Эй бародарони Толибон! Ба сӯи Уммати Исломӣ рӯ оред, на ба сӯи ҷомеаи ҷаҳони кофирон.
01.10.2021
Хабарҳо:
Муовини вазири иттилоот ва фарҳанги Афғонистон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид тавзеҳ дод, ки ҳукумати муваққатӣ истирдоди (экстрадиция) Ашраф Ғанӣ — раиси ҷумҳури пешинро талаб намекунад, балки баргардонидани маблағҳои аз кишвар дуздидаашро талаб дорад. Муовини вазири иттилоот ва фарҳанги Афғонистон дар посух ба он, ки оё Кобул барои миёнбурди таҳримҳо миёнаравӣ дархост кардааст, чунин посух дод: «Русия метавонад дар ин масъала нақши муҳим дошта бошад ва зикр кард, ки ба Афғонистон аз Русия, Қатар, Покистон ва СММ кӯмак мерасид ва Кобул алъон бештар интизор аст.» Дар масъалаи муносибатҳо бо Русия, Муҷоҳид изҳор кард, ки ҳукумати ӯ мехоҳад муносибатҳои хуб дошта бошад ва омодагии худро ба сафари Маскав изҳор кард.
Дар ҳамин замина, Sputnik бо истинод ба Вазорати умури хориҷии Русия хабар дод, ки Маскав ва Кобул имкони сафари ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистонро баррасӣ мекунанд. Дар навбати худ Амирхон Муттақӣ, иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии ҳукумати муваққатии Афғонистон, ҷомеаи ҷаҳониро даъват кард, ки бо кишвар муносибатҳои хуб барқарор кунанд. Муттақӣ бори дигар таъкид кард, ки ҳукумати мавҷуда мехоҳад, бо ҳама робитаҳо ва муносибатҳои хуб дошта бошад (сарчашма: aljazeera.net).
Шарҳ:
Уммат муддати тӯлонӣ интизор буд, ки ҷунбиши Толибон таъсиси Давлати Исломӣ ё Давлати Хилофатро, ки тибқи Китоби Аллоҳ ва Суннати Паёмбараш (с.а.с) ҳукмронӣ мекунад, эълон мекунад. Баръакс, Толибон дар бораи ташкили ҳукумат бо як қатор вазоратҳо, бидуни ҳарфе дар бораи шакли дурусти давлату ҳукуматдорӣ ва ғайраро эълон карданд. Толибон Сарқонун ва қонунеро эълон накардаанд, ки бар асоси Қуръон ва Суннат асос ёфтааст. Баръакс, Толибон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, инчунин ба кишварҳои ҳамсоя, ки бо Толибон душмананд ва ба ҷомеаи байналмилалӣ содиқанд, эътимод кард. Толибон ба нишон додани садоқати худ ба қонунҳои байналмилалӣ, ҳамсоягии нек ва риояи он шартҳое, ки бо Амрико дар Доҳа мувофиқат карда буданд, оғоз карданд.
Баъди ин ҳама амалҳо Толибон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофи ҳукумати ташкилкардаи онҳоро талаб карданд. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, муовини вазири иттилооти ҳукумати муваққати Афғонистон ҷомеаи ҷаҳонро даъват кард, то ҳукумати нави Афғонистонро эътироф кунанд ва бо он дар доираи меъёрҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ кунанд, аз ҳузури ҳар гуна ҳаракатҳо ва созмонҳои дигар канорагирӣ кунанд. Дар посух ба ин дархост, Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки бо Толибон бархӯрди ягонаро пеш гиранд ва таъкид кард, ки расмигардонии байналмилалӣ, ки Толибон мехоҳад аз дараҷаи иҷрои ӯҳдадориҳои ба худ гирифтаи онҳо ба монанди озодии ҳаракат, пешгирии истифодаи Афғонистон аз ҷониби «террористон» ҳамчун пойгоҳ барои амалиёт дар хориҷа, ки барои дигар кишварҳо таҳдид мекунад, инчунин эҳтироми ҳуқуқи инсон, хусусан нисбати занон, кӯдакон ва «ақаллиятҳо», инчунин худдорӣ аз интиқом, ва ғайра вобаста мебошад.
Дар ҳақиқат, «дин — насиҳат аст» ва мо ба бародарони худ аз ҷунбиши Толибон маслиҳат медиҳем, ки ба сӯи Уммати исломӣ руҷӯъ кунанд, на ба ҷомеаи байналмилалии куфр, ки ба Ислом ва мусалмонон душманӣ ва нафрат доранд. Мо инчунин ба шумо маслиҳат медиҳем, ки ба давлатҳое, ба монанди Ҳиндустон, Чин, Русия ва ё Амрико бартарӣ надиҳед — онҳо ҳама аз як хамир сохта шудаанд, ки дар тамоми ҷаҳон бадӣ ва куфрро паҳн мекунанд. Кишварҳои золиме низ ҳастанд, ки дар сарзаминҳои исломӣ ҷойгиранд, ки дар он ҷо золимон қудрати мусулмононро ғасб кардаанд; онҳо ба Ислом ва мусалмонон баробар душманӣ мекунанд. Ин кишварҳо лӯхтакҳои дасти кишварҳои абарқудратанд, ки онҳоро дар ҷанги зидди Ислом ва мусалмонон ба манфиати худ истифода мекунанд ва назорат мебаранд, то ки Ислом ба сари қудрат наояд. Байни Покистон, Туркия, Эрон, Қатар ва сарвари куфр — Амрико ҳеҷ тафовуте нест. Толибон набояд дар он эътиқод бошанд, ки гӯё сиёсат — санъати имконпазир мебошад. Баръакс, дар ҳар қадам, дар ҳар сухан ва ҳаракати бародарони ҷунбиши Толибон бояд танҳо қонунҳои Шариат риоя карда шавад. Гумон кардан мумкин нест, ки каҷравӣ ва зиддият ба қонунҳои шариат боиси наҷот ва беҳбудӣ мегардад. Инро ақли нотавон ва маҳдуди инсонӣ ваъда медиҳад.
Оё Расули Худо (с) аз форсҳо ва румиён хостаанд, ки давлаташонро дар Мадина эътироф кунанд? Ё бо вуҷуди он ки байни тарафҳо созишномаҳои сулҳ вуҷуд надошт, сафиронро фиристоданд, то онҳоро ба Ислом даъват кунанд?! Ё аз Қурайш кӯмакҳои башардӯстона ё ғайрибашардӯстона пурсиданд!? Ва ё баргардонидани молу мулке, ки аз муҳоҷирон гирифта шудааст, дархост карданд?! Ё барои хароб кардани қалъаҳои онҳо ва фатҳи Макка ба ҷанг бо онҳо омодагӣ диданд?! Оё Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам пешвоёни Қурайшро бахшиданд ва ҳангоми ташкили «ҳукумат» бо онҳо машварат карданд, ё дар ҷангҳои Уҳуд ва Бадр бо онҳо ҷангиданд?!
Мо медонем, ки ҳазорон муҷоҳидони мухлис дар Афғонистон, дар ваъдаи худ, дар назди Аллоҳ устувор ҳастанд, ба хотири дарёфти хушнудии Ӯ ва баланд бардоштани каломи Аллоҳи Таъоло, ки бар осмони бинои Хилофат дар Кобул ва Исломобод парвоз хоҳад кард. Онҳо на барои курсии СММ пешбиникарда ва на барои хушнуд сохтани ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки ба онҳо танҳо силоҳ равона карда буд, бо онҳо ҷангида, онҳоро куштанд, занони онҳоро бева ва фарзандонашонро ятим мононданд, ҷони худро фидо карданд.
Вақте ки ба ҳаракати Толибон маълум шуд, ки онҳо лоиҳаи таъсиси Хилофатро надоранд ва ба онҳо равшан гашт, ки онро сохта наметавонанд, мебоист бо бародаронашон, ки самимона барои таъсиси Хилофати Рошида бо тариқати Пайғамбар (с) кор мекунанд, китф ба китф истода, ба Ҳизби Таҳрир — як ҳизбе, ки лоиҳаи мукаммали Давлати Хилофатро дорад ва метавонад давлат ва ниҳодҳои давлатиро идора кунад, инчунин метавонад аз рӯи Шариат ба монанди Паёмбар Муҳаммад ﷺ сиёсатро идора кунад, кӯмак намоянд. Ин ҳизб ба бунёди Давлати Хилофат, бо тариқати Паёмбар (с,а,с) комилан омода аст, на аз рӯи усули қабилачигӣ ё аморатҳо, ки дар таърихи навини мусалмонон вуҷуд доранд.
Ҳизби Таҳрир барои гирифтани мансабҳои ҳукумат ҳавасманд нест, ҳадафи он фақат барқарор кардани ҳукумат бар асоси Ислом аст ва чизи дигаре нест. Барои ҳамин, ҳизб ба сӯи ҳукмронӣ мекӯшад на ба хотири ягон ҳадафи ғаразнок. Ҳукмронӣ бо Ислом вазифаи шахсе аст, ки ба ин қодир аст. Ва шахси ба ин кор қодир наметавонад аз он даст кашида канорагирӣ кунад, ҳамон тавре ки нотавонон ҳақ надоранд дар сари қудрат бошанд ва онро ҳамчун тӯъмаи худ бигиранд.
Паёмбари Худоﷺ ба Абӯзарр гуфтанд:
يَا أَبَا ذَرٍّ، إِنِّي أَرَاكَ ضَعِيفاً، وَإِنِّي أُحِبُّ لَكَ مَا أُحِبُّ لِنَفْسِي، لَا تَأَمَّرَنَّ عَلَى اثْنَيْنِ، وَلَا تَوَلَّيَنَّ مَالَ يَتِيمٍ
«Эй Абӯ Зарр, ман мебинам, ки ту заиф ҳастӣ ва ман ба ту ҳамон чизеро мехоҳам, ки барои худам мехоҳам. Аз ин рӯ дар дар ягон сурат саъй накун, ки ҳатто бар болои ду нафар ҳоким бошӣ ва дар ягон ҳолат ваколати идоракунии амволи ятимонро дӯши худ нагир!» (Муслим).
Инчунин ба он кас фармудаанд:
يَا أَبَا ذَرٍّ، إنَّكَ ضَعِيفٌ، وَإِنَّها أَمَانَةٌ، وَإنَّهَا يَوْمَ الْقِيَامَةِ خِزْيٌ وَنَدَامَةٌ، إِلاَّ مَنْ أَخَذَهَا بِحَقِّهَا، وَأَدَّى الَّذِي عَلَيْهِ فِيهَا
«Эй Абӯзарр, дар ҳақиқат, ту заиф ҳастӣ ва қудрат чизест, ки ба шахси қодир супорида мешавад ва дар рӯзи Қиёмат он ба шармандагӣ ва пушаймонӣ мубаддал хоҳад шуд, ба истиснои касоне, ки онро дуруст қабул мекунанд ва он кореро, ки (ҳамчун ҳоким) кардан лозим аст, мекунанд.” (Муслим)
Барои радиои Дафтари марказии иттилоотии Ҳизби Таҳрир омода шудааст.
Билол Муҳоҷир, Покистон