Намозро ба воситаи баландгӯяк гӯш карда бидуни дидани чашм, аз қафои имом хондан.
Аз Абӯқутайба Ҷитавӣ
Савол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.
Оё аз қафои имоми масҷид дар бинои тамоман дигар, ё дар ошёнаи бинои масҷид, дар саҳни масҷид ва ё дигар ҷойҳои ба ин монанд истода намоз хондан ҷоиз аст? Дигар хел гӯем, оё имомро надида, садои зиндаашро нашунида, балки танҳо тавассути экран ё баландгӯяк аз қафояш намоз хондан мумкин аст?
Лутфан ин ҷиҳатро барои мо шарҳ диҳед, зеро имрӯз ин кор амри маъмулӣ шудааст. Аллоҳ ба шумо мукофоти нек ато фармояд!
Ҷавоб:
Ва алайкум ассалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!
Бародари азиз! Масъалаи намози ҷумъа аллакай аз тарафи фақеҳон баррасӣ шуда буд ва онҳо ба фикррҳо тақсим шуданд. Баъзеҳо ба истифодаи экранҳо иҷозат доданд. Ман намегӯям, ки ҳама фикрҳои фақеҳон дар асоси худ эътибор надоранд (ботил), аммо дар баробари ин ман бештар ба ин фикр майл дорам:
1) Дар аввал матнҳои вобаста ба ин масъаларо зикр менамоям:
а) Аз Аъроҷ ва ӯ — аз Абӯҳурайра (р) ривоят мешавад: Паёмбар ﷺ фармуданд:
إِنَّمَا جُعِلَ الْإِمَامُ لِيُؤْتَمَّ بِهِ فَإِذَا كَبَّرَ فَكَبِّرُوا وَإِذَا رَكَعَ فَارْكَعُوا وَإِذَا قَالَ سَمِعَ اللَّهُ لِمَنْ حَمِدَهُ فَقُولُوا رَبَّنَا وَلَكَ الْحَمْدُ وَإِذَا سَجَدَ فَاسْجُدُوا وَإِذَا صَلَّى جَالِسًا فَصَلُّوا جُلُوسًا أَجْمَعُونَ
«Имом барои он таъин мешавад, ки [ҳангоми намоз] дигарон аз ӯ пайравӣ кунанд. Пас, агар ӯ такбир(1) гӯяд, шумо низ бигӯед, агар ӯ рукӯъ кунад, шумо низ бикунед, агар ӯ бигӯяд, ки: «Аллоҳ шунавад онеро, ки ба Ӯ ҳамду сано гуфт!», — бигӯед: «Парвардигоро, ҳамду сано ба Ту бод!»,- агар саҷда кунад, шумо низ саҷда кунед ва агар нишаста намоз бихонад, шумо ҳам бихонед» (Бухорӣ).
б) Аз Аъроҷ, ӯ бошад — аз Абӯҳурайра (р) ривоят мешавад, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд:
إِنَّمَا جُعِلَ الْإِمَامُ لِيُؤْتَمَّ بِهِ فَلَا تَخْتَلِفُوا عَلَيْهِ فَإِذَا كَبَّرَ فَكَبِّرُوا وَإِذَا رَكَعَ فَارْكَعُوا وَإِذَا قَالَ سَمِعَ اللَّهُ لِمَنْ حَمِدَهُ فَقُولُوا اللَّهُمَّ رَبَّنَا لَكَ الْحَمْدُ وَإِذَا سَجَدَ فَاسْجُدُوا وَإِذَا صَلَّى جَالِسًا فَصَلُّوا جُلُوسًا أَجْمَعُونَ
«Имом барои он таъин мешавад, ки [ҳангоми намоз] дигарон аз ӯ пайравӣ намоянд, пас хилофи ӯ амал накунед. Барои ҳамин, агар такбир гӯяд, шумо низ бигӯед, агар рукӯъ кунад, шумо низ бикунед ва агар ӯ гӯяд, ки: «Аллоҳ шунавад он касеро, ки Ӯро ҳамд гӯяд!»,- бигӯед: «Эй Парвардигори мо, Туро ҳамду сано бод!». Агар ӯ саҷда кунад, шумо низ бикунед ва агар ӯ нишаста намоз хонад, шумо низ бихонед» (Муслим).
в) Абӯдовуд овардааст: «Аҳмад ибни Иброҳим ба мо нақл кард: «Ҳаҷҷоҷ ба мо аз Ҷурайҳ нақл кард: «Абӯ Холид ба ман аз Ади ибни Собит ал-Ансорӣ хабар дод: «Як шахс ба ман гуфт, ки дар шаҳри Мадоин ҳамроҳи Аммор ибни Ёсир буд. Чун қомати намоз гуфта шуд, Аммор ба пеш баромад ва ба намоз шурӯъ намуд, дар айни замон дар курсӣ чунон истод, ки мардум аз ӯ поинтар шуданд. Ҳузайфа [ибни Ямон] ба пеш баромада ӯро аз дасташ гирифт ва ба тарафи худ кашид. Аммор итоат намуд ва аз пасаш рафт. Ҳамин тавр Ҳузайфа ӯро маҷбур кард, ки поён фарояд. Чун Аммор намозро тамом кард, Ҳузайфа ба ӯ гуфт: «Оё нашунидаӣ, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармудаанд:
إِذَا أَمَّ الرَّجُلُ الْقَوْمَ فَلَا يَقُمْ فِي مَكَانٍ أَرْفَعَ مِنْ مَقَامِهِمْ
«Вақте одам ба намози мардум имоматӣ мекунад, ӯ набояд аз онҳо боло истад«?
(Ҳузайфа илова намуд): «Ё чизе ба монанди ин гуфт». Аммор ба ин гуфт: «Барои ҳамин, вақте аз дастонам кашидӣ, аз паи ту рафтам».
Бадр ад-Дин ал-Айнӣ дар китоби «Ал-биноя шарҳ ул-ҳидоя», муаллифаш Абӯ Муҳаммад Ғитоби ал-Ҳанафӣ, дар шарҳи ин ҳадис чунин навиштааст: «Аҳмад ибни Иброҳим ибни Касир ибни Зайд ибни Афлаҳ ибни Мансур ибни Музоҳим ал-Абди Абӯ Абдуллоҳ, маъруф чун ад-Даврокӣ, бародари Яъқуб буд. Аҳмад ибни Иброҳим Ҳаҷҷоҷ, ибни Маҳдӣ, Абу Довуд ат-Таёлисӣ ва дигаронро шунидааст. Аз Аҳмад ибни Иброҳим, Муслим, Абӯ Довуд, ат-Тирмизӣ, Ибни Моҷа ва дигарон ҳадисҳо овардаанд. Абӯ Ҳотим гуфт: «Аҳмад ибни Иброҳим ростгӯй мебошад». Ӯ рӯзи шанбе, як ҳафта пеш аз поёни моҳи Шаъбон, соли 246 ҳиҷрӣ, ҳангоми дар сафи артиши исломӣ будан даргузашт. Ҳаҷҷоҷ: Ибни Муҳаммад ал-Аъвар: Абдулмалик: Ибни Ҷурайҷ ва Абӯхолид: аз суханони Ади ибни Ҳотим ривоят мешавад, ки Ибни Ҷурайҷ аз ӯ ривоят кардааст, аз ӯ бошад — Абӯ Довуд. Лафзҳои «поён аз ӯ» ифодаи вазъият (ал-зарфия) мебошанд.
Лафзи «барои ҳамин» гуфтаи Аммор маънои онро дорад, ки [он чи Ҳузайфа гуфтааст дарҳақиқат] суханҳои Паёмбар ﷺ мебошад. Дар силсилаи ровиёни ин ҳадис ровии номаълум (маҷҳул) мавҷуд аст. Аммо ин ҳадис дар китоби «Ал-Биноя Шарҳ ул-Ҳидоя» ҳамчун далел оварда шудааст, зиёда аз он, дар он гуфта мешавад: «Ман чунин гуфтам: «Абӯ Довуд дар «Ас-Сунан»-и худ аз ҳадиси Ҳаммом овардааст, ки вақте Аммор дар шаҳри Мадоин барои дигарон намоз гузошт, Ҳузайфа(р) аз либосаш гирифт ва кашид. Вақте Аммор намозашро адо намуд, Ҳузайфа пурсид: «Оё ту намедонистӣ, ки ин хел кардан мумкин нест?». Аммор дар ҷавоб гуфт: «Вақте маро кашидӣ баъд ба ёдам омад».
Инчунин аз Адий ибни Собит ал-Ансорӣ ривоят карда мешавад: «Як одам ба ман нақл кард, ки дар шаҳри Мадоин ҳамроҳи Аммор ибни Ёсир буд. Чун қомати намоз хонда шуд, Аммор ба пеш баромада намозро сар кард ва айни замон дар курсӣ чунин истод, ки мардум аз ӯ пасттар шуданд. Ҳузайфа [ибни Ямон] ба пеш баромад, аз дастони ӯ гирифта, аз паси худ кашола кард. Аммор итоат намуд ва аз паси ӯ рафт. Ҳамин тавр Ҳузайфа ӯро маҷбур кард, ки поён фарояд. Вақте Аммор намозро тамом кард, Ҳузайфа ба ӯ гуфт: «Оё ту нашунидаӣ, ки Расули Аллоҳ ﷺ гуфтаанд: «Вақте одаме ба намози мардум имоматӣ кунад, набояд аз онҳо болотар истад»? (Ҳузайфа илова намуд): «Ё чизе ба ин монанд гуфтанд». Аммор дар ҷавоб гуфт: «Барои ҳамин, вақте аз дастонам кашидӣ, аз паси ту рафтам».
Гарчанде бештари фақеҳон аз намозгузорони дар қафояш истода баландтар истодани имомро макрӯҳ меҳисобанд, вале айни замон ҳолатеро ки имом дар баландии ночиз меистад истисно менамоянд. Дар китоби «Ал-Баёну фи мазҳаби ал-имоми аш-Шофиъӣ» омадааст: «Вақте имом аз онҳое, ки аз паси ӯ намоз мегузоранд баландтар мебошад, макрӯҳ ҳисобида мешавад. Шайх Абӯ Ҳомид гуфт: “Ин фақат ҳамон вақт макрӯҳ мешавад, ки баландӣ хеле баланд бошад. Агар ин баландӣ дар баробари баландии курсӣ ё теппачаи хеле хурд бошад, пас ин аллакай макрӯҳ ҳисобида намешавад».
г) Ал-Байҳақӣ дар «Ас-Сунанул-кубро» чунин овардааст: «Дар боби «Одам аз қафои имоми масҷид намоз мехонад, вале айни замон байни онҳо монеъае ҳаст» гуфта мешавад: «Ба мо Абӯ Саид ибни Абӯ Амр хабар дод: «Ба мо Абӯ ал- Аббос Муҳаммад ибни Ёъқуб аз ар-Робиъа нақл кард: «Аш-Шофеъӣ гуфт: «Боре занон бо Оиша(р), ҳамсари Паёмбар ﷺ, дар ҳуҷраи ӯ намоз мехонданд. Пас аз он Оиша (р) фармуд: «Аз қафои имом намоз нагузоред, зеро аз сабаби монеъа буданаш[ин хел мешавад], ки бе ӯ [намоз мегузоред]. Шофеъӣ афзуд: «Агар Оиша (р) дар ҳуҷрааш ин суханҳоро [дар бораи намозҳои ҷамоъӣ] гуфта бошад, мо низ бо ӯ ҳамраъй ҳастем»
Абӯ Аҳмад ал-Маҳраҷонӣ аз Абӯ Бакр ибни Ҷаъфар ба мо хабар дод: «Муҳаммад ибни Иброҳим ба мо нақл кард: «Ибни Бокир ба мо нақл кард: «Молик аз касе, ки ба фикри ӯ сазовори эътимод аст, нақл кард, ки одамон баъд аз вафоти Расулуллоҳ ﷺ ба ҳуҷраҳои завҷаҳои он кас ﷺ даромада, он ҷо намози ҷӯмъа мехонданд. Сабаби ин дар он аст, ки масҷид барои пайравон танг шуд, барои ҳамин онҳо масҷидро аз ҳисоби ҳуҷраҳои завҷаҳои Паёмбар ﷺ васеъ карданд. Вале айни замон ҳуҷраҳо қисми масҷид ҳисобида намешуд, ҳарчанд дарҳои утоқҳо ба масҷид мебаромад.
Молик гуфт: «Намоз хондан дар саҳни масҷид, ки ба он(масҷид) ҳамроҳ мешавад ва ё дар фазои кушоде, ки қисме аз он мебошад, ҷоиз аст. Мардум аз ин фикр пайравӣ намуданд ва ҳеҷ яке аз фуқаҳо онро маломат накарданд. Молик гуфт: «Дар мавриди хонаи махкам бошад, яъне ҷое ки бе иҷозат даромадан мумкин нест, дар он ҷо ягон кас аз қафои имом пайравӣ намуда намози ҷумъаро нагузорад, агарчи ин хона дар паҳлӯи масҷид бошад ҳам. Сабаби ин дар он аст, ки хона қисми масҷид маҳсуб намеёбад.
д) Ал-Байҳақӣ дар «Маорифату ас-сунан ва ал-асар» чунин овардааст: «Ар-Робия ба мо хабар дод: «Шофеъӣ гуфт: «Агар шахсе дар хонае бошад, ки он дар паҳлӯи масҷид мебошад, ё аз он дур аст, ба ӯ аз қафои имоми масҷид намоз гузоштан ҷоиз нест, магар он ки сафҳои намозгузорон дар масҷид бо ӯ (шахс) пайваст нашуда бошанд, дар ҳоле ки ӯ дар ошёнаи поёни хона мебошад ва айни замон байни сафҳои намозгузорон ва ӯ набояд садде бошад».
Шофеъӣ пас аз он гуфт: «Агар касе бигӯяд: «Оё дар ин бора ягон ҳадис (ривоят) дорӣ?», — ба ин чунин гуфта мешавад: «Занҳо бо Оиша(р), ҳамсари Паёмбарﷺ дар хонаи Оиша намоз мехонданд. Он гоҳ ӯ ба онҳо гуфт: «Аз қафои имом намоз нагузоред, зеро ба сабаби мавҷуд будани садде [чунин мешавад], ки шумо бе ӯ [намозро адо мекунед]». Агар Оиша дар бораи [намозҳои дастаҷамъӣ] дар утоқаш чунин гуфта бошад, пас мо низ амсоли ҳаминро гап мезанем. Шофеъӣ дар мазҳаби наваш исноди ин ҳадисро қайд накардааст, аммо он дар [варианти кӯҳнаи мазҳаб] қайд шудааст».
Дар версияи дигари ал-Байҳакӣ аз суханҳои Муҳаммад ибни Исҳоқ ва ал-Муаммал гуфта мешавад: «Ба мо аз-Зафаронӣ аз Шофеъӣ нақл кард: «Ба мо Иброҳим ибни Муҳаммад аз Лайс, ӯ бошад — аз Ато, ӯ бошад – аз Оиша хабар дод, ки занҳо дар ҳуҷраи Оиша намоз мегузоштанд ва он гоҳ ӯ ба онҳо гуфт: «Намозро аз қафои имом нагузоред, зеро ба сабаби мавҷуд будани монеъае [чунин мешавад], ки шумо бе вай [намоз мегузоред]». Монеъа гуфта чизи тақсимкунанда, садд, парда дар назар дошта мешавад.
2) Маънои лафзҳои «ал-қудво» (намунаи ибрат) ва «ал-иқтидо» (пайравӣ кардан)-ро дар забони арабӣ дар мисоли луғати тафсирии «Лисон-ул-араб» меорем: «قَدَا» гуфта мешавад: «قِدْوَةٌ» ва «قُدْوَةٌ» ба он чи, ки аз пасаш пайравӣ мекунанд он чи, ки ба он ман пайравӣ мекунам, «اَلْقُدْوَةُ” ва «اَلْقِدْوَةُ” номида мешавад «اَلْقِدْوَةُ» ба калимаи « اَلْقِدْوَةُ » шабоҳат дорад. Метавон гуфт: «Ман аз ту пайравӣ мекунам «(قِدْوَةٌ), (قُدْوَةٌ), (قِدْوَةٌ),». Ба ин ибораи зерин монанд хоҳад буд: «фалонӣ ба дараҷа соҳиб шуд (حِظْوَةً), (حُظْوَةً), (حِظَةٌ)» Одаме, ки аз пасаш мераванд, намунаи ибрат мебошад (اَلْقُدْوَةُ), (اَلْقِدَةُ). Гуфта мешавад:«Фалонӣ намунаи ибрат аст (قُدْوَةٌ), ки аз пасаш пайравӣ мекунанд». Фақеҳон маҳз маънои забонии лафзҳои «ал-қудва» (намунаи ибрат) ва «ал-иқтидо» (пайравӣ ба намуна)-ро истифода мебаранд. Дар мавриди намоз фақеҳон ин калимаҳоро чунин маънидод мекунанд: «Пайравии намозгузор аз қафои имом дар амалҳои намоз».
3) Дар асоси гуфтаҳои боло ман бештар ба он майл дорам, ки “ал-қудво” ва “ал-иқтидо” – ин роҳнамоии қатъии касест, ки аз қафои имом намоз мехонад:
а) Ҷойе, ки шахс аз қафои имом намоз мехонад, бояд дар дохили маконе бошад, ки худи имом намоз мехонад, дар дохили бинои масҷид ё дар саҳни он… Дар баробари ин набояд байни саҳни масҷид ва худи масҷид ҷудоии табиӣ вуҷуд дошта бошад, масалан, дар шакли канал бо оби равон ё кӯчаи асосие, ки дар он мошинҳо ҳаракат мекунанд.
б) Одам аз қафои имом бояд дар он ҷое намоз гузорад, ки ӯро мебинад, ё ин ки дар фазои кушод намоз гузорад, аммо дар айни замон ӯ бояд намозгузорони дигарро бубинад, ки онҳо дар навбати худ имомро мебинанд. Аз ин рӯ, ӯ набояд дар бинои пӯшида бошад, ки аз он ҷо чизи дар берунбуда дида намешавад. Дидани акси имом маънои дидани худи имомро надорад, чунки ҳукмҳои акси одам аз ҳукмҳои дидани воқеӣ(ҳақиқӣ)-и одам фарқ мекунанд. Масалан, агар шумо ба акси имом корд задед, ин маънои онро надорад, ки ба худи имом корд задаед! Дидани акс ба масъалаи пайравӣ ба дигарон рабте надорад.
Тавассути экрани телевизион дидани симо, дар айни замон дар фосилаи дур аз масҷид ё саҳни он будан ё ҳатто дар кишвари комилан дигар будан – ин ҳама бо имом-хатиб ва пайравӣ аз ӯ рабте надорад. Пас, чунин дидгоҳ дар масъалаи «пайравӣ ба имом» қобили қабул нест.
в) Такбирҳои имомро шунидан зарур аст ва муҳим нест, ки он бевосита мешавад ё ба воситаи баландгӯяк. Аз баландгӯякҳо шунидани овози имом ё ҳатто шунидани овози касе, ки такбирҳои имомро барои дигарон такрор мекунад, иҷозат дода мешавад, то ки он дар намоз аз қафои имом роҳнамо бошад.
Дар китоби «Ҳошияту ад-дусукӣ ало аш-шарҳи ал-кабир», муаллиф Шайх ад-Дардир, омадааст: «(ва) раво аст (василае/овозе, ки ба [такбири имомро] шунидани дигарон имконият медиҳад, яъне истифода бурдани он чизҳое, ки ба намозгузорони қафои имом имконият медиҳад, ки аз ҳаракатҳои имом огоҳ шаванд. (Ва) ҷоиз аст (аз қафои ӯ рафтан), яъне ба имом пайравӣ кардан танҳо бар асоси дарки суханҳои имом бо шунидан. Барои ҳамин беҳтар аст, ки имом худаш овозашро баланд барорад. Ин имкон медиҳад аз истифода бурдани василаҳо/овоз, ки[такбири имомро то онҳое, ки ӯро намешунаванд мерасонанд] даст кашида шавад».
г) Имом набояд дар баландӣ бошад. Масалан, имом дар ошёнаи боло ва дигарон — дар ошёнаҳои поёнӣ қарор доранд.
Агар ҳамаи нуқтаҳои зикршуда амалӣ шаванд, пайравӣ аз имом шуморида мешавад, яъне шартҳои пайравӣ аз имом дар намози ҷумъа, бо хости Аллоҳ ба ҷо оварда мешавад. Бори дигар он чизеро, ки дар аввал гуфта будам, такрор мекунам: Ман намегӯям, ки ҳама фикрҳое, ки ба фикрҳои баёнкардаам мухолифанд, беэътиборанд (ботил), чунки дар ин масъала бештар ба ҳамин фикр майл дорам. Аммо Аллоҳ Донотар ва Ҳаким аст!
29 шабони 1443 ҳиҷрӣ
01.04.2022
Силсилаи сволу ҷавобҳо аз саҳифаи дар “Фейсбук»-будаи Олим Ато ибни Халил Абӯ Рашта, амири Ҳизб ут-таҳрир ба саволҳое, ки дар дар мавзӯи “Фиқҳ” дода шудааст.
____________________________
- Аллоҳу Акбар – тарҷ. тахм.