«Рӯзаи моҳи Рамазон» ва «Рӯзаи каффорат барои куштори ногаҳонӣ»-ро якҷоя кардан ҷоиз нест.
Аз ал-Абида Лилляҳ
Савол:
Ассалому алайкум. Аллох дар коратон мададгор бошад. Оё мумкин аст, ки рўзаи каффорат барои куштори ногаҳониро дар моҳи Шаъбон бо рўзаи моҳи Рамазон ҷамъ кард, бо назардошти он ки рўзаи каффорат танҳо дар ҳоле воҷиб аст, ки барои озод кардан ғуломе вуҷуд надошта бошад аммо рўзаи моҳи Рамазон аслан воҷиб аст? Яъне, оё метавонам рўзаи кафорати моҳи Шаъбонро бо рўзаи моҳи Рамазон ҷамъ карда гирам?
Аллоҳ ба шумо аҷри некӯ диҳад!
Ҷавоб:
Ва алайкум ассалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!
- Рӯзаи моҳи Рамазон ва рӯзаи каффорат барои куштори ногаҳониро якҷоя кардан ҷоиз нест. Сабаби ин дар он аст, ки онҳо ду ҳукми комилан гуногунанд, ки ба ҳамдигар иртибот надоранд. Рӯзаи каффорат барои куштори ногаҳон ду моҳ бетанаффус рӯза гирифтан аст, барои касе, ки барои озод кардан ғуломе надорад, ва ё тавони таъом додани шаст мискинро надошта бошад. Дар ин бора дар Қуръон омадааст:
وَمَا كَانَ لِمُؤْمِنٍ أَن يَقْتُلَ مُؤْمِنًا إِلَّا خَطَأً ۚ وَمَن قَتَلَ مُؤْمِنًا خَطَأً فَتَحْرِيرُ رَقَبَةٍ مُّؤْمِنَةٍ وَدِيَةٌ مُّسَلَّمَةٌ إِلَىٰ أَهْلِهِ إِلَّا أَن يَصَّدَّقُوا ۚ فَإِن كَانَ مِن قَوْمٍ عَدُوٍّ لَّكُمْ وَهُوَ مُؤْمِنٌ فَتَحْرِيرُ رَقَبَةٍ مُّؤْمِنَةٍ ۖ وَإِن كَانَ مِن قَوْمٍ بَيْنَكُمْ وَبَيْنَهُم مِّيثَاقٌ فَدِيَةٌ مُّسَلَّمَةٌ إِلَىٰ أَهْلِهِ وَتَحْرِيرُ رَقَبَةٍ مُّؤْمِنَةٍ ۖ فَمَن لَّمْ يَجِدْ فَصِيَامُ شَهْرَيْنِ مُتَتَابِعَيْنِ تَوْبَةً مِّنَ اللَّهِ ۗ وَكَانَ اللَّهُ عَلِيمًا حَكِيمًا
“Ҳеҷ мӯъминеро нарасад, ки мӯъмини дигарро ҷуз ба хато бикушад. Ва ҳар кас, ки мӯьминеро ба хато бикушад, бояд ки бандае мӯъминро озод кунад ва хунбаҳояшро ба хонаводааш таслим кунад, магар он, ки хунбаҳоро бибахшанд. Ва агар кушташуда мӯъмин ва аз қавмест, ки душмани шумост, фақат бандаи мӯъминеро озод кунад ва агар аз қавмест, ки бо шумо паймон бастаанд, хунбаҳо ба хонаводааш пардохт шавад ва бандаи мӯъминеро озод кунад ва ҳар кас, ки бандае наёбад, барои тавба ду моҳ пай дар пай рӯза бигирад. Ва Худо донову ҳаким аст!» (4:92)
Аз оят маълум мешавад, ки ду моҳ бефосила рӯза гирифтан ба сифати каффорат лозим аст. Ин рӯза рӯзаҳои дигарро, ки ҳадафҳои худро доранд, (аз қабили рӯзаи мохи Рамазон) намепӯшонад. Матни Шариат дар бораи рӯза дар моҳи Рамазон чунин аст:
شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِي أُنزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ هُدًى لِّلنَّاسِ وَبَيِّنَاتٍ مِّنَ الْهُدَىٰ وَالْفُرْقَانِ ۚ فَمَن شَهِدَ مِنكُمُ الشَّهْرَ فَلْيَصُمْهُ
«Моҳи Рамазон, ки дар он барои роҳнамоии мардум ва баёни роҳи равшани ҳидоят ва ҷудо сохтани ҳақ аз ботил Қуръони нозил шудааст, пас ҳар кас, ки ин моҳро дарёбад, бояд ки дар он рӯза бидорад. (2:185)»
Тавре ки мебинед, ин матн аз матни кафорати одамкушии ногаҳонӣ фарқ мекунад, аз ин рӯ онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ аз як шикоф намегузаранд. Дар навбати худ аз Аллох мехохам дар бардошти бори ин имтихон кӯмак кунад ва савоби шуморо афзун кунад, зеро Аллох нигахбони бандагони солеҳ аст.
