Маънои «зоти Аллоҳ» чист?

Маънои «зоти Аллоҳ» чист?

                         Ба Умм Салма ирсол шудаааст

        Савол:

Ассалому алайкум шайхи мӯҳтарам!  Аллоҳ нигаҳбонатон бошад ва ба Шумо умри дароз ато намояд!  Бигзор ба шумо пирӯзии Исломро насиб гардонад!

Дар китоби «Низоми ислом» чунин сатрҳо омадаанд: зоти Аллоҳ (ذات الله), ки онро дарк кардан мумкин нест, зеро зоти Ӯ дар доираи коинот, инсон ва ҳаёт нест.  Оё Аллоҳ зот дорад?  Ва ин калима умуман чӣ маъно дорад?  Бо шахсе, ки зоти Аллоҳро инкор мекунад ва мегӯяд: «Ба Аллоҳ ва сифатҳои Ӯ имон дорам, вале бовар надорам, ки Ӯ зот дорад» чи тавр бояд муносибат кард?

Умм Салма ал-Амирӣ, Яман.

 Ҷавоб:

Ва алайкум ассалом ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳу.  Ба шумо барои чунин дуои зебоятон ташаккур мегӯям. Аз Аллоҳ мепурсем, ки, ҳамеша дуъоҳоятонро қабул намояд.

Дар оғоз, биёед бандеро, ки аз он сатрҳо овардаед, мутолиа кунем: «Гарчи дар роҳи имон овардан ба Аллоҳ Таоло ақлро истифода бурдани инсон зарур бошад ҳам, чизҳои берун аз доираи имконияти узвҳои ҳис ва ақли худро идрок кардани ў ғайриимкон аст. Бояд инро чунин идрок кард: Ақли инсон маҳдуд аст. Инчунин тавоноии ақли ў маҳдуд аст, ҳарчанд то ҳудуди гузаштанашаванда боло равад ва тараққӣ кунад ҳам. Бинобар ин қобилияти идроки инсон маҳдуд аст. Аз ин ҷо муқаррар аст, ки ақл аз идроки зоти Аллоҳ ва аз ҳақиқати Ў оҷиз мебошад. Чунки Аллоҳ берун аз коинот, инсон ва ҳаёт аст. Ақли инсон моҳият (ҳақиқат)и чизҳои берун аз инсон, ҳаёт ва коинотро идрок карда наметавонад. Бинобар ин ақли инсон аз идроки зоти Аллоҳ оҷиз аст. Дар ин ҷо «Чӣ тавр инсон бо ёрии ақл ба Аллоҳ бовар мекунад, ҳол он ки ақли ў аз идроки зоти Аллоҳ оҷиз бошад» гуфтан нодуруст аст. Чунки имон ба ҳастии Аллоҳ бовар кардан мебошад. Ҳастии Аллоҳ аз ҳастии махлуқоти офаридаи Ў идрок карда мешавад. Махлуқоти Ў инсон, ҳаёт ва коинот мебошанд. Инҳо ба доираи чизҳои ақлидроккунанда дохил мешаванд. Бинобар ин, вақте ки aқл онҳоро идрок мекунад, ҳастии Холиқеро идрок мекунад, ки онҳоро офаридааст. Ў Аллоҳ Таолост. Аз ин рў, боварӣ ба ҳастии Аллоҳ вазифаи ақл ва дар доираи ақл аст. Аммо идроки зоти Аллоҳ амри маҳол (ғайриимкон) аст. Чунки зоти Ў берун аз коинот, инсон ва ҳаёт аст. Аз ин мебарояд, ки Ў берун аз доираи ақл аст. Ақл чизҳои берун аз доираи худро идрок карда наметавонад, бинобар ин моҳият ва ҳақиқати онҳоро идрок карда наметавонад. Ин нуқсон (норасогӣ)-и ақл бояд аз омилҳои пурзўркунандаи имон бошад, на аз омилҳои шакку шубҳа пайдокунанда.

Пеш аз равшанӣ андохтан ба маънии истилоҳи «зоти Аллоҳ» (ذات الله) мехоҳам нишон диҳам, ки ба ҷустуҷӯи ин маъноҳо чӣ гуна бояд муносибат кард:

Аввалан дар равшан кардани маънои калима бояд ба маънои луғавӣ (ҳақиқа луғавия) ва баъдан ба маънои дар байни арабҳо истифодашуда (ҳақиқа урфия), хоҳ дар миёни оммаи васеъ (омма) истифода намуда шавад ва хоҳ дар доираҳои танг ( хасса).  Маъное, ки дар доираҳои танг истифода мешавад, маънои истилоҳотӣ номида мешавад.  Агар истифодабарии маънои (ҳақиқа) калима имконнопазир бошад, пас калимаро бояд ҳамчун маҷоз баррасӣ кард.  Дар пайи ин роҳ дар ҷустуҷӯи маънои калимаи «зот ( ذات ) » чунин пайдо мешавад:

1 – Маънои луғавӣ:

а) Дар китоби «Мухтор ас-сиҳоҳ»-и Муҳаммад ибни Абубакр ибни Абдулқодири Розӣ (ваф. 660 с.ҳ./1261с.) омадааст: Калимаи «ذو» маънои «соҳиб» — ро дорад ва он танҳо ҳамчун калимае истифода мешавад, ки ба калимаи дигар (мудаф) илова шудааст.  Яъне танҳо дар ҳамбастагӣ бо калимаи дигар истифода мешавад ва танҳо ҷузъи аввали ибора шуда метавонад.  Агар калимаи «ذو» нисбат ба чизе, ки дар ҳолати номуайян (накира) аст, ба кор рафта бошад, ба калима бидуни артикли алиф-лом илова мешавад ва агар нисбат ба чизе, ки дар ҳолати муайян (маърифа) истифода шавад, баъд ба калима бо артикли алиф-лом илова мешавад.  Калимаи «ذو» ба ҷонишин ва номи шахс илова карда намешавад.  Мисоли истифодабарии калимаи «ذو» дар ҷинси мардона: «Аз назди соҳиби пул гузаштам» (مَرَرْتُ بِرَجُلٍ ذِي مَالٍ). Мисолии истифодабари дар ҷинси занона: «Аз назди соҳиби пул гузаштам» (مَرَرْتُ بِامْرَأَةٍ ذَاتِ مَالٍ)Мисоли истифодабарӣ дар шумораи дугона: «Ман аз назди ду нафар бо пул гузаштам»  (مَرَرْتُ بِرَجُلَيْنِ ذَوَيْ مَالٍ).

Аллоҳ мефармояд:

وَأَشۡهِدُواْ ذَوَيۡ عَدۡلٖ مِّنكُمۡ

«Ду одилро гувоҳ гиред» (65:2).

Истифодаи калимаи «ذو» барои нишон додани замон низ вуҷуд дорад, масалан: ба маънои «як бор» (ذَاتَ مَرّةٍ) ё «як субҳ» (ذَا صَبَاحٍ)» (охири иқтибос аз китоб).

Аз гуфтори Муҳаммад Розӣ маълум мешавад, ки калимаи арабии «ذات» ба номи шахс часпида намешавад ва масалан, «ذَاتَ زَيْدٍ» гуфта намешавад.  Аммо «ذُو زَيْدٍ»-ро ба маънои «ин Зайд аст» истифода намуда мешавад, чунон ки дар луғати «Лисон-ул-араб»-и Ибни Манзур омадааст: «Дар асл «ذوّيّ» навишта мешавад, аммо агар ба калима дигар калима илова шавад, он вақт «ذوويّ» навишта мешавад, ба мисли, масалан, «عصوي». Аҳмад ибни Иброҳим, устоди Салаб ривоят мекунад, ки арабҳо «ذُو زَيْدٍ»мегуфтанд ва чунин ибораро «ин Зайд аст», яъне «ин — соҳиби номи Зайд»-ро дар назар доштанд.

б) Калимаи «ذات» метавонад маънои «ба хотири»-ро дошта бошад.  Дар китоби «Фатҳ ул-Барӣ шарҳи Саҳиҳ ал-Бухорӣ»-и Ибни Ҳаҷари ал-Асқалонӣ омадааст: «Байҳақӣ дар китоби «Ал-Асмау ва-с-сифат» дар мавриди калимаи «ذات», <…> ҳадисе, ки Абӯ Дардо ривоят кардааст:

لَا تَفْقَهُ كُلَّ الْفِقْهِ حَتَّى تَمْقُتَ النَّاسَ فِي ذَاتِ اللَّهِ

«Ту динро бо фаҳмиши ҳақиқӣ намефаҳми, то он вақте кӣ мардумро ба хотири Аллоҳ бад набинӣ».

Ровиёни ҳадис мӯътамад ҳастанд, вале занҷири ҳадис канда шудааст (мунқотӣ).  Дар ин ҳадис калимаи «ذات» ба маънои «ба хотири» ба мисли калимаи «حق» истифода шудааст.  Дар шеъри Ҳассан калимаи «ذات» низ ба ҳамин маъно омадааст:

وَإِنَّ أَخَا الْأَحْقَافِ إِذْ قَامَ فِيهِمْ يُجَاهِدُ فِي ذَاتِ الْإِلَهِ وَيَعْدِلُ

 «Бародари хомаи регҳо дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод кард ва роҳи ростро пеш гирифт» (охири иқтибос аз китоб).

в) Калимаи «ذات» ба маънии «паҳлӯ» ё «тараф», чунон ки дар тафсир омадааст.

  • Табарӣ (ваф. 310 с.ҳ./923с.) дар китоби «Ҷоми ал-баён ан тавили ай ал-Қуръон», ки аксаран «Тафсири Табарӣ» номида мешавад, менависад: «Аллоҳ мефармояд:

وَنُقَلِّبُهُمۡ ذَاتَ ٱلۡيَمِينِ وَذَاتَ ٱلشِّمَالِۖ

 «Онҳоро ба тарафи рост ва сипас ба чап гардонидем» (18:18).

Дар ин оят Аллоҳ мефармояд, ки Ӯ ҷавононеро, ки дар ғор хобидаанд, ба тарафи росташон ва сипас ба тарафи чапашон гардонид” (охири иқтибос аз китоб).

  • Дар китоби Муҳаммад ибни Ашӯр (ваф. 1393 с.ҳ./1973с.) «Тафсири таҳрир ва-т-танвир» омадааст: «Гоҳе ин калима ҳамчун сифат ба калимаи дигаре истифода мешавад, ки ба ягон тараф ё замон ишора мекунад, вобаста ба матн.  Масалан, Аллоҳ мефармояд:

 وَنُقَلِّبُهُمۡ ذَاتَ ٱلۡيَمِينِ وَذَاتَ ٱلشِّمَالِۖ

 «Онҳоро ба тарафи рост ва сипас ба чап гардонидем» (18:18).

Ва дар ин оят калима ба тараф ишора мекунад» (охири иқтибос аз китоб).

г) Калимаи «ذات» метавонад ба маънои «итоати Аллоҳ» истифода шавад.  Ҳаким дар китоби «Мустадрак» аз Сулаймон ибни Муҳаммад ибни Каъб ибни Уҷрат, ки ӯ аз Зайнаб бинти Абӯ Саъид ривоят кардааст, ки Абӯ Саиди ал-Худрӣ (р.а.) гуфтааст: «Боре мардум шикоят карданд ба Расули Худо (с.а.с) дар бораи Алӣ ибни Абӯ Толиб ва Паёмбар (с.а.с.) дар хутбаи худ фармуданд:

 أيها الناس, لا تش كوا عليا, فوالله إنه لأخشن في ذات الله, أو في سبيل الله

 «Эй мардум!  Аз Алӣ шикоят накунедҚасам ба Аллоҳ, ки ӯ дар тоъати Аллоҳ ва дар роҳи Аллоҳ сахтгиртарин аст».

Исноди ҳадис саҳеҳ аст, аммо ду имом онро истинод накардаанд.  Хулосаи Ҳофиз Заҳабӣ – саҳеҳ аст»

(охири иқтибос аз китоб).

Тавре ки пас аз баррасии калимаи «ذات» мебинед, маъноҳои луғавӣ ба қаринаи дар саволи шумо овардашуда мувофиқат намекунанд.  Ҳамин тавр, мафҳуми умумие, ки дар байни арабҳо қабул шудааст (ҳақиқа, урфия, омма) ба қарина мувофиқ нест.  Дар натиҷа, як вариант боқӣ мемонад – маънои дар доираҳои танг пазируфташуда (ҳақиқа урфия хасса), яъне сухан дар бораи маънои истилоҳоти калима меравад.

2 – Маънои истилоҳии калимаи “ذات”.  Дар рафти омӯзиши масъала маълум мешавад, ки дар китоби «Низоми ислом» маънои истилоҳии калима, яъне «худ» мувофик аст:

а) Бухорӣ маҳз ба маънои «худ» калимаи «الذات»-ро истифода  бурдааст.  Яке аз бобҳои китоби «Саҳиҳ»-и хешро чунин номгузорӣ кардааст: «Дар бораи ончи дар бораи зот, сифатҳо ва исмҳои Аллоҳ зикр шудааст».  Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар китоби «Фатҳ ал-Барӣ шарҳи Саҳиҳ ал-Бухорӣ» дар ин боб менависад: «Фатҳ ал-Барӣ.  Бухорӣ бобро «Дар бораи ончи дар бораи зот, сифатҳо ва исмҳои Аллоҳ зикр шудааст» номгузори намуд.  Яъне ончи ки дар бораи зоти Аллоҳ ва сифатҳои Ӯ зикр шудааст ва маҳз он чиро, ки ҳамчун исмҳои Аллоҳ истифода кардан мумкин аст ва он чиро, ки ҳамчун исмҳои Аллоҳ истифода намудан ҳаром аст.  Ва мамнӯъият дар сурати мавҷуд набудани матнҳои иҷозатдодашуда хоҳад буд.  Роғиб дар мавриди калимаи «ذات» менависад: «Калима дар ҷинси зан аст ва дар ҷинси мардона «ذو» мешавад.  Вай дар исмҳои ом вазифаи калимаи ёридиҳанда шуда, ба калимаи асосӣ илова мешавад, вале ба ҷонишинҳо не.  Он метавонад ҳам дар шумораи дугона ва ҳам дар ҷамъ бошад.  Ба сифати мудаф (калимаи иловагӣ) истифода мешавад.  Калимаи алоҳидаи «الذات» барои ишора ба худи объекти мавриди назар истифода мешавад.  Метавонад танҳо ва дар якҷоягӣ истифода шавад.  Агар ба он артикли алиф-лом изофа шавад, он гоҳ ба маънои «худ» ( النفس ) мешавад.  Аммо одатан арабҳо ин калимаро ин тавр истифода намебаранд.

Иёз менависад: «ذات الشيء» ба маънои «худи ашё» ё «зоти ашё» аст.  Мутакаллимон калимаи «الذات»-ро бо артикли алиф-лом ба кор бурдаанд, ки аксари наҳвшиносон онро иштибоҳ донистанд.  Бархе аз наҳвшиносон ба корбурди калима дар алоҳидагӣ иҷозат додаанд, вале танҳо ба маънои “худ” ва “зот”.  Ва ин калимаро алоҳида навиштани Бухорӣ гувоҳи медиҳад, ки ӯ мехост онро ба маънои «худ» ба кор барад, чуноне ки мутакаллимон инро мекарданд вақте, ки сухан дар мавриди Аллоҳ мерафт» (охири иқтибос аз китоб).

б) Ибни Ҳаҷар назари худро дар бораи Роғиб ва Иёз аз китобҳои онҳо гирифтааст:

  • Дар китоби худ «Ал-Муфрадат фи Ғариб ал-Қуръон» Абулқосим ал-Ҳусайн ибни Муфаддал ибни Муҳаммад, маъруф ба Роғиб Исфаҳони (ваф. 502 с.ҳ./1108с.) менависад: «Калимаи «ذو» дар ду ҳолат истифода мешавад: аввал, дар исмҳои ом ҳамчун калимаи ёридиханда хизмат карда, ба калимаи асосӣ илова мешавад, вале на ба ҷонишинҳо.  Баъзеҳо махсусан ё тасодуфан ин калимаро дар маънои худи объекти мавриди баррасӣ истифода мебаранд.  Онҳо калимаро дар танҳои ва дар ҳамбастагӣ бо ҷонишинҳо бо артикли алиф-лом истифода намудаанд.  Вақте ки танҳо истифода шавад, ин калима маънои «худ» ё «зот»-ро дошт.  Онҳо мегуфтанд: «ذاته» «نفسه» «خاصته».  Аммо маъмулан арабҳо ин калимаро ин тавр истифода накардаанд.  Ҳолати дуввум ин аст, ки дар забони қабилаҳои тай калимаи «ذو» ба маънои «الذي» (ки) кор фармуда шудааст ва метавонист дар ҳолати раф, насб ва ҷар, дар шумораи ҷамъ ва ҷинси занона биистад. Барои ҳамаи ин ҳолатҳо як калима истифода шудааст.  Масалан: «بئري ذو حفرت» (Чоҳе, ки ман кофтам)».
  • Дар китоби худ «Машариқ ал-анвар ала сиҳаҳ ал-асар» Қодӣ Абулфазл Иёз ибни Мӯсо ибни Иёз ал-Яҳсуби ас-Сабти ал-Моликӣ (ваф. 544 с.ҳ. / 1149с.) менависад: « Калима аз ду ҳарф истифода мешавад. – «ذ» ва «ي», ки ба «ذي» «ذا» «ذيت» «ذات» «ذه» «ذاك» табдил мешаванд. Бухорӣ дар сарлавҳаи боби «Дар бораи зот зикршуда» ин калимаро истифода бурдааст.  Дар ҳадис омадааст, ки «ذات يوم» — як рўз, «ذات ليلة» — як шаб, «يصلحوا ذات بينهم» — ихтилофи байни худ ҳал кунед.  Аз ин рӯ, «ذات الشيء» маънои худи ашёро дорад.  Яъне ин калима худи ҳамон чизест, ки мавриди баррасӣ қарор дорад.  Донишмандон ва мутакаллимон калимаи «الذات»-ро бо артикли алиф-лом истифода бурдаанд, ки аксари уламои наҳв онро иштибоҳ шуморидаанд ва гуфтаанд, ки ин калима бо артикли алиф-лом истифода намешавад ва нодуруст аст.  Бархе аз наҳвшиносон ба истифодабарии калима дар алоҳидагӣ иҷозат додаанд, вале танҳо ба маънои “худ” ва “зот”. Бухорӣ ин калимаро алоҳида навиштааст, гувоҳи медиҳад, ки ӯ мехост онро ба маънои «худ» истифода барад, чунон ки инро мутакаллимон мекарданд вақте, ки сухан дар бораи Аллоҳ мерафт.  Бухорӣ бо номгузории боби «Дар бораи зот ва сифатҳо зикршуда» сифатҳои Аллоҳро дар назар дошт ва бо истифода аз чанд калимае, чи тавре ки мутакаллимон мекарданд» (охири иқтибос аз китоб).

Сониян, аз ҳамаи гуфтаҳои боло маълум мешавад, ки мафҳуми истилоҳии калимаи «ذات» — ин «худ» аст.  Аммо ин маъно дар маънои луғавии калима (хакика лугавия) нест.  Яъне арабҳо ин калимаро ба чунин маъно истифода накардаанд, чунон ки Роғиб дар ин бора гуфтааст.  «Худ» — ин маънои дар доираи танг пазируфташуда (хакика урфия хасса), яъне истилоҳ аст.  Ҳамин тариқ, «ذات» ба маънои истилоҳотӣ истифода мешавад, на дар луғавӣ.  Илова бар ин, дар Қуръон чунин усул истифода шудааст:

  • Табарӣ дар тафсири худ, оятро шарҳ дода:

 وَيُحَذِّرُكُمُ ٱلَّهُ نَفۡسَهُۥۗ

 «Худованд шуморо аз Худ метарсонад» (3:30)

менависад, ки «Аллоҳ шуморо аз Худ метарсонад, то ки шумоён гуноҳ накунед».  Калимаи «нафс» ба калимаи «Аллоҳ» алоқаманд аст.  Яъне дар матнҳои шаръӣ чизе ба ин монанд вуҷуд дорад ва ба ҳамин маъно истифода намудани калимаи “ذات” ҷоиз аст.

  • Аз ин рӯ, ибораи «ذات الله» дар китоби «Низоми ислом» на ба маънои луғавӣ, балки ба маънои истилоҳот истифода шудааст.  Яъне ба маънои «Худ» ё «Зот», ки дар китоби «Фатҳ ал-бари шарҳ саҳеҳ ал- Бухорӣ» омадааст.
  • Бо истифода аз маънои истилоҳоти калимаи «ذات» дар китоби «Низоми ислом», яъне бо ишора ба «Худи Аллоҳ» гуфтанием, ки дарки Худи Аллоҳ, ки берун аз Коинот, инсон ва ҳаёт ҳаст, ғайриимкон аст. Аллоҳ дар доираи ин се чиз нест, ки бо узвҳои ҳис эҳсос ва дарк намуда шавад.  Яъне, Ӯ аз доираи дарки хирадмандонаи инсон, ба ибораи дигар, берун аз доираи дарки узвҳои ҳисси инсон аст.  Дар ин бора дар Қуръон омадааст:

 لا تدركه ٱلأبصر وهو يدرك ٱلأبصر وهو ٱلطيف ٱلخبير

 «Чашмҳо наметавонанд Ӯро дарк кунанд, вале Ӯ чашмҳоро дарк мекунад.  Ӯ ҳаким ва доност» (6:103).

Саввум, дар мавриди суол: «Бо шахсе, ки зоти Аллоҳро инкор мекунад ва мегӯяд: «Ман ба Аллоҳ ва сифатҳои ӯ имон дорам, вале бовар надорам, ки Ӯ зот дорад» чи гуна бояд кард?».  Чунин ба назар мерасад, ки ин шахс каме чигилӣ дорад, зеро калимаи «ذات» маъное надорад, балки танҳо маънои «Худи Аллоҳ»-ро дорад, ё гуфта мешавад «Зоти Аллоҳ»-ро.  Агар шахс маънои ин калимаро фаҳмад, наметавонад бигӯяд: «Ман ба «Зот» бовар надорам ва на ба «Худаш»», хусусан баназардоштӣ он, ки дар Қуръон монанди ин ҳаст:

 وَيُحَذِّرُكُمُ ٱلَّهُ نَفۡسَهُۥۗ

 «Худованд шуморо аз Худаш метарсонад» (3:30).

Вақте мо барои равшан кардани маъноҳои шаръи саъй мекунем, мо бояд танҳо Шариъатро риоя кунем, ба чизе омехта накунем.  Масалан, хадиси Расули Худо (с.а.с.), ки аз Абӯ Зуръат аз Абӯ Ҳурайра (р) ривоят шудааст:

 قال: كان النبي, صلى الله عليه وسلم, بارزا يوما للناس, فأتاه جبريل فقال: ما الإيمان?  قال: الإيمان أن تؤمن بالله وملائكته, وكتبه, وبلقائه, ورسله وتؤمن بالبثث

 «Рӯзе Расули Худо (с.а.с) дар миёни мардум буданд, Ҷабраил (а) назди ӯ омад ва пурсид: «Имон чист?».  Расулуллоҳ (с.а.с) гуфтанд: «Асли имон ин аст, ки ту ба Аллоҳ имон оварӣ, ба фариштагони Ӯ, ба китобҳои Ӯ, ба вохӯри бо Ӯ ва ба расулони Ӯ, инчунин дар оне, ки ту ба Қиёмат имон овари» (Бухорӣ, Муслим).

Пас, чун туро аз имон пурсанд, бигӯ он чиро, ки ҳадис мегӯяд.  Ҳамин чиз ба ҳамаи дигар маъноҳои шаръи дахл дорад, чи тавре, ки дар ҳадиси Ҷабраил (а) дар бораи ислом ва эҳсон омадааст.

 

 Ато ибни Халил Абӯ ар-Рашта

 4 Раҷаб 1443 ҳиҷрӣ

 02.05.2022с.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads