Вабои капитализм ба Ӯзбекистон омад.

Вабои капитализм ба Ӯзбекистон омад. Вабои капитализм ба Ӯзбекистон омад.

Вабои капитализм ба Ӯзбекистон омад.

08-уми октябри соли 2021

Маъмурияти шаҳри Тошканд ва Бонки Осиёии Рушд (БОР) бо ширкати фаронсавии Veolia созишнома имзо карданд, ки ширкат шаҳри Тошкандро ба мӯҳлати 30 сол бо гармӣ таъмин мекунад.

Дафтари иттилоотии Ҳизби Таҳрир дар Ӯзбекистон дар шарҳи худ навиштааст: “Ҳамин тариқ, як иншооти дигари муҳим пас аз чанд корхонаҳои бузург ба ширкатҳои хориҷӣ ройгон тӯҳфа карда шуд. Ин тасмим харобиовар аст, зеро дар системаи капиталистӣ давлат бо баҳонаи хусусигардонӣ масъулияти худро ба дӯши секторҳои шахсӣ (соҳибкорон) вогузор мекунад ва ба ин васила аз ӯҳдадориҳои худ дар назди мардум халос мешавад. Давлат вазъиятро пуршиддат мекунад, зеро одамони худро ба чанголи як ширкати калони капиталистӣ вогузоштан, гӯсфандро ба гург супоридан аст. Сокинони кишваре, ки аз захираҳои энергетикӣ бой аст, солҳои зиёд дар зимистони қаҳратун ва тобистони гарм, дар сурати набудани барқ ​​ва газ зиндагӣ мекунанд. Ҳоло давлат онҳоро маҷбур мекунад, ки боз ҳам бештар пардохт намоянд.»

Дар поёни изҳорот Ҳизби Таҳрир/Ӯзбекистон менависад: «Ҳалли воқеии мушкилоти кишвари мо дар татбиқи Низоми Исломӣ аст ва давлате, ки ин системаро татбиқ мекунад, тақдири шаҳрвандони худро ба дасти сармоядорони чашмгурусна вонамегузорад, баръакс нисбати онҳо бошарафона ғамхорӣ менамояд».

Баррасии хабарҳо рӯзномаи «Ар-Рая»

06.10.2021

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст

Ҳамроҳ бо ҳадиси шариф Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст Бародарони мӯҳтарам, мо шуморо ба дидори навбатӣ дар барномаи “Ҳамроҳ...
Бештар
ads