Фалсафаи Исломӣ
10.11.2022
Савол:
Дар китоби «Пиндорҳои Ҳизби Таҳрир» ибораи «фалсафаи исломӣ» истифода шудааст, аммо тавре маълум аст, Ҳизби Таҳрир тасдиқ мекунад, ки дар Ислом фалсафа ва файласуф вуҷуд надорад.
Аллоҳ шуморо раҳмату мағфират кунад ва аз ҳама беҳтарин мукофотҳоро ба шумо ато фармояд!
Ҷавоб:
Дар китоби «Пиндорҳои Ҳизби Таҳрир» гуфта шудааст: «Бинобар ин, кори инсон модда аст, инсон корро ба равиши моддӣ анҷом медиҳад. Лекин ў ҳангоми анҷоми кор аз ҷиҳати ҳалол ё ҳаром будани ин кор алоқамандии худро бо Аллоҳ дарк мекунад ва дар ҳамин асос ба кор даст мезанад ё аз кор даст мекашад. Алоқамандии худро бо Аллоҳ дарк кардани инсон рўҳ аст. Дарки мазкур инсонро ба омўзиши шариати Аллоҳ водор месозад, то ки ў корҳоро фарқ карда тавонад. Дар натиҷа, чун аз корҳое, ки Аллоҳро розӣ мекунад ва корҳое, ки Аллоҳро дарғазаб мекунад, огоҳ мегардад, кори хайрро аз кори шарр, чун шариат ба ў корҳои зебову зиштро муайян мекунад, кори зеборо аз кори зишт фарқ мекунад ва арзишҳоеро, ки барои ҳаёти исломӣ дар ҷомеаи исломӣ лозиманд, аз рўи нишондоди шариат мефаҳмад. Ҳамин тавр, инсон ҳангоми анҷом додани коре ва дарк кардани алоқамандии худ бо Аллоҳ имкон пайдо мекунад, ки аз рўи ин дарк ба кори мазкур даст занад ё аз кори мазкур даст кашад. Зеро ў навъ, васф ва арзиши корро медонад. Аз ин рў, фалсафаи Ислом аз омехтани модда ва рўҳ, яъне анҷоми корҳо мувофиқи амру наҳйҳои Аллоҳ иборат аст. Ин фалсафа барои ҳар як кор хоҳ кам бошад, хоҳ зиёд, хоҳ хурд бошад, хоҳ калон лозимӣ ва доимӣ аст. Ин фалсафа дар айни вақт тасвири ҳаёт мебошад. Азбаски ақидаи исломӣ асоси ҳаёт, асоси фалсафа ва асоси қонунҳост, ҳазорати исломӣ, ки маҷмўи пиндорҳо дар бораи ҳаёт аз нуқтаи назари Ислом мебошад, бар асоси ягонаи рўҳӣ бунёд мегардад, ки он ақида аст. Дар назари Ислом тасвири ҳаёт омехтани моддаву рўҳ ва маънои саодат ризои Аллоҳ мебошад” (хотимаи иқтибос)
Ҳамин тариқ, маҳз омехтакунии модда бо руҳ (рӯҳ)-ро вожаи «фалсафа» ба маънои исломӣ дар назар доштааст, яъне дарки робита бо Офаридгор. Аз ин рӯ, истилоҳи «фалсафа» ба ин маъно истилоҳи дуруст хоҳад буд.
Дар мавриди истифодаи фалсафа дар истилоҳоти юнонӣ ба маънои (ҷустуҷӯи берун аз ҳастӣ ё берун аз модда) ва ё монанди онро Ислом қабул надорад. Дар муқаддимаи китоби «Ат-тафкир» омадааст: «Инсоният роҳи тӯлонии зиндагӣ, ва ин вақти зиёдро паси сар карда, асосан ба самараи ақлу тафаккур таваҷҷуҳ кард, вале ба воқеияти ақл ва воқеияти тафаккур аҳамият надодааст. Бале, дар гузашта ва имрўз аз ҷониби олимони мусулмон ва ғайримусулмон барои дарки воқеияти ақл борҳо кӯшишҳо шуда буд, вале дар ин кор ноком шуданд. Якчанд маротиба барои коркарди усули тафаккур низ кӯшиш карда шуд, гарчанде ки дар баъзе натиҷахои ин усул ба туфайли пешрафти илм муваффакиятҳо ба даст омадаанд, аммо олимон дар дарки худи раванди тафаккур иштибоҳ мекарданд. Гузашта аз ин, онҳо пайравонеро, ки аз муваффақияти илмӣ саргардон шуда буданд, гумроҳ карданд. Пеш аз ин олимони Юнон ва пайравони онҳо барои дарки моҳияти тафаккур кӯшиш мекарданд, вале онҳо танҳо ба мантиқ омада тавонистанд ва ба дарки як катор андешаҳо муваффақ гарданд. Ҳамин тариқ, онҳо донишро таҳриф мекарданд. Ва ба ҷои он, ки мантиқ ба роҳе ба сӯи дониш ва ченаки дуруст табдил шавад (чунон ки дар аввал пешбинӣ шуда буд), он барои дониш зарар (бад) шуд. Илова бар ин, онҳое, ки нияти дарки тафаккурро доштанд, «фалсафа”-ро «муҳаббат ба хирад» меномиданд, омаданд ва ба саволҳои метафизикӣ ғарқ шуданд. Дар натиҷа усули дониш ва пажўҳишеро ба вуҷуд оварданд, ки ба мардум аз натиҷаи таҳқиқу натиҷаҳо завқ мебахшад, вале дар айни замон аз воқеъ ва ҳақиқат дур мекунад. Мутаассифона, ин ҳама одамонро аз ҳақиқату воқеият дур кард ва мутаносибан бисёриҳоро гумроҳ гардонид ва тафаккури онҳоро аз роҳи дуруст дур кард» (охири иқтибос).
Омӯзиши бодиққати чизе, ки дар китоби «Тафаккур» омадааст, бо изни Худо, ҳақиқати фалсафаро ошкор хоҳад кард.
Умедворам ин тавзеҳот басанда мебошад, аммо Аллоҳ беҳтар медонад, зеро Ӯ ҳакиму доност.
3-юми Чумъ -дул- охир, 1443 х
06.01.2022 м.
Силсилаи посухҳои олим Ато ибни Халил Абӯ — ар-Рашта, Амири Ҳизби Таҳрир ба суолҳое, ки дар саҳифаи Фейсбук дар мавзӯи “Фиқҳ” дода шудаанд.