25 май 2019
Савол:
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу Шайхи гиромӣ! Ман мехостам чунин саволе диҳам: Ҳукми зиммӣ (номусалмоне, ки дар Давлати Хилофат зидагӣ мекунад), ки масеҳӣ буду дини яҳудиро ва ё баръакс яҳудӣ буду аз динаш гашта масеҳиятро қабул кардааст, дар Давлати Исломӣ чист?
Гарчанде, ки чунин ашхосро муртад хондан нодуруст аст, бо вуҷуди ин оё нисбати ӯ қонуни муртад қабул карда мешавад? Аз шахс ба ҷуз Ислом чизи дигаре қабул карда мешавад?
Ҷавоб:
Ва алейкум ассалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!
Чанде пеш мо ба саволе ҷавоб дода қайд карда будем, ки ҳадиси
مَنْ بَدَّلَ دِينَهُ فَاقْتُلُوهُ
«Касе, ки динашро тарк кунад, ӯро ба қатл расонед. (Бухорӣ),»
фақат ба мусалмоне, ки аз динаш баргаштааст, дахл дорад. Дар таркиби ин ҳадис кофиреро, ки аз динаш баргашта, дини дигари куфрро қабул кардааст, дар назар дошта намешавад. Барои боз ҳам фаҳмотар шуданаш мегӯям:
- Мувофиқи Шариат муртад шахсест, ки аз Ислом рӯй тофтааст. Аллоҳи Таъоло дар Қуръони Карим мефармояд:
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مَن يَرۡتَدَّ مِنكُمۡ عَن دِينِهِۦ فَسَوۡفَ يَأۡتِي ٱللَّهُ بِقَوۡمٖ يُحِبُّهُمۡ وَيُحِبُّونَهُۥٓ أَذِلَّةٍ عَلَى ٱلۡمُؤۡمِنِينَ أَعِزَّةٍ عَلَى ٱلۡكَٰفِرِينَ يُجَٰهِدُونَ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ وَلَا يَخَافُونَ لَوۡمَةَ لَآئِمٖۚ ذَٰلِكَ فَضۡلُ ٱللَّهِ يُؤۡتِيهِ مَن يَشَآءُۚ وَٱللَّهُ وَٰسِعٌ عَلِيمٌ
“Эй касоне, ки имон овардаед, ҳар кӣ аз шумо аз динаш бозгардад, пас, ба зудӣ Худо мардумеро биёварад, ки дӯсташон бидорад ва дӯсташ бидоранд. Дар баробари мӯъминон фурӯтананд ва дар баробари кофирон дурушттабъ, дар роҳи Худо ҷиҳод мекунанд ва аз маломати ҳеҷ маломатгаре намеҳаросанд. Ин фазли Худост, ба ҳар кас, ки хоҳад, медиҳад ва Худованд фарохнеъмату доност!” (5:54)
Боз Аллоҳ мефармояд:
وَلَا يَزَالُونَ يُقَٰتِلُونَكُمۡ حَتَّىٰ يَرُدُّوكُمۡ عَن دِينِكُمۡ إِنِ ٱسۡتَطَٰعُواْۚ وَمَن يَرۡتَدِدۡ مِنكُمۡ عَن دِينِهِۦ فَيَمُتۡ وَهُوَ كَافِرٞ فَأُوْلَٰٓئِكَ حَبِطَتۡ أَعۡمَٰلُهُمۡ فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِۖ وَأُوْلَٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلنَّارِۖ هُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ
“Онҳо бо шумо меҷанганд, то агар битавонанд, шуморо аз динатон бозгардонанд. Аз миёни шумо онҳо, ки аз дини худ бозгарданд ва кофир бимиранд, аъмолашон дар дунё ва охират табоҳ шуда ва ҷовидона дар ҷаҳаннам бошанд!” (2:217)
Аз ин маълум мегардад, ки калимаи “муртад” фақат барои мусалмоне, кор фармуда мешавад, ки аз дини Ислом баромадааст.
2 – Кофиреро, ки аз дини худ баргашта, дини дигари куфрро қабул кардааст, мувофиқи қонунгузории фиқҳ “мунтақил” меноманд. Дар энсиклопедияи Қувайт аз рӯи фиқҳ чунин навишта мешавад. “Мунтақил ва муртад ҳар ду шахсонанд, ки аз дини худ рӯй тофтаанд, муртад – шахсест, ки аз дини ҳақ рӯй тофтааст, мунтақил – шахсест, ки аз дини куфр рӯй тофта, боз ягон дини куфрро қабул кардааст.”
3 – дар ин ҳолат муртад (аз Ислом рӯй тофта) аз рӯи Шариат агар баъди насиҳатҳои шахсони ба ин кор масъул ба ислом барнагардад, бояд қатл карда шавад.
Ба ин ҳукм якчанд ҳадисҳо низ ишора мекунанд:
- Икрима аз Ибни Аббос ривоят мекунанд, ки Паёмбар (с.а.в.с) фармудаанд:
مَنْ بَدَّلَ دِينَهُ فَاقْتُلُوهُ
«Шахсеро, ки аз динаш баргаштааст, қатл кунед.»
- Аз Абдуллоҳ ривоят мешавад, ки Расулу Акрам (с.а.в.с) фармудаанд:
لَا يَحِلُّ دَمُ امْرِئٍ مُسْلِمٍ يَشْهَدُ أَنْ لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ وَأَنِّي رَسُولُ اللَّهِ إِلَّا بِإِحْدَى ثَلَاثٍ النَّفْسُ بِالنَّفْسِ وَالثَّيِّبُ الزَّانِي وَالْمَارِقُ مِنْ الدِّينِ التَّارِكُ لِلْجَمَاعَةِ
«Резонидани хуни мусалмоне, ки Ба ҷуз Аллоҳ дигар маъбуде нест ва маро Пайғамбари Аллоҳ гуфта шаҳодат медиҳад, танҳо дар се ҳолат мумкин аст: агар ӯ шахсеро кушта бошад, агар ӯ зандор бошаду зино карда бошад, агар ӯ аз дин баромада аз ҷамоат ҷудо шуда бошад.» (Бухорӣ).
- Дар ривояти Муслим чунин омадааст:
«Резонидани хуни мусалмоне, ки Ба ҷуз Аллоҳ дигар маъбуде нест ва маро Пайғамбари Аллоҳ гуфта шаҳодат медиҳад, танҳо дар се ҳолат мумкин аст: агар ӯ зандор бошаду зино карда бошад, агар ӯ шахсеро кушта бошад, агар ӯ аз дин баромада аз ҷамоат ҷудо шуда бошад.»
4 – ҳадисҳои дар боло омада ба мунтақил (ба кофири аз динаш гашта дигар дини куфрро қабулнамуда) тааллуқ надорад. Ҳадиси “ҳар касе аз динаш рӯй тобад, ӯро қатл кунед” ба ҳар каси аз динаш баргашта тааллуқ надорад, балки фақат аз Ислом баромада ба дини пешинааш ва ё дигар дин гузашта бошад. Ин хел фикр бо матнҳои зерин тасдиқ карда мешавад.
Бо сухани “агар ӯ аз дин баромада, аз ҷамоат дур шуд” Расули Акрам (с.а.с) шахсеро дар назар доштаанд, ки аз ҷамоати муслимин ҷудо шудааст, яъне мусалмоне, ки аз дини худ рӯй тофтааст.
- Ат-Табаронӣ дар китоби “Ал-Кабир” аз Бахза ибни Ҳаким, он кас аз падари худ, он кас аз бобои худ ривоят кардаанд, ки Пайғамбар (с.а.с) гуфтаанд:
مَنْ بَدَّلَ دِينَهُ فَاقْتُلُوهُ، لا يَقْبَلُ اللَّهُ تَوْبَةَ عَبْدٍ كَفَرَ بَعْدَ إِسْلامِهِ
«Шахсеро, ки аз дини худ баргаштааст қатл кунед. Аллоҳ тавбаи шахсеро, ки аз Ислом рӯй тофта ба куфр рафтааст, намепазирад.»
Хайсумӣ ровиёни ин ҳадисро боваринок шуморидааст. Чӣ хеле, ки мо мебинем, қисми дуюми ҳадис қисми аввалиро шарҳ медиҳад. Бинобар ин, “шахси аз динаш баромада” ин ҷо “оне, ки баъди Ислом ба куфр рӯй овардааст” дар назар дошта мешавад.
- Боз ат-Табаронӣ дар китоби “Ал-Кабир” аз Муоз ибни Ҷабал ривоят мекунанд, ки Расулуллоҳ (с.а.с) ӯро ба Яман фиристода, гуфтаанд:
أَيُّمَا رَجُلٍ ارْتَدَّ عَنِ الإِسْلامِ فَادْعُهُ، فَإِنْ تَابَ، فَاقْبَلْ مِنْهُ، وَإِنْ لَمْ يَتُبْ، فَاضْرِبْ عُنُقَهُ
«Кадом марде, ки аз Ислом рӯй тобад, ӯро (ба Ислом) даъват кун, агар тавба карда баргардад, аз ӯ бипазир, агар қабул накунад, сарашро ҷудо кун.»
