Қазо ва қадар

Қазо ва қадар

Посух ба суол аз Муҳаммад Тоҳир Ҳамидӣ

Суол: Ба номи Аллоҳи Бахшанда ва  Меҳрубон.      Моён ба амири мӯҳтарам аз Афғонистон менависем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!

Аз Аллоҳ бароятон тансиҳатӣ ва қувват мепурсем. Сӯи Аллоҳ барои мадад ва пирӯзӣ муроҷиат   менамоем. Шайхи азиз! Ба наздикӣ ман китоби «Шахсияи исломӣ»-ро хондам ва дар он чизеро пайдо кардам, ки дар китоби «Низоми Ислом» нест. Ман аз ҳарду китоб иқтибосҳо меорам, то нишон диҳам, ки дар куҷо, ба фикри ман, ихтилоф мавҷуд аст.

Дар китоби «Низоми Ислом» шайх Тақийюддин Набҳонӣ менависанд:

«Ин хосиятҳои муайян, ки Аллоҳ Таоло дар чизҳо ва ғаризаю ҳоҷоти узвӣ офаридааст, қадар номида мешаванд. Чунки Аллоҳ Таоло ин чизҳо ва ғаризаю ҳоҷоти узвиро офарид ва дар онҳо хоссаҳои муайянро ба вуҷуд овард. Ин хосиятҳо бевосита аз худи чизҳо ва ғаризаю ҳоҷоти узвии инсон ба вуҷуд наомадаанд. Инсон ба ин ягон алоқамандӣ ва таъсире надорад».

Дар ҷилди якуми китоби «Шахсияи исломӣ» шайх менависад:

«Қадар–ин хоссаҳои ашё мебошанд, ки инсон дар онҳо пайдо мекунад, масалан, чун сӯзондане, ки ба оташ хос аст, буридане, ки ба корд хос аст».

Оё дар ин ду иқтибос нисбати он, ки хосиятҳоро дар ашё ва инсон кӣ ба вуҷуд овардааст ихтилоф нест? Ва умуман дар китоби «Шахсияи исломӣ» дар бораи чӣ сухан меравад? Шояд сухан дар бораи он меравад, ки иҷрои амал –  ин монанди офаридан ва сохтан нест? Хоҳиш дорам  ба ин масъала равшанӣ андозед, то ҳама нофаҳмиҳо бартараф карда шавад.

Аллоҳ ба Шумо баракот ато кунад ва аз ҳар гуна бадиҳо ҳифз намояд шайхи азизи мо!

Посух: Ваалейкум ассалом ва рахматуллоҳи ва баракотуҳу.

1— Дар китоби «Низоми Ислом» дар мавзӯи «Қазо ва қадар» омадааст:

«Аммо қадар чунин аст: Бешубҳа, корҳо аз ҷониби ягон чизи коинот, инсон ва ҳаёт ё дар болои ин чиз рӯй медиҳад, чи дар доираи аз болои инсон ҳукмронанда, чи дар доираи инсон ҳукмронанда. Аллоҳ Таоло барои ин чизҳо хосса(хусусият)–ҳои муайянро офарид. Масалан, Аллоҳ Таоло дар оташ хосияти сӯзонданро, дар ҳезум хосияти сӯхтанро, дар корд хосияти буриданро офарид ва ин хосиятҳородар асоси қонунҳои ҳастӣ(табиат) тағйирнаёбанда ва доимӣ кард. Агар ин хоссаҳо бар хилофи қонунҳои табиат тағйир ёбанд, пас Аллоҳи Таоло аз чизҳои мазкур хоссаҳои барои онҳо муайяншударо гирифтааст ва ин ҳодисаи ғайритабиӣ мебошад. Ин танҳо барои пайғамбарон рӯй дода, мӯъҷизаи онҳо ба  ҳисоб меравад. Чунон ки Аллоҳ Таоло дар чизҳо хосиятҳоро офаридааст, дар инсон ғариза(инстинкт, хислатҳои модарзод) ва ҳоҷоти узвиро офарид ва дар онҳо монанди хоссаҳои чизҳо хосиятҳои муайянро ба вуҷуд овард. Масалан, дар ғаризаи навъ хосияти майли ҷинсиро, дар ҳоҷоти узвӣ гуруснагӣ, ташнагӣ ва дигар хосиятҳоро офарид. Онҳоро дар асоси қонуни табиат ба хусусияти ҷудонопазири ғариза ва ҳоҷоти узвии мазкур табдил дод. Ин хосиятҳои муайян, ки Аллоҳ Таоло дар чизҳо ва ғаризаю ҳоҷоти узвии инсон офаридааст, қадар номида мешаванд. Чунки Аллоҳ Таоло ин чизҳо ва ғаризаю ҳоҷоти узвиро офарид ва дар онҳо хоссаҳои муайянро ба вуҷуд овард. Ин хосиятҳо бевосита аз худи чизҳо ва ғаризаю ҳоҷоти узвии инсон ба вуҷуд наомадаанд. Инсон дар пайдо кардани ғариза ва ҳоҷоти узвии худ алоқа ё таъсире надорад. Инсон бояд имон биёрад, ки Аллоҳи Субҳонаҳу ва Таоло хосиятҳои чизҳоро офаридааст. Дар ин хосиятҳо қобилияте мавҷуд аст. Агар инсон бо воситаи онҳо кореро мувофиқи фармонҳои Аллоҳ анҷом диҳад, некӣ мешавад ва агар бар зидди фармонҳои Аллоҳ иҷро кунад, бадӣ мешавад. Дар ин ҷо, агар коре мувофиқи фармонҳою боздоштҳои Аллоҳ бошад, некӣ ва агар зидди фармонҳою боздоштҳои Аллоҳ бошад, бадӣ рӯй медиҳад, хоҳ чизҳоро бо хосиятҳояш истеъмол кунад, хоҳ ғаризаю ҳоҷоти узвии худро қонеъ кунад.

Аз ин мебарояд, ки корҳое, ки дар доираи ба инсон ҳукмронанда содир мешаванд, аз тарафи Аллоҳ ҷорӣ мешаванд, хоҳ некӣ бошанд, хоҳ бадӣ. Инчунин хоссаҳои чизҳо ва ғаризаю ҳоҷоти узвии инсон аз тарафи Аллоҳ Таоло ба вуҷуд оварда шудааст, хоҳ натиҷаи хуб диҳад, хоҳ натиҷаи бад. Бинобар ин ҳар як муслим бояд имон биёрад, ки некӣ ва бадии қазо аз Аллоҳ Таолост, яъне эътиқод кунад, ки корҳои берун аз доираи ҳукмронандаи ӯ аз тарафи Аллоҳ Таолост. Инсоне ки аз тарафи Аллоҳ Таоло офарида шудааст, ба ин корҳо ягон таъсире надорад. Масалан, аҷал, ризқ ва ҳатто нафаси инсон аз тарафи Аллоҳ муайян карда мешавад. Инчунин майли ҷинсӣ дар ғаризаи навъ, майл барои мулки хусусӣ дар ғаризаи бақо, гуруснагӣ ва ташнагӣ дар ҳоҷоти узвӣ – ин ҳама аз тарафи Аллоҳ Таоло офарида шудаанд».

Яъне лафзи «қадар» дар истилоҳоти «қазо ва қадар» маънои «хоссаҳои чизҳо, ки Аллоҳ Таоло дар офаридаҳои худ ба вуҷуд  овардааст» – ро дорад.

 

2—Дар ҷилди якуми китоби «Шахсияи Исломӣ» дар мавзӯи «Ақидаи Исломӣ» омадааст:

«Далели «қазо ва қадар» ақлӣ мебошад, зеро дар баррасии масъалаи «қазо» ду тараф ҷой дорад. Тарафи якум–он чи ки бо худи низоми ҳастӣ талаб мешавад ва он далели ақлӣ дорад, зеро бо Офаранда алоқаманд аст. Тарафи дуюм – ин амали инсон, ки бидуни хоҳиши ӯ аз тарафи ӯ ё бар болои ӯ содир мешавад. Ин ҳама ҳисшаванда мебошад, аз ин сабаб «қазо» далели ақлӣ дорад.  «Қадар» – хосиятест, ки инсон дар чиз пайдо мекунад, чун, масалан, сӯхтане, ки ба оташ хос аст, буридане, ки ба корд хос аст. Ин хосият бо узвҳои ҳиси инсон ҳис мешавад, барои ҳамин далели «қадар» низ ақлӣ мебошад».

Яъне лафзи  «қадар» дар истилоҳоти «қазо ва қадар» маънои «хоссае, ки инсон дар ашё пайдо  мекунад»–ро дорад.

3—Дар ҷилди якуми китоби «Шахсияи исломӣ» дар мавзӯи «Қазо ва қадар» омадааст:

«Мафҳуми «қазову қадар» ё бо ибораи дигар гӯем, масъалаи «қазову қадар» амалҳои банда ва хоссаҳои ашё мебошад. Зеро масъалае, ки ворид шудааст, амалҳои банда ва чизҳое мебошад, ки дар натиҷаи ин амалҳо пайдо шудааст. Ба таври дигар гӯем, хоссаҳое мебошад, ки банда дар ашё пайдо кардааст. Яъне ин хоссаҳо магар офаридаҳои Аллоҳ ҳастанд ва Ӯ онҳоро офарида ё пайдо кардааст, ё ки онҳо аз тарафи бандаанд, яъне банда онҳоро офарида ва пайдо кардааст?  <… >

Аммо қадар чунин аст, ки амалҳо, хоҳ дар доираи инсон бар он ҳукмронанда ва хоҳ дар доираи бар инсон ҳукмронанда, аз тарафи ашё ва дар болои ашёе рух медиҳанд, ки аз моддаи коинот, инсон ва ҳаёт ҳастанд. Пас ин амал таъсиреро пайдо мекунад, яъне аз ин амал коре ба вуҷуд меояд. Инак, хоссаҳоеро, ки инсон дар ашё пайдо мекунад, худ офаридааст ё чунончи ашёро Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таоло офаридааст, хоссаҳоро низ дар ашё Ӯ офаридааст? Агар кас ба ҳодисаҳое, ки дар ашё рух медиҳад бо диққат бингарад, дармеёбад, ки онҳо аз хоссаҳои ашё мебошанд, на аз амали инсон. Зеро инсон он ҳодисаҳоро танҳо дар ашёе пайдо карда метавонад, ки ин ҳодисаҳо яке аз хоссаҳои он ашё мебошанд. Вале дар ашёе, ки ин ҳодисаҳо аз ҷумлаи хоссаҳои онҳо нестанд, инсон ҳодисаи дилхоҳро пайдо карда наметавонад. Бинобар ин, чунин корҳову ҳодисаҳо на аз амалҳои инсон, балки аз хоссаҳои ашё мебошанд. Зеро Аллоҳ Таоло ашёро офарида ва хоссаҳояшонро тавре тақдир намудааст, ки аз онҳо ҷуз хосияти тақдирнамудаи Аллоҳ чизи дигар ба вуҷуд намеояд<…>

Чӣ тавре ки Аллоҳ дар ашё хоссаҳоро офарид, дар инсон ғаризаҳо ва ҳоҷатҳои узвиро офарида, онҳоро монанди дигар ашё дорои хосиятҳои муайян гардонид. Масалан, дар ғаризаи навъ хосияти майли ҷинсиро, дар ғаризаи бақо хосияти майл ба моликиятро ва дар ҳоҷоти узвӣ гуруснагиро офарида, ин хоссаҳоро мувофиқи низоми вуҷуд бар ин чизҳо лозимӣ гардонид. Инак, ин хоссаҳои муайяне, ки Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таоло дар ашё, ғаризаҳо ва ҳоҷоти узвии инсон офарид, қадар номида мешавад. Зеро, танҳо Аллоҳ ин ашё, ғаризаҳо ва ҳоҷоти узвиро офарида, бар онҳо хоссаҳояшонро тақдир кард <…>, яъне Аллоҳ ин хоссаҳоро дар ашё сиришт, яъне ин ашёро офарид ва дар онҳо хоссаҳои муайянро пайдо кард. Аз ин бармеояд, ки ин хоссаҳо аз тарафи Аллоҳ мебошанд, на аз тарафи банда. Банда ба ин корҳо мутлақо на  алоқае дорад ва на таъсире. Пас ҳамин қадар мебошад. Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки мафҳуми «қадар» дар баҳси «қазову қадар», хоссаҳои ашё мебошанд, ки инсон дар онҳо пайдо мекунад. Инсон бояд имон оварад, ки ин хоссаҳоро бар ашё танҳо Аллоҳ Субҳонаву ва Таоло тақдир кардааст».

Ин ҷо Шумо дида метавонед, ки «қадар» дар баррасии масъалаи «қазо ва қадар» –хоссаҳои ашёҳо аст, ки инсон дар онҳо пайдо мекунад». Пас аз он, фарқеро дида метавонед, ки инсон хоссаҳои ашёҳоро пайдо мекунад, аммо Аллоҳ бошад ин хоссаҳоро офаридааст. Дар ин бора дар китоб омадааст: «Оё хоссаҳое, ки инсон дар ашёҳо пайдо мекунад офаридаи инсон аст ё онҳоро Аллоҳи Таоло дар ашё офаридааст, ҳамон хеле ки худи ашёро низ офаридааст? Баъдтар боз ҳам равшантар навишта шудааст: «Аллоҳ ин хоссаҳоро дар ашё сиришт, яъне ин ашёро офарид ва дар онҳо хоссаҳои муайянро пайдо кард. Аз ин бармеояд, ки ин хоссаҳо аз тарафи Аллоҳ мебошанд, на аз тарафи банда. Банда ба ин корҳо мутлақо  на алоқае дорад ва на таъсире. Пас ҳамин қадар мебошад. Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки мафҳуми «қадар» дар баҳси «қазову қадар», хоссаҳои ашё мебошанд, ки инсон дар онҳо пайдо мекунад. Инсон бояд имон оварад, ки ин хоссаҳоро бар ашё танҳо Аллоҳ Субҳонаву ва Таоло тақдир кардааст».

Инсон, бо истифода аз ашё, хоссаҳои онҳоро, ки Аллоҳ офарида ва ҷой кардааст, пайдо мекунад. Яъне ӯ танҳо он чизеро, ки Аллоҳ офарида ва дар чизҳо ҷой додааст, барои худ мекушояд. Ва агар хосса офарида ва ба ашё ҷой карда нашуда бошад, онгоҳ инсон  онро ба ҳеҷ ваҷҳ ошкор карда наметавонад. Дар иқтибосҳое, ки дар боло аз китоб оварда шудаанд хоссатан дар бораи ҳамин чиз гуфта мешавад. Ҳамин тавр, лафзҳои «инсон  хоссаҳои ашёҳоро пайдо мекунад» маънои онро дорад, ки ӯ он хоссаҳоеро ошкор месозад, ки Аллоҳ Таоло офаридааст ва дар ашёҳо ба вуҷуд овардааст.

 

Ато ибни Халил Абӯ ар-Рашта

24 Муҳаррами соли 1444 ҳиҷрӣ.

22.08.2022 сол

Силсилапосухҳои олим Ато ибни Халил Абӯ ар-Рашта, амири Ҳизб ут-таҳрир, ба саволҳои дар саҳифаи Фейсбукиаш додашуда дар мавзӯи «Фикр»

Инсон бо истифода аз ашё, хосиятҳои онҳоро, ки Аллоҳ офарида ва ҷой кардааст, ошкор мекунад. Яъне танҳо он чиро, ки Аллоҳ офарида ва дар чизҳое қарор додааст, ошкор мекунад. Ва агар молу мулк офарида ва ба чизе гузошта нашуда бошад, касе наметавонад онро ба ҳеҷ ваҷҳ ошкор кунад. Ин аст он чизе ки дар иқтибосҳои боло аз китоб гуфта шудааст. Ҳамин тариқ, калимаи «Инсон боиси хосиятҳои ашё мегардад» маънои онро дорад, ки он хосиятҳоеро, ки Худованд офарида ва дар ашё гузоштааст, ошкор мекунад.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Матбуоти ҷаҳонӣ Шарқи наздик

Ҳизби Таҳрир зидди мустамликашавии Тунис аст!

Ҳизби Таҳрир зидди мустамликашавии Тунис аст! Рӯзи сешанбе 25-уми октябр мақомоти Тунис майдони Касбаро ба нишасти низомиён ва хадамоти амниятӣ табдил дод;  ҳамаи даромаду...
post-image Матбуоти ҷаҳонӣ Шарқи наздик

Шӯрои Амнияти СММ оид ба масъалаи Фаластин нишасте баргузор кард

Шӯрои Амнияти СММ оид ба масъалаи Фаластин нишасте баргузор кард Хабар: Шӯрои Амнияти СММ роҷеъ ба масъалаи Фаластин ҷаласаи кушод баргузор кард, ки дар...
post-image Гуногун

Манъи гирифтани тӯҳфаҳо ва маблағҳои аз қабили «ғулул» ба шахсони мансабдор

Манъи гирифтани тӯҳфаҳо ва маблағҳои аз қабили «ғулул» ба шахсони мансабдор Ҳадиси сиву шашум «Ба мо Абӯ Бакр ибни Шайба… аз Абӯ Ҳумайрои Соъидӣ...
post-image Матбуоти ҷаҳонӣ

Амрико, Русия, Хитой ва тарафдоронашон бо оташ бозӣ мекунанд, ки он барои ин ҷаҳон ягон  хубие намеорад!

Амрико, Русия, Хитой ва тарафдоронашон бо оташ бозӣ мекунанд, ки он барои ин ҷаҳон ягон  хубие намеорад! Баёноти матбуотӣ Аён гашт, ки маъмурияти Байден...
Бештар
ads