Ҳар як амал бояд арзише дошта бошад, ки одамон барои гирифтани он кӯшиш мекунанд.

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Ҳар як амал бояд арзише дошта бошад, ки одамон барои гирифтани он кӯшиш мекунанд.

Аз Мухаммад Загал

 

Савол:

Ассалому алайкум ва рахматуллоҳи ва баракотуҳу. Шайхи гиромии мо, Аллоҳ шуморо дар паноҳаш нигаҳбон бошад ва бо касоне, ки ба василаи онҳо ба дин нусрат медиҳанд, дастгирӣ кунад.

Саволи ман ба мавзӯи “қимматҳо”-и дар китоби “Пиндорҳои Ҳизби Таҳрир” буда алоқаманд аст. Мехоҳам бидонам, ки шахс хангоми зиёрати ҳалақат ва анҷоми корҳои даъват, ки аз фаъолияти барпо кардани Хилофат иборат аст, қиммати инсониро рӯёб  мекунад ё қиммати руҳиро?

Ҳамчунин, оё худи фаъолияти давлат боиси рӯёби қимматҳои руҳӣ, инсонӣ, ахлоқӣ ва моддӣ мегардад?

Бигузор Аллоҳ Шуморо раҳмату мағфират кунад ва амалҳои Шумо барои мо хайру некӣ оварад!

Ҷавоб:

Ваалейкум ассалом ва раҳматуллоҳи ва баакотуҳу!

Аввалан, бо назардошти он, ки шумо дар саволи худ аз китоби «Пиндоҳои Ҳизби Таҳрир» ёдовар шудаед, ман аз он ҷо иқтибос меорам, ки он имкон медиҳад, то ҷавоби саволи шумо равшан шавад: “Аммо мақсади кор ин аст, ки ҳар як иҷрокунанда аз анҷоми ҳар кор ҳатман мақсаде дорад. Ин мақсад арзиши кор аст. Бинобар ин, арзиш доштани ҳар як кор, ки инсон ҳангоми анҷоми кор ба даст даровардани онро қасд мекунад, ҳатмист. Дар акси ҳол он кори беҳуда мебошад. Мумкин нест, ки инсон корҳои худро беҳудаю бе мақсад анҷом диҳад, балки ў бояд ба ҳусули арзиши корҳо, ки аз анҷоми кор қасд карда мешавад, эътибор нигаронад.

Арзиши кор метавонад арзиши моддӣ бошад, монанди корҳои тиҷорат, зироат ва саноат. Мақсад аз анҷоми ин гуна корҳо ба даст овардани фоидаҳои моддӣ, яъне даромад аст. Ин арзишест, ки дар зиндагӣ мавқеи худро дорад. Арзиши кор метавонад арзиши инсонӣ бошад, монанди наҷот додани ғарқшаванда ё кўмак ба мазлумони ёриҷўянда. Мақсад аз ин гуна корҳо новобаста ба ранг, ҷинс, дин ё ҷиҳати дигар ҷуз инсонӣ наҷот додани инсон аст.

Арзиши кор метавонад арзиши хулқӣ бошад, монанди ростгўӣ, амонатдорӣ ва дилсўзӣ. Мақсад аз ин гуна корҳо новобаста ба фоида ва инсоният ҷиҳати хулқӣ мебошад. Зеро хулқ бо ғайри инсон низ рух медиҳад, монанди дилсўзӣ ба ҳайвон ва паррандагон. Гоҳо мумкин аст аз кори хулқӣ зарари моддӣ расад, лекин ба даст даровардани арзиши кори мазкур воҷиб аст, ки он ҷиҳати хулқист. Ва ниҳоят, арзиши кор метавонад арзиши рўҳӣ бошад, монанди ибодатҳо. Зеро мақсад аз ин гуна корҳо на фоидаҳои моддӣ ва на ҷиҳатҳои инсонӣ ва на масъалаҳои хулқӣ, балки танҳо ибодат аст. Бинобар ин, воҷиб аст, ки новобаста ба арзишҳои дигар ба пайдо кардани арзиши рўҳӣ низ эътибор нигаронида шавад.

Ин арзишҳои тамоми корҳост ва инсон ҳангоми анҷоми корҳо ба ҳусули арзишҳои мазкур кўшиш мекунад.

Ҷомеаҳои инсонӣ дар ҳаёти дунявӣ аз рўи арзишҳои мазкур, аз рўи миқдори арзишҳое, ки дар ҷомеа ба даст меояд ва аз рўи миқдори фаровониву хотирҷамъӣ, ки бо ҳусули ин арзишҳо таъмин мегардад, бо ҳам муқоиса карда мешаванд. Бинобар ин, мусулмон бояд ҳангоми анҷоми ҳар як кор барои ҳусули арзише, ки аз кори мазкур қасд карда шудааст, тамоми қувваи худро сарф намояд, то дар фаровониву пешрафти ҷомеа саҳми худро гузорад ва фаровониву хотирҷамъии худро таъмин намояд.

Ин арзишҳо аслан на аз якдигар афзал ва на ба якдигар баробаранд. Зеро онҳо хусусиятҳое надоранд, ки бар асоси онҳо аз якдигар афзал ё ба якдигар баробар дониста шаванд. Ин арзишҳо ҳамагӣ натиҷаҳоест, ки инсон ҳангоми анҷоми кор онро қасд мекунад. Бинобар ин, бо як мизон ва бо як меъёр чен кардани арзишҳои мазкур номумкин аст. Зеро онҳо, гарчи ба якдигар зид набошанд ҳам, аз ҳам фарқ мекунанд. Лекин барои интихоб кардани афзалтарини арзишҳо бо якдигар муқоиса кардани арзишҳо  хусусияти инсон аст. Гарчи арзишҳо ба якдигар баробар ва аз якдигар афзал набошанд ҳам, инсон ба ин розӣ намешавад, балки якеро аз дигаре афзал ё якеро бо дигаре баробар медонад. Ин гуна афзал ва баробар донистан на бар асоси худи арзишҳо, балки бар асоси натиҷаҳои ин арзишҳо, ки ба инсон мерасад, пайдо мешавад. Бинобар ин, инсон на бар асоси худи арзишҳо, балки бар асоси фоидаву зарари ин арзишҳо якеро аз дигаре афзал ё якеро бо дигаре баробар медонад. Пас инсон ё худаш ва ё натиҷаҳоеро, ки аз ин арзишҳо ба даст меорад, миқёс қарор медиҳад. Аз ин мебарояд, ки афзалшуморӣ воқеан на аз худи арзишҳо, балки аз натиҷаҳои арзишҳо, ки инсон ба даст медарорад, ба миён меояд. Азбаски майли инсонҳо ба натиҷаҳои ин арзишҳо гуногун аст, аз якдигар афзал донистани арзишҳо низ гуногун мешавад. Шахсоне, ки бар онҳо ҳисси рўҳӣ ғолиб омадааст, ба ин ҳис сахт майл доранд ва арзиши моддиро беэътибор мегузоранд, арзиши рўҳиро аз арзиши моддӣ афзал медонанд. Дар натиҷа ба ибодатҳо дода шуда, аз модда рў мегардонанд. Бинобар ин, ба садди роҳи ҳаёт табдил меёбанд, зеро ҳаёт модда аст. Оқибат боиси ақибмонии моддӣ мегарданд, бо сабаби ин гуна ашхос сатҳи зиндагии ҷомеае, ки онҳо зиндагӣ мекунанд, поён меравад, зеро дар ин гуна ҷомеа танбалӣ ва бефаъолиятӣ авҷ мегирад. Шахсоне, ки бар онҳо майли моддӣ ғолиб омада, ғуломи ҳавои хоҳиш гаштаанд ва арзиши рўҳиро беэътибор мегузоранд, арзиши моддиро афзал дониста, ба ҳусули он кўшиш мекунанд. Бинобар ин, дар назди онҳо якчанд мақсади олӣ пайдо мешавад. Бо сабаби ин гуна ашхос ҷомеае, ки онҳо зиндагӣ мекунанд, беқарор гашта, дар он бадкирдориву фасодкорӣ авҷ мегирад.

Бинобар ин, ба ихтиёри инсон гузоштани таъини арзишҳои мазкур хатост. Балки ин арзишҳо бояд аз тарафи офаридгори инсон, яъне аз тарафи Аллоҳ Таоло таъин карда шавад.

Бинобар ин, воҷиб аст, ки шариат ба инсон ин арзишҳо ва вақти ҳусули онҳоро таъин кунад ва инсон аз рўи нишондоди шариат ин арзишҳоро ба даст дарорад.

Шариат муолиҷаҳои муаммоҳои зиндагиро бо амру наҳйҳои Аллоҳ баён кард ва ба инсон воҷиб гардонид, ки дар ҳаёт мувофиқи ин амру наҳйҳо амал намояд. Ҳамин тавр, амалҳоеро, ки арзиши рўҳиро ҳосил мекунанд, яъне ибодатҳоеро, ки фарз ва суннат ҳастанд, баён кард, сифатҳоеро, ки арзиши хулқиро ҳосил мекунанд, баён кард ва мувофиқи қонуни махсус ба даст даровардани арзиши моддиро, ки барои қонеъгардонии зарурату эҳтиёҷоти асосӣ ва эҳтиёҷоти ғайриасосии инсон лозим аст, ба ихтиёри инсон гузошт. Шариат ба инсон ин қонуни махсусро баён кард ва фармуд, ки аз чорчўбаи он берун набарояд. Вазифаи инсон ин аст, ки мувофиқи амру наҳйҳои Аллоҳ ба ҳусули ин арзишҳо кўшиш кунад ва онҳоро ба миқдоре ба даст дарорад, ки шариат ба ў нишон додааст. (охири иқтибос.)

Сониян, дар мавриди нақши давлат дар татбиқи ин арзишҳо, ҷавоби ин савол дар равшан кардани матолиби зерин аст:

  • Арзиши амал – мақсадест, ки шахс барои он амал мекунад. Арзиш ҳадафи амал аст ва касе, ки дар амал ҳадаф дорад, шахс аст, яъне шахсе бо номи Муҳаммад, Зайнаб, Фотима ё Холид. Вақте ки ин инсонҳо амалеро иҷро мекунанд, онҳо ба худ мақсад мегузоранд, ки аз ин амал арзиши муайянеро ба даст оранд. Агар Мухаммад амали тичоратиро анчом дихад, пас нияти ба даст овардани фоидаи моддиро дорад, ки он арзиши моддист. Агар Зайнаб намоз бихонад, мақсад дорад, то арзиши руҳӣ бигирад. Агар Фотима ростгӯ бошад, қасди ба даст овардани арзиши ахлоқиро дорад ва агар Холид ба шахси ниёзманд кӯмак кунад, қасд дорад, ки арзиши инсонӣ бигирад. Ҳамин тариқ, арзиш ҳадафи шахсест, ки ӯ мехоҳад бо анҷом додани амал ба он ноил шавад. Яъне касе, ки барои ба даст овардани арзиш амалеро анҷом медиҳад, инсон (шахс) аст. Аз ин рӯ, дар мавзӯи арзишҳо дар китоби «Пиндорҳои Ҳизби Таҳрир» гуфта мешавад, ки арзишҳо аз ҷониби шахс амалӣ карда мешаванд, на аз ҷониби давлат.
  • Дар ин ҷо ман он иқтибосеро, ки дар китоби «Пиндоҳои Ҳизби Таҳрир» зикр шудааст, такрор мекунам: » Бинобар ин, ба ихтиёри инсон гузоштани таъини арзишҳои мазкур хатост. Балки ин арзишҳо бояд аз тарафи офаридгори инсон, яъне аз тарафи Аллоҳ Таоло таъин карда шавад.

Бинобар ин, воҷиб аст, ки шариат ба инсон ин арзишҳо ва вақти ҳусули онҳоро таъин кунад ва инсон аз рўи нишондоди шариат ин арзишҳоро ба даст дарорад.

Шариат муолиҷаҳои муаммоҳои зиндагиро бо амру наҳйҳои Аллоҳ баён кард ва ба инсон воҷиб гардонид, ки дар ҳаёт мувофиқи ин амру наҳйҳо амал намояд. Ҳамин тавр, амалҳоеро, ки арзиши рўҳиро ҳосил мекунанд, яъне ибодатҳоеро, ки фарз ва суннат ҳастанд, баён кард, сифатҳоеро, ки арзиши хулқиро ҳосил мекунанд, баён кард ва мувофиқи қонуни махсус ба даст даровардани арзиши моддиро, ки барои қонеъгардонии зарурату эҳтиёҷоти асосӣ ва эҳтиёҷоти ғайриасосии инсон лозим аст, ба ихтиёри инсон гузошт. Шариат ба инсон ин қонуни махсусро баён кард ва фармуд, ки аз чорчўбаи он берун набарояд. Вазифаи инсон ин аст, ки мувофиқи амру наҳйҳои Аллоҳ ба ҳусули ин арзишҳо кўшиш кунад ва онҳоро ба миқдоре ба даст дарорад, ки шариат ба ў нишон додааст. (охири иқтибос.)

  • Дар ин ҷо рисолату вазифаи давлат муайян мегардад, ки он тибқи ҳукмҳои Шариат рӯёбшавии ин арзишҳоро ҳатмӣ назорат кардан мебошад. Дар ин ҳолат, ба инсон дигар чорае намемонад, магарам ки амалҳои ба дарёфти ҳар чаҳор арзиш (руҳӣ, ахлоқӣ, инсонӣ ва моддӣ) расонандаро, мувофиқи амру наҳйҳои Худо анҷом диҳад.

Ин вазифа ва нақши давлат аст. Давлат бояд  рӯйоби арзишҳои дар боло зикргардидаро аз ҷониби мардум тибқи қонуни Шариат, новобаста аз он, ки арзишҳои руҳӣ, ахлоқӣ, инсонӣ ва моддӣ бошанд, назорат кунад. Давлат барои назорат аз усулҳои мувофиқ, аз қабили дастур ё тавзеҳот тибқи қонунҳои Шариат истифода мебарад. Агар ин гуна усулҳо шахсро аз вайрон кардани фармудаҳои Шариат бознадорад, давлат ҳақ дорад чораҳои ҷазоро истифода барад. Ин ба хотири таъмини он аст, ки арзишҳои дар боло зикршуда аз ҷониби шахсони алоҳида мувофиқи амру наҳйҳои Худо амалӣ карда шаванд.

Ман ин ҷавобро бартарӣ медиҳам ва дуруст медонам, вале Аллоҳ беҳтар медонад.

 

26 Ҷумъад-ул-охира 1443 х

29.01.2022

Силсила посухҳои олим Ато ибни Халил Абӯар-Рашта, амири Ҳизби Таҳрир ба саволҳои дар саҳифаи Фейсбуки худ дар мавзӯи “Фиқҳ”

амалҳо дар Ислом

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads