Фаъолият барои барпо намудани Хилофат то он даме ки он барпо карда нашавад, фарзи кифоя боқӣ мемонад. Касе, ки дар ин кор ширкат намекунад, то дами барпошавии Хилофат дар гуноҳ мемонад.
ҶАВОБҲОИ АМИР
Аз Абӯаммор Аҳмад, Абулҳайсам Ашкират
Саволи якум:
Мӯҳтарам Шайх! Аллоҳ ба шумо мукофоти нек ато фармояд. Бо назардошти ҷавоби қаблии шумо, дар ман саволе пайдо шуд. Шумо гуфтед, ки бурдани даъват барои барпо намудани Хилофат фарзи кифоя мебошад. Оё ин маънои онро дорад, ки бар касоне ки дар бурдани ин даъват иштирок намекунанд гуноҳе нест, зеро дар ҷомеа аллакай онҳое ҳастанд, ки ин даъватро бурда истодаанд?
Abu Ammor Ahmad
Саволи дуюм:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.
Баъд аз таъсис додани Аморат, чи хеле ки онро баъзе аз ҳаракатҳои исломӣ талаб доранд, оё ин кор масъулияти фарзи кифояро аз дӯши Уммат ва дигар гурӯҳҳое, ки барои иҷрои он ва азнавсаркунии ҳаёти исломӣ фаъолият бурдаанд, мебардорад? Ё ин ки, то дар навбати аввал Хилофат барпо карда нашавад, ин масъулият аз миён бардошта намешавад?
Аз Шумо хоҳиш менамоям, ки ба ин масъала равшанӣ андозед ва Аллоҳ ба Шумо мукофоти хайр ато фармояд!
Абу ал-Ҳайсам Ашкират
Ҷавоб:
Ваалайкум ассалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!
Ҳардуи ин саволҳо як мавзӯъро дарбар мегиранд, аз ин рӯ мо чунин ҷавоб хоҳем дод:
Бурдани даъват фарзи кифоя мебошад. Ин маънои онро дорад, ки ин фарз то барпо шуданаш, ба ҳар шахси тавоно ҳатмӣ боқӣ мемонад. Вақте ки Хилофат барпо карда мешавад, ин масъулият аз дӯши тамоми мусалмонҳо бардошта мешавад. Агар Хилофат барпо нашуда бошад, иҷрои ин фарз дар ҳар мусалмони тавоно ҳатмӣ мемонад. Ҳамин тавр, фаъолият барои барпо намудани Хилофат фарзи кифоя мемонад, то он замоне ки он барпо карда нашавад. Ва то замоне ки Хилофат барпо карда нашавад, касе ки дар ин кор ширкат намекунад, дар гуноҳ мемонад.
* Дар китоби «Шахсияи исломӣ», ҷилди 3, дар мавзӯи «Воҷиб» омадааст: «Чизе, ки ба фарз аз нигоҳи иҷрои он тааллуқ дорад, ба ду категория ҷудо мешавад: Фарзи айн ва фарзи кифоя. Аз нигоҳи ҳатмӣ будан онҳо аз ҳамдигар тафовут надоранд, зеро барои иҷрои ҳар кадоми онҳо талаби қатъӣ (талаби ҷозим) мавҷуд аст. Ягона тафовути онҳо дар ин аст, ки иҷрои фарзи айн аз ҳар мусалмон дар алоҳидагӣ ва иҷрои фарзи кифоя аз ҳамаи мусалмонҳо талаб карда мешавад. Пас, агар шумораи кофии мусалмонҳо фарзи кифояро адо карда бошанд, он иҷрошуда ҳисобида мешавад ва ин ҷо муҳим нест, ки дар адои ин фарз ҳамаи мусалмонҳо ширкат доштанд ё ин корро қисме аз онҳо иҷро намуданд. Агар шумораи одамон барои амалӣ кардани фарзи кифоя басанда набошад, иҷрои ин фарз барои ҳар мусалмон ҳатмӣ боқӣ мемонад ва то замоне, ки ин фарз иҷро нашавад, ҳамин тавр хоҳад монд” (охири иқтибос).
Дар китоби «Фикри исломӣ» дар мавзӯи «Фарзи кифоя – фарз барои ҳамаи мусалмонҳо» омадааст: «Фарз – ин хитоби Қонунгузор аст, ки бо талаби қатъӣ (талаби ҷозим) барои иҷрои ин ё он кор алоқаманд мебошад. Масалан, Аллоҳ мегӯяд:
وَأَقِيمُوا الصَّلاةَ
«Намоз гузоред» (2:43), —
انفِرُوا خِفَافًا وَثِقَالًا وَجَاهِدُوا بِأَمْوَالِكُمْ وَأَنفُسِكُمْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ
«Ба ҷанг биравед, чӣ бароятон осон шавад ва чӣ вазнин ва дар роҳи Аллоҳ бо моли худ ва бо ҷони худ ҷиҳод кунед» (9: 41).
Ё ин ки суханони Паёмбар (с.а.в.):
إِنَّمَا جُعِلَ الْإِمَامُ لِيُؤْتَمَّ بِهِ
«Имом барои он таъин мешавад, то ки [дар вақти намоз] дигарон ба ӯ пайравӣ намоянд» (Бухорӣ).
وَمَنْ مَاتَ وَلَيْسَ فِي عُنُقِهِ بَيْعَةٌ مَاتَ مِيتَةً جَاهِلِيَّةً
«Ва касе бимирад, ва дар гарданаш байъат надошта бошад, ӯ бо марги давраи ҷоҳилият мурдааст».
Ҳамаи ин матнҳо хитоби Қонунгузор мебошанд, ки бо талаби қатъӣ (талаби ҷозим) барои иҷрои кор вобастаанд. Омиле, ки талабро қатъӣ гардонд, қарина (хабар) аст, ки бо талаб алоқаманд аст. Аз ин рӯ, иҷрои ин талабот воҷиб мешавад. Дар кадом шароите, ки набошад, фарз бекор карда намешавад, ҳамин тавр то замоне ки худи кор иҷро карда нашавад. Касе, ки адои фарзро ба таъхир меандозад, сазовори ҷазо аст, зиёда аз ин, то замоне ки ин фарзро иҷро накунад, гунаҳкор мемонад. Қайд кардан лозим аст, ки байни фарзи айн ва фарзи кифоя фарқе вуҷуд надорад. Ҳарду фарз барои тамоми мусалмонҳо ҳатмӣ мебошанд. Масалан, суханҳои Аллоҳи Таъоло:
وَأَقِيمُوا الصَّلاةَ
«Намозро барпо кунед» (2:43),- ба фарзи айн ишора мекунанд.
انفِرُوا خِفَافًا وَثِقَالًا وَجَاهِدُوا
«Ба ҷанг биравед, чӣ бароятон осон шавад ва чӣ вазнин ва дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод кунед…» (9: 41), ба фарзи айн ишора мекунанд.
Инчунин суханони Паёмбар (с):
إِنَّمَا جُعِلَ الْإِمَامُ لِيُؤْتَمَّ بِهِ
«Имом барои он таъин мегардад, ки дигарон аз ӯ ибрат бигиранд»,- ба фарзи айн ишора мекунанд.
وَمَنْ مَاتَ وَلَيْسَ فِي عُنُقِهِ بَيْعَةٌ
«Ва касе бимирад, ва дар гарданаш байъат надошта бошад, ӯ бо марги давраи ҷоҳилият мурдааст».
Ҳамин тавр, суханҳои Аллоҳ ва Пайғамбари Ӯ(с) фарзҳое мебошанд, ки бо хитоби Қонунгузор дар шакли қатъӣ тасдиқ мешаванд. Кӯшиши фарқ гузоштан байни фарзи айн ва фарзи кифоя аз нуқтаи назари ҳатмӣ будани он, дар назди Аллоҳ гуноҳ, аз роҳи Ӯ Таъоло гумроҳ кардан ва дар иҷрои фарзҳои Аллоҳ ба хунукназарӣ тела кардан мебошад.
Дар мавриди бардошта шудани масъулияти иҷрои фарз аз касе, ки ба дӯши ӯ гузошта шудааст: дар ин ҷо низ байни фарзи айн ва фарзи кифоя ҳеҷ фарқе нест. Фарз бардошта намешавад то он даме ,ки коре ки аз тарафи Қонунгузор талаб шудааст иҷро нагардад, баробар ба он ки иҷрои фарз аз ҳар мусалмон хос талаб мешуд, чун намози панҷвақта, ё ин ки аз ҳамаи мусалмонҳо дар умум, чун байъат ба халифа.
Ҳеҷ яке аз ин фарзҳо бардошта намешавад то он замоне, ки кор иҷро нашавад, яъне то намоз хонда нашавад, ё ин ки то он даме ки Халифа интихоб шуда, ба ӯ байъат дода нашавад.
Аз ягон мусалмон фарзи кифоя соқит намешавад, ҳатто агар бо иҷрои он қисме аз мусалмонҳо машғул бошад ҳам,ва ҳамин тавр то он даме, ки иҷрои ин фарз ба охир нарасад.
Аз ин рӯ, агар бигӯем, ки фарзи кифоя — фарзе аст, ки агар иҷрои онро гурӯҳе ба ӯҳда гиранд, масъулият аз дигарон соқит мешавад, хато мешавад. Баръакс, фарзи кифоя — чунин фарз аст, ки агар иҷрои он аз ҷониби гурӯҳе то ба охир расонда шавад, масъулият аз дигарон бардошта мешавад. Ин маънои онро дорад, ки бардошта шудани масъулият барои иҷрои фарзи кифоя ба воқеият вобаста аст, зеро агар фаъолияти зарурӣ анҷом дода шуда бошад, фарз ҳам иҷрошуда ҳисоб мешавад. Ин аст, воқеи фарзи кифоя ва он бо воқеи фарзи айн якхел мебошад.
Аз ин ҷо мебарояд, ки барпо намудани Давлати Исломӣ -барои тамоми мусалмонҳо фарз мебошад, яъне барои ҳар як мусалмон. То он даме ки Давлати Исломӣ барпо нагардад аз ягон мусалмон ин фарз бардошта намешавад, ва агар баъзе аз мусалмонҳо бо амалҳое, ки ба барпо намудани Давлати Исломӣ мебарад машғул шаванд ҳам, ин маънои онро надорад, ки фарз аз дӯши дигарон бардошта мешавад.
Барои ҳамин масъулияти иҷрои фарз дар ҳар як мусалмон боқӣ мемонад, инчунин, дар гуноҳ будан ҳам барои иҷро накардани фарз дар ҳар як мусалмон боқӣ мемонад –ва ҳаминхел то он даме, ки давлат барпо карда нашавад. Бинобар ин, гуноҳ аз ягон мусалмон бардошта намешавад, то ки онҳо бардавом бо он чизе, ки бо воситаи он давлат барпо мешавад машғул нашаванд, ва то он даме ки он барпо карда нашавад. Дар мавриди ҳамаи фарзҳои кифоя чунин аст. Фарзи кифоя бар дӯши ҳар як мусалмон боқӣ мемонад, ва то он замоне ки кори талабшуда иҷро нагардад, он бардошта намешавад” (охири иқтибос).
Дар посух ба пурсиш аз 28 майи соли 2009 навишта будем: «б) Дар хусуси фаъолият барои азнавсаркунии тарзи ҳаёти исломӣ бошад — он фарзи кифоя аст. Ва бо назардошти он ки ин кор муяссар нашуд, ин фаъолият барои тамоми мусалмонҳо ҳатмӣ шуд. Аз ин рӯ, касе, ки чунин фаъолиятро анҷом намедиҳад, дар гуноҳ мебошад ва танҳо онҳое, ки ба ин фаъолият машғуланд, истисно мешаванд.” (охири иқтибос).
Умедворам, ки ин ҷавоб ба саволҳо равшанӣ андохт, аммо Аллоҳ беҳтар медонад , чунки Ӯ — Доно аст!
11 Раҷаб 1443 ҳиҷрӣ
02/12/2022
Силсилаи посухҳои олим Ато ибни Халил Абу ар-Рашта, амири Ҳизби Таҳрир, ба саволҳои дар саҳифаи Фейсбукии ӯ додашуда дар мавзӯи “Фиқҳ”.