ҶАВОБ БА САВОЛ ДАР БОРАИ ОҒОЗИ РӮЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

ҶАВОБ БА САВОЛ ДАР БОРАИ ОҒОЗИ РӮЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Аз саҳифаи Фейсбуки Амири Ҳизби Таҳрир, олим Ато ибни Халил Абӯ Рашта ҷавобҳо ба саволҳои фиқҳӣ. (Фиқҳӣ)

Посух ба суоли Асадуллоҳи Қурашӣ (أسد الله القرشي) дар бораи ихтилофоти баъзе раъйҳои фиқҳӣ (масалан, оғози рӯзаи моҳи Рамазон).

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳ.

Савол ба амир ва шайхи мо, ба амири Ҳизби Таҳрир, аллома Ато ибни Халил Абӯ Рашта. Худованд амири моро дар паноҳаш нигоҳ дорад ва бо дасти он кас ва гурӯҳи мӯъминон, ки аз ҷавонони Ҳизби Таҳрир иборат ҳастанд, иззат ва нусрати Исломро ато кунад.

Шайхи мӯҳтарам, саволи ман дар бораи раъйҳои фиқҳии чаҳор имом ва дигар муҷтаҳидон аст, ки бо раъйҳои фиқҳие, ки Ҳизби Таҳрир табаннӣ кардааст, мухолиф мебошанд. Маълум аст, ки инро фиқҳи ихтилоф меноманд. Масалан,  масъалаи “собит шудани рўзаи Рамазон бо ҳисобҳои астрономӣ” – ро  бархе аз фуқаҳои пешин низ зикр кардаанд ва Ибни Сариҷи Шофеъӣ фикрҳои худро муфассал баён кардааст. То ҷое, ки ман медонам, Шайх Аҳмад Шокири Мисрӣ ва Шайх Мустафо Зарқо Ҳалабӣ, ҳанафиҳо низ ба ин мавзӯъ фикрҳои худро баён кардаанд. Суол аз ин иборат аст, ки мо ба раъйҳои дигаре, ки ба раъйҳои табаннӣ шудаи ҳизб мухолифанд, бахусус агар раъйҳои муҷтаҳидони бузург бошад, чӣ гуна муносибат мекунем? Масалан, агар рўзаи Рамазон бо ҳисобҳои астрономӣ собит шавад, — бо назардошти он, ки ду раъйи мухталиф мавҷуд аст ва уламои ҷумҳур онро на фарз, балки ҷоиз медонанд, оё мо онро қабул мекунем? Ҳамчунин, оё ин қавлро мепазирем, ки агар дар масъалае, дар миёни фуқаҳо ихтилоф бошад, ягон маҷбурият нест, вале тақлид ба яке аз онҳо ҷоиз аст? Ҳадафи ман аз додани ин суол ин аст, ки мехостам дар бораи масъалаи фиқҳи ихтилоф фаҳмиши дақиқ дошта бошам. Ҳамчунин, мехостам бифаҳмам, ки кай раъйи дувум марҷуҳ (бартар) мешавад, кадом вақт раъйи мункар, ки бар зидди он мубориза бурдан лозим аст, ҳисобида мешавад. Ва ё ин ки дар кадом ҳолат ба фиқҳи ихтилоф дохил мешавад, дар ҳоле, ки дар назди мо марҷуҳ бошад ҳам. Масалан, дар мавриди пазируфтани раъӣ дигар, масъалаи «собит шудани рӯзадории Рамазон бо ҳисобҳои астрономӣ» ва ин масъала, ки чеҳра ва кафи зан низ бар хилофи раъӣ Ҳизб аврат аст, чӣ тафовуте дорад? Барои дароз шудани саволам узр мепурсам. Ин назария ихтилофӣ аст – табиист, ки ба назари ман ихтилофӣ аст. Аз ин рӯ, аз шумо хоҳиш мекунам, ки ба ман фаҳмонед. Агар хато карда бошам узр мехоҳам.

Аллоҳ ҷазои хайратон диҳад, вассаламу алайкум.

Ҷавоб:

Ва алайкум ассалом ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳ.

Ба шумо Аллоҳ барои дуоҳои зебое, ки кардаед баракот ато кунад. Мо низ  бо хайру баракот бар ҳаққи шумо дуогӯй ҳастем.

Ҳукме, ки аз далелҳои шаръӣ бо иҷтиҳоди дурусти шаръӣ бароварда шудааст, барои соҳибаш ҳукми шаръӣ буда, раъйи исломӣ ҳисобида мешавад. Агарчи хилофи раъй ва табаннии мо бошад ҳам. Хусусан, агар ин раъй раъӣ яке аз имомони мазҳаб (имомони чаҳор мазҳаб ва муҷтаҳидҳои чаҳор мазҳаб) бошад, ки дар илму тақво маъруф аст, бешак раъӣ исломӣ аст. Мо дар бисёре аз китобҳои сақофии ҳизбиамон бо раъйҳои фиқҳии дигаре, ки хилофи раъйҳои табаннии мо мебошанд, чӣ гуна муносибат карданро баён кардаем. Ман ду чизеро дар зер иқтибос меорам, шояд бо изни Аллоҳ ба суоли шумо ҷавоби зебое бошад:

1 – Дар китоби «Пиндорҳои Ҳизби Таҳрир» ба таври зерин меояд:

«Имон ба Ислом аз фаҳмидани аҳком ва қонунҳои Ислом фарқ мекунад. Зеро имон ба Ислом ё бо роҳи ақл собит мегардад, ё бо роҳе, ки асли он бо ақл исбот шудааст. Бинобар ин, ба ин имон шубҳа роҳ ёфта наметавонад. Аммо фаҳмидани аҳкоми Ислом танҳо ба худи ақл вобаста нест, балки ба донистани забони арабӣ, мавҷудият қуввати истинбот ва фарқ кардани ҳадисҳои саҳеҳу заиф вобаста аст. Бинобар ин, даъваткунандагон бояд ба эътибор гиранд, ки аҳкомро фаҳмидани онҳо «фаҳмиши дуруст аст, лекин эҳтимоли хато вуҷуд дорад», аҳкомро фаҳмидани дигарон «фаҳмиши хатост, лекин эҳтимоли дуруст будан вуҷуд дорад», то ки ба онҳо мувофиқи фаҳмиш ва истинботи худ ба Ислом ва аҳкоми он даъват кардан муяссар гардад. Инчунин фаҳмишоти дигаронро, ки хато, вале дорои эҳтимоли дурустӣ мепиндоранд, ба фаҳмишоти худ, ки дуруст, вале дорои эҳтимоли хато мепиндорад, табдил дода тавонанд. Бинобар ин, дуруст нест, ки даъваткунандагон дар бораи фаҳмишоти худ гўянд, ки «ин раъйи Ислом аст», балки бояд гўянд, ки «ин раъйи исломӣ аст». Соҳибони мазҳаб аз муҷтаҳидон аҳкомеро, ки худ истинбот кардаанд, дуруст, вале дорои эҳтимоли хато пиндоштаанд. Ҳар яки онҳо мегуфт: «Агар ҳадис саҳеҳ бошад, ҳамон мазҳаби ман аст, сухани маро тарк кунед». Инчунин даъваткунандагон раъйҳоеро, ки табаннӣ кардаанд ё раъйҳоеро, ки аз рўи фаҳмиши худ аз Ислом медонанд, раъйҳои дуруст, вале дорои эҳтимоли хато пиндоранд». Охири иқтибос.

2 – Иқтибос аз китоби Дохилшавӣ ба ҷомеа:

Дар мавриди дохил шудан ба ҷомеъа воҷиб аст, ки ба ҷуз Исломи соф, ки аз ҳар гуна наҷосат пок аст, роҳ дода нашавад. Зеро, кофирон, ҳокимон ва сиёсатмадорон ҳар гуна фикрҳои ғайриисломиро ба номи Ислом ворид мекунанд, то аз ҷониби Ислом дар ҷомеъа номуайянӣ эҷод кунанд. Барои мусулмонон воҷиб аст, ки ин ҷанбаҳоро пурра дарк кунанд ва бо ҳар фикре, ки хилофи Ислом аст, ҳамчунон мубориза баранд, ки гӯё бо ақидаи куфр мубориза мебаранд. Зеро, ин ҳам куфри ошкор аст.

Аммо ин ҳамла бар зидди фикрҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, яъне бар зидди фикрҳои марбут ба муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки ҳангоми баён ё муҳокимаи фикрҳо дар умури давлат зоҳир мешаванд, равона хоҳад шуд. Масалан, манъи бисёрзанӣ, иҷозаи таъсиси созмонҳои хайрия, иҷозаи ширкат дар вазоратҳо, муттаҳид шудан дар миёни ҳокимони олами Ислом барои нигоҳ доштани курсии худ, ташкилоти ваҳдати арабҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба кишвар ва ғайра. Ҳамаи ин фикрҳо ғайриисломӣ ҳастанд, ки бо эътибори исломӣ буданашон ва ё хилофи Ислом набуданаш, ворид карда мешаванд. Ба ин фикрҳо ҳамла кардан, бо онҳо мубориза бурдан ва ба он роҳ надодан воҷиб аст, то дар ҷомеа нооромиҳо эҷод накунад.

Дар мавриди фикрҳои исломие, ки ба фикрҳои табаннӣ кардаи ҳизб мухолифанд, роҳи фаҳмиши онҳоро баён мекунад. Аммо ба онҳо ҳамла карда намешавад, ба онҳо нишон дода мешавад, ки онҳо ҳам раъйҳои исломӣ ҳастанд, аммо далелҳояш заиф аст. Масалан, иддае аз муҷтаҳидон гуфтаанд, ки Халифа бояд танҳо аз Қурайш ва ё аз аҳли байт бошад, бархеи дигар гуфтаанд, ки зан қозӣ буда наметавонад. Боз бархе мегӯянд, истифода набурда ҷамъ кардани тилло ва нуқра ҷоиз аст, агар закоташон дода шуда бошад, баъзеи дигар мегӯянд, ки иҷораи замин ҷоиз аст ва ғайра. Ин ҳама раъйҳои исломӣ аст ва вуруди онҳо ба ҷомеа мамнӯъ нест, зеро дар ҷомеа номуайянӣ эҷод намекунанд. Зеро, онҳо низ Ислом буда ба далел ё ба монанди далел, аз қабили раъйҳои табаннии ҳизб такя мекунанд. Ба чунин фикрҳои исломӣ, хатои онҳоро нишон додан кифоя аст.

Аммо Ҳизб дар нашрияҳо, китобҳо ва мубоҳисаҳои худ ягон фикреро ба миён намегузорад, ки ба раъӣ табаннӣ кардаи худ мухолиф бошад. Аммо ӯ метавонад раъйҳои табаннӣ нашударо ҳамчун намуна барои фаҳмидани чизи фикҳӣ ё қонунӣ паҳн кунад. Дар он гуфта намешавад, ки ин раъйҳо аз куҷо пайдо шудаанд, балки бо зикр кардани далелҳо кифоя карда мешавад. Инҳо нисбати он раъйҳое буд, ки ҳизб бо паҳн кардани онҳо машғул аст. Аммо агар раъйҳои исломӣ аз ҷониби дигарон паҳн карда шавад ва ин раъй мухолифи раъӣ ҳизб бошад, агар зарур бошад, мунозара кардан кифоя аст. Агар зарур набошад, ба ин раъй эътибор намедиҳад. Ҳизб бо кӯмаки инҳо аз пайдоиши номуайянӣ дар ҷомеа пешгирӣ мекунад.

Мубориза миёни Ислом ва куфр то даме ки Ислом пирӯз шавад ва куфр мағлуб гардад идома хоҳад ёфт». Охири иқтибос.

Аз гуфтаҳои боло маълум мешавад, ки Ҳизб раъйҳои фиқҳии дигаронро, ки хилофи раъйҳои табаннии худ аст, инкор намекунад, ба шарте ки он бо иҷтиҳоди дурусти шаръӣ истинбот шуда бошад. Агар ҳамин тавр бошад, онҳоро рад намекунад. Балки бо онҳо дар ин бора баҳсу мунозира карда, ҳаракат мекунад, ки онҳоро бовар кунонад, ки раъйҳояшон нодуруст аст, раъӣ ҳизб бошад дуруст асту ва дар асоси далелҳо аст. Аммо ба муқобили раъйи онҳо мубориза намебарад, хуҷум намекунад, балки бо баёни хатогии раъяшон кифоя мекунад. Ҳизб мавҷуд будани онҳоро дар ҷамъият ба ҳоли худ мегузорад. Зеро онҳо ҳам як раъӣ исломӣ ҳастанд. Ҳатто дар назди ҳизб онҳо марҷуҳ ва далелҳояш заиф бошанд ҳам.

– Як мисол ин аст, ки мегӯянд чеҳра ва кафи зан низ аврат аст. Ин ҳам як раъӣ фиқҳии исломӣ аст, ки аз ҷониби баъзе фуқаҳо ва муҷтаҳидҳо гуфта шудааст. Ва мо қавли онҳоро инкор намекунем. Аммо онҳоро ба раъӣ худ даъват мекунем, ки рӯй ва кафи зан аврат нест ва дурустии ин раъйро бо далелҳои шаръӣ баён мекунем. Аммо мо ба раъӣ онҳо ҳамла намекунем ва аз пайравӣ ба он боз намедорем. Зеро онҳо низ раъӣ исломӣ ҳастанд, ки аз ҷониби фуқаҳо ва муҷтаҳидҳо баён шудаанд.

– Аммо дар мавриди ҳисобҳои астрономӣ бошад, бисьёриҳо дар ин бора фикру мулоҳизаҳои худро баён кардаанд. Бархе гуфтаанд, ки агар моҳ шаб тулӯъ кунад, он шаб шаби аввали моҳи Рамазон аст. Бархе гуфтаанд, ки агар моҳ дар рӯз тулӯъ кунад ва пас аз ғуруби офтоб нопадид шавад, чӣ қадар ғоиб шавад ҳам, он шаб Рамазон аст. Дигарон кӯшиш карданд, ки байни ҳисобҳои астрономӣ ва бо чашм диданро ба мувофиқат расонида, агар моҳ дар давоми рӯз намоён шуда ва агар баъд аз ғуруби офтоб як муддат нопадид шавад, то чашм дида тавонад дар он сурат ин шаб шаби аввали моҳи Рамазон гуфтаанд. Пас, онҳо 10 дақиқа бошад ва ё  15 дақиқа, ё инки 20 дақиқа, дар бораи давомнокии ин муҳлат ихтилоф кардаанд. Ман инро иҷтиҳоди дуруст намедонам. Зеро нусусҳои равшане ҳаст, ки ибтидо ва анҷоми моҳи Рамазонро бо “бо чашм дидани моҳ”, мепайвандад:

«صُومُوا لِرُؤْيَتِهِ وَأَفْطِرُوا لِرُؤْيَتِهِ»

«Рӯзаро ҳангоме ки моҳро дидед, оғоз кунед, ва чун моҳро дидед тамом кунед». (Ривояти Муслим).

Вақте, ки ин тавр аст, онҳо чи тавр онро гузошта, ба хисобу китоб гузаштанд?! Хусусан, агар моҳ дар паси абр бошад ва аз сабаби абр намоён набошад, гарчанде бо чашм надида бошад ҳам, Расули Худо (с.а.в.) нишон доданд, ки бояд моҳи Шаъбонро 30 рӯз муқаррар кард.

«فَإِنْ غُمِّيَ عَلَيْكُمُ الشَّهْرُ فَعُدُّوا ثَلَاثِينَ»

“Агар абр бипӯшад, моҳи (Шаъбон) -ро сӣ рӯз кунед.  (Ривояти Муслим).

Ҳамаи ин маълум мекунад, ки оғозу анҷоми рӯза бо сабаби дидани моҳ аст, на сабаби дигар. Аз ин рў, ба “Бо иҷтиҳоди  дурусти шаръӣ истинбод шуда” будани ҳисобҳои астрономӣ дар дилам каме  шубҳа дорам.  Мо  дидани шаръиро табаннӣ кардаем, пас он ба изни Аллоҳ, ба иҷтиҳоди дуруст бар асоси усули дурусти шаръӣ такя шудааст.

– Хулоса ин аст, ки мо ба ҳеҷ раъйҳои исломӣ, ки муҷтаҳидҳои муҳтарам баён кардаанд, ҳамла нахоҳем кард — ба шарте ки онҳо бо иҷтиҳоди дурусти шаръӣ истинбот шудаанд. Балки бо онҳо дар бораи дурустии раъйҳои худ сӯҳбати хубе мекунем, далелҳои худро пешниҳод мекунем ва ба гуфтаҳои онҳо гӯш медиҳем. Аммо мо ба онҳое, ки раъйҳои ғайриисломиро ба Ислом даровардани шуда, одамонро гумрох мекунанд, катъиян ба муқобили онҳо мебароем. Чунки он раъйҳо аз Ислом дуранд!

Дар фош кардани нодурустии ин гуна раъйҳо набояд беэътиборӣ кард. Масалан раъйҳое, ки фоизи риборо мубоҳ, ва ё дар низомҳои куфр иштирок карда бо нозилкардаҳои Аллоҳ ҳукм накарданро ҷоиз донистан. Вазъият ба дараҷае расидааст, ки ҳатто мегўянд, ки бо яҳудиён шартномаи сулҳ бастан ва равобит бо вуҷуди яҳудӣ мўътадил кардан ҷоиз аст.

أَلاَ سَاءَ مَا يَحْكُمُونَ

«Огоҳ бошед, ки бад доварӣ мекунанд». [Наҳл 59]

Чунин раъйҳое, ки дар замони мо паҳн шудаанд, бо роҳи дурусти шаръӣ истинбот нашудаанд. Баръакс, баъзеи онҳо комилан хилофи далелҳои қатъии дар китоби Аллоҳ ва суннати Расул (с) мебошанд. Аз ин рӯ, ин гуна раъйҳо на ҳукми шаръӣ ҳастанд ва на раъӣ Исломӣ. Касоне, ки онҳоро мегӯянд ва ба онҳо амал мекунанд, комилан рад карда мешаванд. Бар зидди ин гуна раъйҳо мубориза бурда, пеши роҳи онҳо гирифта мешавад.

Ба фикрам ҳамин кифоя аст. Валлоҳу аълам ва аҳкам.

 

Бародаратон Ато ибни Халил Абӯ Рашта

25 шаъбон 1442ҳ

7 апрел 2021м

Амири Ҳизби Таҳрир

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads