Шоҳи Марокаш ба бунёди яҳудиён таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад.

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Шоҳи Марокаш ба бунёди яҳудиён таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад.

16.12.2021

Ба гузориши портали «Al Jazeera» аз 30.11.2021, Шоҳи Марокаш, Муҳаммади VI гуфтааст, кишвараш аз “мавқеъ ва равобити вижа”-и худ бо ҳама ҷонибҳо барои фароҳам кардани шароит барои азсаргирии музокира миёни фаластиниҳо ва сохтори саҳюнистӣ истифода хоҳад кард.

Айни замон, Вазири дифои яҳудӣ Бени Гантс, ба шаҳри Рабат сафари корӣ ба амал овард. Дар натиҷа дар шаҳрҳои Марокаш тазоҳурот баргузор шуд, ки ба эътидол овардани равобити Марокаш ва сохтори саҳюнистиро маҳкум мекарданд. Шоҳ Муҳаммади VI дар номае ба унвони раиси Кумитаи татбиқи ҳуқуқҳои ҷудонашавандаи мардуми Фаластин (CEIRPP) аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки “ба ҳарду ҷониб (фаластинӣ ва “Исроил”) дар бунёди пояҳои эътимод ёрӣ расонанд ва аз амалияе, ки ба кори сулҳу осоиш халал мерасонад, даст кашанд», гуфта мешавад дар хабаре, ки Оҷонсии иттиолотӣ Марокаш ба муносибати Рӯзи байналхалкии якдилӣ бо халки Фаластин интишор кардааст.

Ар-Рая: Дар шарҳи худ ба радиои Идораи марказии иттилооти Ҳизби Таҳрир, Мусаб Абӯаркуб, узви Идораи иттилоотии Ҳизби Таҳрир дар Фаластин навиштааст: “Шоҳи Марокаш, тибқи изҳороти худаш, истилогарони сионистӣ ва ҳам фаластинихоро як хел мешуморад. Яъне вай яҳудиёнеро, ки оромгоҳи мусалмононро ишғол кардаанд, бо фаластиниёне, ки кушта ва аз хонаҳояшон ронда мешаванд, баробар мекунад.”

«Мавқеъи назари якранга доштани Шоҳи Марокаш нисбат ба душманони уммате, ки сарзаминҳои исломӣ ва фаластиниёнро ишғол кардаанд, нишон медиҳад, ки ӯ мисли дигар ҳокимони лӯхтак ба сохтори яҳудӣ ҳиссиёти мусбӣ (симпатия) дорад. Инро хоҳиши равшани ҳимояи сионистҳо, ки ӯ яҳудиёнро яке аз тарафҳои проблемаи Фаластин медонад, шаҳодат медиҳад. Пас ҳокимони хоин мехоҳанд замини Фаластинро дар чаҳорчӯби раванди ба истилоҳ “сулҳ” бар асоси принсипи “ду давлат барои ду халқ” ба дасти яҳудиён бидиҳанд. Бар асоси ин қарор, қисмати бештари Фаластин дар ихтиёри сохтори саҳюнистӣ боқӣ хоҳад монд ва мақомоти Фаластин як порча замини ночизро бидуни истиқлолият ба даст хоҳанд овард, он ҳам бошад, танҳо бо як вазифа — дифоъи сохтори яҳудӣ ва саркӯбу пахш кардани эътирози фаластиниён,» менависад Мусаб Абу Арқуб. Ӯ боз чунин таъкид кард: «Изҳороти Шоҳи Марокаш табъи халқи Марокашро, ки ба нишони эътироз ба муътадил гардондани муносибатҳо бо сохтори яҳудиён баланд шуд, инъикос намекунад. Ин изҳорот танхо хиёнати Шоҳ ва гумоштаҳои ба ҳамин монанд мамлакатҳои мустамликадориро фош мекунад ва инчунин нишон медихад, ки вай барои амалӣ гардондани нақшаҳои мустамликадорон то чи андоза иштирок дорад. Инсон чӣ гуна метавонад, хоҳ Шоҳ ва хоҳ раисҷумҳур бошад, душманони Умматро, ки сарзаминҳои мусулмононро ишғол кардаанд, бо бародарони мазлуми худ баробар мекунад?! Магар бар зидди кирдорҳои ин гуна шоҳу президентхое, ки нақшаҳои мустамликадорон ва истилогаронро комилан дастгирй ва амалӣ мегардонанд, сукут кардан мумкин аст?!»

Дар охир Мусаб Абӯаркуб менависад: «Вақти он расидааст, ки Уммати Исломӣ ҳокимонеро, ки дар хиёнат ва ҳамкорӣ бо Ғарб, садоқати худ ба душманони Уммат ва хостори ҳифзи амнияти сохтори яҳудиёнро ошкоро эълон мекунанд ва бо созишномаҳои хиёнаткорона ба мустаҳкам намудани он талош меварзанд, сарнагун созад.  Вақти он расидааст, ки лашкарҳо ва сарони низомии мусалмонон дар канори дин ва Уммати худ бошанд ва фавран ба поксозии агентҳои мустамликадор шурӯъ кунанд, то Хилофати Рошидаро таъсис диҳанд, ки оромгоҳи Ислом ва тамоми сарзаминҳои ишғолшудаи мусулмононро озод кунад.

 

Шарҳи хабарҳои газетаи «Ар-рая».

12/08/2021

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Ар-Рая Гуногун

Ҳокимони ғарбпарастро сарнагун карда, Хилофатро баргардонед!

Ҳокимони ғарбпарастро сарнагун карда, Хилофатро баргардонед! 14.01.22 Дафтари иттилоотии Ҳизби Таҳрир дар Покистон бо нашри як изҳорот чунин баён кард: “Ҳокимони гумоштаи Покистон аз...
post-image Ар-Рая Гуногун

Олимони дарборӣ ва мубориза бо Ислом

Олимони дарборӣ ва мубориза бо Ислом 12.01.2022 Ҳокимони кунунии мусалмонон, низомҳо, қонунҳо ва конститутсияҳо на орзуҳои уммат ва на эҳсосоти онро инъикос намекунанд. Баръакс,...
Бештар
ads