Эътироз кардан ба тасмим(қарор)-и соҳиби қудрат бадӣ аст.

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

بسم الله الرحمن الرحيم

Эътироз кардан ба тасмим(қарор) соҳиби қудрат бадӣ аст.

10 ДЕКАБРИ 2021

Қабули қонунҳои муайян (табаннӣ) — аз беҳтарин ва бузургтарин афкор мебошад, ки он ба монанди тасбеҳест, ки ҳамаи сангҳоро дар як ришта ҷамъ намуда, онҳоро аз пошхӯрӣ нигоҳ медорад.

Ислом қабули қарор(табаннӣ)-ро салоҳияти касе пазируфт, ки соҳиби қудрат ва роҳбарӣ бошад, хоҳ халифа бошад ва хоҳ амири гурӯҳ ва вақте ки ӯ қонуни муайянеро қабул (табаннӣ) менамояд, касе ки зери фармонравоии ӯ бошад, бояд итоат ва пайравӣ намояд. Дар бисёр тасмимҳо ва афкори Исломӣ гуногунии фикрҳо (ихтилоф) мавҷуданд. Ва ин ихтилоф аз ҷониби соҳиби қудрат ё амир бо қабули қонунҳои муайян – хоҳ умумӣ бошад ва ё хос, бартараф карда мешавад ва он чизе, ки аз ҷониби ӯ қабул шудааст афзалтар ба шумор рафта, дар пайравӣ намудан ҳатмист.  Дар мавриди табаннӣ бо соҳиби қудрат баҳс кардан ҷоиз нест: дар Ислом ин кор танҳо дар як ҳолат иҷозат дода мешавад, ки агар куфри ошкоре мушоҳида гардад, ки он ҳуқуқи эътироз ва баён кардани фикри худро медиҳад.

Дар бораи набард бо касоне, ки пас аз даргузашти Паёмбар ﷺ аз Ислом баргаштанд , соҳиби қудрат — халифаи мусалмонон Абӯбакри Сиддиқ  тасмим гирифт, ки бо ин муртадҳо биҷангад. Умари Форуқ  дар ин масъала бо ӯ ихтилоф намуданд, зеро онҳо ҳақиқати ҳоли муртадҳоро ба таври гуногун мефаҳмиданд. Умар (р) дар ин кор ба Абӯбакр (р) эътироз намуданд, аммо пас аз он, ки Абӯбакр (р) тасмим гирифтанд, Умар (р) ба ӯ итоат ва  пайравӣ намуда, муқобилият накарданд, зеро Форуқ мефаҳмиданд, ки бо соҳиби қудрат кашмакаш намудан дуруст нест. Он кас мефаҳмиданд, ки итоат накардан ба фармони соҳиби қудрат ҳаром аст ва иҷрои амри ӯ воҷиб мебошад, агарчи ба райъи  ӯ зид бошад ҳам. Умар ба Абӯбакр (р) нагуфтанд, ки ба ӯ итоат намекунанд, чунки ин гуноҳ аст, баръакс, итоат карданд ва ба он кас пайравӣ намуданд.

Дар мавриди масъалаи заминҳои ҳосилхези Ироқ (ас-Савод) назари халифа Умар ибни Хаттоб чунин буд, ки ин замин набояд миёни  ҷанговарон тақсим карда шавад, балки он бояд дар ихтиёри аҳолии маҳаллӣ, бар ивази  пардохти хироҷ (андози замин) аз тарафи онҳо, вогузошта шавад.Чунки он ба ҳама фоида меорад, аз ҷумла ба наслҳои оянда. Бисёре аз саҳобагон ба ӯ эътироз карданд, ки замин бояд миёни сарбозон тақсим карда шавад, аммо пас аз он ки Умар тасмим гирифт, ки онро ба ихтиёри халқ вогузорад, саҳобагон итоат карданд ва дар ин масъала ҳақ будани худро исбот карданӣ шуда, ба ӯ эътироз накарданд, ки Умар (р) хато кардааст ва Расули Аллоҳﷺ заминҳои фатҳшударо миёни сарбозон тақсим мекарданд. Касе аз онҳо нагуфт: «Ту бояд ба фикри ман пайравӣ намоӣ, танҳо ин фикр дуруст аст, вагарна ман ба ту итоат намекунам, ин кори ҳаром аст! Агар туро пайравӣ намоям, гунаҳкор мешавам!» Саҳобагон ягон чизро аз ин нагуфтанд, зеро мефаҳмиданд, ки қарори қабулшуда (табаннӣ) чӣ маъно дорад ва итоат, ваҳдат ва якпорчагии Уммат чист!

Гурӯҳ  ба фикри ягонае,  ки аз ҷониби амир қабул шуда, ба он эътироз намекунанд риоя намуда кор мебарад ва боқӣ мемонад. Агар чунин воқеъ  рӯй диҳад, ки яке аз аъзои гурӯҳ иҷтиҳоде кардааст, ки он хилофи фикри  амир аст пас ӯ ин масъаларо бояд бо амир ҳал намояд. Аммо баъд аз он ки амир тасмим гирифт бояд  фикри ӯро қабул намояд ва ба он итоат кунад ва баъд аз ин мумкин нест, ки бо қарори амир баҳсу мунозира намояд,  бо пеш овардани далелҳои бемаънӣ, ки фикри ӯ хатост, исрор намояд, ки амир бояд андешаи маро бипазирад, зеро он  дуруст аст ва агар қабул нанамояд, итоат намекунам, зеро ин  бадӣ ва ҳаром аст, ё ин ки  гуфтани он, ки фикри амир ба  қатъият мухолиф аст ва ё ин ки касе аз олимони машҳур инхел нагуфтааст ва ғ. ва ҳ.

Бо касе, ки салоҳияти қабул кардани қонунҳои муайян (табаннӣ) дорад, хоҳ халифа бошад ва хоҳ амири гурӯҳ, нофармонӣ ё ин ки баҳс кардан мумкин нест. Мумкин нест, ки бар муқобили соҳиби хокимият баромада, барои он кор бурда шавад, ки ӯ аз фикри худ даст кашида, фикреро, ки зердастонаш дуруст меҳисобанд қабул намояд.

مَنْ خَلَعَ يَداً مِنْ طَاعَةٍ لَقِيَ اللَّهَ يَوْمَ الْقِيَامَةِ لَا حُجَّةَ لَهُ

«Ҳар кӣ аз итоат рӯй гардонад, дар рӯзи қиёмат бо Аллоҳ дар ҳолате рӯбарӯ мешавад, ки ҳеҷ узре надорад.» (Муслим).

Итоат кардан, қабул кардан  ва тобеъ шудан ба фармони амир ва  он чизе, ки ӯ қабул мекунад, воҷиб аст (фарз). Ин ягонагии гурӯҳро нигоҳ медорад, аммо баҳс — бадии бузургест, ки ягонагиро барҳам зада, ба ҳалокат мебарад. Байни  оне, ки бино менамояд ва оне, ки вайрон месозад фарқ вуҷуд дорад, ҳамчуноне ки байни оне, ки итоату фармонбардориро яке аз хислатхои худ қарор додааст ва оне, ки парчами исён ва нофармониро бардоштааст!

Бадтаринаш  дар ҳамаи ин вазъият он аст, ки шахсе, ки назар  ба фикри шахсе, ки салоҳияти додани фармонҳо ва қабули қарорҳоро дорад, фикри дигар дорад, сиёсати хато ва ҳалокатоварро пеш мебарад, ба мисоли: «Ё амир фикри маро бипазирад, ё ин ки ман ба вай итоат намекунам ва зери роҳбарии ӯ кор нахоҳам кард!

Ин аст сиёсати бузургшуморӣ ва такаббур, ки ба соҳибаш шикасти ночорро ба бор меорад. Бародарам, чи хеле ки ту фикри худро дуруст мешуморӣ, соҳиби кудрат низ фикри худро дуруст мешуморад ва Ислом маҳз соҳиби кудратро ваколатдор намудааст, ки ихтилофҳоро дар фикр аз байн барад. Аз инҷо бармеояд, ки ба хотири пойдории ягонагӣ ва идомаи кор ту бояд аз фикри худ даст кашида, ба фикри соҳиби қудрат пайравӣ намоӣ. Ислом моро ба ин чиз мефармояд.

Худотарсӣ ва нафсияи зебо маҷбур сохтааст, ки Умар ибни Хаттоб дар масъалаи муртадҳо аз фикри худ даст кашад ва ба фикри Абӯбакри Сиддиқ итоат намояд. Тақво ва нафсияи зебои Билол ӯро маҷбур сохтанд, ки аз фикри худ даст кашида, дар масъалаи тақсим кардани заминҳои хосилхези Ироқ ба фикри халифа Ал-Форук итоат намояд. Нафсияи зебо ва фарқкунанда шахсияти исломиро аз пайравии фаҳмиши худ нисбати матнҳои шаръӣ бозмедорад, модоме ки соҳиби қудрат тасмим гирифта бошад, хоҳ ӯ халифа бошад ё амири гурўҳ. Баръакс, ӯ фармон мебарад ва итоат менамояд ва дар ин хайру наҷот аст, аммо якравӣ дар радкунии фикри соҳиби қудрат бошад  ба ҷуз шикаст ва ҳалокат дигар чизе ба бор намеорад..

Мо аз Аллоҳ мепурсем, ки хамаи моро нигаҳ бидорад ва устувор гардонад, ва ягонагии гурӯҳро нигаҳ дорад. Аз Аллоҳ мепурсем то аз қатори саркашону аҳдшиканон набошем.  Аз Аллоҳ мепурсем, ки пирӯзиву дигаргуниҳо ато фармояд то ба халифаи рошид, ки бар мо бо Шариати Аллоҳ ва суннати Паёмбар ﷺ хукмронй менамояд байъати садоқат дода тавонем.

Газетаи «Ар-Рая». Атия аль-Ҷабарин.

Фаластин. 24.11.2021

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Ар-Рая Гуногун

Ҳокимони ғарбпарастро сарнагун карда, Хилофатро баргардонед!

Ҳокимони ғарбпарастро сарнагун карда, Хилофатро баргардонед! 14.01.22 Дафтари иттилоотии Ҳизби Таҳрир дар Покистон бо нашри як изҳорот чунин баён кард: “Ҳокимони гумоштаи Покистон аз...
post-image Ар-Рая Гуногун

Олимони дарборӣ ва мубориза бо Ислом

Олимони дарборӣ ва мубориза бо Ислом 12.01.2022 Ҳокимони кунунии мусалмонон, низомҳо, қонунҳо ва конститутсияҳо на орзуҳои уммат ва на эҳсосоти онро инъикос намекунанд. Баръакс,...
Бештар
ads