- Дар ҳолате, ки шахс наметавонад бо сабаби шаръӣ ба таври мунтазам рӯза бигирад, дар ин маврид олимон ба ду ақида тақсим шудаанд:
а) дар ҳоле ки шахс барои одамкушии ногаҳонӣ рӯзаи каффоратро дошта наметавонад, ба ӯ таъом додани мискинон воҷиб нест, зеро Аллоҳ таъоло таъом додани мискинонро зикр накардааст. Агар таъомдиҳӣ мебуд, Худованди мутаъол онро зикр мекард, чунон ки дар кафорати зихор зикр кардааст. Чунин аст акидаи аксари олимон.
б) қиёс байни кафорати одамкушии ногаҳонӣ бо дигар навъҳои каффорат, аз қабили кафорати зиҳор сурат мегирад. Ин маънои онро дорад, ки агар шахсе, ки шаст рӯз пай дар пай (яъне пайваста ду моҳ) рӯза гирифта натавонад, пас шаст нафар мискинро таъом доданаш воҷиб мешавад. Худованд мефармояд:
وَالَّذِينَ يُظَاهِرُونَ مِن نِّسَائِهِمْ ثُمَّ يَعُودُونَ لِمَا قَالُوا فَتَحْرِيرُ رَقَبَةٍ مِّن قَبْلِ أَن يَتَمَاسَّا ۚ ذَٰلِكُمْ تُوعَظُونَ بِهِ ۚ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرٌ ٣ فَمَن لَّمْ يَجِدْ فَصِيَامُ شَهْرَيْنِ مُتَتَابِعَيْنِ مِن قَبْلِ أَن يَتَمَاسَّا ۖ فَمَن لَّمْ يَسْتَطِعْ فَإِطْعَامُ سِتِّينَ مِسْكِينًا ۚ ذَٰلِكَ لِتُؤْمِنُوا بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ ۚ وَتِلْكَ حُدُودُ اللَّهِ ۗ وَلِلْكَافِرِينَ عَذَابٌ أَلِيمٌ
«Аз миёни шумо касоне, ки занонашонро зиҳор (монанд кардани яке аз узвҳои зан бо узви модар, ки навъе аз қасам аст) мекунанд, бидонанд, ки занонашон модаронашон нестанд, модаронашон фақат заноне ҳастанд, ки онҳоро зоидаанд ва сухане нописанду дурӯғ аст, ки мегӯянд. Ва Худо аз гуноҳ он даргузаранда аст ва бахшоянда аст! Онҳое, ки заношашонро зиҳор мекунанд, он гоҳ аз он чӣ гуфтаанд, пушаймон мещаванд, пеш аз он ки бо якдигар тамос ёбанд, бояд ғуломе озод кунанд. Ин пандест, ки ба шумо медиҳанд ва Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст!» (58:2,3)
Ин яке аз ақидаҳои мазҳаби шофеъиён мебошад.
- Ман майл дорам, ки шахси бо сабаби шаръӣ ду моҳ пай дар пай рӯза гирифта наметавониста, дар ин маврид коре намекунад. Аллоҳ хубтар медонад, вале бояд аз Аллоҳ мағфират пурсад ва бо амалҳои иловагӣ (нофила) ба Ӯ наздик шавад. Аммо дар мавриди он ки чаро байни кафорати қотилии ногаҳонӣ ва каффорати зихор қиёс намекунем, сабаби ин дар он аст, ки дар матнҳои каффорат иллат нест.
Дар китоби «Шахсияи исломӣ», ҷилди 3, дар боби «Шартҳои ҳукми асосӣ (асл)» омадааст: «5) Ҳукми асосӣ (асл) набояд аз аҳкоми қиёс берун равад. Чунин норасоиҳо ба ду намуд тақсим мешаванд:
а) он чизе, ки маънии онро ақл намефаҳмад, зеро он ё аз қоидаи умумӣ истисно аст ва ё аз ибтидо ҳамин тавр омадааст. Ба сифати истисно аз қоидаи умумӣ воқеаи Хузаймаро мисол овардан мумкин аст, ки гувохии яккагии ӯ ҷои гувоҳии ду касро гирифта буд. Бухорӣ инро зикр кардааст. Ҳодисаи Хузаймаро бо ақл шарҳ додан мумкин нест, илова бар ин, шаҳодати ӯ аз қоидаи умумӣ истисно аст. Намунаи он чиро, ки дар ибтидо чунин нозил шудааст, метавон шумораи ракъатҳои намоз, нисоби закот, миқдори худуд ва каффоратро мисол овард. Гарчанде ки ин саволҳоро бо далел шарҳ додан мумкин нест, онҳо аз қоидаи умумӣ истисно нестанд.
Дар ҳар ду маврид кор фармудани қиёс қобили қабул нест.» (охири иқтибос).
Умедворам ин ҷавоб кифоя аст, аммо Аллоҳ беҳтар медонад!
15 Шаъбони 1443 ҳиҷрӣ
18.03.2022
Силсила посухҳои олим Ато ибни Халил Абӯ-ар-Рашта, амири Ҳизби Таҳрир ба саволҳои дар саҳифаи Фейсбуки худ дар мавзӯи “Фиқҳ”
Рӯзаи Рамазон