Ибни Ҳоҷар дар китоби “Фатҳул Барӣ” менависад, ки Расуллулоҳ (с.а.с) ҳангоми Муозро ба Яман равон карданашон ба ӯ чунин гуфтанд:
أَيُّمَا رَجُلٍ ارْتَدَّ عَنِ الْإِسْلَامِ فَادْعُهُ فَإِنْ عَادَ وَإِلَّا فَاضْرِبْ عُنُقَهُ وَأَيُّمَا امْرَأَةٍ ارْتَدَّتْ عَنِ الْإِسْلَامِ فَادْعُهَا فَإِنْ عَادَتْ وَإِلَّا فَاضْرِبْ عُنُقَهَا
«Кадом марде, ки аз Ислом рӯй тобад, ӯро (ба Ислом) даъват кун, агар тавба карда баргардад, ӯро бигузор, агар қабул накунад, сарашро ҷудо кун. «Кадом зане, ки аз Ислом рӯй тобад, ӯро (ба Ислом) даъват кун, агар тавба карда баргардад, ӯро бигузор, агар қабул накунад, сарашро ҷудо кун.»
Ибни Ҳоҷар занҷири ин ҳадисро нағз (ҳасан) гуфтаанд.
Дар ин ҳадис ошкоро сухан дар бораи мусалмоне меравад, ки аз Ислом рӯй гардонидааст.
5 – Маълум мешавад, ки қонунҳо “дар бораи аз дин баргаштан” ба кофире, ки аз динаш баргашта, дигар динро қабул кардааст ва ё танҳо аз динаш баргаштааст, татбиқ карда намешавад. Бинобар ин аз масеҳит баромада, дини яҳудӣ ва ё ягон дигар дини ғайриисломро қабул кардан, бинобар аз куфр ба куфр гузаштанаш муҷозот карда намешавад. Инчунин, ӯро ба қабул кардани Ислом маҷбур карда намешавад, магар ки ӯ худ хоҳиши қабул кардани дини ҳақро накунад. Ин ҷо қайд кардан лозим аст, ки агар аҳли китоб (масеҳиён ва яҳудиён) ғайр аз ин ду дин ба дигар дине, ба монанди дини Зардушт гузаранд ва ё танҳо аз дини худ бароянд, он гоҳ барои мусалмонон гӯшти ҳайвони онҳо забҳ кардаро хӯрданашон ҷоиз намешавад.
Ғайр аз ин барои мусалмон издивоҷ кардан бо зани аз дини масеҳият ва яҳудо ба дигар дини куфр гузашта ҷоиз нест. Сабаб ин аст, ки мусалмонон танҳо гӯшти ҳайвони кофири Аҳли китоб забҳкардаро хӯрда метавонанд ва ё бо зани динаш Аҳли китоббуда издивоҷ карда метавонанд. Ҳамин тавр, агар шахсе аз ин ду дин якеро тарк намояд, ӯ аз Аҳл-ул-китоб хориҷ мегардад.
Аллоҳи Таъоло дар Қуръони Карим мефармояд:
ٱلۡيَوۡمَ أُحِلَّ لَكُمُ ٱلطَّيِّبَٰتُۖ وَطَعَامُ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ حِلّٞ لَّكُمۡ وَطَعَامُكُمۡ حِلّٞ لَّهُمۡۖ وَٱلۡمُحۡصَنَٰتُ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنَٰتِ وَٱلۡمُحۡصَنَٰتُ مِنَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ مِن قَبۡلِكُمۡ إِذَآ ءَاتَيۡتُمُوهُنَّ أُجُورَهُنَّ مُحۡصِنِينَ غَيۡرَ مُسَٰفِحِينَ وَلَا مُتَّخِذِيٓ أَخۡدَانٖۗ
“Имрӯз чизҳои покиза бар шумо ҳалол шудааст. Таъоми аҳли Китоб бар шумо ҳалол аст ва таъоми шумо низ бар онҳо ҳалол аст. Ва низ занони порсои мӯъмина ва занони порсои аҳли китоб ҳар гоҳ маҳрашонро бипардозед, бипазиред дар ҳоле ки талабгори покӣ бошед, на ин ки зинокорӣ ва дӯстгирӣ (маъшуқа), бар шумо ҳалоланд.” (5:5)
6 – Маҳз ҳамин фикрҳоро мо афзал шуморидем. Дар ин масъала дар дигар китобҳои фиқҳӣ дигар фикрҳо низ ҳастанд.
Ато ибн Халил, Абӯ ар Рашта
15 Рамазон 1440 ҳ
20.05.2019с.