Ислом муаммои камбизоатиро чӣ гуна ҳал мекунад?
بسم الله الرحمن الرحيم
Дар яке аз гузоришҳои Созмони Милали Муттаҳид омадааст: “Дар сайёра 6 миллиард нафар зиндагӣ мекунанд, аҳолии мамлакатҳои тараққиёбанда 4,3 миллиард нафар аст. Тақрибан 3 миллиард аз онҳо дар зери хатти камбизоатӣ зиндагӣ карда, ду доллари амрикоӣ дар як рӯз ва 1,2 миллиарди онҳо камтар аз як доллар даромад мегиранд.»
Аз тарафи дигар, омори ғарбӣ нишон медиҳад, ки 97% тамоми даромадҳои ҷаҳонӣ ба мамлакатҳои саноатӣ тараққикарда мансуб аст. Ба ширкатҳои трансмиллии давлатӣ 90% даромадҳои техникӣ, истеҳсолӣ ва маркетингӣ мансуб аст. Беш аз 80% фоидаи сармоягузории мустақими хориҷӣ дар рушди мамлакатҳои тараққиёбанда ба 20 давлатҳои бой меравад. Дар мамлакатҳои тараққиёбанда мо кашф кардем, ки 33,3% аҳолӣ оби ошомиданӣ, 25% манзили муносиб, 20% хизматрасонии тиббии оддиро надоранд. Инчунин 20% кӯдакон ба синфи панҷуми мактаби ибтидоӣ намерасанд ва 20% донишҷӯен аз камғизоӣ азоб мекашанд. Дар ҳамин ҳол, сармояи се нафар сарватманди ҷаҳон ба ММД (маҷмаи маҳсулоти дохилӣ) 48 кишвари камбизоаттарин дар ҷаҳон баробар аст. Боигарии 200 нафар сарватманди ҷаҳон бошад, аз 41% даромади аҳолӣ тамоми кураи Замин бештар аст.
Чунинанд натиҷаҳои системаи иқтисодии капиталистӣ дар ҷаҳон. Акнун шумо медонед, ки камбизоатиро кӣ ба вуҷуд овард? Ба вуҷуд омадани камбизоатӣ ва қашшоқ шудани камбағалон бо роҳи ҷорӣ намудани иқтисодиёти капиталистӣ ба амал меояд. Ин иқтисодиёт ба категорияи муайяни одамон — соҳибони сарвату миллиардҳо хизмат мерасонад, то ки ин сарват дар охир дар суратҳисобҳои бонкии онхо ҷамъ шавад. Ҳисоботи Созмони Милали Муттаҳид, ки мо гоҳ-гоҳ мебинем, дараҷаи тамаъкорӣ ва зиштии ин режимро ба мо нишон медиҳад.
Нависандаи амрикоӣ Роҷер Терри дар китоби худ «Иқтисоди девонавор» мегӯяд:
«Амрикоиҳо медонанд, ки Амрико иштибоҳ мекунад, аммо онҳо намедонанд, ки кадом иштибоҳ ва чаро ин иштибоҳ аст ва аз ҳама муҳимаш, намедонанд, ки чӣ гуна онро ислоҳ кунанд. Фақат онҳо метавонанд ба бинои шартии он ишора кунанд. Дар ҳакикат, баъзе роҳҳои ба ном “ҳал» вазъиятро фақат бадтар мекунанд, зеро ин қарорхо ба тағйир додани натиҷахои система нигаронида шудаанд, на худи системае, ки ба ин натиҷахо оварда расонид… Гап дар он нест, ки чи тавр иқтисодиёти мо чӣ гуна амалӣ карда шавад, балки системаи иқтисодии ҳозира — худ муаммо аст. Иштибоҳ дар асоси сохти системаи иқтисодии мо аст, ки ҳалли дуюмдараҷа ва қисман ё мустаҳкам намудани натиҷаҳо роҳи ҳалли проблемаҳо нахоҳад шуд. Агар хощем, ки ба ҳалли идеалии худ бирасем, мо бояд мушкилиро аз аслаш решакан намоем ва на бо шохаҳо машғул шавем ва бояд тамоми асосҳо ва муқаррароти низомамонро аз назар гузаронем ва камбудиҳои онҳоро ҳамон тавре, ки ҳаст, ошкор кунем”.
Намунаи барҷастаи муносибатҳои харобиовари онҳо, ин аст ки онҳо аз ғамхорӣ ба корҳои одамон канорагирӣ карда, ба он такя мекунанд; изҳорот дар бораи мавҷудияти мушкилоти норасоии молу хидматрасониҳо ва номувофиқ будани онҳо барои қонеъ кардани ниёзҳои нав ба нави мардум мебошад. ки дар баробари баланд шудани дараҷаи зиндагонии одамон меафзояд. Онҳо боигарӣ ва сарватҳои табииро, ки Аллоҳи Субҳонаҳу ва Таъоло барои тамоми инсоният офаридааст, кофӣ буданашро имконнопазир гуфта тахмин мекунанд.
Онҳо мегӯянд, ин мушкилотест, ки мардум ҳатман бо он рӯбарӯ хоҳанд шуд ва онҳо мувофиқи ин тасаввури ғалат, ки бар назарияҳои нодурусттарин ва даҳшатноктарин дар бораи қоидаҳои назорати ба даст овардани сарват аз ҷониби одамон барои қонеъ кардани ниёзҳои худ асос ёфтааст, ба мувофиқа расиданд. Онҳо нархро ба механизми тақсимоти молу хизматҳо табдил доданд, ки ба ақидаи онхо таносуби байни истеъмол ва истеҳсолот ба вуҷуд меояд.
Ба хамин тарик, касе, ки нархи молро дорад, худи хамон молро соҳиб шуда метавонад, бинобар ин вай метавонад эҳтиёҷоти худро конеъ гардонад. Ва мутаносибан, дар асоси қоидае, ки нарх тақсимкунанда ва идоракунанда аст, системаи иқтисодии капиталистӣ карор дод, ки ба ғайр аз касе, ки ба истеҳсоли мол ва хизмат ҳисса гузошта метавонад, хеҷ кас ба ҳуқуқи зиндагӣ сазовор нест.
Аммо онҳое, ки ба сабаби нотавон офарида шуданашон, ё ба сабаби мусибати ба сарашон омада, ин корро карда натавонистанд, — яъне онҳо ҳуқуқи зиндагиро сазовор нашудаанд, ҳамчунон онҳо ба сарвати кишвар сазовор нестанд, ки эҳтиёҷоти онҳоро конеъ мегардонад, зеро онҳо дар ҳаёт нарх надоранд ва ин дар ҳақиқат аз ҳамин сабаб руй медиҳад, ки аз ин лиҳоз танҳо дар Амрико шумораи камбағалон зиёда аз 38 миллион нафар аст.
Ислом бошад, вақте муаммоеро ҳал мекунад, онро муаммои инсонӣ гуфта медонад, ки новобаста аз шароиту ҳолатҳои инсонӣ бояд ҳал карда шавад. Ислом мушкилоти камбизоатиро хеле дақиқ муайян карда, онро ба таври куллӣ ҳал карда, таъкид намудааст, ки муаммо бидуни истисно дар тақсими боигарӣ дар байни тамоми афроди ҷомеа аст. Яъне камбизоатӣ фақри афрод аст, на фақри як кишвар. Фаровонӣ ва гуногунии оёту ҳадисҳои нозилшуда дар бораи фақирон, ниёзмандон ва мусофирон таваҷҷӯҳро ба он ҷалб мекунад, ки фақр як мушкилиест, ки бояд ҳал шавад. Аллоҳи мутаъол фармуд:
وَأَطْعِمُوا الْبَائِسَ الْفَقِير
«Ва мискинро таъом диҳед» (22:28)
وَمَا تُنفِقُوا مِنْ خَيْرٍ يُوَفَّ إِلَيْكُمْ وَأَنتُمْ لَا تُظْلَمُونَ * لِلْفُقَرَاءِ الَّذِينَ أُحْصِرُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ
«Ҳар некӣ, ки харҷ кунед, савоби комил хоҳед ёфт ва ба шумо ситам нахоҳанд шуд» (Бақара, 272).
إِنَّمَا الصَّدَقَاتُ لِلْفُقَرَاءِ وَالْمَسَاكِينِ وَالْعَامِلِينَ عَلَيْهَا وَالْمُؤَلَّفَةِ قُلُوبُهُمْ وَفِي الرِّقَابِ وَالْغَارِمِينَ وَفِي سَبِيلِ اللَّهِ وَابْنِ السَّبِيلِ
«Садақот барои фақирон асту мискинон ва коргузорони ҷамъоварии он. Ва низ барои ба даст овардани дили мухолифон ва озод кардани бандагону қарздорон ва харҷ дар роҳи Худо ва мусофирони мӯҳтоҷ ва он фаризаест аз ҷониби Худо. Ва Худо донову ҳаким аст!» (9:60),
مَّا أَفَاءَ اللَّهُ عَلَى رَسُولِهِ مِنْ أَهْلِ الْقُرَى فَلِلَّهِ وَلِلرَّسُولِ وَلِذِي الْقُرْبَى وَالْيَتَامَى وَالْمَسَاكِينِ وَابْنِ السَّبِيلِ
“Он ғанимате, ки Худо аз мардуми деҳаҳо насиби паёмбараш кардааст, аз они Худост ва паёмбар ва хешовандону ятимон ва мискинону мусофирони дар роҳ монда, то миёни тавонгаронатон даст ба даст нашавад.» (59:7)
إِن تُبْدُوا الصَّدَقَاتِ فَنِعِمَّا هِيَ وَإِن تُخْفُوهَا وَتُؤْتُوهَا الْفُقَرَاءَ فَهُوَ خَيْرٌ لَّكُمْ
«Агар ошкоро садақа диҳед, ин аҷиб аст. Ва агар онро пинҳон кунед ва ба мискинон бидиҳед, бароятон беҳтар аст» (Бақара: 271).
وَعَلَى الَّذِينَ يُطِيقُونَهُ فِدْيَةٌ طَعَامُ مِسْكِينٍ
“Ва онон, ки тавоноии он надоранд, ҳар рӯзро ба таъом додани мискине бозхаранд.” (Бақара: 184).
أوْ إِطْعَامٌ فِي يَوْمٍ ذِي مَسْغَبَةٍ * يَتِيماً ذَا مَقْرَبَةٍ * أَوْ مِسْكِيناً ذَا مَتْرَبَةٍ
«ё таъом додан дар рӯзи қаҳтӣ, хоса ба ятиме, ки хешованд бошад, ё ба мискине хокнишин (мӯҳтоҷ).» (90:14-16).
Дар ин мавзӯъ, ҳадисҳо низ мавҷуданд, Паёмбар (с.а.в.) фармудаанд:
وَأَيُّمَا أَهْلُ عَرْصَةٍ أَصْبَحَ فِيهِمُ امْرُؤٌ جَائِعٌ فَقَدْ بَرِئَتْ مِنْهُمْ ذِمَّةُ اللَّهِ تَعَالَى
«Аҳли он деҳае, дар миёни онҳо марде сабоҳ гурусна аз хоб хестааст, аз ҳифозати (ҳимояи) Аллоҳи мутаъол маҳрум мемонанд.» (Аҳмад).
Маҷмӯи далелҳо дар бораи масраф, қонунҳо дар бораи тақсими садақа, қонунҳои закот ва даъватҳои такрор ба такрор барои таъмини ризқу рӯзии фақирон, мискинон, мусофирону гадоён – ин ҳама равшан гувоҳӣ медиҳад, ки мушкили иқтисодӣ мушкили фақри мардум аст, ки ин одамон барои конеъ гардондани эҳтиёҷоти асосии худ сарвати мамлакатро ба даст оварда натавонистанд. Дар давлати Хилофат дар тӯли таърих ва ҳатто дар душвортарин замонҳо дар кӯчаву хиёбонҳо гадоён ва талбандагон набуданд, зеро ниёзҳои аввалиндараҷаи тамоми шаҳрвандон бо ғизо, либос, манзил, таҳсил, дору, амният таъмин карда мешуд. Ин замоне буд, ки Уммат зери соябони Хилофат буд, ки дар асл давлати таъминкунанда буд, на роҳзан.
Имрӯз дар партави сохти капиталистие, ки ба сари уммат фаромадааст, мебинем, ки вазифаи асосии давлат ба мардум зулм кардан аст. Онҳоро торумор кардан, гурусна монондан, дили халкро аз оромӣ махрум кардан мехоханд. Масалан, ҳукумати муваққати Судон маъданкоронеро, ки барои ғизои худ тилло истихроҷ мекунанд, таъқиб мекунад, онҳоро бадарға мекунад, то ширкатҳои сармоягузорӣ кишварро ғорат кунанд, дар натиҷа ҷавонони зиёде ба сафи артиши бекорон мепайванданд ва мақомот моликияти онро мусодира карда, онҳоро озор медиҳанд. Ҳукумат инчунин савдогароони кӯчагиро дар бозорҳо таъқиб карда, амволи онҳоро мусодира менамояд, ташкил намудани амалиёти «Ал-Кашат» бошад, дасти онҳо ҳатто то ба чойфурӯшон ҳам расида буд. Баъдан, боз ҳам бадтар шуд, вазъият ончунон бадтар шуд, ки зиндагӣ ба ҷаҳаннам табдил ёфт.
Андозхо ва пардохтхо зиёд карда шуданд, субсидияҳо ба молҳо ва хизматҳои асосӣ бекор карда шуданд ва сарватҳои мамлакат дар табақи нуқра барои мустамликадорон дастрас карда шуданд, то ки мо дар шароити қашшоқии шадид зиндагӣ кунем. Ҷаҳони имрӯз ба давлати ғамхор ниёз дорад, на ба давлати ҷамъкунандаи андозҳо; ба давлате, ки дар он зиндагии амну осоиштагӣ, вазъияти оромӣ ва гул-гулшукуфӣ вуҷуд дорад. Ҳамаи инҳоро ба ҷуз дар низоми исломӣ, дар ҳеҷ ҷой пайдо кардан мумкин нест, ки онро Хилофати дуюми Рошида тибқи тариқати нубувват амалӣ хоҳад кард.
Газетаи «Ар-рая».
Муҷоҳид Одам
Судон
27.10.2021