.  Аммо азбаски Уммат худ ба худ ҳукм намекунад ва тасмим намегирад, балки тасмим аз ҷониби хоҷагони ҳокимони мусалмон, ки агентҳо ҳастанд, гирифта мешавад, пас роҳбарии фикрӣ набояд бо роҳбарии воқеӣ ҳамроҳ бошад.  Агар Уммат худ аз худ идора мекард ва ҳоким ба ихтиёри худи ӯ интихоб мешуд, пас роҳбарии воқеӣ бо роҳбарии фикрӣ зич алоқаманд хоҳад буд, пас агар Уммат ба шумо аз нигоҳи фикрӣ посух диҳад, роҳбарияти воқеии он аз они шумо хоҳад буд.

Дар воқеияти имрӯза метавон дар баъзе ҷанбаҳо роҳбарии воқеиро ба даст овард, вале эҳтимол дорад, ки дар маҷмӯъ роҳбарии воқеӣ пас аз ба даст овардани қудрат ба даст меояд, агар Худо бихоҳад” (охири иқтибос).

— Бародаре, ки дар саволи худ зикр кардед, аз афташ, қабул кардани роҳбарияти воқеиро дар назар доштааст,  вақте ки навиштааст: «Афкори ҷамъиятӣ ба мо ҳануз роҳбариро надодааст».  Вай дар бораи афкори ҷамъиятие, ки ба дараҷае расидааст, ки одамон ба мо роҳбарии воқеиро медиҳанд гуфтааст.  Аммо ин бо чунин роҳ ба даст намеояд.  Роҳбарии воқеи шарте барои муроҷиат бо талаб ун-нусра нест, балки барои ба вуҷуд овардани афкори ҷамъиятӣ, ки аз шуури ҷамъиятӣ бармеояд, кифоя аст, яъне  ин маънои онро дорад, ки фикрҳои моро бисьёр одамон ҳадди ақал дар яке аз вилоятхо, эҳтиром мекунанд, чи хеле ки мо пештар шарҳ додем.  Монанди ин, Хилофат, ки барои таъсиси он мо саъю кӯшиш дорем, афкори ҷамъиятӣ гардид ва ин барои муроҷиат бо талаб ун-нусра басанда аст.

Дар мавриди Шумо, дар бораи афкори ҷамъиятие сухан мегӯед, ки аз шуури ҷамъиятӣ ҷараён мегирад ва Ҳизбро маҷбур мекунад, ки бо талаб ун-нусра ба соҳибони нерӯву ҳифозат муроҷиат кунад ва ин бешубҳа чунин аст.

Умедворам, ки ин тавзеҳот кофӣ хоҳад буд.

 29 Сафар 1443 ҳиҷрӣ

 06.10.2021 с.

Силсилаи ҷавобҳои олим Ато ибни Халил Абӯ ар-Рашта, амири Ҳизб-ут-Таҳрир ба суолҳое, ки дар саҳифаи “Фейсбук” дар мавзӯи “Фиқҳ” дода шудаанд.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads