Оё ба шахси мурда, агар писараш ба ҷои ӯ садақа кунад, савоб навишта мешавад?

Амири Ҳизби Таҳрир

Оё ба шахси мурда, агар писараш ба ҷои ӯ садақа кунад, савоб навишта мешавад?

Аз Амир Турман

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!

Ба шайхи мо, амири мо, аз таҳти дил салому дуруд мегӯем! Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд:

إِذَا مَاتَ ابْنُ آدَمَ انْقَطَعَ عَمَلُهُ إِلاَّ مِنْ ثَلاَثٍ صَدَقَةٌ جَارِيَةٌ أَوْ عِلْمٌ يُنْتَفَعُ بِهِ أَوْ وَلَدٌ صَالِحٌ يَدْعُو لَهُ

«Вақте фарзанди Одам мемирад, амалаш бурида мешавад, ғайр аз се чиз: садақаи ҷорӣ, илме, ки аз он баҳраманд мешаванд ва фарзанди солеҳ, ки барояш дуъо мекунад».

Оё барои садақаи ҷория ҳисоб шудани садақа, онро ҳангоми зинда будани марҳум ва ё аз номи ӯ кардани фарзандонаш шарт карда мешавад? Аллоҳ Шуморо ба ҳақ ҳидоят намояд ва Шуморо ба чизе расонад, ки дар он бузургии Уммат аст!

Ҷавоб:

Ва алайкум ассалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!

Дар мавриди он, ки оё савоб ба шахси мурда ҳисобида мешавад, агар кори хайрро дигарон карда бошанд, яъне аъмоле, ки ҳангоми иҷрои онҳо аз тарафи  дигарон савоб ба шахси фавтида меравад, аз он ҷумла — садақа аз тарафи фарзандон аз номи волидайн. Оид ба ин якчанд суханҳои олимонро меоварам:

  1. Аш-Шавқонӣ дар китоби «Найл ул-автор» навиштааст: «Аз Абӯҳурайра ривоят шудааст:

أَنَّ رَجُلًا قَالَ لِلنَّبِيِّ صَلَّى ٱللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ إِنَّ أَبِي مَاتَ وَلَمْ يُوصِ أَفَيَنْفَعُهُ أَنْ أَتَصَدَّقَ عَنْهُ قَالَ نَعَمْ

«Шахсе ба Паёмбар  ﷺ гуфт: «Падарам вафот кард, аммо васият нагузошт. Оё ман аз номи ӯ садақа кунам, ба ӯ фоида меорад? Расулуллоҳ ﷺ ба ин: «Ҳа!» гуфтанд. (Аҳмад, Муслим, Насоӣ ва Ибни Моҷа овардаанд).

Аз Оиша(р.а) ривоят мешавад:

أَنَّ رَجُلًا أَتَى النَّبِيَّ صَلَّى ٱللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ يَا رَسُولَ اللَّهِ إِنَّ أُمِّي اُفْتُلِتَتْ نَفْسُهَا وَلَمْ تُوصِ وَأَظُنُّهَا لَوْ تَكَلَّمَتْ تَصَدَّقَتْ أَفَلَهَا أَجْرٌ إِنْ تَصَدَّقْتُ عَنْهَا قَالَ نَعَمْ

«Рӯзе шахсе ба назди Расулуллоҳ ﷺ омада гуфт: «Эй Расули Аллоҳ!  Модарам васияте накарда ногаҳон аз олам даргузашт, вале ман фикр мекунам, ки агар [пеш аз маргаш] сухан мегуфт, ҳатман амр мекард, ки садақа тақсим карда шавад. Агар ман аз номи ӯ садақа тақсим кунам, оё ӯ савоб мегирад?».  Он касﷺ  «Бале!» гуфтанд. (Бухорий, Муслим).

Аз Ҳасан (р)  ривоят мешавад: «Вақте модари Саъд ибни Убода вафот кард,  ӯ ба Расулуллоҳ ﷺ чунин гуфт:

يَا رَسُولَ اللَّهِ إِنَّ أُمِّي مَاتَتْ أَفَأَتَصَدَّقُ عَنْهَا قَالَ نَعَمْ قُلْتُ فَأَيُّ الصَّدَقَةِ أَفْضَلُ قَالَ سَقْيُ الْمَاءِ

«Эй Расули Аллоҳ ﷺ  ! Модарам вафот кард. Оё аз номи вай садақа тақсим кунам?» Он кас ﷺ гуфтанд: «Бале,[онро бикун]!».Пас пурсидам: «Беҳтарин садақа чист?». Гуфтанд: «[Дигаронро] об нӯшонидан». Ал-Ҳасан гуфт: «Сухан дар бораи чашмаи оби Саъд дар Мадина мерафт» (ривояти Аҳмад ва Насоӣ).

Боб дар бораи он ки оё савоби аъмоли нек ба мурдаҳо мерасад, агар онҳоро  дигарон аз номи онҳо анҷом диҳанд

Дар лафзҳои «оё ин ба ӯ фоида меорад» далел ба он аст, ки савоби рӯза ва садақаи аз номи падар аз ҷониби писар кардашуда ба падараш ҳисоб мешаванд. Ифодаи «اُفْتُلِتَتْ» ба он далолат мекунад, ки модараш ногаҳон, яъне ғайричашмдошт вввафот кардааст. Лафзҳои «وَأُرَاهَا»  маънои «ба гумонам»-ро дорад. Дар лафзҳои «[Дигаронро] об нӯшонидан» далел ба он аст, ки об нӯшонидан, яъне дигаронро об додан беҳтарин садақа мебошад.

Дар ривояти Абӯ Довуд омадааст:

فَأَيُّ الصَّدَقَةِ أَفْضَلُ قَالَ الْمَاءُ فَحَفَرَ بِئْراً وَقَالَ هَذِهِ لِأُمِّ سَعْدٍ

«Беҳтарин садақа кадом аст?», — он кас ﷺ гуфтанд: «Об!» Пас ӯ чоҳ кофт ва гуфт: «Ин барои  модари  Саъд  аст».

Ин  ҳадисро Доруқутнӣ  дар  китоби  «Ғаройибу  Молик ибни Анас» овардааст. Дар «Муватто» аз ҳадиси Саид ибни Саъд ибни Убода ёдрас мешавад:

خَرَجَ سَعْدٌ مَعَ النَّبِيِّ صَلَّى ٱللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فِي بَعْضِ مَغَازِيهِ وَحَضَرَتْ أُمَّهُ الْوَفَاةُ بِالْمَدِينَةِ فَقَالَ لَهَا أَوْصِي فَقَالَتْ فِيمَ أُوصِي وَالْمَالُ مَالُ سَعْدٍ فَتُوُفِّيَتْ قَبْلَ أَنْ يَقْدَمَ سَعْدٌ

«Рӯзе  Саъд (р) ҳамроҳи Паёмбар ﷺ  ба  яке аз ғазотҳои ҳарбӣ рафт ва  он вақт дар Мадина ба модараш марг расид. Касе ба ӯ гуфт: «Васият омода кун!», — ки ӯ гуфт: «Чӣ васият кунам? Ҳамаи молу мулк амволи Саъд аст». Ӯ пеш аз баргаштани Саъд вафот намуд».

Зикр мешавад, ки дар ҳадиси Оиша(р.а) ва Ибни Аббос (р) дар симои Саъд ибни Убода ровии номаълуме омадааст. Ба ин он далолат мекунад, ки Бухорӣ баъди ҳадиси Оиша(р.а) ҳадиси Ибни Аббосро бо ин лафзҳо меорад:

إِنَّ سَعْدَ بْنَ عُبَادَةَ قَالَ إِنَّ أُمِّيَ مَاتَتْ وَعَلَيْهَا نَذْرٌ

  • Саъд ибни Убода гуфт: Модари ман вафот кард, дар ҳоле ки назр дошт ва бояд онро адо мекард.

  • Чунин ёдраскунӣ аз ҷониби Бухорӣ ҳамчун ишораест, ки дар ҳадиси Оиша(р.а) Саъд ҳамчун шахси номаълум омадааст. Худи ҳадисҳои ин боб ба он ишора мекунанд, ки мукофот барои садақа аз тарафи зурриёт ба волидайни вафоткардаашон мерасад, ҳатто агар онҳо васият накарда бошанд ҳам. Ин гуна ҳадисҳо матни умумии Қуръонро равшан мекунанд:

وَأَن لَّيْسَ لِلْإِنسَانِ إِلَّا مَا سَعَىٰ

 «Инсон фақат он чиро соҳиб мешавад, ки ба он кӯшиш намуд» (53:39).

Аммо ҳадисҳои ин боб фақат оиди садақа аз тарафи зурриёт (писараш, духтараш) хабар медиҳанд. Тасдиқ шудааст, ки фарзанд як қисми саъю кӯшиши шахс аст, бинобар ин зарурати мушаххас кардани ин вуҷуд надорад»(охири иқтибос).                              .

  1. Нававӣ дар китоби «Ал-Минҳоҷ шарҳус саҳеҳ Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ» навиштааст: «Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Нумайр ба мо нақл кард: «Муҳаммад ибни Бишр ба мо нақл кард: «Ҳишом ба мо аз падараш ва ӯ аз Оиша (р.а) нақл кард :

أَنَّ رَجُلًا أَتَى النَّبِيَّ صَلَّى ٱللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ يَا رَسُولَ اللَّهِ إِنَّ أُمِّي اُفْتُلِتَتْ نَفْسَهَا وَلَمْ تُوصِ وَأَظُنُّهَا لَوْ تَكَلَّمَتْ تَصَدَّقَتْ أَفَلَهَا أَجْرٌ إِنْ تَصَدَّقْتُ عَنْهَا قَالَ نَعَمْ

«Рӯзе назди Расулуллоҳ ﷺ шахсе омада гуфт: «Эй  Расули Аллоҳ! Модарам ногаҳон васият накарда аз олам даргузашт, вале ман фикр мекунам, ки агар ӯ [пеш аз маргаш] сухан мегуфт, ҳатман амр мекард, ки садақа тақсим карда шавад. Агар аз номи ӯ садақа тақсим кунам, ӯ мукофот мегирад?», -ки он кас ﷺ ба ӯ гуфтанд: «Бале!».

Зуҳайр ибни Ҳарб ба ман нақл кард: «Яҳё ибни Саид ба мо гуфт: «Абӯ Қурайб ба мо гуфт: «Абӯ Усома ба мо гуфт: «Алӣ ибни Ҳуҷр ба ман гуфт: «Алӣ ибни Мусҳир ба мо гуфт:» Ҳакам ибни Мӯсо ба мо гуфт: «Ба мо Шуайб ибни Исҳок ривоят кард ва ҳама аз Ҳишом бо ҳамин иснод (занҷири ровиён) ривоят кардаанд. Дар ҳадиси Абӯ Усома гуфта мешавад, ки модар васият нагузоштааст, чунон ки Ибни Башир дар ин бора гуфтааст. Аммо ровиёни боқимонда инро нагуфтаанд».

Дар ибораи:

يَا رَسُولَ اللَّهِ إِنَّ أُمِّي افْتَلَتَتْ نَفْسَهَا

(«Эй Расули Аллоҳ! Модарам ногаҳон вафот кард»)

дар охири калимаи « نَفْسَهَا » мо тасмим гирифтем, ки ҳам фатҳа ва ҳам замма мондан мумкин аст. Агар замма гузошта шавад, пас ин лафз ба маънои мафъул биҳ хоҳад буд, ки дар он фоил зикр нашудааст ва агар бо фатҳа бошад, ин дуюм мафъул биҳ мешавад. Қозӣ Иёд гуфт: «Дар аксари нусхаҳои мо фатҳа ёдрас мешавад». Лафзи «اِفْتَلَتَتْ» бо ҳарфи «ф» ёдрас шудааст ва ин дуруст аст. Ин ҳамон чизест, ки аҳли ҳадис ва уламои дигар меоранд. Ибни Қутайба лафзи «اِقْتَتَلَتْ»-ро бо ҳарфи «к» оварда, илова кардааст, ки чунин ифода ҳангоми марги ногаҳонӣ ва ё аз девонагӣ ва ишқ ба марг дучор шудани инсон истифода мешавад. Бо ҳарфи «ф» истифода бурдан назар ба  «к» дурусттар мебошад. Бархе дигар гуфтанд, ки сухан дар бораи марги ногаҳонӣ меравад, аз ин рӯ ба ҳар коре, ки ногаҳон анҷом меёбад,  «اُفْتُلِتَ» мегӯянд: <…> Дар ин ҳадис гуфта мешавад, ки садақа аз номи мурда ба мурда фоида меорад, зеро мукофоти он ба ӯ навишта мешавад, — ва дар ин бора олимон якдил мебошанд.

Ҳамчунин, уламо бар он якдиланд, ки дуъо барои мурда ва пардохти қарзи ӯ тибқи тамоми матнҳои зикршуда ба шахси мурда ҳисоб мешавад. Ҳаҷ кардан аз номи мурда ҷоиз аст, ҳамон гуна ки ҳаҷҷи нафлӣ, агар мурда васият карда бошад, ҷоиз аст ва мо низ ба ин фикр риоя менамоем. Аммо уламо дар  мавриди он, ки агар шахс вафот кунаду дар ӯ қарзи рӯза монда бошад ихтилофи назар доранд. Фикри ҷоиз будани рӯза доштан аз номи марҳум афзалтар буда, ин мувофиқи ҳадисҳои саҳеҳ мебошад. Дар мазҳаби мо маълум аст, ки аз номи мурда хондани Қуръон ба ӯ фоидае надорад, яъне ба вай мукофот навишта намешавад. Аммо як гурӯҳ рафиқони мо ҳастанд, ки чунин мукофот ба мурда навишта мешавад гӯён ҳисобиданд; Аҳмад ибни Ҳанбал низ ҳамин фикрро дошт. Дар мавриди адои намоз ва дигар ибодатҳо бошад, савоби онҳо ба мурда навишта мешавад, ҳамон тавре ки савоби ҳаҷ навишта мешавад» (охири иқтибос).

Ҳамин тавр, агар Шумо аз номи падаратон садақа тақсим намоед, бо нияти он ки мукофоташ ба ӯ навишта шавад, бо изни Аллоҳ он ба падаратон навишта мешавад. Аммо Аллоҳ бисёртар медонад!

 

9 Рамазон 1443 ҳиҷрӣ

10.04.2022с

Аз саҳифаи Фейсбуки олим Ато ибни Халил Абӯ Рашта, амири Ҳизб ут-таҳрир силсилапосухҳо ба саволҳои додашуда дар мавзӯи “Фиқҳ”

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads