Ҷумъаи таъзиянок

Ҷумъаи таъзиянок

«Таъзияи Ҳизби Таҳрир ба шаҳидони заминларза дар Туркия ва Сурия»

«Касоне, ки чун мусибате ба онҳо расид, гуфтанд:«Мо аз они Худо ҳастем ва ба ӯ бозмегардем».    [Бақара 156]

Ба бародарону хохарони азиз, ки дар Туркия, Сурия ва дар тамоми ҷаҳон барандагони даъват мебошанд.

Ба онҳое, ки дар Туркия ва Сурия сабр мекунанд ва интизори мукофот аз ҷониби Аллоҳ ҳастанд ва ба тамоми Уммати исломӣ нигаронида мешавад.

Ҳизби Таҳрир дар хусуси шаҳидони заминларза дар Туркия ва Сурия изҳори ҳамдардӣ мекунад. Ҳадиси мазкур аз Худованди мутаъол мепурсад, касонеро, ки даргузаштаанд, шаҳиди охират гардонад:

«… Шаҳидон панҷ навъ мешаванд: шахсе, ки аз вабо фавтидааст, шахсе, ки соҳиби харобаҳо аст ва шахсе, ки дар роҳи Аллоҳи Таоло шаҳид шудааст». (ривояти Абуҳурайра, муттафақун алайҳ).  Соҳиби харобаҳо дар ҳадис касест, ки зери харобаҳо фавтидааст.

Аз Аллоҳ Таборак ва Таъоло дуо мекунем, ки ба онҳое, ки дар заминларза захмдор ва осеб дидаанд, зудтар шифо бахшад.

Ба касоне, ки аз заминларза наҷот ёфтаанд, дуо мекунем, ки боқимондаи умри худро бо итоати Аллоҳ ва Расулаш (с) барои атои чунин неъмати бузургаш ба таври зебо сипари кунанд,

Оре, ин мусибат нишон дод, ки Ислом дар қалби мусалмонон устувор ҷой гирифтааст. Инро дар вақте дида шуд, ки онҳо бародарони худро бо садоҳои Аллоҳу Акбар аз зери харобаҳо наҷот медоданд. Аз ҷумла, дар вақте дида шуд, ки духтарчаро берун меоварданд, ки модараш дар зери харобаҳои шаҳри Ифрин ҷон додааст… Ё ҳангоме занеро аз зери харобаҳо дар шаҳри Газиантеп берун карданд, ин зан мегуфт: «ба ман рӯймол диҳед, то мӯйҳоям намоён нашавад». Ё ин ки дар шаҳри Қаҳрамонмараш, аз зери харобаҳо шахсеро наҷот медоданд, ки мегуфт: «ба ман барои таҳорат об диҳед, то намозам қазо нашавад». Дар ҳамаи ин ҳолатҳо аз забонашон садои Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар шунида мешуд.

Муъминон мисли дигарон нестанд, зеро медонанд, ки қазои илоҳиро бозгардонида намешавад, ин танҳо бинобар ҳикмати Аллоҳи бузург рӯй медиҳад. Барои ҳамин мўъмин дар мусибат сабр карда, ризоияти Аллоҳро интизор мешавад.  Дар ҳадисе, ки имом Муслим аз Суҳайб ривоят кардааст, Паёмбари Худо (с) фармуданд:

«Кори мӯъмин аҷиб аст, дар ҳар кораш некӣ ҳаст, ба ҷуз мӯъмин дар ҳеҷ кас дида намешавад: агар ба ӯ хурсандӣ расад, шукр мекунад ва ин ҳам барои ӯ некӣ аст ва агар ба ӯ зиёне расад, сабр мекунад ва ин ҳам барои ӯ некӣ мебошад».

Имрӯз бар сари тамоми кишварҳои мусалмонӣ офатҳо фаро мерасад, ҳеҷ кишваре аз офатҳо холӣ нест: заминларза, обхезӣ, хушкӣ, гуруснагӣ, ҷангҳо, ҷангҳои шаҳрвандӣ, фақр, гуруснагӣ… Офатҳои табиӣ ва дигар намуди офатҳои дар боло зикршуда, гарчанде ки онҳо дар доираи қазо ҳастанд, аммо ӯҳдадории давлат ин аст, ки бояд дар бораи амният ва нигоҳубини саломатии мусалмонон ғамхорӣ намояд. Агар мусалмонон соҳиби давлати Хилофат мебуданд, сухани хешро олиӣ мегардонд, ҳамаро муттаҳид мекард, дар фалокат ғамхории зиёд мекард, корҳои худро бо эҳтиёт идора мекард, дасти ёрӣ дароз карда, некӣ мекард… Бо ин, онҳо ба кӯмаки дигарон ниёз намедоштанд.

Худованд майитонамонро раҳмату мағфират кунад, ба осебдидагон шифо бахшад ва аз ин офат наҷотёфтагонро Худованд мадад кунад. Сухани худро бо ин каломи Аллоҳ ба анҷом мерасонем, ки бо он оғоз карда будем:

 

«Касоне, ки чун мусибате ба онҳо расид, гуфтанд:«Мо аз они Худо ҳастем ва ба ӯ бозмегардем».    [Бақара 156]

 

Инна лиллаҳи ва инна илайҳи роҷиун.

 

Бародаратон Ато ибн Халил Абу Рошта

Амири Ҳизби Таҳрир.

18 Раҷаби соли 1444 ҳ.

9 феврали соли 2023 м.

 

Ҷумъаатон муборак бод, бародари азиз!

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Режими Иордания: Фаластиниҳоро несту нобуд кунед, аммо оромии моро халалдор накунед!

Режими Иордания: Фаластиниҳоро несту нобуд кунед, аммо оромии моро халалдор накунед! Ахбор: Вазири умури хориҷаи Урдун Айман ал-Сафадӣ, монеъ шудан ба интиқоли ғизо, дору...
Бештар
ads