Муроҷиат аз  амири Ҳизб  ут-Таҳрир

Муроҷиат аз  амири Ҳизб  утТаҳрир, олим Ато ибни Халил Абу арРашта ба барандагони даъват, ки барои ҳақ дар сарзамини мубораки Шом мубориза мебаранд

بسم الله الرحمن الرحيم

Бародарони азиз!

Маро он мавқеъи наҷибе, ки ишғол кардед, пойдории шумо дар ҳақ ва натарсидани шумо аз ягон таъна ба хотири Аллоҳ, бо вуҷуди он ки мушкилиҳо аз ҳар сӯ гирдатонро печонида буданд, мисли афроде заифнафси қалбашон ба беморие гирифторшуда, хушнуд намуд.  Шумо мисли касоне шудаед, ки Аллоҳи Таъоло дар бораи онҳо фармудааст:

الَّذِينَ قَالَ لَهُمُ النَّاسُ إِنَّ النَّاسَ قَدْ جَمَعُوا لَكُمْ فَاخْشَوْهُمْ فَزَادَهُمْ إِيمَانًا وَقَالُوا حَسْبُنَا اللَّهُ وَنِعْمَ الْوَكِيلُ ‎١٧٣‏ فَانقَلَبُوا بِنِعْمَةٍ مِّنَ اللَّهِ وَفَضْلٍ لَّمْ يَمْسَسْهُمْ سُوءٌ وَاتَّبَعُوا رِضْوَانَ اللَّهِ ۗ وَاللَّهُ ذُو فَضْلٍ عَظِيمٍ ‎١٧٤‏ إِنَّمَا ذَٰلِكُمُ الشَّيْطَانُ يُخَوِّفُ أَوْلِيَاءَهُ فَلَا تَخَافُوهُمْ وَخَافُونِ إِن كُنتُم مُّؤْمِنِينَ

«Касоне, ки мардум гуфтандашон, ки мардум барои ҷанг бо шумо гирд омадаанд, аз онҳо битарсед ва ин сухан бар имонашон бияфзуд ва гуфтанд:  «Аллоҳ моро басанда аст ва чӣ некӯ Ёварест!». Пас аз ҷанг бозгаштанд, дар ҳоле ки неъмату фазли Худоро ба ҳамроҳ доштанд ва ҳеҷ осебе ба онҳо нарасида буд. Инҳо ба роҳи хушнудии Аллоҳ рафтанд ва Аллоҳро бахшоише азим аст! Он шайтон аст, ки дар дили дӯстони худ бим меафканад. Агар имон овардаед, аз онҳо матарсед, аз Ман битарсед!» (3:173–175).

Бародарони азиз!

Мо дар ҳар се марҳалаи даъват ба Расули Аллоҳ (с.а.с) пайравӣ менамоем. Мисле, ки ӯ бо мушрикон бо бераҳмиашон мухолифат кард, мо низ бо ҳокимони золим, ки онҳоро мунофиқон ва касоне беморқалбу либоси ҳомиёни Исломро пӯшида дастгири мекунанд, мухолифат менамоем. Онҳо бовар доранд, ки ҳамеша дар болои асп мемонанд ва ин асп онҳоро ҳаргиз зери пойҳояш намегирад ва мехоҳанд дар ин дунё барои хидматҳояшон подош ва ғанимати зудгузарро аз золимон бигиранд.

فَتَرَى الَّذِينَ فِي قُلُوبِهِم مَّرَضٌ يُسَارِعُونَ فِيهِمْ يَقُولُونَ نَخْشَىٰ أَن تُصِيبَنَا دَائِرَةٌ ۚ فَعَسَى اللَّهُ أَن يَأْتِيَ بِالْفَتْحِ أَوْ أَمْرٍ مِّنْ عِندِهِ فَيُصْبِحُوا عَلَىٰ مَا أَسَرُّوا فِي أَنفُسِهِمْ نَادِمِينَ ‎٥٢‏ وَيَقُولُ الَّذِينَ آمَنُوا أَهَٰؤُلَاءِ الَّذِينَ أَقْسَمُوا بِاللَّهِ جَهْدَ أَيْمَانِهِمْ ۙ إِنَّهُمْ لَمَعَكُمْ ۚ حَبِطَتْ أَعْمَالُهُمْ فَأَصْبَحُوا خَاسِرِينَ

 «Онҳоеро, ки дар дил маразе доранд, мебинӣ, ки ба сӯҳбаташон мешитобанду мегӯянд: «Метарсем, ки ба мо осебе расад». Аммо бошад, ки Аллоҳ фатҳе падид орад ё коре кунад, он гоҳ аз он чӣ дар дил ниҳон дошта буданд, пушаймон шаванд. Онҳо, ки имон овардаанд, мегӯянд:  «Оё инҳо ҳамон касонеанд, ки ба Аллоҳ савгандҳои сахт мехӯрданд, ки бо шумо хоҳанд буд?» Аъмолашон ботил гардид ва худ дар зумраи зиёнкорон даромаданд» (5:52,53).

Бародарони азиз!

Муборизаи шумо барои ҳақиқат душманони Ислом ва мусалмононро дар ҳайрат гузоштааст. Чӣ тавр ҳам дигар хел шавад, дар ҳоле, ки шумо аслиҳа надошта ва ба артиш фармондеҳӣ накарда, макри онҳоро ба муқобилашон равона намудед, тамоми кӯшишҳои онҳоро ба сифр баробар кардеду пас аз он мардум онҳоро ба рондан шурӯъ намуданд? Онҳо ҳатто нафаҳмиданд, ки тарафдорони дурӯғ чи қадар баланд набароянд ҳам, ҳамеша поин меафтанд — ва дуруст аст, зеро ин кори дасти онҳост. Онҳо ҳамчунин нафаҳмиданд, ки худи аслиҳа ҳеҷ қудрат надорад ва фоидае ҳам намеоварад, агар бардорандааш шуур ва дарки мақсади пешгирифтаро надошта бошад. Аъзои гурӯҳи «ҲТШ» мебинанд, ки чӣ ҳодиса рӯй дода истодааст, мебинанд, чӣ гуна давлатҳои атрофи онҳо бо режими Асад муносибатҳо барқарор менамоянд. Онҳо инро мебинанд, аммо ақли худро истифода намебаранд, зеро дар акси ҳол онҳо мантиқан дарк мекарданд, ки яке аз ду натиҷа ба зудӣ меояд:

  1. 1) Ё онҳо ба режими Асад бояд итоат кунанд.
  2. 2) Ё режими Асад бо тамоми қудраташ онҳоро ба танг меорад.

Аз ин рӯ, агар онҳо одамони оқил мебуданд, дар қаламравҳои тобеи худ бо аҳоли тезтар муносибатҳоро барпо менамуданд. Он гоҳ мардум аз «ҲТШ»  пуштибонӣ мекарданд ва барои истодагарӣ бар зиддӣ режими Асад кӯмак менамуданд. Ба ҷои ин, «ҲТШ»  тасмим гирифт, ки ба Асад ва дигар золимон пайравӣ намуда, барандагони даъвати исломиро таъқиб кунад. «ҲТШ» ба чукурие, ки худашон кофтаанд, меафтад. Пеш аз фаро расидани рӯзи Қиёмат, мавқеъи онҳо дар ин дунё бадтар мешавад ва аз коре, ки карда буданд, сахт пушаймон мешаванд.

Бародарони азиз!

Шумо бешубҳа медонед, ки давлатҳои мустамликадори кофир ва дар кишварҳои мусалмонӣ режимҳоро назорат менамудаги гумоштаҳои онҳо, аъзоҳои моро боздошт ва чунон шиканҷа мекунанд, ки ҳатто баъзеи онҳо дар зиндонҳо шаҳид мемиранд, иншааллоҳ. Дар баробари ин, азми онҳо дар роҳи Аллоҳ суст намешавад, ҳарчанд режимҳое, ки онҳоро саркӯб мекунанд, аз «ҲТШ»  хеле даҳшатноктар ва пурқувваттаранд. Барои он, ки мо сухани рост гӯяндаи бандаҳои Аллоҳ ҳастем  ва аз маломати касе ба хотири Аллоҳ наметарсем. Мо бовар дорем, ки танҳо Аллоҳи Бузург раҳокунанда аз мусибат аст. Ӯ — Эҳёкунандаи бузургии мо ва Нобудкунандаи макри душманони мост.

وَمَن يَتَّقِ اللَّهَ يَجْعَل لَّهُ مَخْرَجًا ‎٢‏ وَيَرْزُقْهُ مِنْ حَيْثُ لَا يَحْتَسِبُ ۚ وَمَن يَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ فَهُوَ حَسْبُهُ ۚ إِنَّ اللَّهَ بَالِغُ أَمْرِهِ ۚ قَدْ جَعَلَ اللَّهُ لِكُلِّ شَيْءٍ قَدْرًا

«Ва ҳар кӣ аз Аллоҳ битарсад, барои ӯ, барои берун шудан (аз ҳар мушкиле) роҳе қарор хоҳад дод ва аз ҷое, ки гумонашро надорад рӯзияш медиҳад. Ва ҳар кӣ ба Аллоҳ таваккул кунад, Аллоҳ ӯро кофист. Ҳаройна, Аллоҳ кори Худро ба иҷро мерасонад. Аллоҳ ҳар чизро андозае қарор додааст» (65:2,3).

Бародарони азиз!

Шиддат ёфтани инқироз аз хотимаи он мужда мерасонад. Аз Аллоҳи Мутаъол мепурсем, ки ин ҳама буҳронҳои пай дар пайро ба пирӯзӣ ва ёрии зудоянда ба кори мо дар роҳи бунёди Хилофати Рошида, иваз намояд. Маълум аст, ки пас аз як душворӣ ду сабукӣ меояд, на якто.

  • Ҳаким дар китоби «Мустадрак» (2/329) аз як силсилаи ровиёни мўътамад ривоят кардааст ва худи Ҳаким гуфтааст, ки ин ҳадис ба шартҳои Имом Муслим мувофиқ аст, Заҳабӣ дар китоби «Талҳис» бо ӯ розӣ шудааст: «Вақте Абу Убайдаро дар Шом иҳота карданд ва мардум ба муқобили ӯ ҷамъ шуданд, Умар ибни Хаттоб ба ӯ навишт: «Ассалому алайкум! Агар бандаи муъминеро мусибате расад, Аллоҳ роҳи халосиро медиҳад. Душворӣ ҳеҷ гоҳ аз ду сабукӣ зиёд намешавад».
  • Ибни Қайим раҳимаҳуллоҳ дар китоби «Бадои-л-фавоид» дар бахши «Қоидаи муттаҳидкунанда дар ибтидо» фармудааст: «Худованд фармуд:

فَإِنَّ مَعَ الْعُسْرِ يُسْرًا ‎٥‏ إِنَّ مَعَ الْعُسْرِ يُسْرًا

«Дар ҳақиқат, пас аз ҳар душворӣ сабукӣ аст. Пас аз ҳар душворӣ сабукӣ аст» (94:5,6)

Калимаи «душворӣ» дар ду оят ду бор садо додааст, вале дар шакли машҳур, бинобар ин як душворӣ дар назар дошта шудааст. «Сабукӣ» низ дар ду оят ду бор садо медиҳад, вале дар шакли номаълум, бинобар ин ду сабукӣ дар назар дошта шудааст. Ҳамин тариқ, як душворӣ бо ду сабукӣ ҷуброн карда мешавад: якум – пеш аз душворӣ,  дуюм  — баъд аз он. Душворӣ ҳеҷ гоҳ аз ду сабукӣ зиёд намешавад».

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳ!

Бародари шумо Ато ибни Халил Абу ар-Рашта, амири Ҳизб ут-Таҳрир.

17 Зулқаъдаи 1444 ҳиҷрӣ

06.06.2023 с.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads